Дар баёни никох кардан
Акнун, эй бародар ва хохари азиз, бидон, ки зан гирифтан ва шавхар кардан низ аз мухимоти ислом аст. Бинобар ин саъй кардан лозим аст, ки баъди ба балогат расидан ин амри мухимро ба чо овари. Агар инро ба чо наёри, хавфи он бошад, ки туро нафсу шайтон аз рох бароварда, ба суи зино, ки гунохи бузург аст, далолат кунанд.
Хазрати пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам фармуданд, ки никох суннати манаст хар ки майл накунад, дар суннати ман аз ман нест. Дар никох кардан ва зан хостан бояд, ки нияти хавои нафс накунад, балки нияти он кунад, ки нисфи дини вай дар девори амн дарояд ва дигар бояд, ки дар никох нияти фарзанд кунад ва аз Хак таъоло фарзанди солех талаб кунад. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд: зани диндорро ихтиёр бояд кард, то тавонгарии дин ва дунё ёби. Дунё матоье аст ва бехтарнн матоъи дунё зани солеха аст. Пас мард бояд, ки зани солеха ва диндор ихтиёр кунад, ки неъмати зохир фарзанди солех аст ва неъмати ботин зани солеха ва фармонбардор.
* * *
Зани бад дар сарои марди наку,
Хам дар ин олам аст дузахи у.
Зан хам бояд, ки марди диндор ва пархезгору бо амонатро шавхар кунад ва аз дарвешии шавхар нанолад ва ба шавхари фосик рози нашавад ва бо ахли шарру фасод никох накунад, агарчи сохиби мол бошанд, ки он мол ба хакикат мор аст. Хар зане, ки рози шавад ба никохи шавхари фосик, дар киёмат аз гур бархезад миёни ду чашми вай навишта шуда аст, ки ин зан навмед аст аз рахмати Худованди таоло.
Фосик шахси бенамоз ва аз рохи шариат дурро гуянд.
Расул салаллоху алайхи ва саллам фармуданд: бидонед ва огох бошед, ки хар кас шафоати ман хохад, духтари худро ба шавхари фосик надихад, ба хеч ру.
Хикоят. Овардаанд, ки хазрати Али карамаллоху вачха рузе хамрохи Фотима разияллоху анхо назди Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам омаданд, ки пайгамбари Худо салаллоху алайхи ва саллам ба гиря машгуланд. Пурсиданд, ки ё Расулаллох, барои чи гиря мекунед? Хазрати Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: шаби меъроч гурухе аз занонро дидам, ки ба азобхои гуногун гирифтор буданд, хотирам ба онхо машгул гардида, гиря ба ман голиб гардид.
Пурсидем, ки ё Расулаллох, ба чи сабаб он-занхо ба азоб гирифторанд? Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: занеро дидам аз муи он муаллак овехтаанд, ки аз димоги он чирк равон аст ва занеро дидам, ки аз забони он овехта ва дастхои уро аз пушт баровардааид ва аз халки он чирки сиёх равон аст ва занеро дидам, ки аз пистони у овехтаанд ва пистон аз пушти у баромада ва ба дахони у аз закум мерехтанд. Ва занеро дидам, ки дасту пои уро ба муи пешонии у баста ва мору каждумхоро бо у овехтаанд, ки часади уро мехуранд ва аз тахти он зан оташ аланга мезад ва занеро дидам, ки ба микрози оташин бадани уро мебуриданд ва занеро дидам, ки руяш сиёх гашта. Он зан рудахои худро мехурд. Ва занеро дидам куру кару гунг буд, ки дар сандуки оташин азобаш медоданд ва аз дахону бини ва махрачи поёни он оташ фаввора мезад ва он зан пес буд, ки аз буи бади он токати дидан набуд. Ва занеро дидам, ки сари у мисли хук ва бадани у мисли маркаб ба хазор-хазор анвоъи азоб гирифгор буд. Ва занеро дидам, ки ба сурати саг мору каждумони бисёр аз дахони у даромада аз махрачи поёни у мебаромаданд ва фариштагон уро ба харбаи оташин мезаданд.
Хазрати Фотима разияллоху анхо аз чои худ бархоста гуфтанд: ё падари бузургвор, чонам фидои шумо бод. Аз аъмоли он занон маро хабар дихед. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: эй нури чашми ман Фотима, он зане, ки ба муяш муаллак овехтаанд, муи худро аз номахрамон пинхон накарда аст ва он зане, ки аз забони у овехтаанд, шавхари худро ба забони бад озор додааст ва он зане, ки аз пистони у овехтаанд, бе ичозати шавхари худ фарзандони дигарро шир додааст. Ва он зане, ки аз дасту пои у овехтаанд бе ризои шавхар аз хона баромада ба чое рафтааст. Он зане, ки гушти бадани худро мехурд ва аз даруни у оташ фаввора мезад, худро дар назари номахрамон зинат дода аз мардони бегона худро пинхон накардааст. Он зане, ки часади уро ба микрози оташин мебуриданд аз барои шухрат ёфтан худашро ба либосхои фохира ороста, ба кучахо гузаштааст, то мардумон уро тамошо кунанд. Он занеро, ки дасту пои уро ба муи пешонии у баста буданд ва мору каждумон захр зада азоб мекарданд, зане бошад, ки бо вучуди тандурусти намоз нахонад ва руза надорад ва аз чанобат худро пок накунад. Он зане, ки сараш мисли хук ва часадаш мисли маркаб бошад, зани суханчину дуруггуест. Он зане, ки руяш сиёх гашга рудахои худро мехурад, занест, ки аз пушти шавхари худ ба хар кас шикоят кунад. Он зане, ки куру кару гунгу пес буд аз дахону бинни у оташ фаввора мезад, моли шавхари худро бе ризои у сарф карда, гайбати шавхари худро мекард. Он зане, ки ба сурати саг буд, ба шавхари худ нофармони карда, суханхои дурушт мегуфт.
Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд: хар зане, ки шавхари худро ба забон озор расонад, Аллох таъоло рузи киёмат забони уро хафтод зироъ гардонида. ба гарданаш печонад ва хамаи фариштагон ва одамиён бар он зан лаънат кунанд. Хар зане, ки ба шавхари худ гуяд: ман аз ту хеч чизе надидаам. Аллох таъоло хафтодсола ибодати уро хабата гардонад, агарчи он зан тамоми умр руза дошта бошаду шаб намоз гузорида бошад. Хар зане, ки шавхари худро аз вачхи нафака гамгин созад ё кулфат расонад, Аллох таъоло намозу рузаи уро кабул накунад. Хар зане, ки бе ичозати шавхари худ аз хона барояд, то боз ба хона гашта омадани у, тамоми махлукоти осмону замни бо он зан лаънат фиристонанд. Хар зане, ки худро зиннату хушбуй карда аз дарвозаи худ берун барояд ва шавхари у ба он рози бошад, Аллох таъоло дар хар кадами у ба шавхараш хонае аз оташ бино кунад ва ба азоб гирифтораш кунад.
Фармуданд Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам: хар марде, ки зани худро дар бистари хоб талаб кунад ва он зан кабул накарда, ба бистари у наояд ва мард дар газаб ояд, фариштагон то субх бар он зан лаънат фиристонанд.
Мард бояд зани худро илму адаб ва шариат биёмузад ва агар кутохи кунад, хатари он бошад, ки дар охират хар ду ба азоб дармонанд ва аз бисёрии фарзандон наноланд, ки рузии онхоро Худои таъоло медихад. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд, ки бехтарин зан он аст, ки агар шавхар ба суи вай назар кунад, он зан сари худро дар пеш андозад ва агар шавхар ба коре амр кунад, итоат кунад шавхарро. Агар шавхар гоиб бошад, моли шавхарро
мухофизат кунад ва худро аз чашми номахрам и нигох дорад.
Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд: хар зане ки панч вакт намозро хонад ва рузаи мохи шарифи рамазонро дорад ва худро аз номахрамон мухофизат кунад ва шавхарро фармонбардори кунад, аз кадом дарвозаи бихишт, ки хохад дарояд.
Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармудаанд: як зани солиха бехтар аст аз хазор марди гайри солих ва хар зане, ки хизмати шавхари худро ба чо орад ва уро фармонбардори кунад, хафт дари дузах ба руи он зан баста гардад ва хашт дари бихишт ба руи вай кушода шавад ва бехисоб дохили бихишт гардад.
Хикоят. Овардаанд, ки дар замони пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам марде буд, ба чанг рафт ва ба зани худ гуфт: то омадани ман аз хона ба чое нарави. Баъд аз рафтани он мард падари он зан бемор шуда, аз барои дидани духтар кас фиристод. Он зани солиха гуфт: маро шавхар ичозати берун баромадан надодаасг.
Хешони у назди Расул салаллоху алайхи ва саллам рафта даъво карданд. Расул саллаллоху алайхи ва саллам бо он зан кас фиристод.
Он зан гуфт: ман итоати шавхарро ба чо орам, аз хона берун наравам.
Пас падари он зан даргузашт, кас фиристоданд, наарафт, то вакте ки шавхараш наомад, аз хона набаромад Ба пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам вахи омад, ки аз барои фармонбардории шавхари худ он занро магфират карда, гунохони у ва гунохони падари фавтидаи уро даргузаштам.
Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармудаанд: хар зане, ки либоси шавхари худро шуста, покиза кунад, Аллох таъоло бо он зан хазор савоб ато карда, хазор гунохи уро бахшад ва хазор дарачаи неки уро ато фармояд.
Овардаанд, ки рузе хазрати Фотима разияллоху анхо назди Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гирякунон омад, ки рангаш тагйир ёфта, зард гашта буд. Расули акрам саллаллоху алайхи ва саллам пурсиданд, ки эй духтари ман, чи холат туро вокеъ шудааст?
Хотуни киёмат гуфтанд: Расулаллох, хамрохи Муртазо Али карамаллоху вачха шухи мекардам. Аз сухани ман Али разияллоху анху дар газаб гардида хост, ки аз хона барояд, ман аз он сухан пушаймон шуда гуфтам: эй хабиби ман, дар вакти мазоху шухи надониста туро дар газаб овардам, аз он пушаймон шудам, аз ман рози бош, – гуфта хафт мартаба уро аз cap гардонидам.
Аз ман рози шуда ба руи ман хандид, бо вучуди ин аз Аллох таъоло тарсида, назди Шумо омадам.
Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: эй духтари ман, савганд ба зоти поки Аллох таъоло, ки ба рости маро ба халк фиристодааст, агар харойина пеш аз рози шудани шавхарат вафот мекарди, чанозаи туро намехондам. Эй духтари ман, бидон аз хар зане, ки шавхар рози бошад, Аллох таъоло аз он зан рози ва хар зане, ки шавхар аз он зан рози набошад, Аллох таъоло аз он зан рози нест.
Эй духтари ман, хар зане, ки мисли ибодати Марям бинти Умрон ибодат дошта бошад, агар шавхараш аз у норози бошад, он хама ибодати уро Аллох таъоло кабул накунад. Эй духтари ман, бехтарин аъмоли занон фармонбардории шавхар аст. Эй духтари ман, хар зане, ки як соат хамрохи шавхари худ ба хушвакти хазлу мазох карда шавхари худро хурсанд кунад, аз ибодати яксола бехтар бошад ва савоби шахидонро дарёбад.
Эй духтари ман, хар зане, ки ба сухани хушу махбубона дилрабои карда, шавхари худро хурсанд кунад, ё фарзандони худро хушвакт гардонад, Аллох таъоло вочиб гардонад ба он зан чаннатро ва ато мекунад ба хар хурсандии онхо барояш шахре дар бихишт.
Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам фармуданд: хар марде, ки ду зан дошта бошад, дар байни онхо адл накунад, дар нафака ва хоб кардан, дар таому шаробу либос баробар надорад, ман безорам аз он мард. У аз шафоати ман бенасиб бошад, магар он хангоме ки тавба кунад ва адлро пешаи худ созад.
Бидон, ки хизмат кардани занон мар шавхаронро аз вочиботи ислом аст ва хакки шавхар бар зан бисёр аст. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам гуфтаанд, ки ба гайри Худо каси дигарро сачда кардан мумкин нест, агар мумкин мебуд, ман амр мекардам занонро, ки шавхарони худро сачда мекарданд, аз бисёрии хакке, ки Худои таъоло додааст шавхаронро бар занон. Аммо фармонбардории зан мар шавхарро вакте вочиб шавад, ки коре фармояд, ки аз хукуки заношавхари ва хукуки шаръи бошад.