Главная / Гуногун / Дар махаллаи 82-юми пойтахт нахустин эстакада, ё худ рохи бисёркабата кушода шуд

Дар махаллаи 82-юми пойтахт нахустин эстакада, ё худ рохи бисёркабата кушода шуд

Эмомали Рахмон, раисичумхури Точикистон хамрохи Рустами Эмомали, раиси шахри Душанбе дар махаллаи 82-юми пойтахт нахустин эстакада, ё худ рохи бисёркабатиро ба истифода доданд

Тибки иттилои дафтари матбуоти раисичумхури Точикистон, чорсуи нав аз 3 сатх иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобочон Гафуров карор дорад.

“Дар сатхи дуввуми чорроха рохи давродаврие бунёд шудааст, ки харакати наклиёт дар он тавассути нишонахои махсус рохнамои карда мешавад. Дар сатхи сеюм аз самти шарк ба гарб купрук бо дарозии 125 метр ва пахноии 24,8 метр мегузарад”, — изхор дошт манбаъ.

Манбаъ афзуд, ки дар сохтмони эстакада 4 рохи зеризамини низ бо дарозии умумии 236 метр барои рохгузарон бунёд шудаанд.

Ба раисичумхур гузориш додаанд, ки дар рохи секабата хамаи китъахо асфалти замонави бо иловаи маводи кимиёвие, ки руйпуши рохро устувору кави ва ба лагжиш тобовар менамояд, истифода шудааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Точикистон истифода мегардад ва мухлати бахрабардори аз он назар ба дигар намуди он 4 — 5 сол зиёдтар мебошад.

Фармоишгари иншооти Вазорати наклиёт — Маркази татбики лоихахои тачдиди роххо ва паймонкори лоиха Корпоратсияи роххо ва купрукхо “Синдзян-Бейсин” —и Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Хиндустон назорат бурдааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …