Главная / Чамъият / Давомнокии вакти кори

Давомнокии вакти кори

Моддаи 74-и Кодекси Мехнат. Давомнокии вакти кори

  1. Дар сурати хафтаи панчрузаи кори давомнокии кори харруза (баст) – ро коидахои тартиботи дохилии мехнати ё чадвали баст, ки онро корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии хафтаи кории мукарраргардида тасдик намудааст, муайян менамояд.
  2. Давомнокии вакти кории харруза (баст) зиёд буда наметавонад:

– барои кормандони аз 15 то 16 сола – 5 соат ва аз 16 то 18 сола – 7 соат;

– барои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, ки дар давоми соли хониш тахсилу кор мекунанд – аз 14 то 16 сола – 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола – 3,5 соат;

– барои шароити муътадили кор – 8 соат;

– барои маъюбон – 6 соат;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд – нисфи давомнокии муътадили вакти корие, ки дар моддахои 66 – 73 ва моддаи мазкури Кодекси мазкур муайян шудаанд.

  1. Хангоми хафтаи шашрузаи кори, агар меъёри якхафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори харруза аз 7 соат, агар меъёри якхафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри хафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …