Главная / Гуногун / Дуои «Ганчина»

Дуои «Ганчина»

Хосиятхои дуои «Ганчина»

Ин хафт асмои Аллох таолоро хар ки бихонад, уро бисту чахор чиз каромат шавад: Аввал, аз офатхову балохои диниву дунёви амон ёбад. Дуввум, дар назари бузургон азиз шавад. Саввум, мутеи Хак таоло бошад. Чахорум, бахту давлат уро руй дихад. Панчум, дар харби кофарон мансур бошад. Шашум, дар сифати мардон сурхруй бошад. Хафтум, аз балои ногахон ва аз бими султон ва душманон ва аз теги буррон ва аз тири паррон ва аз оташи сузон ва аз оби равон ва аз осеби деву пари ва аз гунохи сагираву кабира ва аз сухбати бадон ва аз харакати бадон ва аз шарри золимон дар амон бошад. Хаштум, дуояш мустачоб гардад. Нухум, мушкилоташ хал шавад. Дахум, ба марги муфочот намирад. Ёздахум, гур бар вай равзаи бихишт гардад. Дувоздахум, саволи Мункару Накир бар вай сахл гардад. Сездахум, бо некои ангезад. Чахордахум, номаи аъмолашро ба дасти рост бидиханд. Понздахум, азоби дузах бар вай осон гардад. Шонздахум, савоби чахор мурсалон ёбад. Хафдахум, аз ликои он нозанини коба кавсайн махрум намонад. Хаждахум, ба рузи киёмат руяш чун бадр тобон шавад. Нуздахум, шароби тахурро нушад. Бистум, савоби чихил шахидону гозиёнро дарёбад. Бисту якум, хафтод фаришта бо табакхои нури ва хуллахое, ки бар сари хар хуллае ин дуоро навишта бошад дар кабри у нозил шаванд. Бисту дуввум, аз пули Сирот чун барк бигзарад. Бисту саввум, савоби мукарраби фариштагонро ёбад. Бисту чахорум, бихишт дархои худро барои у кушода гардонад, то ба хар даре, ки хохад дарояд. Ин дуо ба «Хафт исм» низ мавсум аст.

Дуои «Ганчина»

Исми аввал

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма, ё Чалилу чаллалта би-л-чалоли ва-л-чалолу фи чалолика, ё Чалилу, ё Доима-л-макбули ва ё Мунъима-л-мансури, ё Ма-л-ло илоха илло Анта, ё Ахкама-л-хокимин.

Исми дуввум

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма ё Латифу биавсофи камолихи, би-л-латоифи фи латофатика, инно самиъно китобан уизила мим-баъди Мусо мусаддика-л-лимо байна ядайхи, яхди ила-л-хакки ва ило тарики-м-мустаким, ё Хайра-р-розикин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Исми саввум

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма, ё Самиъа-л-бурхони ва из сарафно илайка нафара-м-мина-л-чинни ястамиъуна-л-Куръона фа-стамаъта би-с-самъи ва-с-самъу фи самъи самъика, ё Самиъу, ва-л- лазина оману ва амилу-с-солихоти ва омину бимо нуззила ало Мухаммадив-ва Хува-л-хакку-л-якину, ё Ахсана-л-холикин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Исми чахорум

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма, ё Муиззу минал-музилли, ё Алиму-л-Азиму тааззамта би-л-азамати ва-л-азамату фи азамати азматика ё Азиму. Иннаху Ло илоха иллаллоху ва-стагфира ли ва ли-л- муъминина ва-л-муъминоти валлоху яъламу ва антум ло таъламун, ё Хайра-н-носирин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Исми панчум

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма, ё Рахиму тараххамта би-р-рахмати ва-р-рахмату фи рахмати рахматика, ё Рахиму, ё Хафизу, тахаффазта би-л-хифзи ва-л-хифзу фи хифзи хифзика ё Хафиза-с-содикина ва ё Мунъима-л-хофизин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Исми шашум

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма, ё Кариму ва каррамтаху би-л-каромати ва-л-каромату фи каромати кароматика, ё Кариму, инналлоха яъламу гайба-с-самовоти ва-л-арзи валлоху Басиру-м-бимо таъмалун, ё Асдака-с-содикин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Исми хафтум

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма, ё Гафуру, тагаффарта би-л-магфирати ва-л-магфирату фи магфирати магфиратика, ё Гафуру, лам ялид ва лам юлад ва лам яку-л-Лaхy куфуван ахад. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Хафт асмо

Ин хафт асмо аз чумлаи вазоифи Хазрати Шайх Абдулкодири Челони, рахматуллохи алайхианд, ки калиди хазинаи Аллохи таоло мебошанд.

Хазрати Шайх Абдулкодири Челони, рахматуллохи алайхи, ин асморо вазифа менамуд ва барои хар исм як тавачух мукаррар намуда, ки баъд аз кироъати хар сад, ё панчсад маротиба, ки хонда мешавад баракоташ зохир мегардад.

Номи аввал: Лo илоха иллаллох.

Ин исмро як лак[1] маротиба бихонед. Матлаби ин таваччух дар истилохоти тасаввуф ин бошад, ки: «Эй Аллох, бар зохири мо подшохи, ин калимаро коим фармо ва дар ботини ман хакикати инро собит намо ва бо ихотаи у дар вучуди ман истигроки зохирии маро ошкор кун, ки чуз Ту каси дигареро набинам».

Номи дуввум: Аллох, Аллох, Аллох.

Ин исмро як лак маротиба бихонед. Таваччухи ин исм яъне матлабаш дар истилохи тасаввуф ин аст, ки: «Эй Аллох, маро ба суйи Худат рох намо ва муваддату фармонбардори Худ бигардон ва мухаббати Худ насибам фармо ва калби маро барои зоту хукми Худ сарчашмаи мазхари Худ бигардон».

Агар ин исмро ба сигаи хуруфи нидо мехонед, пас: Ё Аллоху, ё Аллоху, ё Аллоху, бигуед.

Номи саввум: Хай, Хай, Хай.

Ин номро як лак маротиба бихонед. Матлаби ин таваччух он аст, ки: «Эй Аллох, зиндагии пок насибам намо. Шарбати поку ширини ишку мухаббати худро насибам гардон. Зиндагии ман бо зиндагии Ту гирех хурда. Нуронияти зиндагии абадии хешро ба зиндагии ман низ шомил гардон ва ба рухи ман хаёти абади бахш ва дар рузи киёмат ба ботини ман аз ботини Худ нафъ бирасон. Калби маро аз розхои тарбияти Хеш мутталеъ бифармо. Забонамро ба улуми ботини гуён гардон».

Ва агар бо хуруфи нидо мехонед, бигуед: Ё Хайю, ё Хайю, ё Хайю.

Номи чахорум: Вохидун, Вохидуи, Вохидун.

Инро як лак маротиба бихонед. Таваччухи ин исм он аст, ки: «Эй Аллох, ба василаи нури вахдонияти Худ маро муваххид бигардон ва ба зоти Худ якини комил маро устувор кун. Ту дар Худоии Худ Танхо хасти ва барои умури диниву ухравии ман танхо Ту кофи хасти».

Ва агар бо хуруфи нидо мехонед, бигуед: Ё Вохиду, ё Вохиду, ё Вохиду.

Номи панчум: Азизун, Азизун, Азизун.

Ин номро як лак маротиба бихонед. Матлаби ин таваччух дар истилохи тасаввуф ин аст, ки: «Эй Аллох, маро ба хотири иззати Худ дар зумраи иззатмандон дохил фармо ва маро сазовори он бигардон, то кори иззатмандонро анчом дихам».

Ва агар бо хуруфи нидо мехонед, бигуед: Ё Азизу, ё Азизу, ё Азизу.

Номи шашум. Вахобун, Вахобун, Вахобун.

Ин исмро як лак маротиба мехонед. Тарикаи он исм ин аст, ки: «Эй Аллох, ба ман тавфик ато кун, ки кореро анчом дихам, то боиси хусули ризои Ту гардад. Эй Омурзгору Бахшоянда, бароям мехрубони кун. Маро бубахш, ё Аллох. Маро нигарони ин кор дошта бош, ки танхо хочатманди Ту бошам, чаро ки гинову давлати Ту комил аст. Пас барои мани факир эхсон бигузор, то ман хам гани шавам ва ба дигарон низ бирасонам, бешак сохиби атову гино Туи».

Ва агар бо хуруфи нидо мехонед, бигуед: Ё Ваххобу, ё Ваххобу, ё Ваххобу.

Номи хафтум. Вадудун, Вадудун, Вадудун.

Ин номро як лак маротиба бихонед. Матлаби ин таваччух дар истилохи тасаввуф он аст, ки: «Эй Аллох, ишки бо солихон насибам гардон. Маро аз шарри мардум махфуз дор».

Ва агар бо хуруфи нидо мехонед, бигуед: Ё Вадуду, ё Вадуду, ё Вадуду.

 

[1] Як лак – сад хазор бор.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …