Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни укубати арак хурдан

Дар баёни укубати арак хурдан

Дар баёни укубати арак хурдан

Акнун бародар ва хохари азиз, аз дигар гуноххои бузург низ худдори ва пархез кардан лозим аст, ки онхоро низ,

иншоаллох ба тарики мухтасар баён мекунем. Мисли арак хурдан, ки яке аз гунохони бузург ба шумор меравад.

Пайгамбар (салаллоху алайхи ва саллам) фармудаанд, ки арак модари гунохон аст. Боз фармуданд: арак хурдан бадтар аст аз зино кардан, зеро ки зинокор дар холи зино худоро мешиносад ва аракхур худоро намешиносад.

Рузе Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) ба гуристоне мегузашт, овози нолае шунавид: ал-амон ал-амон,  Расулаллох, имруз бист сол аст, ки дар азобам, дар кори ман назаре кун.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) боз истод ва фикр кард. Чабраил алайхи- с-салом омада гуфт: ё Расулаллох, ин гури занест, ки дар хонаи хамсояи вай арак мехурданд. Вай барои зани хамсоя бисту як нон пухта, хамсоязан нонхоро пеши аракхурон ниходааст, аз ин сабаб бист сол боз дар ин оташ месузад. Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) cap ба сачда ниход ва дуъо кард Хак таъоло ба шафоати Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) азоб аз он зан бардошт.

Касе, ки барои аракхурон нон мепазад, азобаш ин аст, акнун азоби аракхуронро фикр кунед, ки чи гуна аст!

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …