Главная / Гуногун / Дуохои баъд аз намозхои панчвакта

Дуохои баъд аз намозхои панчвакта

Се бор хонда мешавад:

Астагфируллох.

Тарчума: Аз Худованд магфирати гуноххоямро металабам.

*****

Аллохумма Анта-с-Салому ва минка-с-салому таборакта ё За-л-чалоли ва-л-икром. Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир. Аллохумма ло мониа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу за-л-чадди минка-л- чадд.

Тарчума: Бор Парвардгоро, Туи оромиву осудаги ва аз Туст оромиву осудаги. Пок ва муборак хасти, эй Сохиби Бузурги ва каромат. Нест маъбуде ба чуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Уст ва чамеи хамду сано барои Уст. Ва У ба хар чиз Кодир аст. Парвардгоро, агар Ту чизеро ато карди, касе натавонад, ки онро манъ кунад ва агар чизеро манъ куни, каси бахшандае набошад ва сохиби бахти баландро аз Ту бахт ва насибаш хеч фоидае надихад.

*****

Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарикалаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир. Ло хавла ва ло куввата илло биллох. Ло илоха иллаллоху ва ло наъбуду илло ийёх. Лаху-н-неъмату ва Лаху-л-фазлу ва Лаху-с-саноу-л-хасан. Ло илоха иллаллоху мухлисина Лаху-д-дина ва лав кариха-л-кофирун.

Тарчума: Нест маъбуде ба чуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Уст ва чамеи хамду сано барои Уст. Ва У ба хар чиз Кодир аст. Ягон тагйир ва табдилёби ва ягон куввату кудратмандие ба чуз бо сабаб ва хости Худованди таоло набошад. Ба чуз Аллох таоло хеч Худои бархак набошад ва чуз у дигареро напарастем. Уст сохиби неъмат ва Урост тамоми санову хамди неку. Ба чуз Аллох таоло хеч худои бархак набошад ва динро холис ва танхо барои У гардонем, агарчи кофирон инро бад бинанд.

*****

Субхоналлох. (33 бор).

Тарчума: Пок аст Худованд.

Ал-хамду лиллох. (33 бор).

Тарчума: Сипос мар Худовандрост.

Аллоху Акбар. (зз бор).

Тарчума: Худованд Бузург аст.

Ва дар охир як бор:

Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарикалаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир.

Тарчума: Нест маъбуде ба чуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Уст ва чамеи хамду сано барои Уст. Ва У ба хар чиз Кодир аст.

Шахсеро, ки ин дуохоро баъд аз хар як намоз бихонад, гуноххояш магфират карда шавад ва агарчи гуноххояш микдори кафкхои бахр бошад.

*****

«Ояту-л-Курси» низ як бор хонда мешавад:

Аузу биллохи мина-ш-шайтоии-р-рачим

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллоху ло илоха илло Хува-л-Хайю-л-Кайюм. Ло таъхузуху синатув-ва ло навм, Лаху мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арз. Ман за-л-лази яшфаъу индаху илло би изних. Яъламу мо байна айдихим ва мо халфахум, ва ло юхитуна би шайъи-м-мин илмихи илло бимо шоъ. Васиа курсийюху-с- самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуху хифзухумо ва Хува-л-Алийю-л-Азим.

Тарчума: Худо, ки ба чуз вай хеч худое нест, Зиндаи Поянда аст; Уро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонхо ва он чи дар замин аст, аз они Уст. Кист он, ки назди У-чуз ба хукми У-шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онхо аст ва он чиро, ки паси пушти онхо аст; ва мардум аз илми Хак чизеро, ба чуз он чи вай хостааст, дарнамегиранд; подшохии у осмонхову заминро фаро гирифтааст; ва нигохбонии ин хар ду барои у гарон нест; ва У Баландмартабаи Бузургвор аст.

Шахсе, ки «Ояту-л-Курси»-ро пас аз хар намоз бихонад, уро гайр аз марг чизи дигаре аз дохили чаннат шудан монеъ нагардад.

*****

Ин сурахоро се бор баъд аз намозхои бомдод ва шом ва як бор баъд аз дигар намозхо хонда мешавад:

Аузу биллохи мина-ш-шайтони-р-рачим

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кул Хуваллоху Ахад. Аллоху-с-Самад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам яку-л-Лаху куфуван ахад.

Тарчума: Ба номи Худованди Бахшандаи Мехрубон. Бигу: «У Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зода шудааст. Ва хеч кас уро хамто нест».

*****

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кул аузу би Рабби-л-фалак. Мин шарри мо халак. Ва мин шарри госикин изо вакаб. Ва мин шарри-н-наффосоти фи-л-укад. Ва мин шарри хосидин изо хасад.

Тарчума: Ба номи Худованди Бахшандаи Мехрубон.

Бигу: «Ба Парвардгори субх панох мегирам, аз бадии хар чи офаридааст; ва аз бадии шаби торик, чун дарояд; ва аз бадии занони чодугари дар гиреххо даманда; ва аз бадии хасуд, ки чун хасад барад».

*****

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Кул аузу би Рабби-н-нос. Малики-н-нос. илохи-н-нос. Мин шарри-л-васвоси-л-ханнос. Ал-лази ювасвису фи судури-н-нос. Мина-л-чиннати ва-н-нос.

Тарчума: Ба номи Худованди Бахшандаи Мехрубон.

Бигу: «Ба Парвардгори мардум панох мегирам, ба Подшохи мардум, ба Худои мардум, аз бадии васвасакунандаи бозпасраванда, он, ки дар синахои мардум васваса меафканад, аз чинниён (бошад) ё аз мардум».

*****

Дах бор баъд аз намозхои бомдод ва шом хонда мешавад:

Лo илоха иллаллоху вахдаху ло шарикалаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду юхйи ва юмиту ва Хува Хайю ло ямуту ва Хува ало кулли шайъин кадир.

Нест маъбуде ба чуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Уст ва чамеъи хамду сано барои Уст. Хам У Зиндакунанда асту Маргдиханда. Ва у ба хар чиз Кодир аст.

Чигунагии дур намудани назари бад

Хазрати Чабраили Амин (а) дар иртибот бо дур намудани чашмзахм ба Расулуллох (с) ин таъвизи хосро омузонида ва гуфт:

  • Онхоро бар Хазрати Хасан (раз) ва Хазрати Хусайн (раз) бихон.

Дар «Таърих»-и Ибни Асокир омадааст, ки Чабраил (а) пеши Расулуллох (с) омад ва дар он хангом Расулуллох (с) гамгин буданд. Пурсид:

  • Ё Расулаллох (с), чаро гамгин хастед?

Фармуданд:

  • Хасан ва Хусайнро чашмзахм намудаанд.

Хазрати Чабраил фармуд:

  • Оре, чашмзахм хакикат дорад. Шумо ин калимотро чаро нахондед ва чаро онхоро панох надодед?

Расулуллох (с) фармуданд:

  • Онхо кадом алфоз хастанд?

Фармуд:

  • Онхо аз ин кароранд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма За-с-Султони-л-Азим ва-л-манни-л-Кадим, За-л-вачхи-л-карим, валийи-л-калимоти-т-томмоти ва-д-даавоти-л-мустачоботи офи-л-Хасана ва-л-Хусайни мин анфуси-л-чинна ва аъюни-л-инс.

Баъд аз он ки Расулуллох (с) ин дуоро бар Хазрати Хасан (раз) ва Хусайн (раз) хонданд, онхо фавран бархоста ва дар хамон чо машгули бози шуданд. Расулуллох (с) фармуданд:

  • Эй мардум, худатонро ва хамсарону фарзандонатонро ба тавассути ин вирд[1] панох бидихед, дуое хамонанди ин вирд барои панох намебошад.

[1] Вирд-дуо.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …