Главная / Чамъият / Дур кардан аз идоракунии воситахои наклиёт, муайян кардани холати масти

Дур кардан аз идоракунии воситахои наклиёт, муайян кардани холати масти

Моддаи 73-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Дур кардан аз идоракунии воситахои наклиёт, муайян кардани холати масти 

  1. Шахси идоракунандаи намуди муайяни воситаи наклиёт хангоми ошкор гардидани асосхои дар кисми 1 моддаи 71 Кодекси мазкур оид ба боздошт кардани воситаи наклиёт зикргардида, бояд аз идоракунии воситахои наклиёт дур карда шавад. Агар барои гумонбар шудани у дар холати масти асосхои кофи мавчуд бошанд, барои мукаррар кардани холати мастиаш дар чойи дастгиркуни бо истифодаи воситахои махсус санчиши холати масти гузаронида мешавад ё у ба муассисахои тибби барои муоинаи тибби фиристонида мешавад.
  2. Дур кардан аз идоракунии намуди муайяни воситаи наклиёт ва гузаронидан ё фиристонидан ба муоинаи тибби барои мукаррар кардани холати масти аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори Бозрасии давлатии автомобили сурат мегирад, ки ба онхо хукуки назорати давлати ва назорат аз руйи бехатарии харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт дода шудааст.
  3. Дар бораи дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт, инчунин фиристонидан ба муоинаи тибби барои мукаррар кардани холати масти протоколи дахлдор тартиб дода, нусхаи он бо дастхат ба шахсе супорида мешавад, ки дар хакки у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст.
  4. Дар протоколи дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт, инчунин дар протоколи фиристонидан ба муоинаи тибби барои муайян кардани холати масти, вакт, махал, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори протоколро тартибдода, асоси дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт ва фиристонидан ба муоинаи тибби, маълумот дар бораи воситаи наклиёт ва шахсе сабт карда мешавад, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст.
  5. Протоколи дур кардан аз идоракунии воситаи наклиёт, инчунин протоколи фиристонидан ба муоинаи тибби барои муайян кардани холати масти аз чониби шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик карда шудааст, имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки нисбати у ин чораи таъминкунии пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик гардидааст, дар ин бора дар протокол кайди дахлдор карда мешавад.
  6. Бо муоинаи тибби тасдик кардани холати масти ва ба расмият даровардани натичаи он бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  7. Санади бо муоинаи тибби тасдик кардани холати масти ба протоколи дахлдор замима карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …