Главная / Гуногун / Дуои казои хочот ва рафъи дарду гам

Дуои казои хочот ва рафъи дарду гам

Аз Хазрати Ёфеи (paх) ривоят шудааст, ки барои бароварда шудани хочатхову дур кардани мушкилот ва хосил намудани хадафу максадхо ва изолаи хар дарду ранчу гам агар таъвизи зерин, ки бисёр мучарраб мебошад, истеъмол гардад, иншоаллох бисёр муфид хохад буд.

Ва он амал чунин аст: Баъд аз тахорати комил номи Худои таоло, яъне «Латиф»-ро 16641 маротиба тавре бихонад, ки аз ин теъдод на камтар бошад ва на бештар, зеро дар гайри ин сурат он розе, ки дар ин исм нухуфтааст, зохир нахохад гашт. Барои ин ки ин теъдод ба таври комил махфуз бимонад, бехтарин тарикааш ин аст, ки як тасбехи 129-донаги сохта шавад ва 129 маротиба бо пурраги хамон тасбехро гардонида, ин исми зикршуда такрор карда шавад, ки дар натича адади дилхох хосил хохад шуд. Далел ин, ки ин теъдод чаро малхузи назар мебошад, ин аст, ки адади ин исми муборак 129 мебошад ва агар онро дар 129 зарб диханд, ин адад ба даст хохад омад.

Агар баъд аз итмоми ин зикр барои ниёзхояш дуо кунад, иншоаллох Худованд орзухояшро бароварда хохад сохт. Албатта, баъд аз хар тасбехе ин оятро бихонад:

Лo тудрикуху-л-абсору ва Хува юдрику-л-абсора ва Хува- л-Латифу-л-Хабир.[1]

Ва дар поён ин дуоро бихонад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма вассиъ алайя ризки. Аллохумма аттиф алайя хулкика камо санта вачхи ани-с-сучуди ли гайрика фа сунху ан зилли-с-суоли ли гайрика. Бирахматика ё Архама-р-рохимина.[2]

[1] Сураи Анъом, ояти 103.

[2] “Бустони Ростон”.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …