Главная / Гуногун / Дуои исми аъзам

Дуои исми аъзам

Хазрати Асмоа бинти Язид (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох, (с) иршод фармуданд: «Исми аъзам дар ин ду оят аст:
«Ва Илохукум Илохув-Вохидун, ло илоха илло Хува-р- Рахмону-р-Рахим».[1]
Ва ояти нахустини сураи Оли Имрон: «Алиф лом мим, Аллоху ло илоха илло Хува-л-Хайю-л- Кайюм».[2]

Видео -аудио


*           *             *          *            *

Хазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Мо бо Расулуллох (с) дар як халка нишаста будем ва як шахс намоз мехонд, вакте ки аз рукуъу сучуд ва ташаххуд фориг шуд, дар дуо чунин гуфт:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни асъалука би анна Лака-л-хамду, ло илоха илло Анта Бадеъу-с-самовоти ва-л-арзи, ё За-л-чалоли ва-л-икроми, с Хайю, ё Кайюм.[3]

Тарчума: Эй Аллох, ман аз Ту ба воситаи хамду ситоиши Ту саволе мекунам, ба чуз Ту маъбуде нест, бидун аз номуна осмонхову заминро офаридаи, эй Молики азамату чалол ва инъому эхсон, эй хамеша Зиндаву Коим, Нигахдорандаи хама.

Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Ин шахс бо исми аъзами Худои таоло дуо кард. Хар гох ба воситаи он дуо талаб карда шавад, Худои таоло он дуоро кабул мефармояд ва хар гох савол карда шавад, Худои таоло ато мефармояд».[4]

*           *             *          *            *

Хазрати Саъд ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Оё ман ба шумоён исми аъзами Худои таолоро нишон надихам, ки хар гох ба василаи он дуо карда шавад, кабул мефармояд ва агар савол карда шавад, ато мефармояд? Он дуоест, ки ба василаи он Юнус (а) Худои таолоро дар се торики садо зад.

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Ло илоха илло Анта Субхонака инни кунту мина-з-золимин».[5]

Тарчума: Бор Илохо, ыуз Ту дигар маъбуде нест. Ту Поку муцаддас хасти, ман аз ситамгорон хастам.

Шахсе аз Расулуллох (с) пурсид, ки:

  • Эй Расулаллох (с), оё ин дуо ва фазилати он махсуси Юнус (а) аст, ё барои умуми ахли имон?

Он Хазрат (с) иршод фармуданд:

  • Оё шумо иршоди мубораки Худои таолоро нашунидед, ки: «Ва наччайноху мина-л-гамми ва казолика нунчи-л-муъминин».[6]

Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Хар мусалмоне ин дуоро дар бемори чихил бор бихонад, агар дар ин бемори вафот кунад, ба у савоби шахид мерасад ва агар аз ин бемори шифо хосил кард, пас, хамрох бо шифо ёфтан хамаи гунохони у омурзида хохад шуд».[7]

[1] Сураи Бакара, ояти 163.

[2] Ин хадисро Имом Тирмизй ривоят кардааст.

[3] Мустадрики Хоким.

[4]«Ал-аходису-л-мунтахаб».

[5] Сураи Анбиё, ояти 87.

[6] Ва уро аз гам начот додем ва ахли имонро низ хамин гуна начот медихем.

[7] “Ал-аходису-л-мунтахаб”.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …