Главная / Илм / Дармана дар Канзи Шифо (Китоб)

Дармана дар Канзи Шифо (Китоб)

darmana-660x330Дармана (русс. Дармина)ин гиёхест кадаш кариб ба баландии шибит, баргхояш реза ва бисёр нозук, ранги баргхояш баъзан сабзи моил ба зарди ва баъзе гуё дар руяш губор дорад ва хокистарранг аст. Гулаш сафеди моил ба пушти ва гули зардаш хам мавчуд аст. Дармана навъхои кухи ва сахрои дорад. Мизочаш гарм ва хушк дар дарачаи севум ва ба кавли баъзе табибон — дар дарачаи дувум хушк аст. Дармана ин Тахач (Artemisia absinthium — Дарманаи руми —Афсантин) нест.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, гиреххои узвхои баданро мекушояд, балгамро меканад, бодхоро тахлил медихад, ахлоти мурдорро бо исхол дафъ менамояд, моддахои нодаркор ва зарарнокро ба воситаи пешоб аз бадан берун меронад, хамаи навъхои кирмро аз меъда ва рудахо ихроч мекунад.

Агар инро биёшоманд, барои газидани гунда ва каждум, инчунин бар зидди хамаи захрхои тармизоч тарёк мешавад; душвории нафасро ислох мегардонад, оругро дафъ мекунад; дарди рудахо, дарди сурин ва табхои мураккабро шифо мебахшад. Микдори хурдани он бар зидди таъсири захрхо то 10,5 грамм ва барои беморихо то 7 грамм аст. Вале ба дарун истеъмол кардани дармана ба меъда ва асаб зарар дорад, дарди сар медихад — давои ин зарархояш мустако истеъмол кардан аст. Ба чойи дармана ба хамон вазн талхшувокро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Дарманаро пухта, бо он гармбанди кунанд ва батакрор онро бимоланд, барои дарди чашм, ки сабабаш зиёд гаштани балгам бошад ва дигар варамхои гализ дору мешавад, ба шарте ки ба воситаи истеъмоли давои дахлдор баданро аз балгам танкия карда бошанд пеш аз истеъмоли ин. Дар бобати танкия мо дар охири мукаддимаи ин китоб сухан рондем.

darmana-2-300x266Хокистари ин гиёхро бо равгани зайтун ё равгани савсани сафед ва монанди онхо хамир сохта, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, дору мебошад ва ба зуди дар он чойхо муй меруёнад. Ин хокистарро бипошанд, решхои хурандаро шифо мебахшад.

Аз дармана равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Дар зарфи шиша то нимааш равгани кунчиди нав андохта, даруни онро аз гиёхи тари дармана пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар муддати шаш руз кувват ва ранги он ба равган мегузарад. Он дарманаи беранггаштаро фишурда партофта, аз нав дарманаи дигар пур мекунанд ва хамин тавр то шаш маротиба дарманаро иваз менамоянд. Баъд фишурда, равганро соф менамоянд — ин равгани дармана хисоб меёбад.

Ин равганро бихуранд, барои иллатхои душвории нафас, дафъ кардани ларзи табхо, беморихои аз хунуки баамаламада, варами меъда, истиско (водянка), ихроч кардани кирмхои шикам, газидани каждум ва гунда, инчунин руёнидани гушти солим дар захмхо даво мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …