Главная / Гуногун / Диабети канд хангоми хомиладори

Диабети канд хангоми хомиладори

Оё пархезкуни кумак расонида метавонад? Вайроншавии бардошткунии (толерантност)  глюкоза дар байни хомиладорон – ходисаи камчин нест. Аз сабаби зиёдшавии хачми микдори хун сарбории гадуди зери меъда низ зиёд мешавад. Агар он аз ухдаи вазифахои функсионалии худ набарояд (коркард карда баровардани микдори басандаи инсулин), дарачаи глюкоза баланд мешавад ва ба зани хомиладор ташхиси «диабети гестатсиони» гузошта мешавад.

Диабети Канд

Пархезкуниро яке аз чорахои рахмдилонаи бисёр беморихо хисобидан мумкин аст. Оё он ба модарони оянда хангоми диабети гестатсиони доштанашон, кумак расонида метавонад?

Ба сифати чораи пешгирикунандаи (профилактикаи) диабети гестатсиони, шумо метавонед ягон пархезкунии муайянеро риоя намоед, ки имкон медихад дарачаи глюкоза дар зинаи барои саломати бехатар нигох дошта шавад. Ин пархезкуни (диета) метавонад ба он занхое низ, ки аллакай бо ин мушкилот ру ба ру гаштаанд, кумак расонад.

Коиадхои (принсипхои) асосии хурокхури хангоми гирифтор будан ба диабети гестатсиони:

  1. Кушиш кунед, ки дар хурокхоятон чи шакар ва чи махсулотхои дар таркибашон микдори зиёди глкоза доштаро истеъмол накунед. Дар давраи хомиладори глюкоза хеле зуд ба хун ворид мешавад ва микдори зиёди инсулин зарур меояд, то ин ки дарачаи глюкоза дар хун дар зинаи меъёри нигох дошта шавад. Шакар ба бисёр махсулотхо илова карда мешавад, аз ин ру этикеткахоро бодиккат хонда бароед ва агар шакар дар руйхати ингридентхо яке аз аввалинхо бошад, ин махсулотро дар хурокатон истифода набаред. Ба гайр аз ин он махсулотхоеро, ки дар таркибашон ингредиентхои бо суффикси «-оза» тамомшаванда доранд (сукроза, декстроза ва гайра), низ истеъмол накунед. Ба чойи афшурахои меваги афшурахои сабзавоти нушед ё хадди аккал афшурахои мевагиро факат дар вакти хурокхури нушед (он кадар тез ба таркиби хун намеафтанд). Мевахои коркарднашуда аз афшурахои меваги бехтар мебошанд, чунки аз наххое иборат хастанд, ки раванди чаббидашавиро суст мегардонанд.
  2. Ба истеъмоли карбогидратхои (углеводхои) мураккаб бештар ахамият дихед. Сабзавотхо, галладонагихои коркарднашуда, нон, лубиёгихоро истеъмол намоед. Карбогидратхои ин махсулотхо ба шумо микдори кифояи энергияро медиханд. Онхо дурудароз хазм мешаванд ва ин маънои онро дорад, ки гадуди зери меъдаи шумо барои коркард карда баровардани микдори зарурии инсулин, вакти басанда хохад дошт.
  3. Ба ратсиони худ хурокихои нахдорро дохил кунед, ки аз хучайрахо бой мебошанд. Пархезкунии (диетаи) худро бо махсулотхое, аз кабили сабзавотхо, донагихо, галладонагихои коркарднашуда, донагихо, чормагз, лубиёгихо ва мевахо гани гардонед. Онхо талаботи организмро барои инсулин камтар менамоянд.
  4. Истеъмоли гизохои чарбудорро ба меъёр дароред. Хангоми аз хад зиёд дар гизохо истеъмол кардани чарбухо, ки дар таркиби гушти серчарбу, равган, каймок, саршир, кулчакандхо мавчуд мебошанд, самаранокии инсулин камтар мегардад. Дар айни замон онхоро аз ратсиони худ комилан бартараф кардан хам мумкин нест, чунки бисёр витаминхое ки барои сабзиши мукаррари ва афзоишёбии чанин заруранд, дар чарбухо халшаванда мебошанд. Дар ратсиони худ мохи ва равганхои растанигиро боки гузоред.
  5. Хар руз 3 маротиба бо хиссахои (порсияхои) на он кадар калон ва 3 маротиба газидан хурок хуред. Хурокхури касри (чудогона/зуд-зуд) барои гадуди зери меъда он кадар мушкилиовар нест ва дарачаи глюкоза дар хун зиёд нахохад гашт.
  6. Пеш аз хурок факат хурдани махсулотхое, ки аз сафеда ва карбогидратхои мураккаб бой мебошанд, мумкин мебошад. Варианти бехтарин — себ, нон аз галлагихои холис (коркарднашуда) бо буридаи панири беравган мебошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …