Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни намоз

Дар баёни намоз

Дар баёни намоз

Рузи махшар, ки чонгудоз бувад,

Аввали пурсиш аз намоз бувад.

Яъне: рузи киёмат бисёр рузи сахт аст. Дар ин дунё офтоб дар осмони чахорум аст ва пушташ ба тарафи замин гардонида шудааст. Бубинед, ки дар тобистон чи кадар харорати гарми дорад, ки токат карда наметавони. Дар рузи киёмат бошад, офтоб ба осмони якум омада микдори як найза ба болои сари одамон меистад. Замин чунон метасфад, ки оханеро дар оташ сурх куни, хамон гуна мешавад. Дар хамин рузи сахт мову шуморо аввал аз намоз мепурсанд. Агар панч вакт намозро дар вакташ гузорида боши, дар хамон рузи гарми он соябони ту мешавад, ки гармии он рузро хис намекуни.

Хазрати Пайгамбар (с) сахобагонро гуфтанд, агар дар пеши хонаи хар кадоми шумо дарёчаи оби равон бошад ва шумо дар он дарёча хар рузе панч маротиба оббози кунед, магар дар бадани шумо чирк мемонад?

 

Сахобахо гуфтанд, ки не.

Пайгамбар (с) гуфтанд, ки ана хамин гуна аст намоз, ки агар панч вакт намозро дар вакташ бигузори, дар бадани ту хеч гунохе намемонад.

Сахоба гуфта шахсонеро мегуянд, ки пайгамбар (с)-ро дида, ба у имон овардаанд ва дар мачлиси у нишастаанд.

Овардаанд, ки як марди бенамоз ба сафар баромад ва у бо шахсе дар рох хамрох шуд, то бегох рох рафтанду шаб шуд. Шахси хамрох шуда дид, ки шахси мусофир намози пешинро нахонд, намози асру шомро низ нахонд. Ба худ гуфт: шояд шаб намозхоро хонад. Чун шаб шуд дид, ки у тархи хоб кашид.

Шахси хамрохшуда гуфт: ман аз ту чудо мешавам. Мусофир пурсид: аз ман чи кутохи диди, ки чудо мешави?

Шахси хамрохшуда гуфт: ман шайтонам. Дар умри худ як бор тарки амри худо кардам, рондаи абади шудам. Ту боши, дар як руз панч маротиба тарки амри худо карди, метарсам, ки ба касофатии ту ба ягон доги малъунии дигар гирифтор на шавам.

Дар хакикат шайтон дар вакте ки Худои таоло хазрати Одам алайхи-с-саломро офарид, амр кард, ки уро сачда кун. Шайтон кибр карда, Одам алайхи-с-саломро сачда накард ва малъуни абади шуд.

Эй бародару хохари азиз, шайтон, ки аз одами бенамоз гурезад, пас чи кадар гунохи бузург будани бенамозиро тасаввур кунед!

Боз чои дигар мефармояд, ки рузе як шахси мусалмон назди Расули акрам (с) омада гуфт: ё Расулаллох, намедонам аз ман чи гунохе содир шудааст, ки тамоман баракат аз хонадони ман рафтааст. Расул (с) гуфтанд: оё ту намози панчвактаро намехони?

Он шахс гуфт: ё Расулаллох, панч вакт намозро хамрохи шумо мехонам.

Расул (с) гуфтанд: оё рузаи мохи шарифи рамазонро намедоред?

Он шахс гуфт: ё Расулаллох, рузаи мохи шарифи рамазонро медорам ва илова бар он ду мохи дигар пай дар пай рузаи нафл медорам.

Расул (с) дар тафаккур фуру рафтанд, ки барои чи баракат аз хонадони ин мард рафта бошад. Ногох Хазрати Чабраил алайхи-с-салом омаду гуфт, ё Расулаллох, Худои Таоло барои шумо салом мегуяд ва мегуяд, ки ин шахсро гуед, ки дар хамсоягии у дарахте аст ва дар болои он дарахт паррандае лона дорад, дар лонаи он парранда устухони шахси бенамозест. Аз ин чихат баракат аз хонадони ин мард рафтааст.

Акнун бародарон ва хохарони азиз фикр кунед, ки аз шумии устухони мурдае, ки дар лонаи дарахт аст, баракат аз хонадони ин бечора паридааст. Шумоён тасаввур кунед, ки агар шахси бенамоз дар хонадони шумо зиндагони кунад, аз шумии он чи кадар баракат аз хонадон мерафта бошад?.

Бидон, эй муъмини покизакирдор,

Намози хешро дар вакт бигзор.

Ба рузи хашр аввал аз салотат,

Хамепурсад худо пас аз закотат.

Дигар аз рузаву хач, эй мукаррам,

Зи хакки муслимин аз баъди он хам.

Намози хешро неку гузори,

Ба хавфу хашяту доим базори.

Макун андар намоз, эй дуст, таксир,

Ки то бошад ба рузи хашр тавфир.

Бувад бар ту намози бомдодон,

Ки то осон бигардад кандани чон.

 

 

 

Кабул афтад туро чумла ибодат,

Намози зухри ту, эй босаодат.

Зи бахри пок гаштан аз гунохон,

Намози аср бошад, эй мусалмон.

Гузаштан аз сиротат бар ту осон,

Намози шомро аз бахри он дон,

Ки аз торикии гурат амон аст,

Намози хуфтан аз бахри он аст.

Зи Иброхим пешин, эй мукаррам,

Намози бомдод омуз зи Одам.

Намози шом аз Исост, эй чон,

Намози дигар аз Юнус хамедон.

Намози витр аз пайгамбари мост,

Намози хуфтан, эй муъмин, зи Мусост.

Намоз, эй дуст, кори покбоз аст,

Намоз, эй дуст, розасту ниёзаст.

Намоз, эй дуст, кори анбиё шуд,

Намоз, эй дуст, кори авлиё шуд.

Ба у хохи гузашт аз рохи борик,

Намозат муниси шабхои торик.

Намозат рохати тан, низ чон аст,

Намози ту садои душманон аст.

Намозат шуд дуоятро ичобат,

Намозат шуд кабули чумла тоат.

Намозат асли имон аст, эй ёр,

Намозат файзи Рахмон аст, дидор.

Намозат соя бошад рузи махшар,

Намозат муниси гур аст, бингар.

Намоз аз оташи дузах начотат,

Намозат бигзаронад аз сиротат.

Нигахдорандаи гурат Ахад шуд,

Намозат рушноии лахад шуд.

Намозатро гарони шуд ба мизон,

Намозат дурии гамхои даврон.

Намозат сояи рузи киёмат,

Намозат дур дорад аз надомат.

Намозат парда аст аз нори сузон,

Нигах дорад намозат бар ту имон.

Намозатро сари имон хамедон,

Касеро cap набошад, нест имон.

Сутуни дин намоз аст, эй бародар,

Намозат нест, дини туст абтар.

Чаро гофил аз он рузи шумори,

Намози хешро вакташ гузори.

Хаётат доду сихат доду кудрат,

Хамин тавфик бошад бахри тоат.

Макун дигар бахона, эй чавон мард,

Намозатро хамебояд адо кард.

Расули хак хабиби хоси Рахмон,

Чунин фармуд рузе у ба ёрон.

Касе тарк оварад намози бомдодон,

Аз у безор гардидаст куръон.

Намози зухрро тарк оварад хай,

Малоик мешавад безор аз вай.

Чу дигар тарк орад, эй мусалмон,

Шавад безор аз он кас низ имон.

Хар он кас тарк месозад ишоро,

Зи худ безор гардонад худоро.

Вакте ки шахси мусалмон тахорат карда ба болои чойнамоз меояд, Худои таоло ба малоикахо мегуяд, ки ин бандан ман берунашро тоза кард, шумоён дарунашро тоза кунед. Яъне гунохояшро берун кунед, то ки ин банда бегунох шуда ба ман сухан гуяд. Малоикахо гуноххои уро берун мекунанд, вакте ки намозро тамом, кард малоикахо мегуянд, ки худовандо, ин бандаи ту намозро тамом кард, гуноххояшро ба у бозгардонем?

Хазрати худованд мегуяд, ки ман гуноххои вайро ба  муносибати намоз хонданаш бахшидам.

Шахси бенамоз лаънат карда шудааст, дар чахор китобе,

ки Худой таоло ба пайгамбарон фиристодааст.

* * *

Ба чаннат нест чои бенамозон,

Дихад дузах сазои бенамозон.

* * *

Суханхо дар мавзуи савоби намозгузори ва азоби бенамози бисёр аст, лекин ман гумон мекунам хамин хам барои шахси бофахм кифоя аст. Хулоса ин ки дар дунё аз бенамози гунохи вазнинтаре нест.

Худованди бузург ба хамаи мову шумо тавфики намоз хонданро арзони дорад, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …