Главная / Гуногун / Дуои дастурхон (баъди таъом – хурокхури)

Дуои дастурхон (баъди таъом – хурокхури)

Шукронаи неъмат, зиёдии давлат, тани сиххату хотири чамъ, мо кам кардем Худо зиёда гардонад ва ба ин хонадон файзу баракат, умри дарозу давлати бепоён ато фармояд ва гузаштагонро рахмату магфират ва шоистаи чаннат намуда, бокимондагихоро чойнишини некон кунад. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, тани сиххату хотири чамъ карам фармои. Мо аз ин таомхо хурда кам кардем, Худованд зиёда гардонад. Ба ахли ин хонадон хайру баракату хурсандиро ато гардонад. Ба чумлаи бандагони муъмину мусалмон кушоиши кор ато намуда, ба мамлакатамон оромиву осудаги, ба бозорхоямон арзониву фаровониву инсофу рости, ба дехконон баракат дар кишту корхо, ба мусофирон сиххату саломати, ба беморон шифои комилу очил, ба карздорон начот аз балои карз ато фармои. Чумлаи бандагони калимагуятро ба орзуву хавасхояшон восил намуда, дар катори онхо ба фарзандхои мо низ баракат дар касбу кор ва ризку рузи, хайру хушбахтии дучахониро рузи гардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Омин, бигузор Худованд хар як кадами моро ба ин хонадон бо хушиву хурсанди биёварад ва ин дастархони пурнозу неъматро дар рохи хайр кабул намояд. Ва ба хамаи моён инсоф дихад, то он, ки дар талаби илм бикушему аз рохи фасоду шайтони дур гардем. илохо, шифои беморон, начоти карздорон, мулки амон, нархи  арзон, баракати оби равон ва бар ахли ин мачлиси мо орзухои боамалу дили бегаму тани сиххат ато гардони ва савоби ин дастурхони пурнозу неъматро бар пазандаву хурандагонаш расони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Бар сохиби хонадон бубахшои, Худо!

Бар у дари рахматат ту бикшои, Худо!

Нону намаки варо агар кам кардем,

Нону намаки варо бияфзои, Худо!

* * *

Сохиби ин таомро, ё Раб,

Аз чамеи бало амонаш дех.

Хонадонаш зи неъмати афзун,

Баркати Хизр дар маконаш дех.

Ман надонам, ки максади у чист,

Хар чи максуди уст, онаш дех.

Дар сабоху[1] равоху[2] лайлу[3] нахор[4],

Аз балои замон амонаш дех.

* * *

Ахли муъминро, Худоё, шод кун,

Чумларо аз дарду гам озод кун.

Сохиби хонаро амонаш дех

Хислати Хизр дар маконаш дех.

Ман надонам дар дили у чист,

Хар чи хохад, хамонаш дех.

*        *        *        *        *

Бар дехконон Худои таоло баракат ато намояд, дастархонхо пурфайзу пурбаракат шаванд. Чавонону кудакон калон-калон хуранду ба хизмати падару модар коим гашта, ба дуо муносиб гарданд. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Алхамаду лиллохи-л-Лази атъамано ва сакконо ва чаъалано мина-л-муслимин. Мо кам кардем Худо зиёда гардонаду баракати Хизр алайхи-с-саломро ато гардонад. Савоби ин дастархон ва савоби мехмонони азиз ва савоби обу таомхоро ба гузаштагони хамин макону манзил бахшидем. Худованд ба хамаи шумоён тани сиххат, имони мустахкам, баракат дар умру чону касбу кор ва ризку рузи ато гардонад. Бачахоро Худои таоло калон карда ба хизмати падару модаронашон коим кунад. Кушода бод бар ин хонадон давлату савлат, мехру мухдббату бахту саодат. Омин. Бирахматика ё Ар^ама-р-рохимин.

*****

Аллохумма-рзукно халолан би гайри хисоб. Тани сиххату хотири чамъ, мо кам кардем Худо зиёда кунад. Хазрати Хизр назар кунанд. Савоби ин дастархонро ба гузаштагони хамин макону манзил бахшидем. Худованд танатонро сиххат кунад, умратонро дароз кунад, ба касбу рузиву хонадон баракат дихад, замона тинчи шавад, чавонон руз бинанду ба пирон имон дихад. Кубро аз офатхои шабу руз Худаш нигох дорад ва дар катори куб хамаи моёнро низ аз хар гуна балову офатхо нигох дорад. Ва хамчунин он касоне, ки аз катори мо ба сафархои дур рафта бошанд, онхоро Худованд дар хифзу химояти Худ нигох дорад, сиххат рафтанд, саломат бо руйи сурху забони дароз ва бо дасти хайру саховату пойи тоату ибодат бозгарданд. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

[1] Сабох – сахаргох.

[2] Равох – шабонгох, аввали шаб.

[3] Лайл – шаб.

[4] Нахор – руз.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …