Главная / Гуногун / Дониш талабу бузурги омуз: кисса барои иншо

Дониш талабу бузурги омуз: кисса барои иншо

КАБУЛ ШУДАН БА ДОНИШГОХ

Cоли охири мактаб ман карор кардам, ки барои хон- дан ба факултаи шаркшиносии Донишгохи давлатии Точикистон дар шахри Душанбе хохам рафт. Чун шавкам ба сохаи забону адабиёт бештар буд ва дар ин факулта забонхои хоричи омухта мешуданд, бехтарин гузина бароям хамин фа- култа менамуд. Ман дар дилам орзуи дипломат шудан доштам ва ба андешаи ман, донистани забони хоричи ин имконро ба ман медод, ки ба орзуям бирасам. Сабаби дигари ин шуъбаи донишгохро интихоб карданам гурури баччагиям низ буд. Он солхо ин шуъбаи донишгох хеле шухрат дошт ва довталабони зиёд ба он хуччат месупурданд, ки ба як чой 10-15 нафар рост меомад. Ман, ки тасаввурам дар бораи дониши худам хеле бештар аз асл буд, мехостам душвортарин кулларо фатх кунам.

donishgoh

Соли 1983 мактаби миёнаро хатм кардам ва барои дохил шудан ба Донишгох ба Душанбе омадам, вале аз имтихони аввалин, ки иншо буд, бахои «ду» гирифтам. Худам вакте ки иншоро менавиштам, донистам, ки бахои каноатбахш нахохам гирифт, зеро мавзуъро хуб намедонистам. Дигар аз он гурури бечо чизе намонд.

Чун ман замони тахсил дар мактаб талабаи аввал ва пешсаф будам ва ба фикри худам, аз дигарон бештар имкони донишчу шудан доштам, хам эътимодам ба худам аз хад боло буд ва хам дигарон маро бисёр кобил мешумурданд, кабул нашуданам ба Донишгох ба ман хеле таъсир кард.

Вале чизе ки маро бештар азият медод, он буд, ки фикр мекардам бовари падарамро ба худам аз даст додам, харчанд падарам ба ман аслан хеч чиз нагуфта буданд.

Аз Душанбе баргаштаму дар корхонае, ки падарам кор ме- карданд, ба кор даромадам. Он солхо падарам раиси як бахши корхонаи заминшиноси вокеъ дар дехаи Заврон буданд. Ва он як соле, ки дар Заврон кор кардам, кулли китобхои дарсии лозимаро гаштаю баргашта хондам.

Вакте ки тобистони дигар барои хуччатсупори ба Душанбе омадам, падарам аз тагоям хохиш карданд, маро рохнамои кунанд, то ман имсол хатман ба Донишгох дохил шавам. Вакте ба Душанбе омадем, тагоям бо хеши дигарамон Султонмурод, ки устоди донишгох буданд, машварат карданду ба ман тавсия доданд, ки ба факултаи шаркшиноси хуччат насупорам, чун ба он факулта кабул шудан бисёр душвор буд, зеро барои хар чой имсол хатто аз солхои пешин бештар довталабон хуччат супорида буданд. Натичаи соли гузаштаро дида, онхо фикр мекарданд, ки ман омодаги ва лаёкати лозимаро барои дохил шудан ба он факулта надорам. Ин хам маро бисёр норохат ме- сохт, зеро харчанд ман исрор кардам, ки мехохам дар факултаи шаркшиноси, дар шуъбаи забони форси тахсил бикунам, онхо хукм карданд, ки ман бояд хуччатхоямро ба факултаи фило- логияи точик бисупорам.

Озмуни факултаи филология хеле камтар, барои хар чой 4-5 нафар довталаб дошт, ва имкони дохилшави ба он чо бештар буд. Ман, ки як баччаи 17-сола будаму хануз иродаи ба калонсолон гап гузарондан надоштам, ночор хукми онхоро пазируфтаму хуччатхоямро ба факултаи филологияи точик супурдам. Аз ин тасмим бисёр норохат будам ва ба худам гуфтам: ба факултаи филология бо бахои баланд дохил хохам шуд, то собит бикунам, ки лаёкати дохил шудан ба факултаи шаркшиносиро хам доштам, вале дар факултаи филология тахсил намекунам! Дар факултаи филология ба андешаи онвактаи ман муаллимони забон ва адабиёти точикро барои мактаб ва донишгоххо тайёр мекарданд, ки ман хеч гох фикри муаллим шудан надоштам, чун бовар доштам, ки ин кори ман нест. Муаллими сабру тахаммули зиёд мехохад, дар холе, ки ман аслан он тахаммулро надоштам. Дар муддати яку- ним – ду мохе, ки то имтихонхо боки монда буд, боз хам дар пайи омодаги ва мутолиа шудам. Хамаи китобхои дарсиро, ки дар муддати як сол хонда будам, бори дигар такрор кардам, ки мухтавои онхо комилан дар зехнам хифз шуда буд. Дусти хам- хонаам Сайфуллох китобро боз мекарду сари мавзуеро мехонд ва ман он мавзуъро бе китоб идома медодам, албатта, мухтавои мавзуъро ба лафзи худам баён мекардам, вале намунахои шеъ- риро хифз карда будам.

Имтихонхо сар шуданд. Имтихони якум иншо буд. Довтала- бонро бо мукоисаи шиносномаву варакаи имтихонсупори, рузи муайян, дар синфхонахо менишонданд ва зери назорати як ё ду нафар устодони донишгох иншоро аз зехн ва хофизаи худ мена- виштанд. Истифода аз китоб ё манбаъхои дигар мамнуъ буд.

Вакте ба синфхона даромадем, дар руи мизи устод чанд лифофа мехобид. Устод довталаберо даъват карда, хохиш кар- данд, ки як лифофаро интихоб кунад. Онро боз карданд ва номи мавзуъхои дар он бударо ба тахтаи синф навиштанд. Се мавзуъ буд, ки хар кас метавонист мавзуи дилхохашро интихоб кунад. Ман дар мавзуи осори устод Рудаки иншо навиштам. Пас аз ду-се руз натичаи имтихон маълум мешуд. Ман аз иншо бахои «чор» гирифтам. Он барои ман бахои конеъкунанда набуд, чун ман азм доштам, ки хамаи имтихонхоро бо бахои «аъло» (5) бисупорам. Вале хусни хатам, ки хуб набуд, хадс задам, ки эхтимолан, ба хамин далел ба ман бахои чор гузоштаанд, чун яке аз меъёрхои бахо дар кори хатти хусни хат хам буд. Дигар даъво накардаму ба хамин чор хам каноат кардам. Имтихони дигар аз адабиёт буд. Иншо имтихони забон хисоб мешавад ва имтихони дувум имтихони адабиёти бадеи буд. Варакаи имтихон ва шиносномаро нишон дода, ба синфхона даромадам. Он чо чанд тан довталабон нишаста буданду омодаги медиданд ва дар ру ба руи мизхои довталабон чанд миз гузошта буданд, ки паси онхо устодон нишаста, имтихон мегирифтанд. Ман хам билетро гирифта, нишастам ва саволхоро хондам ва дидам, ки бароям хеч душворие надоранд. Се савол буд. Чавобхоямро ба гунаи тезис ё сарфасл ёддошт кардаму вакте навбатам омад, дар ру ба руи муаллими имтихонгир нишаста чавоб додам. Вакте чавоби хар се саволро гуфтам, устод саволи иловагии дигаре хам дод, чавоби онро хам додам. Чун барномаи мактаби миёнаро хуб аз худ карда будам, дар чавоб додан ба саволхо душвори пеш наомад. Устоди имтихонгир аз чавобхои ман ба вачд омада, бо садои баланд:

– Бахои шумо панч! – гуфт. Як нафар аз устодон байни мизхои имтихонгири мегашт ва рафти корро назорат мекард. Ман баъдан донистам, ки он кас устод Сатторзода будаанд, ки хамон сол раиси комиссияи кабули шуъбахои забон ва адабиё- ти донишгох будаанд. Устод Сатторзода ба устоди имтихонгир гуфтанд:

– Ба як саволи дигар чавоб дихад, – ман рози.

Аз ин радду бадал ва чун муаллим бо садои баланд эълон кард, ки бахои ман панч аст, таваччухи дигар устодон хам акнун ба мизи мо чалб шуда буд. Устод Сатторзода хохиш карданд, ки аз Сайидои Насафи шеъре бихонам. Хамзамон, устоде, ки дар мизи пахлуи менишаст, хондани шеъре аз Бадриддин Хилолиро хохиш кард. Харду хамзамон савол доданд. Иттифокан, ман му- хаммаси Сайидоро, ки ба газали Хилоли баста буд, аз ёд карда будам. Фахмидам, ки ин омади кор аст. Дар посух ба харду савол, ман хамон мухаммасро бо садои баланду бурро хондам:

Никоб аз рух барафканди, намуди руи зеборо, Зи гайрат дог карди дар чаман гулхои раъноро, Ба дил дорам мани шуридахотир ин таманноро, «Ба чашми лутф агар бини гирифторони шайдоро, Ба мо хам гушаи чашме, ки расво кардаи моро!»…

Устодон фахмиданд, ки ман бо як тир ду нишон задам, яъне якбора ба харду савол чавоб додам, каф заданду тахсин гуфтанд. Устод Сатторзода ба муаллими ман ишораи каноат карданд. Устоди имтихонгир хам бо ифтихор аз он, ки ман сари уро хам накардам, бахои «аъло»-ро гузошту баргаи имтихонро ба ман дод. Ман берун омадам ва ба хама хамсинфону дустоне, ки барои дастгирии ман омада буданд, бо ифтихор варакаро нишон додам! Одамони зиёде, ки мунтазири берун омадани наздиконашон истода буданд, варакаи имтихони ману шодии маро дида, ба хамдигар мегуфтанд, ки «панч гирифтааст!» Ба ман холати хаячону ифтихори ачибе даст дода буд.

Имтихони охири мо аз забони хоричи буд. Ман дар мак- таб забони олмони хонда будам. Вакте рузи имтихони забони

хоричи ба синфхона ворид шудам, касе аз довталабон набуд. Аксари баччахо дар мактаб забони инглиси хонда буданд ва дар

имтихонгир – як зан ва як мард нишаста буданд. Ман билет гирифтаму нишастам. Муаллима, ки бекор нишаста буданд, наздам омада, пурсиданд:

– Саволхоро фахмидед?

Ман саволхоро хондаму тарчума кардам ва устод тахсин карданд. Росташ, он саволхо хеле сода буд ва хатто барои ман, ки дар забони олмони дониши зиёде надоштам, душвор набуд. Олмониро дар хадди саволу чавоби мукаддамоти медонистам, чанд шеър хам аз руи китоби дарсии мактаби миёна хифз карда будаму то ба хол кисман дар ёд дорам. Вакте омада нишаста- му ба саволхои билет чавоб додам, чанд саволи осони дигар аз кабили «Номат чист?» «Чандсолаи?» ва гайра хам доданд, ки ба осони чавоб гуфтам. Он гох варакаи имтихонхои маро диданд, ки бахохои «хуб» ва «аъло» гирифтаам. Ин устодон хам ба ман бахои «панч» гузоштанд! Албатта, бахохои баланди имтихонхои кабли муассир буданд. Хамин тавр, ман як «чор» ва ду «панч» гирифта будам ва балли аттестат ё миёнгини он 4,8 буд, ки дар чамъ 18,8 бал мешуд. Аз байни довталабони факултаи филологияи точик ман аввал будам. Акнун он касде, ки доштам, бароварда шуд, ман собит кардам, ки метавонам донишчу бошам. Бо ин бахохо ман метавонистам ба факултаи шаркшиноси хам дохил шавам.

Баъд аз имтихонхо рузеро барои эъломи натичахо таъйин мекарданд ва дар хузури довталабону наздикони онхо, ректор, декани факултахо ва дигар масъулон, натичаи имтихонот ва кабул шудану нашудани довталабонро эълон мекарданд. Дов- талабон ва наздикони онхое, ки кабул нашуда буданд, метавонис- танд хамон чо бо натичахо шинос шаванд ва ба саволхояшон чавоб гиранд.

Ман хамрохи дустонам Сайфулло ва Воиз ба чаласаи эълони натича рафтем. Толоре, ки нишастем, пуродам буд – довтала- бон аксар бо падару модар, хешу табор, дустону хамсинфон чамъ омада буданд. Чаласа огоз шуд. Ректор суханрони карда, дар бораи микдори довталабон, чараёни имтихонхои кабул ва натичаи онхо маълумот дод. Ман аслан гуш намекардам ва бо дустонам саргарми сухбат будам. Толор хам пуродам ва пурсадо буд. Овози ректор пасттар буд ва мо, ки дуртар нишаста будем, ман нашунида мондам, ки номи маро мегирифтаанд. Дустон ба ман гуфтанд ва ман аз чоям бархостам. Ректор ба хозирон эълон карданд, ки ман аз имтихонхои кабул болотарин балли умумиро ба даст овардаам. Ахли толор кафкуби карданд. Бори дувум буд, ки ба ман кафкуби мекарданд. Вокеан ин пирузи буд! Ман хаячонзада меистодам, ки ректор афзуданд:

  • Мо метавонем шуморо ба факултаи шаркшиноси гузаро- нем, оё рози хастед? Ман дар холи хаячон ва чун каблан кахр карда будам, хитоб кардам:
  • Не!

Намедонам, шояд ректор ин посухи маро нашуниданд ё шояд фикр карданд, ман саволашонро дуруст нафахмидам, ки дубора саволро такрор карданд. Ин ду хамсинфам аз ду тарафи домони ман кашида, маро ташвик мекарданд:

  • Рози шав, рози шав, ту, ки шаркшиноси мехости! Туро мехоханд хамон чо гузаронанд, рози шав!

Бахти ман хандида буд, ва факат вакте хандид, ки ман та- моми саъю кушишро ба харч додам. Бехуда нагуфтааст, ки «Аз ту харакат, аз ман баракат». Ин маъниро шоир Парвини Эътисоми низ хеле мучаз баён кардааст:

…Хичоби заъф чу аз хам гусаст, азм кавист.

Ман хам сар такон додаму эъломи ризоят кардам. Хамин тавр, такдир орзуи маро кисман амали кард. Ба чои гурухи забони форси ман донишчуи гурухи забони урдуи факултаи шаркшиноси шудам, дар холе, ки аслан намедонистам, забони урду чи забонесту дар кучо ба он харф мезананд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …