Моддаи 100-и Кодекси Андоз. Даромадхои шахси вокеи аз фаъолияте, ки ба мехнати кироя мансуб нест
- Даромадхои зерин аз фаъолияти гайрисохибкории шахси вокеи даромади шахси вокеи аз фаъолияте мебошад, ки ба мехнати кироя мансуб нест:
-даромади фоизхо;
-суди сахмияхо (дивидендхо);
– даромад аз ичораи (кирояи) молу мулк ва (ё) афзоиши арзиш аз фуруши молу мулк;
-роялти;
-маблаги карзи ба андозсупоранда бахшидаи карздиханда.
- Ба даромадхои шахси вокеи аз фаъолияте, ки ба мехнати кироя мансуб нест, инчунин хама гуна манфиате, ки аз чониби он гирифта шудааст ва (ё) дигар даромадхо, ба истиснои даромад дар шакли музди мехнат ва (ё) даромад аз фаъолияти сохибкории инфироди низ мансуб мебошанд.