Главная / Чамъият / Даврияти гузаронидани санчишхои андоз

Даврияти гузаронидани санчишхои андоз

Моддаи 29-и Кодекси Андоз. Даврияти гузаронидани санчишхои андоз

  1. Санчишхои хуччатии андоз ба навъхои зерин таксим мешаванд:

-накшави – санчишхои мачмуии хуччатии андоз, ки тибки накшаи гузаронидани санчишхои аз чониби макоми ваколатдори давлати тасдикшуда гузаронида мешаванд. Накшаи санчишхои андоз дар асоси баходихии хавфи вайрон кардани конунгузории андоз, тахлили маълумотхои дар хисоботхои аз чониби андозсупоранда пешниходшуда, иттилооти макомоти ваколатдор, инчунин дигар хуччатхо ва иттилоот дар бораи фаъолияти андозсупоранда тартиб дода мешавад;

-гайринакшави – санчишхои мачмуии хуччатии андозе, ки дар сархати якуми хамин кисм пешбини нашудаанд.

  1. Санчишхои накшавии хуччатии андозсупорандагоне, ки даромади умумии онхо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда, аксизхо, андоз аз фуруши алюминий аввалия) дар давраи соли таквимии гузашта бештар аз 15 миллион сомони мебошад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Санчишхои накшавии хуччатии андозсупорандагоне, ки даромади умумиашон дар соли таквимии гузашта аз 15 миллион сомони кам мебошад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешаванд.
  3. Санчиши накшавии хуччатии аввалини фаъолияти субъекти сохибкории хурд, ки супорандаи андози низоми соддакардашуда мебошад, танхо пас аз сипари шудани 24 мохи пурраи таквими аз рузи бакайдгирии давлатии он амали мегардад.
  4. Агар субъектхои сохибкории хурди дар кисми 4 хамин моддапешбинишуда то гузаштани мухлати пешбинигардида ба руйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шаванд, азнавташкил карда шаванд ё бархам дода шаванд, фаъолияти онхо бояд мавриди санчиши мачмуии хуччатии гайринакшави карор дода шавад.
  5. Санчишхои амалиёти бо карори рохбарони макомоти андоз аз руи зарурат гузаронида мешаванд.
  6. Санчишхои хуччатии андоз аз руи даврахои баохиррасидаи андози гузаронида мешаванд, ба истиснои санчишхои андози бархамдихи, ки ба бархам додани шахси хукуки, катъ гардидани фаъолияти муассисаи доимии гайрирезидент ё катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда вобаста мебошанд. Агар нисбат ба давраи барои гузаронидани санчиш банакшагирифташуда санчиши мачмуии андози андозсупоранда гузаронида шуда бошад, пас дар ин холат санчиши мавзуии ин давра гузаронида намешавад.
  7. Санчиши гайринакшавии мачмуи ё мавзуи дар холатхои зерин гузаронида мешавад:

-хангоми катъ гардидани фаъолияти – супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;

-хангоми азнавташкилдихи ё бархамдихии шахси хукуки, катъ гардидани фаъолияти шахси хукукии хоричи, ки фаъолияташро дар Чумхурии Точикистон ба воситаи филиал ё намояндаги амали менамояд;

-хангоми катъ гардидани амали имтиёзхо барои шахсони хукукии дар фасли XVII Кодекси мазкур пешбинишуда;

-бинобар ба охир расидани мухлати амали карордоди истифодаи сарватхои зеризамини;

-бо максади тасдик намудани дурустии маблаги андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниход шудааст;

– тибки асосхое, ки дар кисми 6 моддаи 28 Кодекси мазкур мукаррар шудаанд;

-ба охир расидани лоихаи сармоягузори.

  1. Санчишхои гайринакшавии мачмуи ё мавзуи,инчунин дар холатхои зерин гузаронида мешаванд:

-дар холати ба миён омадани зарурат барои гузаронидани санчишхои мутакобила;

-дар асоси карори рохбари макоми ваколатдори давлати;

-дар асоси дархостхои макомоти андози давлатхои дигар;

-нисбат ба шахсоне, ки андозсупорандаи бемасъулият эътироф шудаанд;

-катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда;

-дар асоси мурочиати худи андозсупоранда.

  1. Аз чониби макомоти андоз гузаронидани санчишхои такрории мачмуи ва мавзуи барои давраи санчидашудаи андоз манъ аст, ба истиснои холатхои зерине, ки чунин санчишхо дар доираи мухлати бо Кодекси мазкур мукарраршудаи даъво гузаронида мешаванд: (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

-дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;

-тибки асосхои пешбининамудаи кисми 6 моддаи 28 Кодекси мазкур;

-бо карори рохбари макоми ваколатдори давлати тибки пешниходхои асосноки рохбари макоми дахлдори андоз;

-бо карори рохбари макоми ваколатдори давлати бо тартиби назорат аз болои фаъолияти макоми андозе, ки санчиши хуччатии андозро гузаронидааст. Чунин санчиш танхо нисбат ба даврае гузаронида мешавад, ки санчиши хуччатии андози охирон гузаронидашударо дар бар мегирад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …