Главная / Чамъият / Давомнокии рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда

Давомнокии рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда

Моддаи 94-и Кодекси Мехнат. Давомнокии рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда

  1. Ба гуруххои алохидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти ухдадорихои мехнати, синну сол, собикаи кори, вазъи саломати ва дигар холатхо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шавад.
  2. Рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда мукаррар карда мешавад:

– ба кормандони ташкилотхои илми – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандони китобхонахои ташкилотхои илми, муассисахои таълими ва дигар китобхонахо – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандон – омузгорони шуъбахои рузона ва гоибонаи муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, аз чумла доир ба тайёри, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси кадрхои муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандони муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии томактаби – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандони муассисахои сохаи фарханг ва хифзи ичтимои – аз 28 то 42 рузи таквими;

– ба хамширахои тибби, ки ба тарбияи кудакони то сесола машгуланд, мураббияхои гуруххои ширхораи муассисахои таълимии томактаби ва хонаи кудакон – 42 рузи таквими;

– ба кормандони доимии хочагии чангал – 28 рузи таквими;

– ба варзишгарон – на камтар аз 30 рузи таквими;

– ба рузноманигорон – на камтар аз 30 рузи таквими;

– ба кормандони синни то хаждах, аз чумла онхое, ки барои гузаронидани тачрибаи истехсоли (таълими истехсоли) кабул шудаанд – 30 рузи таквими;

– ба кормандони маъюби гуруххои I ва II- 42, гурухи III- 35 рузи таквими;

– ба кормандоне, ки дар сохаи кишоварзи кор мекунанд – на камтар аз 28 рузи таквими;

– ба дигар гуруххои кормандон тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Номгуйи ташкилотхо, касб ва вазифахо, ки дар сархатхои аз якум то панчуми кисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …