Главная / Маданият ва санъат / Достони «Лайли ва Мачнун» ва мазмуни мухтасари он

Достони «Лайли ва Мачнун» ва мазмуни мухтасари он

Дар эчодиёти Шохин достони «Лайли ва Мачнун» аз чанд чихат мухим ва арзишманд аст. Аз як тараф, пазируфтани суннати адаби ва иртиботи у ба эчодиёти пешиниён муайян карда шавад, аз тарафи дигар, сахму хиссаи Шохин дар эчоди маснавихои ишки-лирики маълум мегардад. Инчунин барои донистани пояи шоири ва хунари эчодии шоир низ достони мазкур дорои ахамият мебошад.

Лайли ва Мачнун

Агар сабаби таълифи достон такозои замон бошад, бахонаи эчоди достон мусибати оилави-вафоти завчаи шоир аст. Чунончи:

Ай дидаи дудмони[1] исмат[2],

Навбоваи[3] бустони исмат.

Ай хонаи сад хазор нозам

В-эй пардаи сад хазор розам.

Ай хуфта миёни хоку хора,

Чуста зи канори ман канора…

Шамсуддин Шохин достони «Лайли ва Мачнун»-ро соли 1305х. (1888м.) барои хотираи поки хамсари худро пос доштан дар тули як мох эчод кардааст.

Оид ба мухлати таълиф, санаи эчод ва писанди умум гардидани он мегуяд:

Сад шукр, ки шуд пазира[4] ин ганч,

Дар соли хазору сесаду панч.

Дар муддати як мах андаке кам,

Ин хисни[5] рафеъ[6] гашт махкам.

Микдори абёти асар беш аз 2242 байт буда, дар таърихи адабиёт яке аз асархои басо чолиб ба мавзуи анъанавист.

То Низоми ишорахои шоирон ба кахрамонхои марказии он – Лайли, Мачнун дар ашъори шоирон хеле зиёд аст. Низоми аввалин касест, ки ин киссаро ба шакли достон даровардааст. Пас аз у Хусрави Дехлави, Хочуи Кирмони, Абдуррахмони Чоми ва дигарон чунин достон навиштаанд. Достон аз фаслхои суннати огоз ёфта, сони марсия дар вафоти завчааш, зерфаслхои насихат ба фарзанд ва сабаби назми китоб меояд. Баъд аз ин хама асли достон шуруъ мешавад.

Яке аз сарватмандони араб Саиди Омири бефарзанд буд. Пас аз назру ниёз дар рохи Худо сохиби писар мешавад, ки уро Кайс ном мениханд. Кайсро пас аз чанд сол ба мактаб медиханд. Дар мактаб духтаре бо номи Лайли хамсабаки Кайс буд. Лайли духтари сардори кабилаи Начд мебошад. Кайс Лайлиро дуст медорад. Ин овоза дар хар ду кабила пахн мешавад:

Мохе, ки нихода даври айём,

Аз нисбати зулф Лайлиаш ном.

Чун номи худаш зи тура донист,

Озодию дигараш равонист.

Акнун, ки махе бад-он тамоме,

З-он тура кашад сиёхноме.

Чун Кайс сафедном гардад

В-он сайд буруни дом гардад.

Чун кори хирад тамом кардаш,

Мачнуни замона ном кардам.

Алкисса ба хам асир гаштанд,

Омеза чу шахду шир гаштанд.

Мачнун раками камол мешуст,

Лайли вараки хаёл мечуст.

Падари Лайли пас аз шунидани овозаи ишки онхо Лайлиро аз мактаб мегирад. Кайс худ мактабро тарк намуда, ба куху биёбон меравад. Аз ин ру, мардум уро Мачнун ном мениханд. Саиди Омири ба чустучуи писараш баромада уро пайдо мекунад. Ба Кайс кавл медихад, ки онхоро ба максад хохад расонид. Кайсро ба хона меорад ва Лайлиро хостгори мекунанд. Вале падари Лайли Мачнунро девона мегуяд ва таклифи хостгориро рад мекунад. Мачнун боз ба кух меравад. Падараш боз уро пайдо карда ба Каъба мебарад. Хангоми ичраи маносики хач Мачнун пуршур гардидани ишки Лайлиро илтичо менамояд. Солори кабилаи Омири – Навфал бо Мачнун шинос шуда, ба у кавл медихад, ки уро ба муродаш хохад расонид. Навфал вокеан Лайлиро барои Кайс хостгори мекунад, вале падари Лайли чавоби рад медихад. Навфал ба кабилаи Начд хучум мекунад. Кабилаи Начд шикаст меёбад. Падари Лайли мехохад духтарашро нобуд созад, то ин ки асир наафтад. Мачнун хохиш менамояд, ки чанг бас карда шавад. Навфал чангро бас карда ба падари Мачнун ваъда медихад, ки духтари зебое дорад ва агар хоханд, уро ба Мачнун медихад. Бо розигии тарафайн туй мешавад ва Мачнун аз чамоли махбубааш хело шод мешавад. Лайли ин хабарро шунида таввасути нома ба Мачнун ва чунин сурат гирифтани холат гилахо мекунад. Мачнун сабабгори хамаи нокомихо Лайлиро дониста, завчаи худро ситоиш менамояд. Аз баъзе ишорахои Мачнун дар мактуби чавоби Лайли хеле мутаассир мешавад. Лайли бовар мекунад, ки Мачнун хануз хам содик аст ва уро дуст медорад. Бинобар он Лайли дар номаи чавобиаш аз Мачнун узр мехохад. Ин узрхохи ба Мачнун таъсири сахт расонида, арусро ба холи худ мегузорад ва боз рохи куху сахроро пеш мегирад.

Саиди Омири боз ба чустучуи Мачнун рафта, уро меёбад ва панд медихад, вале ин кораш чандон натича намедихад. Падари Мачнун мактуби калбакие навишта ба Лайли меорад. У аз гами писари худ вафот мекунад. Мачнун ба мазори падар омада зор – зор мегиряд. Лайли низ барои тасаллии Мачнун ба хонаи онхо меояд, вале дар рох Ибни Салом уро дида ошик мешавад. Ибни Салом ба хонаи онхо хостгор мефиристад. Онхо туй мешаванд. Мачнун ин вокеаро шунида, Лайлиро накухиш мекунад ва Лайли устувор будани худро таъкид менамояд. Дар ин айём модари Мачнун вафот мекунад. Лайли барои тассали додани дили Мачнун ба назди у меояд. Онхо ба хам дидор дида хеле хуб сухбат мекунанд. Лайли аз Мачнун чудо шуда аз гаму дарди Мачнун вафот мекунад. Зайди араб, ки косиди онхо буд, ин хабарро ба Мачнун мерасонад. Мачнун хангоми дафн ба кабри Лайли даромада, уро огуш намуда чон медихад. Бо хамин достон ба охир мерасад.

 

Тахлили образхои Достон.

Дар достони «Лайли ва Мачнун»-и Шохин мисли дигар достонхо образхои доими ва лахзаги, мусбат ва манфи амал мекунанд. Дар асар образхои маркази: Лайли, Мачнун волидайни онхо ва махсусан, падарони онхо, косид мебошанд. Образхои мусбати достон: Мачнун, Лайли, падару модари Мачнун, Навфал ва лашкариёни у, духтари Навфал, косид, устодону хамсабакхо мебошанд. Образхои манфии асар: падару модари Лайли, Ибни Салом, сардори кабилаи Начд ва чонибдорони онхоянд.

Ибни Салом, Навфал ва чонибдорони онхо образхои машхур, вале лахзагианд, ки дар лахзахои халкунандаи хатти сужет иштирок намуда, вокеаро басо мураккабу тезутунд менамоянд.

Мачнун хамчун образи асоси ва халкунанда дар достони Шохин хеле фаъол аст. Хатто у духтари Навфалро дуст медорад ва кариб ки баробари бо у хонадор шудан, аз зиндаги конеъ шавад. Уро номаи Лайли ба шур меорад. Аз ин ру, Лайли дар мухаббат устувортар аст. Зеро пас аз туй хам аз Ибни Салом дури мечуяд ва устуворию садокати у дар ишк зохир мешавад. У талаби дигар ё норизоии дигареро аз ягон чихат хатто тасаввур хам намекунад. Дар достони мазкур образхои падари Лайли ва падари Мачнун халкунанда мебошанд. Онхо хеле фаъоланд. Танхо фарк дар он аст, ки яке аз руи хохиши фарзанд амал мекунад (падари Мачнун), дигаре тамоман мукобил (падари Лайли).

Достони «Лайли ва Мачнун»-и Шохин ва муносибати он бо баъзе
Достонхои хамноми гузаштагонаш.

Дар таърихи адабиёт, ба кавле 147 кас дар ин мавзуъ асар навиштаанд, ки хамаи онхо дар пайравии Низомист. Аввалин касе, ки ба Низоми чавобия гуфтааст, Хусрави Дехлавист. Аз ин ру, бо асархои ин ду тан эчодкор такя намудан бисёр конуниятхои адабиро муайян хам месозад. Маълум аст, ки унвони асархо ва сужети онхо дар мачмуъ як аст. Фаркият дар лахзахои чудогонаи хатти сужет мебошад. Зеро ба ин мумкин нест. Аз ин чост, ки Шохин мегуяд:

То кай ба саманд медихи дав,

К-он харфи Низоми асту Хусрав.

Он сони вай аст, ту зи худ гуй,

Гард аз рухи худ ба оби худ шуй.

З-ин бехиради бувад фузунтар,

Гар чой рави ба пои дигар.

Албатта, Шамсуддин Шохин хангоми эчоди асар тачрибаи хуби эчоди дошт. Аз ин чост, ки конуниятхои чавобияро риоя кардааст. Бо вучуди он шоир барои чолибияти асари хеш, барои фардияти эчодиёти худ дар хатти сужети достон ва афзалияти образхо баъзе чузъиёти халкунандаро илова намудааст. Аз чумла, лахзаи ба сахро рафтани Мачнун ва рахо кардани у охувонро аз банди сайёд, озод намудани Мачнун гавазнро аз дом, Мачнунро ба кабилаи Лайли бурдани пиразан ва гайра, ки дар достони «Лайли ва Мачнун»-и Низоми дида мешаванд, дар достони Шохин сарфи назар шудаанд. Шохин хатто дар зиндагиномаи кахрамони маркази – Мачнун лахзаи халкунандаи дигарро илова мекунад. Ин лахзаи нав хонадоршавии Мачнун ба духтари Навфал мебошад. Инчунин, лахзахои дигари нодир: вафоти падару модари Мачнун, ба хонаи Лайли овардани Мачнун лахзахоеанд, ки на танхо дар достони Низоми, балки дар достонхои Амир Хусрав, Чоми, Хилоли ва дигарон дида намешавад.

Сабабхои тавофути лахзахои чудогона дар максади адибон ва усули пешгирифтаи онхо низ хаст. Низоми дар асараш ба тасвирхои психологи ва рухии образхои Лайли ва Мачнун бештар таваччух кардааст. Аз ин ру, тасвирхои у нисбатан тафсил меёбанд, чузъиёти бадеи ва баёни холату рухия дар асари Низоми муфассалтар сурат мегирад. Дар асари Шохин бошад, хадафи эчодкор нишон додани лахзаи фочеавии ишки Лайли ва Мачнун буд. Шохин нисбат ба тасвирхои психологи бештар ба вокеияти хаёти таваччух зохир менамояд. Албатта, ин холатхо бесабаб набуд. У пайваста дар рикоби амир буд. Завчааш аз олами фони барвакт сафар кард. Тарбияи тифли навзод ва гайра Шохинро водор намуда буданд, ки чанбаъхои вокеияти тасвирро бештар пуркувват бисозад. Яъне Шохин ба накши замону мухит ва шароиту холати вокеи бештар таваччух зохир менамояд. Саволе пеш меояд, ки вокеиятхои тасвир дар кадом лахзахо бештар ба назар мерасанд? Барои намуна метавон ишора намуд, ки Лайли ва Мачнунро бо зури аз хам чудо мекунанд, Лайлиро ба каси дигар медиханд, Мачнунро низ мачбуран бо духтари Навфал хонадор мекунанд. Онхо дар мукобили ноадолатихо хеч коре карда наметавонанд. Инхоро метавон лахзахои шархихолии худи Шохин гуфт. Амир гайри хохиши Шохин максадхои худро дар чои аввал мегузошт. Вазъияти шоирро комилан сарфи назар мекард ва гайра.

Аз ин чост, ки мавзуи достони Шохин суннати бошад хам, лахзахои фаровони халкунандаи вокеи, хаёти ва шархихоли дорад, ки марбут ба эчодкори достон – Шамсуддин Шохин мебошад. Ба ин восита Шохин ба масъалахои сиёсию ичтимоии замон, накши адлу адолат, муносибати шоиру шохро низ то ба хадде дар асари худ чой додааст. Аз ин ру, достони Шамсуддин Шохин арзиши адаби – бадеи ва хаёти- вокеи низ дорад.

[1]     Дудмон – хонадон; кабила.

[2]     Исмат- покдомони, бегунохи.

[3]     Навбова- тухфа.

[4]     Пазира – кабул.

[5]     Хисн – калъа.

[6]     Рафеъ – баланд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …