Дуохои хайр

Ба вартае, ки умедат бурид аз хама чо,
Бибин ба кист умедат?! Бидон, ки Уст Худо!

Худоё, Худовандо, шармандаи ин дунёву бозори киёмат накуни, аз тухмати ногахону балои охируззамон, аз марги мафонову[1] казои муаллак Худат дар панохи исматат нигох дори. Намозу рузаи чумла бандагони калимагую уммати Мухаммад саллаллоху алайхи ва салламро ба даргохат кабул гардони. Аз дасти гирову пойи равон, аз чашми бинову забони гуёву гуши шунаво намононда бари, мухточи касу нокас нагардони, гунохони кардаи моро магфират куни, окибати корхоро бахайр гардони, пешомади корхоро нек гардони, баракати оби равону дони дехкон ва тинчии замону ободии маконро дихи, моро аз ризку рузии халолу фаровони Худ ато намои, чумла уммати калимагуйро фарзандони боодобу окилу солех ато фармуда, хизматгузори падару модаронашон гардони ва хамаро феълу хуи нек ато фармои. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Малико, Подшохо, Парвардгоро, забони моро, ки тутии кафаси тани мост, ба нидои «Ё айюха-л-лазина оману-зкуруллоха зикран касиро»[2] гуё дори.

duoi-xatmi-quronИлохо, дидахои моро, ки талояи ниходи мост, ба назари «Фа-нзуру ило осори рахматшллох»[3] бино гардони.

Илохо, гушхои моро ба истимои «Ва изо куриа-л- Куръону фа-стамиу лаху»[4] шунаво дори.

Илохо, синахои моро аз васвоси «Ювасвису фй судури-н-носи, мина-л-чиннати ва-н-нос»[5] эмин гардони.

Илохо, айвони чалоли дили моро, ки саводи аъзами султони вилояти имон аст аз бори «Улоика катаба фи кулубихиму-л-имон»[6] холи магардони.

Илохо, дастхои моро аз гирифтани лукмаи харом «Ва ло таъкулу амволакум байнакум би-л-ботил»[7] нигох дори.

Илохо, кадамхои моро ба иззати «Анна лахум кадама сидкин инда Раббихим»[8] собит гардони.

Илохо, фарзанди хар яке аз ин бандагонатро ба мактаби «Ар-Рахмону аллама-л-Куръон»[9] ба ташриф мушарраф гардони.

Илохо, падарону модарони моро, ки махбуси зиндони лахаданд, ба башорати «Юбашширухум Раббухум би рахмати-м-минху ва ризвон»[10] мукаррам гардони.

Илохо, дар он соат, ки чони мо азми марокиди тавил кунад, моро аз чавоби якини «Инналлоха ягфиру-з-зунуба чамеъо»[11] чудо магардони.

Илохо, шахрхои исломро аз горати подшохони фосид «Инна-л-мулука изо дахалу карятан афсадухо»[12] нигох дори.

Илохо, лашкари исломро ба оёти «Кам мин фиатин калилатин галабат фиатам касиратам би изниллох»[13] музаффару мансур гардони.

Илохо, авратони солихаро, ки шабу руз чуз ризои ту ба амали дигар намекушанд, дар канафи исмати «Ва яхфазна фуручахунн»[14] махфузу маъмун дори.

Илохо, беморони дорулисломро аз дорухонаи «ва нуназзилу мина-л-Куръони мо хува шифоу-в-ва рахмату-л-ли-л-муъминин»[15] шарбати офияташон карам фармои.

Илохо, мусофироне, ки дар сафаранд, аз хатари «Иннамо чазоу-л-лазина юхорибуналлоха ва расулах»[16] нигох дори.

Илохо, уламои динро ба дарачоти «Ва-л-лазина уту-л-илма дарачот»[17] ороста дори.

Илохо, тавонгарони сохиблутфу шафкатро, ки ба навъе дастгирии муфлисони муъмин месозанд, ба хилъати «Агниёа мина-т-тааффуф»[18] мустазхар дори.

Илохо, дарвешони вактро ба либоси «Инналлоха маа-с-собирин»[19] музайян дори.

Илохо, дидори худро, ки Худои азза ва чалла ва Карими лам язали, рузии мо гардони.

Илохо, хочоти хамаи бандагонро, ки медони, баровардаи хайр гардони, ба хурмати дини мусалмони хочоти хамаро баровардаи хайр гардони, ё Илоха-л-оламин ва ё Хайра-н-носирин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Саломатии подшохони ислом, хусусан ин подшохи  диёри амони мулк, хайрияти омма ва руфохияти чамеи муъминон, баракати оби равон, нархи  арзон, хузури хозирон, бакои имони пиру чавон, кушодакории чамеи толибон, начоти асирон, халосии карздорон, шифои чамеи беморон, хочати хочатмандон, саломатии рохи мусофирон, камолу салохи фарзандони чамеи мусалмонон, тавфики бетавфикон, дафъи шарри золимон, нагунсории душманон аз барои гарибону бекасон ва афтодагону дармондагон, окибати чамеи корхо, хусули муродот, тавфики тоот, баромадани хочоти муъминину муъминот ва муслимину муслимот, осойиш ва оройиши якдигар. Худои таборак ва таоло хотимаи кори оммаи халкуллохро бо имон дорад, ба туфайли уммати Мухаммад саллаллоху алайхи ва салам, хотимаи кори ин бандаи шикастаи гарибу бекасу нотавону саргардон ва бесарусомону афтодаи пургунохи осиро ба фазлу карамат ба хайр гардон. Бо имон мирон ва бо имон махшур гардон. Омин, ё Рабба-л-оламин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Парвардгоро, ин толибилми кироаткардагиро ба умру чонаш баракат ато гардон, илми бобаракат, илми ладуни, забони буррову икболи баланд ато гардон.

Илохо, давлаташ пайваста то рузи чазо бошад,

Гули боги муродаш дар шукуфтан хар сабо бошад.

Агар давлат талаб дорад, дихад Хак хар ду оламро,

Ба хар чо по гузорад, душманонаш зери по бошад.

Парвардгоро, фарзандони ин чамоаи муслиминро хамин гуна Куръонхону намозхон ва дуогуйи падару модаронашон гардон. Ба рохи дини ислом мустакиму собиткадам гардон. Эй Бахшандатарини бахшояндагон, эй Мехрубонтарини мехрубонхо. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Парвардгоро, ин чамоати муслимин дар хонаи Ту мехмони Туанду даст ба дуо бардоштаанд. Парвардгоро, бахтталабонро бахти нек, кушоиши корталабонро кушоиши кор ато гардон. рохдурхоро сиххату саломат бозгардон. Ба бемороне, ки дар шифохонахову дар хонахояшон хастанд, аз хазонаи гайбат шифои комил, шифои очил ато гардон. Парвардгоро, мулки обод, нархи арзон, ба касбу корхо баракат ато фармо. Аз балохои арозиву самови дар панохи исмати Худ нигох дор. Парвардгоро, окибати корхоро ба хайр гардон, сакароти мавт, азоби кабр, гузаштани Пули Сирот, тарозуи мизонро сакили хайр гардон, номаи аъмоли муъминонро ба дасти росташон ато гардон, аз Хавзи Кавсар сероб гардон, Хазрати Сайиду-л-мурсалинро шафоатхохи мо гардон, аз дузахат панох гардон, ё Рахмон, ё Рахим. Салли ало Мухаммад, салавот бар Мухаммад. Ё Раб, хамаро ба максуд бирасон. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Адолати подшохон, шифои беморон, тавфики бетавфикон, начоти карздорон, баракати оби равон, камоли кудакон, хочати хочатмандон, баракати кишту кори дехконону богпарварон. Парвардгоро, хамаи моро аз тамоми гунохони сагираву кабира пок гардони, ба тамоми максадхои дунявиву ухрави бирасони, аз ин дунёи фони ба дуиёи боки бо нури имон бибари. Омин ё Рабба-л-оламин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин. Аллох бас, боки хавас.

Ал-хамду лиллохи рабби-л-оламин. Аллохумма салли ва саллим ва борик алайх. Аллохумма-рзукно кабла-л-мавти тавбатан ва инда-л-мавти шаходатан ва баъда-л-мавти чаннатан ва наимо. Парвардгоро, пеш аз омадани марг барои мо тавфики тавба карданро ва бозгаштанро ба суйи Худат насиб гардон. Парвардгоро, дар вакти марг вакте ки соати умри мо ба поён мерасад, моро нушидани чоми шаходат насиб гардон. Парвардгоро, баъд аз марг кароргохи моро дар чаннатул-фирдавс хамрохи пайгамбаронат ва бандагони солехат насибу рузи бигардон. Омин ва Рабба-л-оламин.

*****

Илохо, Малико, Подшохо, ба ризо ва рахмати Худ моро нигар. Худовандо, зохиру ботини моро дар зери ризои Хеш чамъ дор. Илохо, тафрикаву парешониро аз рохи мо ва аз рохи чамеи мусалмонон дур гардон, афву офиятро карини вакти мо гардон. Илохо, саодату рагбати собикро коиди мо гардон. Илохо, моро ба мо бигумор, моро аз шарри мо нигах дор, харчи ба банда бахши, ба ризои худаш карини бахши. Илохо, моро аз ёди Худ маъзул накуни ва ба кахри Худ макхур макуни ва ба гайри Худ машгул накуни. Агар пурси, хуччат надорам, агар бигири, токат надорам ва агар бибахши, тоат надорам. Аз банда хатову зиллат, аз Ту атову рахмат. Эй кадими Ламязал, эй Азизи бебадал.

Аллохумма аслих лано ва аслих фасода акволиио ва аслих фасода афъолино ва аслих фасода аъмолино ва аслих фасода кулубино ва аслих фасода судурино ва аслих фасода валояти умурино ва аслих фасода байнино ва байнака, ё муслиху, ё муслиху-с-солихина-л-мухласина ва ё Хайра-н-носирина. Бирахматика ё Архама-р-рохимина.

Тарчума: Эй Илохи ман, ба салоху сози овар моёнро ва ислох, дех фасоди гуфторхову корхои моёнро ва ислох дех фасоди амалхои моёнро ва ислох дех фасоди дилхои моёнро ва ислох дех фасоди синахои моёнро ва ислох дех тасарруфи умури моёнро ва ислох дех фасодеро, ки миёни мову миёни Ту ба чихати бадамалии моён вокеь шуда. Эй ислохдиханда некукоронро, ки ихлоскунандагонанд Туро дар амали худхо. Ва эй Бехтари хамаи мададгорон, кабул гардон дуохои моро ба рахмати Худ, эй Мехрубонтарини мехрубонон.

*****

Илохо, окибати кори хамаи бандагонатро осон гардонида, ба муроду максадхои некашон махсус гардони. Тани сиххату хотири чамъ бидихи. Ба дустон зору дар назди душманон хор ва ба номардон мухточ нагардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, ба кишту кори дехконон, ки аз аввали рузхои офтоби ба сахро баромада, ба кишту кори нави бахори омода шуда, мехнат карда истодаанд, баракат ато фармои. Илохо, ба кишти онхое, ки дар сахрохову дашту даман дона партофта буданд ва бо сабаби наборидани борон киштхояшон зард шуда истодаасту заминхо обталаб аст, борони рахмати найсониро насибу рузи гардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, ба бемороне, ки дар бистари бемори хоб рафтаанду мунтазири шифо хастанд, шифои комил ато фармои. Ва дар катори онхо ба беморони мо низ назари рахмат фармои. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, Парвардгоро, Худат чумлаи моро рахмат кун. Руху арвохи пайгамбарон, пирам, чилдухтарон, падару модарам ва гузаштагонамонро ба рахмати Худ карин гардон. Ба мо тани сиххату хотири чамъ ато кун ва ин фарзанди яккаву ягонаамро аз умри дарозу бахти сафед ва фарзандхои неку солех бонасиб гардон. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Ахадо, Самадо, Поко, Парвардгоро, ба хурмати зоти покат, ба хурмати сайиду-л-мурсалин ва расули Раббу-л-оламин чумла умматони хабибатро хар киро талабест, максудест, хочотест, даъвотест, баровардаву бахайр гардони. Ва чумла бандагони калимагуятро аз офатхои заминиву осмони дар панохи исматат нигох дори. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, окибати кори чамеи мо муъминонро ба хайр гардони, имонро саломат дори, ба рохи рост хидоят куни, тавфик бар тоат ва пархез аз маъсият каромат фармои. Аз гунохони сагираву кабира пок гардони. Аз балову офатхои осмониву замини дар панохи Худ нигах дори. Ба хамаи муроду максадхои неки дунёву охират бирасони. Аз гавхари имон, ки ато фармуди, чудо нагардони. Фардои киёмат аз бихишти барину хавзи Кавсар бонасибу сероб гардониву аз тамошои чамолат махрум насози. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, эй Молики бандагон, эй Подшохи харду олам, даст ба суйи Ту бардошта дуо мекунем, дуохои моро мустачоб гардон. Илохо, мехру мухаббати Худатро ба мо ва мехру мухаббати моро ба Худат ва мехру мухаббати бандагонатро бар якдигар зиёдаву софу бегаш гардон. Илохо, тавфикро рафики мо гардонида, моро ба рохи росту хубу неку хидоят фармо. Имонамонро пуркуввату боякин гардонида, ба нияту орзухои неки диниву дунёиямои бирасон. Тавбахои моро ба даргохат кабул фармо. Илохо, дидахои пурармони моро ба дидори бемислу бенамунаи Худ мушарраф гардонида аз шафоати хабибат бонасиб гардон. Илохо, моро аз азоби кабру оташи дузах начот дода, ба чаннати анбарсиришти зарринахишт восил гардон. Илохо, кушоиши кори бандагони мусалмон, начоти карздорон, шифои беморонро ато гардон. Хар киро максудест, хочотест ва мухиммотест баровардаи хайр гардон. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Илохо, аввало гавхари имон, тани сиххат, хотири чамъро насиб, мехру мухаббатро дар байни дустон зиёда, нури имонро дар калбхоямон афзун гардонад. Фарзандонро ба хизмати падару модар коим ва дастони эшонро бар дуои фарзандон кушода гардонад. Дастхое, ки ба суйи Парвардгор мекушоем, Илохо, махруму ноумед барнагардонад. Гоибу хозири моро дар панохи исматаш нигах дорад. Окибати кори хамаи муъмину мусалмононро бахайр гардонад. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Ахадо, Самадо, Парвардгоро, ба хурмати султони анбиё ва шофеи рузи чазо ба ном Хазрати Мухаммад Мустафо саллаллоху алайхи ва саллам окибати кори чамеи муъминонро ба хайр гардони, имони ба саломат, нархи арзон, мулки амон, шифои беморони ахли ислом, начоти карздорон, хочати хочатмандон, камоли кудакон, барори кишту кори дехкононро насиб гардони. Дар вакти рафтан, кандани чонро осон карда, чумла бандаи калимагуйро бо нури имон бари. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Худоё, аз Ту дархост мекунем зиндагонии хушу покизаро. Худоё, моро ба рохи росту пархезгори далолат кун ва аз харому шубхаву нопоки нигох дор, ба касе мухточ накун, тани сиххату хотири чамъ ато кун. Худоё, моро аз фузунии карзу аз галабаи душман дар панохат нигох дор. Худоё, калбхои моро бо нури имону нури Куръон мунаввар гардон ва хамаи кинаву хасадро аз дили мо дур гардон ва аз мухаббати Куръону мухаббати Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам ва мухаббати ислом дилхои моро лабрез гардон. Фарзандонамонро боинсофу окилу пок ва хизматгузори волидонашон гардон. Ба чумла бандаи муъмин бахти неку хуррам ва ба гоибон осойиштагиву осудаги, ба беморон шифои комил ато гардон. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*****

Худовандо, бигардони балоро,

Зи офатхо нигах дори Ту моро.

Ба хакки хар ду гесуи Мухаммад

Барори чумла хочатхои моро.

*****

Худовандо, бигардони балоро,

Зи офатхо нигах дори Ту моро.

Ба хакки хар ду гесуи Мухаммад

Забун гардон забардастони моро.

*****

Эй Худоё, ки аз хазонаи гайб,

Габру тарсо вазифахур дори,

Дустонро кучо куни махрум,

Ту, ки бо душманон назар дори.

*****

Эй бор Худои Аршу Курси,

Шаш чиз ба мо ато фиристи.

Илму амалу фарохдасти,

Имону амону тандурусти.

*****

Субхоналлох, ба хар дамам ёр Туи,

Субхоналлох, кушоиши кор Туи.

Субхоналлох, ба иззати кун фаякун,

Субхоналлох, муроди мо хосил кун.

*****

Худоё, ин чамоатро нигах дор аз парешони,

Ки Ту Кодиртарини кодирони дар нигахбони.

Нигохи рахматат, ё Раб, ба суйи ин чамоат кун,

Ба лутфи Худ кабул аз ин чамоат чумла тоат кун.

*****

Илохо, дуст, каддат хам нагардад,

Дили шодат ба даври гам нагардад,

Дуое мекунам, омин бигуи,

Ки як му аз сари ту кам нагардад.

*****

Кади сарват, Илохо, хам нагардад,

Дили шодат ба даври гам нагар дад.

Илохо, бошиву садсола боши,

Ки соят[20] аз сари мо кам нагардад.

*****

Ё Раб, ба дарат тавбанамо омадаам,

Сар то ба кадам бори гунох омадаам.

Худ гуфта буди, ки ноумеди куфр аст,

Бо муйи сафед, русиёх омадаам.

*****

Ахадо, сомеъулмуночоти,

Самадо, кофиюлмухиммоти.

Зеру боло наметавонам гуфт,

Холикуларзу вассамовоти.

Хочати хеш аз Ту мехохам,

3-он ки козии чумла хочоти.

Хеч пушида аз Ту пинхон нест,

Олимуссирру валхафийёти.

Шукри фазли Ту кай тавонам гуфт,

Хофизан фи чамеи холоти.

*****

Кирдигоро, ба хакки нури Наби,

Ба чамоли Мухаммади Араби.

Ба намозу ниёзи лайлу нахор,

Ба дуруди сахобагони кибор.

Ба муночотиёни Арши Мачид,

Ба лаби ташнаи Хусайни шахид.

Илохо, ба эъзози номи Расул,

Ту сози дуои гарибон кабул.

[1]Мафочо – фочианок.

[2] Сураи Ахзоб, ояти 41.

[3] Сураи Рум, ояти 50.

[4] Сураи Аъроф, ояти 204.

[5] Сураи Нос, оятихои 5-6.

[6] Сураи Мучодала, ояти 22

[7] Сураи Бакара, ояти 188.

[8] Сураи Юнус, ояти 2.

[9] Сураи Рахмон, оятхои 1-2.

[10] Сураи Тавба, ояти 21.

[11] Сураи Зумар, ояти 53.

[12] Сураи Намл, ояти 34.

[13] Сураи Бакара, ояти 249

[14] Сураи Hyp, ояти 31.

[15] Сураи Исро, ояти 82.

[16] Сураи Моида, ояти 33.

[17] Сураи Myчодала, ояти 11.

[18] Сураи Бакара, ояти 273.

[19] Сураи Бакара, ояти 153

[20] Соят – сояат.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрхои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII даврахои бисёр мухими таърихи адабиёти точик мебошад. Дар ахди …