Главная / Гуногун / Дуохои субху шом

Дуохои субху шом

«Ояту-л-Курси» як бор хангоми субх, як бор хангоми бегох ва пеш аз хоб хонда мешавад.

Аузу биллохи мина-ш-шайтони-р-рачим

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллоху ло илоха илло Хува-л-Хайю-л-Кайюм. Ло таъхузуху синатув-ва ло навм, Лaхy мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арз. Ман за-л-лази яшфаъу индаху илло биизних. Яъламу мо байна айдихим ва мо халфахум, ва ло юхитуна би шайъи-м-мин илмихи илло би мо шоъ. Васиа курсийюху-с- самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуху хифзухумо ва хува-л-Алийю-л-Азим.

Тарчума: Худо, ки ба чуз вай хеч худое нест, Зиндаи Поянда аст; Уро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонхо ва он чи дар замин аст, аз они Уст. Кист он, ки назди У-чуз ба хукми У-шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онхо аст ва он чиро, ки паси пушти онхо аст; ва мардум аз илми хак чизеро, ба чуз он чи вай хостааст, дарнамегиранд; подшохии у осмонхову заминро фаро гирифтааст; ва нигохбонии ин хар ду барои у гарон нест; ва У Баландмартабаи Бузургвор аст.

Хар кас «Ояту-л-Курси»-ро хангоми пагохи бихонад, то бегох аз шайтонхо рахоиву халоси ёбад ва хар ки «Ояту-л-Курси»-ро хангоми бегохи бихонад, то пагох аз шайтонхо рахоиву халоси ёбад.

*****

Сураи «Ихлос» се бор хангоми субху шом хонда мешавад.

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кул Хуваллоху Ахад. Аллоху-с-Самад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам яку-л-Лаху куфуван ахад.

Тарчума: Ба номи Худованди Бахшандаи Мехрубон.

Бигу: «У Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зода шудааст. Ва хеч кас уро хамто нест».

*****

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кул аузу би Рабби-л-фалак. Мин шарри мо халак. Ва мин шарри госикин изо вакаб. Ва мин шарри-н-наффосоти фи-л-укад. Ва мин шарри хосидин изо хасад.

Тарчума: Ба номи Худованди Бахшандаи Мехрубон.

Бигу: «Ба Парвардгори субх панох мегирам, аз бадии хар чи офаридааст; ва аз бадии шаби торик, чун дарояд; ва аз бадии занони чодугари дар гиреххо даманда; ва аз бадии хасуд, ки чун хасад барад».

*****

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кул аузу би Рабби-н-нос. Малики-н-нос. илохи-н-нос. Мин шарри-л-васвоси-л-ханнос. Ал-лази ювасвису фи судури- н-нос. Мина-л-чиннати ва-н-нос.

Тарчума: Ба номи Худованди Бахшандаи Мехрубон.

Бигу: «Ба Парвардгори мардум панох мегирам, ба Подшохи мардум, ба Худои мардум, аз бадии васвасакунандаи бозпасраванда, он, ки дар синахои мардум васваса меафканад, аз чинниён (бошад) ё аз мардум».

*****

Як бор хангоми пагох ва бегох хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма Анта Рабби ло илоха илло Анта халактани ва ано абдука ва ано ало ахдика ва ваъдика ма-статаъту аузу бика мин шарри мо санаъту абуу лака би ниъматика алайя ва абуу Лака би занби фа-гфирли фа иннаху ло ягфиру-з-зунуба илло Ант.

Тарчума: Эй Аллох, Ту Рабби ман хасти, хеч маъбуде чуз Ту нест. Маро офаридаи ва ман бандаи Туям ва то тавонам бар ахду паймони имон, ки бо Ту бастаам, пойбанду устувор хохам буд. Аз шарри кирдору аъмоли худ ба Ту панох меоварам, ба неъматхоят бар худ эътироф мекунам ва ба гунохонам низ эътироф мекунам. Эй Мавло ва Моликам, маро афв кун ва гунохонамро биомурз, хеч кас чуз Ту Омурзандаи гунохон нест.

Хар ки ин дуоро бегохи бо боварии комил гуяд, агар хамон шаб бимирад ба чаннат дарояд ва хамчунини дигар пагохи.

*****

Як бор хангоми пагох ва бегох хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма Олима-л-гайби ва-ш-шаходати фотира-с-самовоти ва-л-арзи, Рабба кулли шайъин ва маликаху. Ашхаду ал-ло илоха илло Анта, аузу бика мин шарри нафси, ва мин шарри-ш-шайтони ва ширкихи, ва ан актарифа ало нафси суан ав ачурху ило муслим.

Тарчума: Худовандо! Эй Донандаи нихону ошкоро, эй Созандаи осмощову замин, эй Парвардгори хама чиз ва подтохи он, гувохи медихам, ки гайр аз Ту худое шоистаи парастиш нест. Аз бадии худ ба Ту панох мебарам ва аз бадии шайтон ва ширки у ва аз ин ки бар чони худ бади ва гунох, кунам ва ё ки онро ба суйи мусалмоне кашаму ба у бади расонам ба Ту панох мебарам.

*****

Се бор хангоми пагох ва бегох хонда мешавад:

 Бисмиллохи-р-Рахмоии-р-Рахим

Разийту биллохи таоло Раббав-ва би-л-исломи динав-ва би-Мухаммадин набийя-р-расулан.

Тарчума: Рози гаштам, ки Рабби ман Аллох аст ва хушнуд гаштам, ки ислом дини ман аст ва рози гаштам, ки Мухаммад (с) наби ва расул аст.

*****

Се бор хангоми пагох ва бегох хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Бисмиллохи-л-Лази ло язурру маъа исмихи шайъун фи-л-арзи ва ло фи-с-самои ва Хува-с-Самеъу-л-Алим.

Тарчума: Шуруъ мекунам аз номи Эзид, ки аз баракати номи У чизе нуксону зиён наметавонад расонид, на дар замин ва на дар осмон ва Уст Шунавандаву Донанда.

*****

Як бор пагохи ва бори дигар хангоми хоб хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни асъалука-л-афва ва-л-офията фи-д-дунё ва-л-охирах. Аллохумма инни асъалука-л-афва ва-л-офията фи-д-дини ва-д-дунёя ва ахли ва моли. Аллоху-м-мастур авароти ва омин равъоти. Аллохумма-хфазни мин байни ядайя ва мин халфи ва ан ямини ва ан шимоли ва мин фавки ва аузу би-азаматика ан агтола мин тахти.

Тарчума: Худовандо, ман аз Ту бахшиши гуноххову беранчиро дар дунёву охират дархост мекунам. Худовандо, ман аз Ту бахшиши гуноххову беранчиро дар дину дунё ва хонадону дороии худ дархост мекунам. Худовандо, айбхоямро бипушон ва тарсу бимхоямро эмин гардон. Худовандо, маро аз пешам ва аз пуштам ва аз ростам ва аз чапам нигах дор ва ба бузургии Ту аз ин, ки ногахон замин маро фуру барад, панох мебарам.

*****

Як бор хангоми пагохи хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Асбахно ва асбаха-л-мулку лиллохи ва-л-хамду лиллохи. Лo илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир. Рабби асъалука хайра мо фи хоза-л-явми ва хайра мо баъдаху, ва аузу бика мин шарри мо фи хоза-л-явми ва шарри мо баъдаху. Рабби аузу бика мина-л-касали ва суи-л-кибри. Рабби аузу бика мин азобин фи-н-нори ва азобин фи-л-кабр.

Тарчума: Ба субх, ворид шудем ва мулки Аллох дохили субх гашт ва ситоиш мар Аллохро, чуз Аллох хеч худое шоистаи парастиш нест. Ягона аст ва хамто надорад. Подшохи аз они Уст ва бар хама чиз тавоност. Парвардгоро, накуиро, ки дар ин руз аст ва накуии пас аз ин рузро аз Ту дархост мекунам ва аз бадии ин руз ва аз бадии пас аз ин руз ба Ту панох мебарам. Парвардгоро, аз танбали ва бадии пири ба Ту панох мебарам. Парвардгоро, аз азоби чаханнам ва азоби гур ба Ту панох мебарам.

*****

Як бор хангоми бегохи хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Амсайно ва амса-л-мулку лиллохи ва-л-хамду лиллохи Лo илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир. Рабби асъалука хайра мо фи хоза-л-явми ва хайра мо баъдаху, ва аузу бика мин шарри мо фи хоза-л-явми ва шарри мо баъдаху. Рабби аузу бика мина-л-касали ва суи-л-кибри. Рабби аузу бика мин азобин фи-н-нори ва азобин фи-л-кабр.

Тарчума: Ба бегох расидем ва мулк ба суйи Аллох гашт ва ситоиш мар Аллохро, чуз Аллох хеч худое шоистаи парастиш нест. Ягона аст ва хамто надорад. Подшохи аз они Уст ва бар хама чиз тавоност. Парвардгоро, накуиро, ки дар ин руз аст ва накуии пас аз ин рузро аз Ту дархост мекунам ва аз бадии ин руз ва аз бадии пас аз ин руз ба Ту панох мебарам. Парвардгоро, аз танбали ва бадии пири ба Ту панох мебарам. Парвардгоро, аз азоби чаханнам ва аз азоби гур ба Ту панох мебарам.

*****

Як бор хангоми пагохи хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма бика асбахно ва бика амсайно ва бика нахё ва бика намуту ва илайка-н-нушур.

Тарчума: Худовандо, бо Ту бар пагох расидем ва бо Ту бар бегох расидем ва ба амри Ту зинда мешавем ва ба амри Ту мемирем.

*****

Як бор хангоми бегохи хонда мешавад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма бика амсайно ва бика асбахно ва бика нахё бика намуту ва илайка-л-масир.

Тарчума: Худовандо, бо Ту бар бегох расидем ва бо Ту бар пагох расидем ва ба амри Ту зинда мешавем ва боз офаринишу бозгашти мо ба суйи Туст.

*****

Се бор хангоми дар ягон манзил ва ё дар ягон чой фаромадан хонда мешавад ва хеч чиз зарар намекунад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аузу би калимотиллохи-т-томмоти мин шарри мо халак.

Тарчума: Панох мебарам бо калимахои комилу расои Аллох аз бадии он чи офаридааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …