Главная / Илм / ДуЛОНАИ СУРХАК

ДуЛОНАИ СУРХАК

dulonai-surhakДуЛОНАИ СУРХАК (Crataegus songorica), дулонахорак, навъе аз дулона. То 8 – 10 м кад мекашад. Пустлохаш кахваранг, баргаш байзашакли пармонанд, гулаш сафед, мевааш мудаввар, сабзи паст (вакти пухтан сурх ва баъди хушк шудан, сиёхтоб мешавад). Мохи май гул карда, мевааш октябр мепазад. Дар Точикистон, одатан, дар чангалзори пахнбарг ва буттазорхои к-куххои Зарафшон, Хисору Дарвоз, нохияхои Точикистони Чанубию Шарки ва Помири Гарби (дар баландии 1000 – 1600 м аз с.б.) месабзад.
Сокинони тахчои аз гулу меваи Д. с. дорухои гуногун тайёр мекунанд. Чойи гулхои хушк ва накеъи меваи он (дулонаоб)-ро хангоми сих задани дил, хафакон, галаёни хун ва беморихои меъдаву руда менушанд. Ба акидаи табибони халки Д. с. – ро бихуранд, хун кай кардан, хунравии узвхои дарун ва кайро манъ мекунад; пуштро кави мегардонад, иллати филпоро нафъ дорад.
Дар амалияи тибби муосир чавхари обии Д.с. ва накеъи гули онро хангоми беморихои дилу рагхо чун воситаи мукаввии мушакхои дил, таскинбахш ва фишорфарор истифода мебаранд. Дар таркиби Д.с. кариб хамаи он моддахои фаъоли биологи, ки дар дулона дарёфт кардаанд, мавчуд аст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …