Дарвиш

Дарвешеро шунидам, ки ба горе дарнишаста буд ва дар ба руйи аз чахониён баста ва мулуку агниёро дар чашми химмати у шавкату хайбат намонда.

Хар ки бар худ дари суол кушод,
То бимирад ниёзманд бувад.
Оз бигзору подшохи кун,
Гардани бетамаъ баланд бувад.

Яке аз мулуки он тараф ишорат кард, ки таваккуъ ба карами ахлоки мардон чуни наст, ки ба намак бо мо мувофикат кунад. Шайх ризо дод ба хукми он, ки ичобати даъват суннат аст. Дигар руз малик ба узри кудумаш рафт, обид аз чой ,барчасту дар канораш гирифт ва талаттуф карду сано гуфт. Чун гоиб шуд, яке аз асхоб гуфт шайхро, ки чандин мулотифат имруз бо подшах, ки ту карди, хилофи одат буд ва дигар надидам. Гуфт:
– Нашунидаи, ки гуфтаанд:

Хар киро бар симот биншасти
Вочиб омад бар хидматаш бархост.

***
Гуш тавонад, ки хама умр вай
Нашнавад овози дафу чангу най.
Дида шикебад, ки тамошои бог
Бе гулу насрин ба сар орад димог.
В-ар набувад болиши огандапар,
Хобт авон кард хазаф зери сар.
В-ар набувад дилбари хамхоба пеш,
Даст тавон кард дар огуши хеш.
В-ин шиками бехунари печ печ
Сабр надорад, ки бисозад бо хеч.

***
Хочат аст ин ки пеши миру вазир
Пушт хам мекунанду боло рост.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …