Главная / Гуногун / Дуо кадом вакт кабул мешавад?

Дуо кадом вакт кабул мешавад?

Чигунагии кабул шудани дуо

Хазрати Сайд ибни Чубайр (paх) мефармояд: Ончунон оятеро аз Куръон ёд дорам, ки хар касе онро бихонад ва пас аз он хар дуое бикунад, дуояш кабул мегардад, баъд аз он ин оятро хонд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кулиллохумма фотира-с-самовоти ва-л-арзи Олима-л-гайби ва-ш-шаходати Анта тахкуму байна ибодика фи мо кону фихи яхталифун.[1]

Тарчума: Бигу: «Бор Худоё, эй Пайдокунандаи осмонхову замин, Донандаи нихону ошкоро! Ту миёни бандагони Худ бар чизе, ки онхо дар он ихтилоф мекарданд, хукм мекуни».

Нусхаи Набави дар мавриди бахшиши гунохон баъд аз намози чумъа

Расулуллох (с) мефармояд: Хар шахс, ки баъд аз намози чумъа сад маротиба ин калимоти зеринро бихонад, сад хазор гунох аз худаш ва бисту чахор хазор гунох аз падару модараш мавриди бахшиш карор мегирад. Калимот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Субхоналлохи-л-Азим ва бихамдих.[2]

 [1] Сураи Зумар, ояти 46.

[2] Аз ривояти Бухори ва Муслим иддаои фавк собит мегардад: Аз Хазрати Абухурайра (раз) ривоят шудааст, ки Расулуллох (с) фармуд: “Хар касе рузона сад маротиба «Субхоналлохи ва бихамдихи»-ро бигуяд, Худованд гунохонашро мавриди афву бахшиш карор медихад, харчанд ба андозаи кафки оби дарё бошад».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …