Главная / Гуногун / Дуои бад

Дуои бад

Субхи рузи Татяна[1] ягон зарра ба зимистон монанди надошт. Чун рузи тирамох тира буду борони.

Нафакахур – Бобохол: марди хеле пиронсоли кадпасти логар, вале хануз бакувват ба мухобира омаду хангу мангаш канд. Гуиё тамоми нафакахурони нохия ин чо чамъ омада буданд.

Мухобира пур аз кампиру муйсафед ва сухбату шавкуну галогула.

– У-ху-у! – Беихтиёр нидо дардод Бобохол. – Бозори «Саховат» барин-ку!

Касе ба у эътибор надод. Вай як ин су – он су нигаристу сипас бо овози баланд пурсид:

– Ки охирон?!

Ин суоли у дар хаво чавоб мечуст. Каме дар хичолат монда, ба пирамарде руй овард:

– Ки охир бошад?

– Охир нест! – бо ханда чавоб дод пирамард. – Ин чо хама аввал!

– Наход? – хайрон шуд Бобохол.

– Ин чо аввалу охир-похир нест! – асабиёна нидо намуд пиразани кадпасте.

– Чи хел? – бештар хайрон шуд Бобохол.

– Ана хамин хел, – посух дод пиразан. – Ракам аст, ракам. Соати чори шаб омада, номатро менависиву ракам мегири.

– Ха-а, ин тур гуед, – бо хайрат ба руи у зехн монд Бобохол. – Пас шумо кадом ракам хастед?

– Яксаду бисту ду.

– Ин тавр бошад, ман яксаду бисту се?

– Хести, ки хобат! Шояд дусадум шави. Ё сесадум…

Дили пирамард гуиё ки ба он нештар зада бошанд, дардолуд сахт тапид. Ва уро хисси ноумеди фаро гирифту як охи сарду бадарде кашид.

Худи хамин вакт пирамарди хурдчуссаи файласуфтабиат бо ходими мухобира маншаву мочаро дошт.

– Охир, як ту не, хама нагирифтаанд, – мегуфт ходими мухобира.

Кадре ба хашм омада, дод зад:

– Ман хама не!

Ходими мухобира дигар сухане нагуфт, сар ба поин афканд. Чехраи пирамард суп-сурх шуда, чашмонаш аз кахру газаб дурахшиданд.

– Ман иштирокчии Чанги Бузурги Ватани!

Ходими мухобира аз ин сухан мисли мори афъи якбора сар боло кард.

– Ха, “иштирокчии чанг шуди” гуфта, атса зани «лаббай» гуем-ми?

Пирамард ба у нигохи пурхашмонае афканда, дод зад:

– Лаббаят даркор не!

– Чи даркор?

– Пули худамро бидех!

– Пул нест, чанд бор гуям?!

– Чи хел нест?! – боз дод зад пирамард. – Чой нест, канд нест, равган нест, собун нест, наход хамин когаз хам набошад?!

– Охир, айби ман-чи? – гуён, ходими мухобира намегиристу бас. – Ман чи…

Пирамард гапи уро лагад зада, бо тахдид пурсид:

– Набошад, айби ки?!

Вай тамасхур зад:

– Саволи бемаврид!

Пирамард бештар ба газаб омада, густохона талаб кард:

– Ту чавоб дех!

Ва у дод зада, чавоб дод:

– Бонк!

Эътирозомез дод зад:

– Ин чавоби кудакона!

Вай якбора даргирифт:

– Охир, бонк пул намедихад!

Пирамард хамчун барги хушки дар оташ афтода даргирифт:

– Бонк! Бонк! Корат айбчуи. Ба боло арз мекунем. Туро аз кор меронанд.

– Тоза тарсондед-ку! Худам аз хамин кор безор. Дахто ариза навиштам, ки «бо хохиши худам чавоб дихед» – чавоб намедиханд. Равед. Арз кунед. Шояд ронанд. Чонам халос мешавад. Рахмат мегуям.

Шояд охирин, вале басо пуркиммат лахазоти умри пиронсолон, ки беиллату миннат захмат кашида, ба нафака баромада буданд, дар ин мухобира мегузашт.

Муяшон сафед, руяшон пурожанг, коматашон хамида ва нихоят бадбахт. Холо онхо дар як чой истода наметавонистанд, гох дар чои худ менишастанд, гох мехестанд. Аз бешафкати, гиромбози, ноадолати харф мезаданд. Бо дард, бо алам, бо шуру киём. Ва гохе бо ашк.

Бобохол риши сафеди худро бо дастони хароби серрагу паяш кабза карда, даме ба фикр фуру рафт. Баъд нафаси чукуре кашиду истоданро бефоида шумурда, рафтани буд, ки хаткашони кучаашонро дид. Ба наздаш рафт. Ва охиста:

– Ассалом, – гуфт.

Холаи хаткашон ба у нигаристу аз дил гузаронд:

“Муйсафеди ахмака бинанд-а!”

Баъд бо оханги дустона гуфт:

– Ха, ришу фаша леса карда, худро орову торо доди? Свидани дори, чи бало?

Аз ин шухии у хушхол шуда, посух дод:

– Аз свидани омадам.

– Нахо-о-од?!

– Ха, имруз зодрузи хамсарам, ба наздаш рафта будам.

– Чи, магар у шуи дигар дорад?

– Эъ не-е! Шумо чихо мегуед?.. Вай… дар гуристон.

– Ха-а-а…

Миёни онхо хомуши уфтод. Вале Бобохол онро зуд бархам зад:

– Мегуям, ки пул мешуда бошад?

– Пул? – пурсид холаи хаткашон ва лаб фуру баста, оромона ва дурудароз ба пирамард нигарист. Баъд боз ба гап сар карда, ким-чи хел асроромез гуфт:

– Ха, бояд шавад. Чаро намешудааст? Албатта мешавад.

– Кай мешуда бошад?

– Кай? – пурсид холаи хаткашон ва сипас ба ёдаш чизе расидаги барин лахзае ба руи Бобохол зехн монду мехрубонона пурсид:

– Магар нафакаатонро нагирифтед, ака?

“Ака” гуфтани у ба Бобохол басо хуш омад. Ва у хам мехрубонона чавоб дод:

– Не, хохарчон.

Боз бо мехрубони пурсид:

– Якмоха?

– Не, – чавоб дод у хамчунин, – думоха.

– Думоха? Наход? – даставвал бо камоли тахайюр ба у нигарист, сони бо дилсузи гуфт:

– Охир, бе ин хам ахволатон бад!

– Хм-м, ха-а, – гурингид Бобохол.

Холаи хаткашон ба суи у чашм духт:

– Мехохед гиред?

– Ха, албатта мехохам…

– Аз акиби ман биёед.

Ин сухани холаи хаткашон ба гуши Бобохол: «Биё, нафаката гир!» – гуфтаги барин расид. Ва у бо умед аз паси у равон гашт.

Онхо ба долон ворид гаштанд. Долони тангу дароз. Чапу рост – дархо… Чубин, баста, чандранга, бадсифат. Бадафт. Чашмхарош. Аз паси онхо ким-чи хел садохо ба гуш мерасид. Буи хурок ба димог мезад.

Инак, то охири долон рафта, дари тарафи ростро кушода, ба хучраи калоне ворид шуданд. Муйсафед дархол пай бурд, ки хучра чои кори хаткашонхост. Вале холо хучра холи буд.

– Мархамат шинед, ака, – холаи хаткашон бо илтифот ба Бобохол чои нишаст нишон дод.

– Ташаккур, хохар, – гуён, Бобохол даст ба руи дил бурд ва ба курси нишаст.

Холаи хаткашон ба у як табассуме хадя карду сипас:

– Як дакика! – гуён, рафта кутии варакаи нафакагириро бардошта овард.

Сакичи дахонашро берун оварда, ба пешонааш часпонд. Ва бе он ки ба у нигох кунад, бо лахни мехрубонона пурсид:

– Фомилияатон чи буд, акочон?

– Кабудов.

– Чи? – нафахмид холаи хаткашон.

– Кабудов, – баландтар такрор кард у.

– Ха-а, Кабудов, Кабудов, – чиликашро бо забонаш тар карда, варакахоро як-як аз назар гузарондан гирифт. – Кабудо-о-ов… Хозир-р-р… меёбем…

– Ана он! – нихоят нафакаваракаи уро ёфт ва ба наздаш гузошт.

Пирамард суоломез ба у дида духт.

– Ана, ба ин чо имзо гузоред, – боз хам мехрубонона гуфт ба у холаи хаткашон.

– Хуб шудааст, – гуён, каламро ба даст гирифту сарашро ба болои нафакаварака хам кард. Нафасашро дошта, саросема нашуда, бафурча имзо гузошт.

– Оличаноб!

– Чи?

– Имзоятон! Имзои зебо доштаед! Имзои вазирзеб! – хандаи маснуе зад холаи хаткашон.

Аз ин таъриф хичолат кашид, суп-сурх шуд, ба хаячон омад.

– Наход? Маъкул шуд?

– Хеле!

– Тасаддук, хохарчон!

– Акочон, шумо осуда ба хонаатон рафта, бемалол дам гирифта гардед. Пул, ки шуд, пеш аз хама мегирам ва ба хонаатон дароварда медихам. Шумо дигар овора шуда наоед.

Пирамард аз ин рафтори холаи хаткашон бехад хурсанд гашт. Аз шоди бог-бог шукуфта, дар дил гуфт:

«Эха, ин Зебо одами савобчу будааст-ку?!»

Мехост дасти уро гирифта бибусад, изхори миннатдори кунад, аммо истихола кард. Баъд аз самими дил:

– Илохи ба сад дарои, хохарам! – гуфт.

Сузу дарду алами дилро дар мухобира монда, берун баромад. Замину осмон гуиё мотам дошт. Тумани гафси абр хама чоро печонда, хаворо боз дилгиртар сохта буд. Боди сарди барфовар баргхои хазони заб-зардро дар хаво бози медоронд.

Вале табъи у болида, дилаш бегубору гарм!

Комати хамидааш чун алиф рост!

Чехраи асаби ва хастааш кушода, табассум онро зеб медод!

Чашмонаш пурнур!

– Сад шукр Худоро, ки одамони нек хастанд! Чонам курбони чунин инсонхо!

Куча пур аз кулмаку лой буд. Вай ба хеч кучо не, танхо ба пеши пояш нигох карда кадам мезад. Дар зери пояш обу лой баланд-баланд шалаппос мезад.

Дар руи хавли кудакон бегамона даву тоз доштанд. Вагу чиг мекарданд, механдиданд…

Дилу чехрааш бог-бог мешукуфт, хич намехост, ки ба хона дарояд. Дилаш мехост бо онхо гирояд, баробарашон даву тоз намояд.

Ха, тозад, садо занад, ханда занад!

Як хафта гуиё бо хотири осуда хушхолу бепарво зист.

Баъд…

Ду чашм ба дар…

Интизор…

Аммо интизори тул кашид. Як хафта, ду хафта сипари гашт. Аммо холаи Зебои хаткашон наомад. Бобохол хавотир шуд. Аз сараш сад хаёл мегузашт. Барои чи наомад-а? Боз фаромуш накарда бошад?

Не-е, о, пир не-ку?!

Ё пул нашуда бошад?

Шояд?!

Хайр меояд, албатта меояд!

Боз хафтае дар интизори сипари гашт. Не, наомад. Ба дили Бобохол алов афтод. Наход, ки бетоб шуда бошад? Боз як хафта интизори кашид. Аз холаи Зебои хаткашон хич дарак нашуд. Ва у ба мухобира рафт.

Чун аз хона берун омад, ба ёдаш зад, ки ришу фашашро дуруст накардааст.

– Ох! – гуён, даст ба ришаш бурд, каме музтар бимонд.

Сипас бо овози шунаво:

– Кафо гаштан хуб не, – гуфта, рохашро идома дод.

Боз хамон долони шиноси танги дароз уро пешвоз гирифт.

Буи нами, заху магор.

Буи хочатхона омад.

Он дафъа ин буйхоро буи хурок пахш мекард. Муше аз пешруяш давида гузашт.

Холаи Зебо бе он, ки назаре ба суи Бобохол афканад, ба кори худ андармон шуд.

– Ассалому алайкум, хохарам! – гуфт Бобохол.

Холаи Зебо ба саломи у бо ишораи сар алек гирифт. Ва на лом гуфту на мим. Гуиё ки уро намешинохта бошад. Гуиё у барояш бегона. Бобохол хайрон шуд, бо хисси кунчковии пирона хеле зехн монд. Холаи Зебо худро тарзе вонамуд месохт, ки гуиё дар ру ба руи у Бобохол вучуд надошта бошад. Вай чашмдошти истикболи хуш буд. Вале беэътинои ва нописанди бидид. Бо вучуди ин гапи сахтро ба худ эб надид.

Беихтиёр ба тирезаи бехунарона рангмолида нигарист. Руи зертиреза лашу луши бехисоб. Баъд нигохаш ба сурати дар девор овезон афтид. Ким-кадом манзараи нофахмое кашида шуда. Чорчубааш шикаста, кач гашта.

Пирамард ноилоч:

– Уху! Уху! – гуён, сурфаи сохта зад.

Вале холаи Зебо кореро бахона карда, руй ба дигар суй тофт.

Бобохол боз хам наранчиду охиста:

– Хохар, – гуён, садо дод.

Вале – афсус! – «хохараш» ин дафъа хам сари муе ба у эътибор надод.

– Хохар! – баланд садо кард у. – Хо, хохар!

Якбора тарафи у гашта, бо кавоки овезон, бедимогу дагал пурсид:

– Э, ба ту чи лозим?!

Чунин сурат гирифтани корро хич умед надошт.

«Ё тавба! Ба у чи шуда бошад?» – гуён, хайрон шуд.

– Аз ту мепурсам, чи мехохи?!

– Чи мехохам? Мехохам нафакаамро гирам.

– Чи-и?! Кадом нафакаро?

– Нафакаи худамро. Ваъда додед, ки меоред. Наовардед, худам омадам, ки гирам.

– Чи-и? О, нафакаатонро гирифтед-ку. Чи, ду бор мехохед гиред?

– Чи-и? – Сарфахм нарафт Бобохол. – Нафакаамро гирифтам? Чи хел? Кай?

– Се-чор хафта пеш, – чавоб дод Зебо. – Худатон имзо гузоштед. Чи, фаромушхотир шудед?

Якбора дастпоча шуда монд.

Як хамкори Зебо: зани башарабезеб писханд зад:

– Чи чои шубха: “Старост не радост!” – гуфтаанд. Хи-хи-хи!

Ба худ омада, ба гушхояш бовар накарда, гашта пурсид:

– Ман нафакаамро гирифтам?

– Ха, ту худат гирифти!

– Ки? Ман?! – сахт ошуфт Бобохол. – Ман гирифтам?!

– Чи ин кадар «ман, ман!» – мегуи?! Ха, ту! Ту!

Дили Бобохол, гуиё ки ба он нештар зада бошанд, сахт тапид ва лахзае даступо хурда, сархисобашро гум кард…

Хомуши лангар партофт. Онро зани башарабезеб шикаст:

– Э бобо?!

– Ха, – ба худ омад у. – Чи?

– Баро! – хунсардона гуфт у. – Халал нарасон!

Вай лолу пакар шуд. Хомушии риккатангезу нафтатоваре ба амал омад. Ин ба дили Бобохол вазн овард.

– Ман ба ту мегуям!

– Чи мегуи?

– Баро, халал нарасон, мегуям! – ин дафъа дагалона гуфт хамон хаткашонзани башарабезеб.

Бобохол низ мисли бештари собикадорони чанг, марди зудранчу тунд буд. Вале холо худро медошт. Наход ин зан бе ягон шарму хаё нафакаи уро аз худ карда бошад? Аммо ин хакикат буд! Ва алхол ин зан онро инкор мекард.

– Пул ширин-дия. Бо лулиги сохиби пули муфт шудани. Осмон ба сари одамон чаппа шуда, замин кафида онхоро фуру намебарад, хуб гап!

Ин таънаи нохаку ногахони барке буд, ки аз чисму чони Бобохол гузашт.

– Ё наузанбиллох! – гиребон ба даст гирифт у. – Бехуда намегуфтаанд, ки: «шухакон медаванд лаб-лаби бом, хапакон кора мекунанд тамом». Инсоф доштан лозим! Яксаду чил сума харом мехури?

Холаи Зебо аз чояш ба шаст хест ва чашмонашро бози доронда, дуг зад:

– Хой ба дахонат нигох карда, гап зан! Ту киро тахкир мекуни?! Тухмата бинед-а! Ё тавба! – гиребони куртаашро гирифт у. – Хайфи хамон муи сафед!

Хун ба сару руи Бобохол зад, пеши чашмаш лахзае торик шуд. Сипас, ба Зебо нафратангез назар андохта гуфт:

– Хам гарию хам пешхези! Ман ин кора суст намемонам. Арз мекунам. Ха, хатман.

– Арз кун, арз кун! Ба худат чабр мекуни, шармандаи ду дунё мешави.

– Фахмо…, – гуён, ба дасти ёд афтоду побанд гашт.

Чорае дидан мебоист!

Чи хел чора?!

Намедонист…

Банохост фикре чун барк ба сараш омад. Ва беихтиёр пурсид:

– Шумо калон-палон доред?

– Калон-палонаш чи?

– Сардор.

– Дорем.

– Кани у?

– Дар чояш.

– Дар кадом чояш? Кучост чои вай?

– Кучое, ки лозим бошад, дар хамон чо. «Кани у, кани у?!” Гуиё сардор ба чуз ту дигар коре надошта бошад!

Ва ин дам Бобохол ба ёд овард, ки утоки сардорро медонад. Дигар харфе ба забон наоварда, вазнин-вазнин кадам монда, долони ба назараш гуиё беохирро тай карда, ба кабули сардори мухобира даромад. Сардор дар намуд зане буд миёнсол, андак ба фарбехи моил, дар танаш куртаи хоричи. Дар чашмаш айнаки симин, киёфааш чидди, гуфтораш хушки дуруштоханг.

Вокеаро як ба як накл кард. Сардор бошад, бо сарди:

– Хуш, чи шудааст? – гуфт.

– Чи хел “чи шудааст?!” – ба тааччуб афтод у. – О, зиёда аз ин чи шавад?!

Дар чавоб чин бар абру кашида, пурсид:

– Хайр, аз ман чи мехохи?

– Хакикатро, танхо хакикатро, – оромона гуфт у. – Муйро аз хамир чудо кунед.

Пас аз каме сукут ба у ру овард::

– Шохид дори?

– Шохид? – хайрон шуд у. – Чи хел шохид?

Асабиёна овоз баланд кард:

– Яъне, дар вакти имзо гузоштан ягон кас буд?!

– Дар кучо?

– Ох, Худоё!.. Дар наздатон?!

Баъди лахзае андеша, сар такон дода, гуфт:

– Не, не, касе набуд. Ману у танхо будем. Як ба як.

– Ана, диди! Шохид надори! Агар шохид медошти, гувохи медод, кор ранги дигар мегирифт. Шохид, ки надори, забонат кутох. Боз ки медонад… Умуман ба як одами халолу покиза тухмат задан гунох аст.

Ба у як нигохи сард афканду боз илова намуд:

– Хеч чои тааччуб нест. Тухматзани одати пирон аст.

Фарёди тунд аз замири сина кашид:

– Шумо чихо мегуед?! Ман тухмат намезанам, рост мегуям!

Ин чо фарёди баландтари мудир бархост:

– Рост бошад, равед ба додгох арз кунед!

– Хамту? – абру чин кард у. – Майлаш! Гила аз худатон!

– Бирав! Ба кучое, ки мехохи, рафтан гир!

Нафасаш танги кард. Гиребони куртаашро кушод. Мехост хар чи зудтар аз ин чо баромада равад. Вале пойхояш ба у итоат намекарданд. Даме нишаст. Хамаги чанд дакика. Вале ин дакикахо дакикахои бисёр вазнин ва дуру дароз, дакикахои беохир буданд. Илочи аз гирдоби гаму андух рахосозии худро наёфта, бо хасрати чигарсуз, бо азобе бархост.

Хаво софу бегубор ва тару тоза. Офтоб ба руи замин доман-доман нур мерехт. Аммо дар тасаввури Бобохол хаво пурабр, губоролуд буд. Набзаш тунду тез мезад. Чигараш месухт. Гуиё ба он намаки суда пошида бошанд.

Боз ба дилаш сузу дарду алам чо гашт.

Коматаш хам зад

Боз дарду алам ба чехрааш соя густурд.

Худ ба худ гур-гур дошту ким-чихо мегуфт, афсус мехурд, мазамат мекард…

Зани харобу логаре халтаи пурбори вазнинро базур, коматашро хам карда, мебурд. Обу арак аз сару руяш мерехт.

Дилаш чаз-чаз ба сухтан огозид. Мехост фарёд кашад, нола кунад, наъра занад. Ба чои он бошитоб худро ба хона гирифт. По ба помонакхои бетони гузошт.

Ва баногох касе уро аз лаби домони борони дошт.

Дар холате ки буд, чо ба чо ях баст.

“Худоё, ки бошад?! – дилаш сахт-сахт ба тапиш даромад. – Наход ки ба дасти горатгар афтода бошам?!”

Аз чониби горатгар на садое шуду на амале. Ва у охисата руяшро ба кафо гардонд.

Не, касе нест!

Лаби борони ба охани дасткапаки помонакхо дар мондааст. Касе онро шикаста, кад кардааст.

– Ох, кариб захракаф шавам-е!

Борони ба кадри чор ангушт дарида. Дилаш чаззас сухт. Ин борони барояш азиз, тухфаи хамсараш.

Хост оханро ба боло ба чои худ баргардонад. Аммо зураш нарасид. Лаб зери дандон монда, зур зад.

– Хай-хай! Дигар кор надори, пираки?!

Ин хамсояи ошёнаи чорум буд, ки дигар ба у эътибор надода, баромада рафт.

Шом даррасид. Чароги баркиро фурузон кард. Тиреза сип-сиёх шуд ва уро аз олами беруна чудо сохт.

Даруни чор девори бетони сари танхо дошт!

Ва боз дилаш чаз-чаз месухт!

Ва боз мехост фарёд кашад, нола кунад, наъра занад!

Субхи тоза дамид. Дар огуши рузи нав берун омад. Дидаи акл ба руяш, ба гушаш садо бизад:

– Нашитоб, сабр мебояд!

Ба акл гуш дод, сабр пеша намуд. Бале, у ба додгох арз накард. Андешид, ки саросемаги хуб нест. Шояд холаи Зебо пушаймон шаваду пулро оварда, узр хохад. Аммо ин тавр нашуд. Хаёлаш пуч баромад.

Боз хам таги забон дору аз помонакхо поён мешуду боло.

Поён мешуду боло, боло мешуду поён!

Бад-ин минвол се руз таги забон дору бар ин рох равуо дошт. Анбухи абрхоро шамол бози медоронд. Уро ду суоли кургирех азоб медод.

Равад?!

Наравад?!

Берахмона азоб медод. Дар чавоб дар монда, танхо ох мекашиду ох. Охи вазнин ва талху сузон.

Барги дарахтон хам баробараш охи талх мекашиданд.

Барояш рузхо дарозтар шуданд. Шабхо аз он хам дарозтар.

Рузе дид, ки Зебо меояд. Истоду бо чехраи гарму нигохи нарм интизор шуд. Аммо у руй турш карда, хакорате бар лаб овард. Баъд ба замин туф карда, руй дигар суй тофту бо чидд гузашта рафт.

Дили пирамард дардолуд афшурда гашт. Вучудашро оташи дарду алам сухт. Вай дигар токат накарда, аз чайбаш руймолча бароварду ашки чашмонашро пок карда, бо андухи зиёд ба хона даромад.

Шаби дароз – ох чи шаби дароз! – гам хурду сухт!

Сухту гам хурд!

Субхи содик дамид. Боз хам шитоб накард, сабр пеша намуд. Садои занги дар уро як кад паронд. Хамсоя будааст. Пул карз пурсид. Уро ноумед кард. Пасон охи чонсуз кашид ва ба хулоса омад:

– Аз афташ, ба вичдони у умед бастан маъно надорад.

Аз хона бурун гашт. Чанд кадам гузошту истод. Ба чор суй чашм давонд. Ва боз хам нашитофт. Дудила гашт. Ба андеша рафт. Боз ба чор суй чашм давонд. Сипас китф дархам кашид ва худ ба худ гуфт:

– Хар чи бодо бод!

В-он гах руй бар додгох овард. Дари утоки додрасро охиста кушода:

– Мумкин, писар? – гуён, ичозати даромадан пурсид.

Додрас, марди кадпасти сиёхчурдаи бадкавок, охиставу вазнин сар бардошт. Ким-чи хел як нигохи бефарку ачибе ба у афканду руй турш намуд. Сипас айнакашро аз чашмонаш гирифта, ба пирамард, ки музтар монда буд, нохохаму сард:

– Даро, – гуфт.

Харчанд хотири пирамард аз ин истикбол озурда гардида, дасту по хурда шуд, вале худро ба даст гирифт. Ва баъди аз дар даромадан:

– Ассалому алайкум! – гуён, даст ба вохурди моил кадам зад. Аммо додрас нигохашро гурезонда:

– Шин! – гуфт.

“Шин” чунон сарду дагал садо дод, ки дили пирамард аз изтиробу хаячон ларзида, аз омаданаш сад бор пушаймон гардид.

Аммо чи илоч, ки тир аз камон часта!

Аввал хост чанд сухани когазпеч гуфта, дил холи кунаду атояшро ба ликояш бубахшад. Вале зуд аз ин раъяш гашт, изтиробу хаячонашро фуру бурд ва бо як даст аз лаби миз дошта, базур нишаст. Охи сарде кашиду нафас рост кард.

– Хизмат? – бо хамон сарди ру ба у овард додрас.

Боз як охи сарде кашид пирамард ва вокеаи руйдодаро як ба як гуфт ба у.

– Ха-а-а… – абру гирех зада, мад кашид додрас. – Ин хел гу-у-уй…

Баъд каме гирехи абру кушода, бо тамасхур мепурсад:

– Наход, наход ки хамин хел шуда бошад-а?

– О, накл кардам-ку, – норозиёна гурунгид пирамард.

– Гуш кун, барои чи ин хел кард?

– Ман надонам.

– Ба рости намедони?

– Гуфтам-ку, намедонам.

Додрас ба руи у як назар давонд. Ва чунон ки беихтиёр аз хоб хеста, акнун хушёр шуда бошад, бо хайрати афзун пурсид:

– Вокеан, ту ба чанд даромади?

– Ба хафтоду се кадам гузоштам, – филхол чавоб дод Бобохол.

– Эха-а, аз пайгамбар дах сол гузаронди-ку?!

Аз чи бошад, ба дили пирамард сиёхи давид.

– Бачу кач дори?

– Доштам, – бо андух чавоб дод Бобохол. – Чор писари нозанин доштам. Хасану Хусейн, Рустаму Сухроб. Хасану Хусейн дар чангхои озод кардани нохияхои водии Каротегин халок гардиданд. Рустам бошад дар Хучанд курбон гашт. Сухроб…

– Хайр, кифоя! – аз чи бошад, кахраш хеста, ба миёни сухани пирамард лагад зад додрас.

Лахзае сукунати сангин хамаро ба огуши худ гирифт.

– Тавба! – яхи сукунатро шикаста калла чунбонд додрас. – Тавба!

Сипас ба Бобохол бад-бад нигох карда:

– Ачиб, – гуфт.

– Чи ачиб? – бо хайрат ба руи у нигарист Бобохол.

Додрас гуиё осори чиноятро дар чехраи у мечуста бошад, чанд лахза ба руйи пурожангу рангпаридаи вай дида духта, пурсид:

– Боз дуруг нагуи, муйсафед?

Вай бепарво, кохилона, бе хеч гуна хавас ба Бобохол менигарист. Гуиё ки уро зуран ба ин вазифа шинондаанд.

Дар чояш такконе хурд пирамард.

– Не-е, дуруггу – душмани Худо, ман дар умри сарам ягон каса тухмату гайбат накардаам. Акнун дар пири ин кор ба ман намезебад.

– Хм-м, – боз мад кашид додрас, пешони дошт ва ба андеша рафт. Пас аз чанде ба пирамард руй оварду гуфт:

– Умуман ин кирои гап хам не-ку!

Бо тааччуб ба у нигарист Бобохол.

– Хм-м! – гуён, додрас аз чойники болои миз ба у як пиёла чой рехт. Вале у даст дароз накард, нагирифт, рад кард. Бо зардаву димоги сухта:

– Ман чойнуши наомадаам, – гуфт.

– Хмм! – писханд зад додрас. – Фахмидам! Яъне, ки ту сер! Сер, хамту не?!

Нигохи тезу тунде афканд ба руяш.

– Не, ман ташна, ташна!

– Чи-и?! Ту ташна?! – хандаи изтехзо зад додрас.

– Ха, ман ташна! – чидди гуфт Бобохол. – Ташнаи адолат!

– Ха-а, ташнаи адолат гуй? – бо писханд гуфт додрас ва чиддиву бозарда идома дод: – Адолат, адолат?! Кадом адолат?! Чи хел адолат?! Ку адолат?! Чаро обро надида, муза мекаши?! Гуш кун, муйсафед, ба ту як маслихат. Худат раву корро ба хуши-хуши хал кун. Фахмиди?!

– Ба хуши-хуши? – ба тааччуб омад Бобохол. – Ман нафахмидам. Яъне, ин чи тавр?

– Аз ман мепурси?! – оташин шуда, гуфт додрас. – Муята дар кучо сафед карди?

Боз ба руи додрас нигохи тезу тунде афканду катъиву чидди гуфт:

– Ба муи ман кордор нашав!

– Э биё, бас кун, пираки! – кадре газаболуд гуфт додрас. – Барои як пула гап сари якдигара гаранг накунем. Алами Исоро аз Мусо нагирем. Биё, хезу бирав. Исо хам ба рохи худу Мусо хам.

Аз нигохи додрас лабони пирамард хушк шуданд, хун аз руяш парид. Дилаш беист мезад ва гуё аз кафаси сина халоси мечуст.

– Бирав! – даст афшонд додрас.

Инони ихтиёр аз даст дода, якбора дод зад:

– Не!

– Хой, вазнин шав! – аз чояш бархоста, дод зад додрас. – Рав, бачаги накун!

– Намешавад! Ха, ба хеч кучо намеравам! Ин гапи якпула не, сухан дар бораи шаъну шарафи инсон меравад. Ва шумо бояд муйро аз хамир чудо кунед. Ин вазифаатон, мохона мегиред.

– Мохона, мохона… – асабиёна мижа зад додрас. – Намеравед?

Бобохол ба чашмони номуайянранги додрас нигох кард. Почакхои биниаш ба чунбиш даромаданд ва бо катъият гуфт:

– Не!

– Чи илоч! – ба чапу рост чашм давонд додрас. – Ох, чи илоч! Гила аз худат! Набошад навис!

– Чиро нависам?

– Аризая! – бо ситез каламу когазро наздаш гузошт додрас.

Бобохол бо карохат каламу когазро гирифт.

– Чи нависам?

– Аз ман мепурси? Хар чи хохи, навис.

Бобохол бо изтиробу хаячон ва дастони ларзон вокеаи рухдодаро бо як азобе руи когаз овард. Охи сарду бадарде кашиду онро ба додрас дароз кард. Додрас на танхо когазро нагирифт, хатто ба у нигох хам накард. Танхо дуг зад:

– Санаро монди?!

– Чиро? – нафахмид Бобохол.

– Числоро!

– Ха, мондам.

У боз дуг зад:

– Имзо чи?!

– Кардам! – бо оханги у посух дод Бобохол.

У боз дуг зад:

– Мон!

– Ба кучо монам?!

– Ба кучое, ки хохи!

Вай аризаро руи мизи додрас гузошт.

– Рав, мебинем! – гуё ранчидахотир гуфт додрас.

– Хо-о, – гуён, калла чунбонд Бобохол.

– Хо! Ту дигар бор наё!

– Чаро?

– Худамон чег мезанем.

– Кай?

– Кай, ки лозим шавад!..

Хакикатан хам чег заданд. Пас аз як мох. Бо умед рафт, ки хак ба хакдор мерасад. Додрас умедашро бар бод дод. Корро ба фоидаи холаи Зебо хал кард.

– Шарм намедоред, муйсафед? – гуфт ба у додрас. – Имзо имзои худатон, шохид надоред. Чи лозим буд ин бузакбози?

Бо дили пурдог, чун аз кати бемори хеста, берун омад. То хеле карахту гунгу кар ба равуои одамон нигарист. Баъд ба худ омад. Бо як афсуси гарон лаби поинашро газида-газида гуфт:

– Ха-а-а… Хайфи конун! Кур аст чашми адолат! Наркушу модапарвар аст фалаки качрафтор!

Офтоб шаъшаъа меафканду дунё медурахшид. Аммо дар чашми у хама чо сип-сиёх метофт.

Уро аз дарёи хаёл садои холаи Зебо берун кашид.

– Чазота гирифти, пирхари беимон!

Як кад парид, музтар монд.

– Зунукут гирифт, пирхари беимон!

Ба худ омад ва дар холе, ки базур нафас мекашид, бо овози хаста уро дуои бад кард:

– Илохи ба хамон пул кафан бихари! Аллоху акбар!..

Ва дарунбадарун сухта меандешид. Наход ки айём хамин тур галаба кунад? Наход ки киссахои дигари рузгори мо шуруъ шуда бошад? Наход ки…

Бо нишони эътироз ду мох ба мухобира нарафт. Аз тарафи дигар на дилаш мекашид ва на пояш. Мохи сеюм нафакаи уро як духтаракихандонру ба хонааш овард. Ягон шонздах-хабдах сол дошт у. Тоза. Озода. Руяш гарм. Чашмонаш мехрубон. Пурчилло. Дар танаш куртаи обшустаи чит. Вале ба у басо зебанда. Муйхои зархалинаш болои китфонаш афтода.

– Кабудов Бобохол шумо? – пурсид духтарак бо оханги хуш.

– Ха, ман, – бо нигохи гарму сафобахш ба руи духтарак кунчковона чашм духта, чавоб дод у. – Тинчи-ми, духтарам?

– Ман хаткашони нави шумо, – бо овози махину лахни бисёр нарм гуфт духтарак.

Андоме дошт фавкулодда кашангу зебо.

– Ту хаткашон? – гуиё ба гушхояш бовар накард у.

– Оре, хаткашон! – бо ифтихор нидо намуд духтарак.

– Ох, бифармо, бифармо, – духтаракро ба хона даъват кард у.

Ворид гашт. Зебо ворид гашт. Гуиё ба хона мохи тобон ворид гашт. Пирамард уро паси миз шинонд. Ва худаш хам нишаст.

– Акнун, хар мох нафакаатонро худам ба хонаатон оварда, медихам, – бо табассуми малех ба руи у дида духт духтарак.

Аз суханрониву рафтори духтарак ба дили Бобохол як рушание ворид гашт. Ва бенихоят хам хушхоли вучудашро фаро гирифт.

– Э, офарин духтарам, ба хазор дароед! Хамин хел рузхо хам будааст-дия, – чашмони Бобохол баркосо дурахшиданд. – Номи шумо чист, духтарам?

– Номам Шахло, – лабханди базеб намуд духтарак.

– Бай-бай-бай! Ачаб номи хушру доштаед! – Бобохол бо табассум ба руи сафеди Шахло бо шавк менигарист.

Шахло нафакаи Бобохолро ба дасташ дод. Ва аз чо бархост. Пирамард хам бархост.

– Саломат бошед, падар!

– Духтарам, ана ина бигир, – Бобохол ба духтарак пул дароз кард.

– Не, не, лозим не, – рад намуд у саросема. – Эхтиёч надорам.

– Гир, духтарам, хаки хизматат, лозим мешавад…

– Ин кори ман, барои ин ман маош мегирам. Лозим не.

Ва у ин «лозим не»-ро ба таври худ фахмида, боз як панчсума зам намуд.

– Шумо маро меранчонед, падар! – Боз рад намуда, гуфт духтарак.

– Ту хам маро меранчони, духтарам. Хайр, чи мехохи, ба ту дихам.

– Мехохам, ки фикрхои бадро аз саратон дур андозед.

Бо вучуди ин хост пулро ба дохили сумкааш тиконад.

– Падар! – басо чидди гуфт Шахло. – Маро наранчонед!

Ва ин дафъа овозаш катъи буд. Ва Бобохол ба чашмони калону нилобии у нигариста фахмид, ки дар хакикат хам уро меранчонад. Ва у дар хичолат монд. Суп-сурх шуда рафт. Шармаш омад. Замин накафид, ки дарояд. Ва хамзамон як рушание ба дилаш рох ёфт. Ва барои рафъи холати ногувор ба у суол дод:

– Зебо кучо шуд?

– Холаи Зебо? – гашта пурсид Шахло ва зери бори гам монд. – Бечора… мурд.

– Наход?! – гуиё аз гайб барке ба тани нимчони Бобохол зада бошад, андомаш ба таври хайратангез сахт такон хурд. – Чи хел мурд? Магар мариз буд?

– Не, мариз набуд, – гамгинона чавоб дод Шахло. – Аниктараш халок шуд…

Бори дигар андомаш сахт ларзид. Ва бо харос пурсид:

– Халок шуд?! Чи хел ин вокеа руй дод?

Басо махзунона посух дод:

– Чузъиёташ ба ман маълум нест. Аз руи шунидам, пагохи ба кор мешитофтааст, ки таги мошин монда, дар беморхона чон додааст…

– Об-бо-о…

14 марти соли 1992

20 ноябри соли 2003

[1] Рузи Татяна – рузи иди аіли насорост, ки ба 12 январ рост меояд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …