Главная / Маданият ва санъат / Дуои начот аз карздориву камбагали

Дуои начот аз карздориву камбагали

Аз Абусаиди Худри (раз) ривоят аст, ки як руз Расулуллох (с) ба масчид ташриф оварданд, пас як марди ансориро, ки номаш Абуумома (раз) буд дар он но мушохида карданд. Он Хазрат (с) фармуданд:

dolgovue-obyazatelstva

  • Абуумома, чи хабар аст, ки дар гайри вакти намоз дар масчид нишастаи?

Вай арз кард:

  • Ё Расулаллох (с), карзхои бисёр бар ман хаст, ки дар асари он бисёр музтарибу парешонхотир хастам.

Он Хазрат (с) фармуданд:

  • Оё ба ту дуое биёмузам, ки бо он Худованд тамоми карзхои туро адо кунад ва туро аз парешонихову андуххо начот дихад?

Арз кард:

  • Оре, хатман бифармоед, ё Расулаллох (с).

Фармуданд:

  • Хангоми субху шом ин дуоро ба боргохи Худои таоло бихон.

Дуо ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни аузу бика мина-л-хамми ва-л-хузни ва аузу бика мина-л-ачзи ва-л-касали ва аузу бика мина-л-чубни ва-л-бухли ва аузу бика мин галабати-д-дайни ва кахри-р-ричол.

Тарчума: Эй Аллох, ман ба Ту панох меоварам, аз гаму андух ва аз нотавониву сусти ва аз буздиливу бухл. Ба Ту панох меоварам аз бори карз ва тасаллуту фишори мардум.

Абуумома (раз) мегуяд: «Ман бар ин рохнамоии Расули акрам (с) амал кардам ва ин дуоро дар субху шом вазифаи худ карор додам, пас ба фазли Худои таоло тамоми парешонихову гамхои ман дур шуданду карзхои ман низ адо шуданд.[1]

[1] Ин хадисро Абудовуд ривоят кардааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …