Главная / Биология / Даврахои хаёти растанихо: чанини, чавони, камолот, пиронсоли

Даврахои хаёти растанихо: чанини, чавони, камолот, пиронсоли

Растанихо дар муддати фаъолияти хаётиашон вазну андозаи реша, поя ва навдаву баргашон сол аз сол мунтазам афзуда, на танхо месабзанд, онхо инчунин инкишоф ёфта, хусусияту хосиятхои нав ба нав пайдо мекунанд. Аз ин ру, дар растанихои гулдор, яъне пушидатухмон чор давраи инкишоф фарк карда мешавад.

Сараввал, овони чанини — аз давраи ба вучуд омадани чанин то хангоми ба сабзиш шуруъ кардани он. Чи тавре ки маълум аст, хаёти хар як растании гулдор хангоми афзоиши тухми аз бордоршавии тухмхучайра ва хосилшавии зигота огоз мешавад. Зиго- та борхо, такрор ба такрор таксим шуда, ба чанин табдил меёбад.

gul

Дуюм, овони навраси ё чавони, киаз давраи ба саб- зиш шуруъ кардани тухм то лахзаи гулшукуфти нахустини растании дар нашву нумубуда давом мекунад. Аз хама пеш, он узвхое ба саб- зиш шуруъ мекунанд, ки онхо аллакай дар чанини хосилшуда заминаи муътамад доштанд. Чунончи, решачаи асоси ё чанини, пояи чанини ва баргчахои чанини ё тухмпаллаги. Онхо то ба вучуд ома- дани аввалин узвхои руизамини асосан аз хисоби моддахои дар тухм (эндосперм) захирашуда гизо мегиранд. Сипас, решахо саб- зида, шоха ронда, решахои иловаги ва пахлуи хосил мекунанд ва системаи (силсиламачмуи) решаги ташаккул меёбад.

Хамин тавр, навнихол ба туфайли решаву баргхояш пурра ба зиндагонии мустакилона мегузарад.

Хаётгузаронии ояндаи растанихои чавони нумуёбанда бештар ба он вобаста аст, ки растани ба кадом шаклхои хаётии растанихо тааллук дорад. Масалан, сабзиши растанихои яксола дар давоми як мавсими нашъунамо пурра ба охир мерасад. Онхо гул карда мева хосил мекуианд ва нобуд мегарданд (нахуд, бодиринг, тарбуз, хар- буза ва гайрахо).

Баъзе алафхои бисёрсола дар соли аввалини хаёташон хеле боавч нашъунамо карда, хатто гул мекунанд (себарга). Вале бештари онхо дар солхои муайяни хаёташон гул мекунанд. Хамин тавр дар растанихои гуногун давраи чавони метавонад солхои гуногунро дарбар гирад.

Дарахтону буттахо бошанд дар давраи 5-10 соли хаёташон нисба- тан суст нашъунамо мекунанд. Сипас, нашъунамои онхо авч гириф- та, решаашон калонхачму бокувват гардида, ба хок чукур меравад. Кадкашни пояю навдахояшон низ авч гирифта, хар сол такрибан то 30-50 см ва баъзан то 70-80 см дароз мешаванд.

Сеюм, овони камолот — аз лахзаи пайдошавии узвхои гули то хосилшавии тухм ё мевабанди, ки дар бисёр намудхои набототи да- рахтию буттаги солхои зиёд (то давраи пиронсоли) давом мекунад.

Ин давра дар хаёти растанихои яксола ва дусола нихоят кутох буда, баъди як бор мевабанди ба итмом мерасад.

Дар растанихои бисёрсола бошад, ин овони хаёти солхои хеле зи- ёдеро дарбар мегирад. Пас аз хар бори гулшукуфт – гулшукуфти дуюм, сеюм, чорум ва хоказо, дар давоми бисёр солхо идома меёбад. Растанихо дар ин давра аз чихати вазну андоза ва калон гардидани появу навдахояшон ба дарачаи баланди сабзишу инкишофашон мерасанд.

Давраи чорум овони пиронсоли мебошад. Дар ин давра растани аз гулшукуфт ва мевабанди боз монда, нобудшавии боавчи узвхои он сар мешавад, ки ин ба нобудшавии растани оварда мерасонад. Зеро алафхои бисёрсола ва растанихои дарахтию буттаги бо мурури замон пир мешаванд. Дар онхо кобилияти мевабанди нихоят суст гардида, дар охир катъ мегардад (масалан, себхои пи- ронсол тамоман мева намебанданд). Дар растанихои пиронсол коби- лияти хосилшавии узвхои нав (реша, навда, барг) то дарачаи нихои суст мешавад. Навдаю пояхои кисмхои нугии растанихо бошад ба хушкшави сар мекунанд. Дар танаи растанихо ковокихо ба вучуд омада, шохахои камкувватгардидаю хушкшуда шикаста меафтанд.

Дар алафхои бисёрсолаи пир бошад, сабзиш ва аз нав пайдоша- вии узвхо нихоят суст мешавад. Пояю баргхои наврустаи онхо бисёр заифу нокисанд. Решаашон ба калонхачмии худ нигох накарда, да- рунковоку пусидаанд. Хосилшавии решахои иловаги ва пахлуи кариб ки руй намедихад. Хосилшавии мугчахои нав катъ гардида, онхо ба марги табии дучор мегарданд.

Хамин тавр, донистани даврахои инкишофи растанихо имкон медихад, ки ба хаёту фаъолияти узвхои онхо бахуби сарфахм равем, парваришу нашъунамои онхоро бо назардошти даврахои хаётиашон максаднок идора кунем ва аз онхо пурмахсул истифода барем.

  1. Дар растанихои бисёрсола кадом даврахои синнусоли фарк карда мешаванд?
  2. Давраи чанини кай сар мешавад ва то кай давом мекунад?
  3. Хусусиятхои мухими давраи чавонии растаниро номбар кунед ё шарх дихед.
  4. Давраи чавонии алафхои бисёрсола ва дарахту буттахо чи тавр идома меёбад?
  5. Кадом аломатхои махсуси давраи пиронсолии растаниро медонед?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …