Главная / Гуногун / Дизертир – хикоя

Дизертир – хикоя

Уро табъ вожгун буду дил чун шоми гарибон сиёх. Дар курсии кори менишасту на мачоли сухан ва на майли амале дошт. Вай чавонмарде буд: зебо, зиндадилу хушгап, ба дилаш гамро рох намедод. Аз он рузе, ки хаёт дар чумхури ноором гашт, у хам тагир ёфт. Чашмонаш чукида ва суп-сурх. Гуё дар мотами ягон наздикаш дурудароз гириста бошад. Нигохаш гамноку хаёлолуд, ранги руяш заъфарон. Муйхои сараш ки пеш факат якта-нимта сафеди дошт, холо пахта барин гаштаанд. Вазъи рухиаш хам дигар гашта уро. Шухиву хушхолии доимиаш аз у гайб зада. Ба марди камгапу хаёлие табдил ёфта. Вай мехост аз ин чанчолхо дуртар бошад, чи хеле мегуянд, на бинаду на сузад. Лекин ба кучо меравад? О, ин чо Ватанаш, хокдони падару бобояш. Лекин бисёрихо рафтанд. Рафтанд не, гурехтанд. Онхое гурехтанд, ки пеш Точикистонро васф мекарданд, ба он аз мухаббат булбулона розхо мехонданд. Чи дунёи, номард!

Вай оринч ба миз ва даст ба манах гузошта кушид, ки сабру тахаммул ихтиёр кунад. Аммо натавонист. Оташи дарду алам пайкарашро месузонд.

«Тавба! Ин чи газаби худо буд-а?! О, ин чи бадбахтист?! Хайр, банда миранда. Руз, ки буд шуд, шоху гадо баробар. «Тире ки ачал кашад, сипархо хеч аст» – мегуяд Хайём. Лекин, охир, бародар бародарро, писар падарро кушад, фочиа аст. Фочиа! О, ин окипадархо наход нафахманд, ки ба решаи дарахти миллати точик теша зада истодаанд?! Наход нафахманд, ки дилро аз чигар, сарро аз гардан чудо карда нашавад?! О, он суй нест рох – ба чуз рохи фано! Эх, чи чои шикваю шикоят, аз мост, ки бар мост! Шоир бехуда нагуфта:

                         Гуем, ки бедор шудем! Ин чи хаёлест?

                         Бедории мо чист?

                         Бедории тифлест, ки мухточ ба лолост!

                         “Аз мост, ки бар мост!..»

Садои занги телефон уро як кад паронд. Бо нафрат ба он дида духт. Занг такрор шуд. Бо дили нохохам гушакро бардошт. Завчааш будааст. Аз у хавотир. То тавонист уро ором намуд.

Субх, ки мехостанд нахор бихуранд, вай мисли мохи охир майл наёфт, ки чизе бихурад. Пиёлаи чойро бардошт, як култ нушид ва сипас онро бар чой гузошт. Бо нигохи гамбор ва тараххумоваре ба завчааш нигаристу аз чояш хест.

– Равшан!

– Лаббай, чи мегуи?

Завчааш бо садои гирифтаву изтироб илтичоомезона гуфт:

– Аз барои Худо, эхтиёт бишав.

Хумори тамокуяш гирифт. Ва у кисахояшро даст-даст кард. Тамоку набуд. Нигохаш ба руи миз давид. Куттии сигаретро аз болои мизаш, ки ба кабати когазхо афтида буд, бардошта, ин су – он су гардонд. Сипас ба лаб сигарет гузошта, даргиронд. Пасон охиста – охиста пеши тирезаи васеи дутабака рафт. Акнун у ру ба куча, ру ба шоху навдахои дарахтон истода буд. Дуди гафси тамоку гирди сараш чарх мезад. Лахзае ба берун чашм духт. Мехост, ягон чизи кобили диккат бинаду аз кайди хаёлоти печ дар печ рахои ёбад. Дарахтон рангпаридаву заиф буданд. Баргхои хушкидаи заб-зард гуё шикоятомез хиш-хиш садо медоданд. Вай аз берун чашм канда, бо хамон охистаги кафо гашт. Сигорро дар хокистардон пахш кард ва бо тамкину ороми ба курси нишаст. Боз андешахои вазнин пахшаш намуд. Харчанд мехост, ки галаёни ин фикрхоро аз сараш дур кунад, наметавонист.

Аз чойник ба пиёла каме чой рехт. Чои хунукшударо як-ду култ карда буд, ки бе так-так дар во гардиду «Ассалому алайкум!»-гуён, ба уток собик котиби дуюми горкоми шахр даромад. «Ана, боз як гуреза!» – бо дарду алам ва надомат дар дил хитоб намуд Ализода.

Котиб бо чехраи кушод, бо чашму лаби хандон гарм вохурди кард, гарм ахвол пурсид. То ки дахони уро бандад, Ализода сардакак:

– Кадом шамол паронд? – гуфта пурсид.

– Кух ба назди Магомет наравад, Магомет ба назди кух меояд. Ана, омадам.

– Холо кух шудам, гуед?

– Не, кух шумо. Кух, кух! Хоксори накунед.

Ва ба холати рухии Ализода заррае эътибор надода, бе ягон пешниход курсиеро акиб гечонда, ру ба руи у нишаст. Нишасту ду дасташро бардошта:

– Зинда бод КПСС! Омин облисполком! – гуён, даст ба руй кашид.

Ализода уро пайрави накард. Вай ба ин хам эътибор надода, аз кисааш куттии сигаретро бароварда, суи у дароз намуд:

– Мархамат, кашед.

– Рахмат, ман худам дорам.

– Хой, ин хоричи!

– Ба хоричи одат накардаам.

– Буча хароб аст?

– Не, Ватаниро хуш дорам.

Котиб як дона сигарет ба лабаш гузошта, даргиронд. Ду-се бор чукур-чукур кулоб кашида, фагонаи дудро аз дахону биниаш сар дод. Сипас такя ба курси дода, ба Ализода нигарист. Хар як харакати у, хар як дахон гапи у ба Ализода сахт мерасид. Худаш, гапу харакатхояш нофорам буданд. «Болои сухта намакоб!» боз сигарет даргиронд. Вай дуди сигаретро бо халоват макида, бо пуфаш сар медод ва буяш ба димоги Ализода расида, тапиши дилашро сахт халалдор мегардонд. Магзи сари котиб гуё аз нашъаи тамоку равшан гардид, ки худ ба худ лабханд зад. Ва ба Ализода руй овард:

– Ха, як гапро ба шумо расонам.

Дили Ализода тах кашид.

– Боз чи гап?

– Дируз бо дустон як пиёла чой нушида, чорта чак-чак кардем. Дар забони хама гапи шумо буд.

Ба дили Ализода оташ афтид.

– Дар кучо?

– Дар кучо?.. – котиб паст-паст сулфид ва фурсате пас афзуд: – Дар як чо, мухим нест, дар кучо.

– Хуб, чи хел гап?

Котиб хандид. Сипас гуфт:

– Натарсед, гапи нагз.

– Хуш?! – Бо тааччуб диккат кард Ализода.

Котиб дарзамон посух дод:

– Хама хурсанд, ки шуморо ба вазифаи чонишинии вазир тавсия додаанд. Ман хам шод шуда гуфтам, ки арзанда.

Вай ба у чашм партофт. Ва лахзае нигохи онхо ба хам печид. Нигохи айёронааш уро ошкор месохт. Ин суханон – чун рузи равшан дуруг… Аник медонад у. О, хамин чояшро хам гирифтанианду. Ду бор занг зада, тахдид хам карданд. Мор аст, мор. Ин гап – бофтаи худаш. То ки акли уро дуздад. Пас чи тамаъе дорад. Хис кард, ки хозир аз дахонаш ягон гапи талх мебарояд. Бинобар он сигарет оташ дод. Дарун кашид. Дуд дод. Ду-се бор харисона дуд гирифт. Сукути хузнангезе ба миён омад. Дар фазои хона дуди гализи тамоку шино мекард. Ализода охи сарде кашид.

– Ха-а?! – Тег кашида, ба Ализода нигох кард котиб. – Кух зик шавад, айб нест? Айб аст, айб!

– Чи чои шоди?! – бедимогу тунд чавоб дод Ализода.

Котиб хамоно гуфт:

– Эъ, «мурда – кирои гиря не». Гам нахуред. Мо хамин кадар гам хурда чи шудем?

Асабхои таранги Ализода кариб монда буд, ки канда шаванд. Вучудаш аз газаб ларзид. Бо вучуди ин худдори намуд. Изои одами норавост. Алалхусус мехмон, ки бино ба зарбулмасале «атои худост».

– Аввал хешу баъд дарвеш, гуфтаги барин дилам об хурду рост ба наздатон омадам…

Котиб каме хомуш монд, сипас ангуштонашро кулфу калид сохт ва боз изофа кард:

– «Корам ба кал афтод, кал хам ба ноз афтод», гуфтаги барин хамин мудири шуъбаи исполком Мирзозода суханамро ба замин зад. Одам-подам набудааст. Як дахон илтимос кардам: «Як тасдикнома дех, ки ман гурезаам». У дар чавоби суханам исту бист накарда, «ту гуреза не, хокреза» мегуяд. Коида хамин хам одамгари шуд?!

Хуш аз сари Ализода парид. Сипас газабаш дубора чуш зад. Лекин бо азобе, бо зури ирода чахлашро фуру бурд, то ки муште ба баногуши котиб нафурорад. Ва боз касд аз сигарет ситонд. Аз чояш бархосту назди тиреза рафт. Охир, у Мирзозодаро панч-панчааш барин медонад. Вай яке аз одамони поки шахр аст. Гуфтору кирдораш як. Дар хама чо ва дар хама кор часорату матонат нишон медихад. Росткавлу ростгу ва росткор. Ин махлук баракс номи уро ба ноодамгари мебарорад. О, ноодам худаш. Ха-ха! О, хамин шахр уро одам кард. Хамин шахр уро сохиби мансаб, сарват, хонаву дар, мошину номи баланд гардонд. Ки буд у? Дар ким-кадом як завод усточа. Калонхои чумхури уро гуё хамчун мутахассис талбида оварданду сарвари завод таъин карданд. Вакте ки омад, танхо як дипломатча дошту халос. Вайро худаш кабул карда, бо хобгох таъмин намуда буд. Он вакт у ба хайси сармухандиси завод кор мекард. Дар дипломатчааш як ришгирак, дандоншуяк ва як чуфт либоси таг дошту халос. Бе навбат хама чизро ба у доданд. «Шахри Душанбе! – Мушт ба кундаи сина зада, мегуфт у. – Ватанам, чонам, чигарам. Агар лозим шавад, бахраш чонамро дарег намедорам». Бисёрихо об шуданд, хатто ашк рехтанд. Ва дере нагузашта, бо ду дасти адаб ба у курсии котиби дуюми кумитаи хизбии шахриро супориданд. Руз ба руз карру фараш меафзуд. Дар сар кулох, дар чашм айнак, фукаш ба осмон. Касе хад надошт, ки дар назди у гап занад. Замину замонро ба сари тобеонаш чаппа мекард. Тавре гап мезад, ки гуё онхо чинояткор бошанд. Ба наздаш даромада намешуд. Банд аст у. Гами халка мехурад. Аз паи ободии шахр. На шаб ором асту на руз. Бечора, дар хизмати халку Ватан. Вале хайхот! У шабу руз дар гами худу хешонаш будааст. Дар араки чабини халк давру даврон мерондаасту мо бехабар. Ва имруз, ки ба сари шахри Душанбе айёми сахти омадааст, вай онро ба Худо супорида, думашро хода мекунад. Ализода бо чашмони худ дид, ки у се контейнер чизу чора фиристод ба чои даркориаш. Хонаашро ба 100 хазор, мошинашро ба 90 хазор, бустонсарояшро ба 70 хазор ба савдо зад. Акнун дод мезанад, ки ман гуреза!

Ализода баргашта, ба чояш нишаст. Гичироси пояхои курси дилхарош ба гуш расиданд. Вай бокимондаи дуди тамокуро сахт дам кашид ва баъд оташи онро дар хокистардон кушту бо чиддият гуфт:

– Пас омади, ки уро сиёх куни?!

– Эъ, не-е, – табассум намуд котиб.

Ох, чи сард буд табассумаш. Нозеб, нафратовар аст чунин табассум, чун корд ба дилу чигар мехалад.

– Ман аз кинаву кудурат дурам.

– Ахсант!

Котиб фахмид, ки ин «неш» аст. Вале онро фуру бурд. Зеро холо хараш аз лой нагузашта буд. Боз бо табассум овард:

– Бехуда нагуфтаанд: «Ёр дар хонаву мо гирди чахон мегардем, об дар кузаву мо ташналабон мегардем». Фахмидам, ки шумо бо Мирзозода дуст будаед. Аз байнатон кил хам намегузаштааст.

– Ха, у дусти забониву нони не, дусти чони аст, – тахдор гуфт Ализода.

– Хо, бале! Зиндаву поянда бод чунин дусти! Мирзозода дусти шумо, шумо дусти ман. Илтимоси ман хамин ки ба у як занг занед.

– Занг занам? Барои чи? – дилтанг шуда, пурсид Ализода.

– У-у! – бо осудаги посух дод вай. – Як хохиши ночиз. Вале аз тарафи шумо хизмати оли мешавад. Як умр фаромуш нахохам кард. Гуед, ки ба ман як тасдикномаи гурезаги дихад. Боварии комил дорам, ки ба шумо «не» намегуяд.

– Тасдикномаи гурезаги? Ха-а, мегурезам, гуй?!

– Чаро мегурехтаам. Мачбурам.

Аз «Мачбурам» гуфтанаш оташи газаби Ализода аланга зад. Ва боз хам худро ба даст гирифту пурсид:

– Ки мачбур кард?

– Вазъият.

– Вазъият? Кадом вазъият?

– Вазъияти Точикистон.

Нихоят сабри Ализода сар омад, вай натавонист хашмро фуру барад.

– Баракс, вазъият такозо мекунад, ки дар ин чо истода, садокати худро дар амал ба исбот расони. О, Точикистон Ватанат, чону чигарат. Хамту не?!

– Бале, гапатон дуруст, – рози шуд у. – Ва ба кучое, ки наравам, Точикистон бо ман аст.

Дигар хочати гап набуд. Пас аз каме сукут ба у руй овард:

– Хайр, ихтиёр ба дасти бахтиёр, лекин боз Василий барин нашави, мегуям.

– Ба у чи шудааст?

– Намедони? Набошад, гуш кун. Вай ба ким-кадом шахри Россия меравад. Гуреза гуфта, обу иззаташ мекунанд, хона медиханд. Чанде пас ба номаш се контейнер меояд. Вакте онхоро холи мекунанд, хама аз хайрат шах мешаванд.

– Чаро?

– Чаро? Аз контейнерхо як мошини сабукрав, чор яхдон, шаш телевизори ранга, ду кондитсионер, дах колин ва боз як гала чизу чора мебарояд. «О, ту чи хел гуреза?! – Мегуянд ба у. – О, ту Точикистонро горат карда будаи-ку!» Ва хама чизу чораашро чо ба чо оташ мезананд. Чонашро бо азобе кач карда, боз чун гуреза ба Точикистон меояд.

– Наход-е! Э, тухмат хам ба эбаш! – гуё дар хайрат монда, гуфт котиб. – Не, не, ин гапи дуруг, овозаи мардум. Бофтаи душманон.

– Хакикат! Хамаашро худаш ба ман накл кард. Боз гуфт, ки аз газаби Худо фирор карда намешудааст. Окибат чазоямро гирифтам.

– Ин чазо, ё чизи дигар, намедонам, – дар чои нишасташ бетокатона чунбид котиб.

– Чаро чазо набошад?! – рост ба чашмони котиб нигариста, гуфт Ализода.

– Хайр, бало ба паси Василий, биёед, ба гапи худамон гардем.

– Хуш, хамин тасдикнома ба ту чи медихад?

– Якта-нимта имтиёз медихад-дия.

– Хмм, – мад кашид Ализода.

Ва онхо фурсате хомуш монданд. Сукути хузнангезе ба миён омад. Ду чашми Ализода ба руи намакхурдаи намакдоншикаста менигарист.

– Шуд, шуд, фахмо! «Кози – ба хакки худ рози» гуфтаанд, – сукунатро шикасту гуфт «гуреза» ва аз киса якчанд дахсумаи сурхро бароварда, назди Ализода гузошт ва афзуд:

– Ками мову карами шумо.

Ва у хандид. Ба Ализода чунин намуд, ки хандаи у ба як голибияту тамасхури пардапуш олудаги дорад. Ва суханони чанд сол пеш гуфтаи котиб дар гушхои у аз нав садо доданд: «Дусти чони пул. Бепул касе саломатро алек намегирад. Пул дихи, гуломат мешаванд. Гирдат чун парвона чарх мезананд…”

Дар гулуи Ализода чизе дар монд. Чукур нафас кашид. Бадхашмона аз чой чунбид. Курси шаракос зад. Кахру газабаш лахза ба лахза меафзуд. Аз чашмонаш нафрат меборид.

Котиб ба суи Ализода каме хам шуда, суи пулхо абру паронду беибо:

– Чи? Кам аст? – гуфт.

Нафрате, ки дар чашмони Ализода буд, омехта бо газаб, дар як он даргирифту барафрухт. Чун барк част аз чояш. Пулхоро ба руи «гуреза» зад. «Гуреза» бетокат шуд. Ранги руяш канд. Саросемавор аз чояш хест. Мехост харфе гуяд. Аммо сухан дар гулуяш дармонд.

– Дафъ шав! – гуфт Ализода ва бо газаб мушт ба гушаи миз зад.

Забони «гуреза» кушода шуд. Ва у чашмонашро гирд карду аз онхо хашму газабашро рехт:

– Туя раган зер кардааст!!!

Якбора девона шуд Ализода. Ва инону ихтиёрро аз даст дод. Як киёмате ба по кард. Аз гиребони «гуреза» гирифт.

– Гуреза мегуи?! – беихтиёр дод зад Ализода. – Не, ту гуреза не, ту дизертир. Ди-зер-тир!

«Гуреза» тамоман даступо хурд ва ба чуз «э, э…» дигар чизе ба забон оварда наметавонист. Ализода бо як даст гиребони уро дошта, дасти дигар ба киса бурд. «Гуреза» хаёл кард, ки аз киса корд мебарорад. Гуё аз баданаш чараёни пуршиддати барк гузашт. Кому забонаш хушкид. Ба талвосаи чон афтод. Бо оханги одами аз акл бегона «Дод!..» – гуён, нидо баровард. Ва якбора гиребонашро рахо намуда, лахзае мувозинаташро гум карду гелида рафт. Саросема аз чой хесту «Ёри-и!..» – гуён, аз дилу чигар фарёде баровард. Пас худро ба суи дар андохт, вале ду кадам напартофта, пешпо хурду паруноки сахт афтод. Боз саросема аз чой хесту дум хода кард…

13 сентябри соли 1992

 12 марти соли 1995

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …