Главная / Гуногун / Дуои каффораи мачлис

Дуои каффораи мачлис

Хазрати Абубарзаи Аслами (раз) мефармояд, ки «Маъмули Расулуллох (с) дар охирин айёми зиндаги муборак ин буд, ки хар гох иродаи бархостан аз мачлисро мекарданд, ин дуоро мехонданд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Субхонакаллохумма ва бихамдика, ашхаду ал-ло илоха илло Анта, астагфирука ва атубу илайк.

Тарчума: Бор Илохо, Ту Пок хасти, ман хамду ситоиш Туро баён мекунам. Гувохи медихам, ки ба чуз Ту маъбуде нест. Ман аз Ту бахшиш металабам ва пеши Ту тавба мекунам.

Шахсе арз кард:

  • Ё Расулаллох (с), дар ин рузхо Шумо дуое мехонед, ки каблан онро намехондед?

Расулуллох (с) иршод фармуданд:

  • Ин дуо каффораи лагзишхои мачлис аст.[1]

*****

Хазрати Чубайр ибни Мутъим (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: “Хар шахсе дар охири мачлиси зикр ин дуоро бихонад, ин дуо барои он мачлиси зикр чунон аст, ки бар мадорики мухим мухр зада мешавад, яъне ин мачлис назди Худои таоло кабул мешавад ва ачру савоби он назди Худои таоло махфуз мемонад. Ва агар ин дуоро дар чунон мачлисе бихонад, ки дар он харфхои бехуда зада шавад, пас, ин дуо барои он мачлис каффора карор мегирад. Дуо ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Субхоналлохи ва бихамдихи. Субхонакаллохумма ва бихамдика, ашхаду ал-ло илоха илло Анта, астагфирука ва атубу илайк.[2]

[1] Ин хадисро Абудовуд ривоят кардааст.

[2] Мустадраки Хоким.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …