Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни Хач кардан

Дар баёни Хач кардан

Дар баёни Хач кардан

Хач дар лугат касди амри бузургу азимеро гуянд ва дар истилохи шарьи иборат аз касд ба суи Байтулхарам бо аъмоли махсус, дар замони махсус аст. Хач дар шариати ислом аз мухимтарин фароиз буда ва мункири он аз дин хорич аст.

Зиёрати хонаи Каъба бар касе вочиб аст, ки зод ва рохила – (туша ва аспи савори) дошта бошад, инчунин шароити хочагиаш буд бошад ва пулу мол дошта бошад барои рахкиро ва рох кушода бошад ва гайра. Дар шароити хач мардон ва занон баробаранд, магар он ки мар занонро шавхар ё махрам шарт аст. Баъд аз зиёрат кардани хонаи Каъба зиёрат кардани равзаи Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам лозим аст.

Хикоят. Накл аст, ки Абдуллохи Муборак соле ба хач рафта буд. Баъд аз адои хач дар хоб дид, ки ду фаришта аз осмон фуруд омаданд. Яке аз дигаре пурсид, ки имсол чанд нафар ба хач омадаанд?

Гуфт: шашсад хазор.

Боз он фаришта пурсид, ки хачи чанд нафар кабул гардид?

Гуфт: хачи хеч кадомаш кабул нагардида аст. Абдуллохи Муборак мегуяд:

Чун ин сухан бишунидам, ларза дар вучудам пайдо шуд,-гуфтам кори мушкил, ки шашсад хазор бандаи мухточ аз гушаву канори олам бо машаккати тамом биёбонхо бурида ва риёзазхо кашида омадаанду ин хама бекор шавад ва хачи хеч кадомаш кабул нагардад.

Он гох фаришта гуфт:

Дар Димишк мардест, номи вай Али бинни Мавфик. У ба хач наёмадааст, аммо хачи уро Худои таъоло кабул кардааст ва хачи ин шашсад хазор хочиро ба туфайли у кабул кардааст.

Чун бедор шудам бо рафикони худ хайрухуш намуда ба суи Димишк рафтам ва хонаи вайро талаб карда ба шитоб ба дари хонаи вай омадам ва дарашро куфтам. Шахсе берун омад, гуфтам:

– Номи ту чист?

Гуфт:

-Али бинни Мавфик.

У гуфт:

Номи ту чист?

Гуфтам:

Номи ман Абдуллохи Муборак.

Чун номи ман бишунид, наъра бизад ва бехуш шуд. Чун ба хуш омад, он хобро бо вай хикоят кардам ва гуфтам:

Маро аз холи худ хабар дех, ту чи кор кардаи, ки хачи туро кабул кардаанд ва шашсад хазор хочиро ба ту бахшиданд?

Гуфт:

– Бидон, ки ман марди кафшдузе хастам ва си сол маро орзуи хач буд. Аз порадузи сесад дирам чамъ карда будам ва нияти хак доштам. Хамсарам дар хона хомила буд, аз хонаи хамсоя буи таом шунид, маро фиристод, ки аз он таоми хамсоя камтар барояш биёрам. Ба дари хонаи хамсоя рафтам ва фарёд кардам. Хамсоя берун омад, он хол бо у гуфтам. Гирён шуду гуфт: эй Али ибни Мавфик, ин таом, ки мо сохтем бар шумо халол набошад. Бидон, ки се шабонаруз аст, ки кудакони ман таом наёфтаанд ва дар хамаи шахри Димишк хеч коре наёфтам ва касс маро кор нафармуд. Хари мурдаеро дидам, ба кадри зарурат аз у гирифтам, то барои тифлон таом созам, ки он бар шумо халол набошад.

Чун ин сухан бишнидам, дарде дар дарунам пайдо шуд. Ба худ гуфтам: ба Каьба кучо меравам, хачи ман ин чо аст. Он сесад дирам бад-у додам ва гуфтам ин пулхои хонаи Каьба рафтанам буд, бигиру бар ахлу аёли худ нафака кун, ки хачи ман ин аст.

Абдуллохи Муборак гуфт:

Рост гуфтанд малоикахо дар хобам.

Азизи ман, дилхои шикастагонро дарёб, дардмандонро хотирчуи кун, дармондагонро ёри кун, ки ба хакикат хачи мабрур ва амали макбул он аст. Тавофи Каъбаи дил кун, ки аз тавофи Каьба зиёдат аст.

Дил ба даст оред, ки хаччи Акбар аст.

Аз хазорон каъба як дил бехтар аст.

Каъба эчоди Халили озар аст,

Дил назаргохи чалили Акбар аст.

Илохи моро ба рохи рост хидоят намуда, хачи мабрурро насибамон гардони, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …