Дуои чомеъ

Аз Абдуллох ибни Масъуд (раз) ривоят аст, ки: «Расули акрам (с) ин дуоро мехонданд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни асъалука-л-худо ва-т-туко ва-л-афофа ва-л-гино».

Тарчума: Бор Илохо, ман аз Ту хидоят, такво, покдоманиву бениёзи аз махлукотро металабам.

Дар ин дуо аз Худованди мутаол чахор чиз хоста шудааст:

  1. Хидоят, яъне кадам ниходан бо истикомат дар рохи Хак.
  2. Таквову пархезгори, яъне хавф аз Худои таоло ва пархез аз маосиву мункарот.
  3. Иффату покдомани.
  4. Гино, яъне калби ин хол ва кайфиятро дошта бошад, ки одами дар худ ниёзу эхтиёчи ба хеч махлукеро эхсос накунад ва бар атои молики худ мутмаин бошад.[1]

*****

Аз Оишаи Сиддика (раз) ривоят аст, ки: Расули акрам (с) ба ман ин дуои чомеъро таълим доданд. Дуо ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни асъалука мина-л-хайри куллихи очилихи ва очилихи мо алимту минху ва мо лам аъламу ва аузу бика мина-ш-шарри куллихи очилихи ва очилихи мо алимту минху ва мо лам аълам. Аллохумма инни асъалука мин хайри мо саалака минху абдука ва набийюка ва аузу бика мин шарри ма-стаоза минху абдука ва набийюк. Аллохумма инни асъалука-л-чанната ва мо карраба минхо мин кавлин ва амалин ва аузу бика мина-н-нори ва мо карраба илайхо мин кавлин ва амалин ва асъалука ан тачъала кулли казоин такзихи ли хайро.

Тарчума: Бор Илохо, ман аз Ту хар навь хайру хубиро мехохам, хайри дунёву охиратро. Он хайреро, ки медонам ва онро, ки намедонам, низ аз Ту мехохам. Ва ман ба Ту панох меоварам аз хар навь шарру бади, шарри дунёву охират. Аз он шарре, ки онро медонам ва аз он шарре, ки намедонам.

Парвардгоро, бандаи хос ва Набии махбуби Ту (с) хар хайру хубиеро, ки аз Ту савол кардааст, ман низ онро савол мекунам ва аз хар шарру бадие, ки ба Ту панох чустааст, ман низ аз он ба Ту панох мечуям.

Бор Илохо, ман аз Ту бихишт ва он кавлу амале, ки ба бихишт маро наздик кунад, хохонам ва ба Ту панох меоварам аз дузах ва он кавлу амале, ки маро ба дузах наздик гардонад.

Бор Илохо, ман аз Ту мехохам, ки хар казоват файсалае, ки дар хаки ман раво дори, зомини хайру хуби бароям бошад.

Ба хар як калимоти ин дуо тадаббур ва андеша шавад он чи инсонро дар дунёву охират мавриди ниёз аст, дар ин дуо вучуд дорад.[1]

Дар як ривояти ин хадис ин тафсил хам баён шуда, ки як руз Хазрати Абубакри Сиддик (раз) ба махзари он Хазрат (с) дар хонаи эшон омад ва касди сухбате дар хилвату танхои дошт. Хазрати Оишаи Сиддика (раз) дар он вакт машгули хондани намозу дуохои бисёр тулони буд. Он Хазрат (с) ба касди холи кардани хона ба вай фармуданд:

  • Дуохои чомеъро бихону зуд тамом кун.

Хазрати Оишаи Сиддика (раз) изхор дошт, ки:

  • Ба ман дуои чомеъе бигуед.

Он гох он Хазрат (с) ин дуоро ба у талкин фармуданд.[2]

 

[1]  Ин хадисро Ибни Абушайба ва Ибни Моча ривоят кардаанд.

[2]  «Маорифу-л-хадис».

[1] Ин хадисро Имом Муслим ривоят кардааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …