Главная / Маданият ва санъат / Дуои хатми Куръон ва фотиха барои гузаштагон

Дуои хатми Куръон ва фотиха барои гузаштагон

Парвардгоро, хидоят кун моёнро бо хидояти Куръон икром кун моёнро бо каромати Куръон, бошараф кун моёнро бо шарофати Куръон, осон гардон корхои диниву дунёии моёнро бо баракати Куръон, равшан гардон дилхои хастаи моёнро бо нури Куръон, бикушо синахои моёнро бо тиловати Куръон, зиннат дех ахлоки моёнро бо зиннати Куръон, бипушон чисмхои нотавони моёнро бо хилъати Куръон, биомурз гуноххои моёнро бо инояти Кръон, осон гардон азоби чонкандани моёнро бо фазилати Куръон, вазнин гардон паллаи тарозуи аъмоли неки моёнро бо бузургии Куръон, эмин дор моёнро аз чамеи балохои дунёву охират бо хурмати Куръон, рахмат кун ба чамеи уммати Мухаммад саллаллоху алайхи ва саллам ба рахматат, эй Бехтарини бахшояндагон. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Илохо, омин, хадя кардем савобу самараи ин оятхои каломи Раббониро ба ризоии Хакк субхонаху ва таоло ба рухонияти чамеи анбиёи мотакаддам ва анбиёи мурсалин, хусусан ба рухи пурфутухи  мутаххари мунаввари Хазрати рисолатпанохи саллаллоху алайхи ва саллам. Ва ба рухонияти хулафои рошидин ва чамеи сахоба ва тобиин ва табаа тобиин. Ва ба рухонияти чамеи мучтахидин, хусусан Имоми Аъзами куфиву суфи рахматуллохи алайх. Ва ба рухонияти падарону модарон ва чамеи муъминину муъминот ва муслимину муслимот, хусусан ба гузаштагони ин манзилу макон. Аллохумма-хфазно ё Файёз мин чамеъи-л-балоёи ва-л-амроз. Ва саллаллоху таоло ало хайри халкихи  Мухаммадив-ва ало олихи  ва асхобихи ачмаин. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Ба номи Худованди Бахшояндаи Мехрубон. Аввал такя ба зоти поки Аллохи Ахаду Аллохи Самад ва ба ризогии Хак субхонаху таборак ва таоло. Бахшидем савобу самараи тиловати оятхои каломи Раббониро ба ризогии Худои азза ва чалла ба рухонияти чамеи пайгамбарони гузашта, алалхусус ба рухонияти Одам Сафийюллох, Нухи  Набийюллох, Иброхими Халилуллох, Мусои Калимуллох, Довуди Халифатуллох, Исои Рухуллох ва алалхусус, ба рухи пурфутухи  мутаххари мунаввари Хазрати рисолатпанох дастгири осиён дар рузи чазо-Мухаммади Расулуллох саллаллоху алайхи ва саллам ва ба рухонияти чамеи хулафои рошидин, сахобагону тобиин ва табаа тобиин, хусусан ба рухи Имоми Аъзам рахматуллохи алайх. Бахшидем ба рухи поки 124-хазор пайгамбарони мурсалин, ба рухи анбиёхои сихибмуъчиза ва авлиёхои сохибкаромоти мутакаддам. Бахшидем савоби каломи Раббониро аз Одам то ба Хотам[1] ва аз Хотам то ба ин дам ва ба рухонияти сайидону шахидон, гарибону бекасон ва мустамандону фотихачуёни ахли ислом. Бахшидем савобашро ба гузаштагони хамин манзилу макон аз падару модарон, бобову бибиён, пиру устодон ва хешу акрабоён, аз хафт пушт то хафтод пушташонро гарикаи рахмат ва шоистаи Чаннат кунад. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Тиловати Куръон, халовати имон, хушнудии Холики Рахмон, камоли кудакон, бакои пиру чавон, сиххату саломатии мусофирони ахли ислом. Парвардгоро, бирасон савобу самарахои оятхои тиловатшудаи Куръони азимушшаънро ба Хазрати Одами Сафийюллох, ба Нухи Набийюллох, ба Шиси Набийюллох, ба Иброхими Халилуллох, ба Мусои Калимуллох, ба Довуди Халифатуллох, хусусан ба рухи пурфутухи Хазрати Мухаммади Мустафо саллаллоху алайхи ва саллам ва олу асхобу хонаводаашон. Хафт кори, чахордах рови, дах ёри бихишти, нух чуфти пок, азвочи мутаххирот, сахобагони кибор, табаа тобиин, чамеи мучтахидин, Имоми Аъзами куфиву суфи ва рахматуллохи алайх, хусусан шахидону гарибону бекасон, шахидони дашти Карбало, пирони тарикаи накшбандия, пирони тарикаи кодирия, хусусан падарону модарон ва бобоёну бибиён, фарзандону хешону акрабоён, гузаштагони ин манзилу макон, гузаштагони ин чамоати муслимин ва устодони илму касб. Ва саллаллоху таоло Мухаммадин ва ало олихи ва асхобихи тайибина ват-тохирин. Парвардгоро, биомурз тамоми уммати хабибатро ба рахмати файзбори Худ, зеро ки дарёи рахмати Ту бепоён аст. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

[1] Хотам – хотами пайгамбарон, яъне Хазрати Мухаммад(с).

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …