Главная / Чамъият / Дастгиркунии маъмури

Дастгиркунии маъмури

Моддаи  61-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Дастгиркунии маъмури 

  1. Дастгиркунии маъмури, яъне махдудкунии муваккатии озодии шахси вокеи мумкин аст дар холатхои истиснои татбик карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривакти ва дурусти парванда, инчунин чихати ичрои карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури зарур бошад.
  2. Дастгиркунии маъмурии шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори макомоти зерин амали карда мешавад:

– макомоти корхои дохили;

– макомоти гумрук;

– макомоти чангал ва шикор;

– посбонии харбикунонидашуда;

– Бозрасии давлатии автомобили;

– Бозрасии харбии автомобили;

– Кушунхои сархадии макомоти давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

– капитанхои киштихои хурдхачми оби ва хавопаймо;

– макомоти давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

– макомоти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон;

– макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон.

  1. Дар бораи чои нигохдории дастгиршуда фавран ба яке аз хешовандони наздик, маъмурияти чойи кор (тахсил) ва химоятгари он  хабар дода мешавад.
  2. Дар бораи дастгиркунии маъмурии ноболиг фавран падару модар ё дигар намояндагони конунии у огох карда мешаванд.
  3. Ба шахси дастгиршуда хукуку ухдадорихои тибки Кодекси мазкур пешбинишуда фахмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунии маъмури сабти дахлдор карда мешавад.
  4. Прокурор хукук дорад дар бораи озод намудани шахси гайриконуни дастгиршуда карор кабул намояд, ки он бояд фавран ичро карда шавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …