Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни булуг ва худошиноси

Дар баёни булуг ва худошиноси

Дар баёни булуг ва худошиноси.

Бидон, ки булуг ду навъ аст, яке хукми, дигаре хакики, аммо булуги хукмии писарон аз дувоздах-понздах солагист ва булуги хакикии онхо, вакте аст, ки у эхтилом мешавад, яъне уро дар хобаш шайтон фиреб медихад ва об мебинад. Дар ин вакт у болиги хакики мешавад ва уро лозим аст, ки гусл кунад.

Тарикаи гусл кардан чунин аст: аввал тахорат мекунад, баъд се бор дахонашро ва се бор бинияшро об мегардонад. Баъд хамаи баданашро се бор мешуяд, то вакте, ки ягон муяш хушк намонад. Агар зери як муяш хушк монад аз чанобат пок намешавад.

Булуги духтарон бошад, хукмиаш аз нух солагист ва хакикияш, вакте ки эхтилом мешавад, ё ин ки хайз мебинад.

Хайз хунест, ки аз бачадони зани болига мерезад. Камтари вай се руз аст ва бисёраш дах руз аст. Чун духтар аз хайз пок шавад, ба вай низ гусл кардан ба тарики гуфташуда лозим мегардад.

Нифос хам махсуси занон аст ва нифос хунест, ки баъд аз кудак меояд. Камтари он муайян нест ва бисёраш чил рузаст.

Дах руз дар хайз ва чил руз дар нифос дар хакки духтарон ва занонест, ки бори аввал хайз мебинанд ё фарзанди нахустинро таваллуд мекунанд. Агар зан се бор хайз бинад ё се кудак таваллуд кунад, дар хакки у одат эътибор аст. Чунончи духтарест, ки аз се дафъа баъд, дар панч руз кок мешавад, одати у дах не, балки панч руз аст, ё зане, ки баъд аз се фарзанд дар бист руз кок мешавад, нифоси у чил руз не, балки бист руз аст. Агар мухлати баъзе занхо аз ин мисоли овардашуда зиёдтар ё камтар бошад, хамаашро ба хамин киёс кунед.

Зани дар хайз ё дар нифос буда корхои зеринро хакки ичро кардан надорад: намоз намехонад, руза намегирад, Куръон намехонад, дар масчид намедарояд, тавофи хонаи Каъба намекунад, бо мард хамхоба намешавад.

Зани аз нифос пок шуда низ гусл мекунад. Баъд рузаро казо медорад ва намозро не. Дар мавзуи хайз ва нифос суханхо бисёр аст, чойхои нофахми бошад, аз шахсони донишманд бипурсед, чунки ман ин чо мухтасаран овардам.

Эй бародар ва хохари азизу мехрубон, ту ки ба балогат расиди, вакги бепарвои ва шухию бозият гузашт. Вакти он расидаст, ки ту бо дилу чон Худоро бишноси ва гуфтахои уро ба чо биёри, чунки хамаи ин шароитхоро хазрати  Худованди азизу мехрубон барои мову ту ато кардааст. Яъне тани сихат, чашми бино, гуши шунаво ва гайра. Чунон зиндагони кун, ки гуфтаанд: Ту чунин буди, ки вакти омаданат ту гирён будиву хама хандон, акнуи чунон зих, ки вакти рафтанат хама гирён бошанду ту хандон. Яъне вакте ки ту таваллуд шуди, ту гирён буди ва мардум хандон буданд, ки кудак таваллуд шуд ва ту чунон зиндагонии ботоат ва ибодат кун, ки вакти аз дунё рафтанат хама ба марги ту гиря кунанд ва ту, ки худопараст ва бо такво боши, хандон мерави.

Бародар ва хохари азиз, пеш аз хама бояд, ки Худованди кодиру тавоноро бишноси ва имони фитриро мустахкам карда, камол дихи. Яъне калимаи Тайибаро, ки “Ло илоха иллалоху Мухаммадур-расулуллох” аст, бар забои бигуй ва ба дил тасдик ва бовар куни, ки нест Худое магар Аллох таоло ва Мухаммад алайхи-с-салом пайгамбари бархак аст.

Расули акрам (с) фармудаанд: касе ,ки нафси худро бишносад, парвардигори худро мешиносад, яъне касе дар офариниши худ фикр кунад, мефахмад, ки Худои мутаол уро аз як катра оби палид ба ин сурати зебо офарид ва хамаи аъзохои уро шакли муътадил ва зебо дод. Барои мисол чашмро гирем, хам сабаби зебоии мост, хам сабаби биноии мост. Агар нигох кунем, дар як назар кардан чандин фарсах дуриро бедушвори мебинем, бе он ки ба у кувваи барк хамрох кунем ё ин ки ягон мурвати уро тобем, ё ин ки фикру хаёлро мисол  оварем. Агар хохем даврони кудаки ва чавониро ба хотир оварем, дархол даврони чавони дар пешамон аён мешавад, бе он ки лентаро ба кафо гардонем, ё ба у куввае хамрох кунем.

Агар дахонро мисол орем, хам сабаби зебогии мост, хам мавзеи сухагуии мост, хам мавзеи таомхурии мост. Хулосаи калон ин ки хар як аьзои мо чандин кореро ичро мекунад, ки хар кадомаш ба санъати илохи далолат мекунанд.

Шумо фикр кунед, барои сохтани як аробачаи кудаки созанда ва офаранда лозим аст. Ин дунё бо ин калони замину осмон, офтобу мохтоб, куху дарёхо бе созанда ва офаранда хеч гох ва харгиз ба вучуд намеоянд.

Хикоят. Овардаанд, ки дар замони хукумати подшох Маъмун аз шахри Рум ба назди у табибе фиристоданд. Табиб бисёр донишманд буд, ба дарачае, ки сесад касро чамъ оварданд ва хар яке аз онхо ба шишахо пешоб карданд ва шишахоро бо якдигар иваз карданд. Яке шишаи дигареро гирифта ба пеши табиб мебурд. Хатто пешобхои чанд нафареро дар як шиша андохта, ба назди у бурданд. Донишмандии у чунон буд, ки сохиби аслии хар кадоми он шишахоро ёфта, доруи онхоро муайян менамуд. Хама аз донишмандии у хайрон шуданд, лекин у ба Худо бовар надошт.

Мегуфт: агар касе бар хастии Худо далел орад, ман мусалмон мешавам. Олимхои Рум аз далели боварибахш овардан очиз монданд. Хама чамъ шуда машварат намуданд ва гуфтанд, ки дар фалон деха Хоча Ахмад гуфтани шахси донишмандест, у метавонад, бо табиб бахс кунад. Подшох барои овардани у шахсеро равон кард ва вокеаро ба вай расониданд.

Хоча Ахмад гуфт: шумо мачлисро ташкил кунед ва уро ба

сухан машгул гардонед, ман дертар меоям. Маро суол кунед, ки чаро дер омади? То ман чавоб гуям.

Хамчунон махфил оростанд. Хоча андаке дертар ба мачлис хозир шуд.

Подшох аз вай пурсид: Хоча, чаро дер омади?

Хоча гуфт: ба лаби дарё рафтам, то ин ки тахорат кунам, ачоиберо дидам, ба тамошои он дер мондам.

Подшох гуфт: чи диди?

Хоча гуфт: дидам, ки дарахте аз замин баромад бе он ки уро касе бибурад, бияфтод ва дар замон тахтахо шуд ва дар якдигар баста шуд. Ва бе дуредгар кишти шуд ва бе ронанда ба руи об равон шуд. Машгули тамошои ин шудаму дер мондам.

Табиб ин суханро шунида гуфт: ин пири бехудагуй омадааст, ки бо ман бахс кунад, ин девона аст, бахсро нашояд.

Хоча гуфт:‘бехудагуй ва девона чароям?

Табиб гуфт: Мухол мегуйи. Харгиз дарахт худ намебарояд, ки худ афтода тахта шавад ва дар якдигар баста шавад ва бе дуредгар кишти шаваду бе ронанда дар об равон шавад.

Хоча гуфт: пас, эй ночавонмард, вакте ки дар сохтани як кишти ин мухол омад, ки бе созанда дар об равон нашавад, оламе бад-ин оростаги чи гуна бесонеъ бибошад ва ин осмон бад-ин баланди ва ин замин бад-ин махками ва ин чандин хазор сурат бад-ин зебои худ ба худ чи гуна мавчуд шаванд? Касе, ки оламро бе сонеъ гуяд, пас бехудагуй ва девона у бошад.

Табиб хайрон шуда лахзае андешид, баъд аз он cap бароварда гуфт: бар худ такабур натавон кард ва гуфт: ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох ва мусулмон шуд. * * *

Эй бародар, гар ту хасти хакталаб,

Чуз ба фармони худо макшой лаб.

 

Хоча ин суханро аз барои хуччат гуфт, на барои дуруг гуфтан.

Бародар ва хохари азиз, худовандро, ки шинохти, бояд ба гуфтахои у амал намои, то ки дар дунё ва киёмат сарбаланд ва обруманд боши.

Шахсе, ки даъвои мусалмони мекунад, у бояд бидонад, ки имон чист? Ва ислом чист? Ва дин чист? Хазрати Имоми Аъзам рахматуллоху алайхи мегуяд, ки имон икрор кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, хамин калимаи шарифро – ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох, яъне нест худое гайри худои таборак ва таоло ва Мухаммад фиристодаи худои таолост.

Ислом бошад, худро ба шариат супоридан ва амрхои шариатро ба гардан гирифтан аст. Имон бе ислом ва ислом бе имон дуруст намешавад, чунончи пушт бе шикам намешавад ва шикам бе пушт. Яъне инсоне, ки шикам дошта бошад ва пушт надошта бошад, у зинда намемонад ва инчунин инсоне, ки пушт дошта бошад ва шикам надошта бошад зинда намемонад. Аз ин фахмида мещавад, касе ки ба худо бовар дошта бошад ва амалхои исломиро ба чо наёрад, имони вай комил нест ё амалхои исломиро ба до орад ва ба худо бовар надошта бошад, имони у низ комил нест. Барои хамин кушиш кардан лозим аст, ки баъди худоро шинохтан амалхои исломиро ба чо биовари.

Дин номест, ки дар бар мегирад имонро ва исломро ва хамаи хукмхои шариатро, яъне имон чамъ мешавад, ислом чамъ мешавад ва хамаи хукмхои шариат чамъ мешаванд ва динро ташкил мекунанд ва инсон шахси диндор мешавад. Барои он ки мову шумо шахси диндори комил шавем, бояд гуфтахои зеринро ичро намоем.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамахои колхози Рудаки зимистон ба даштхои Узбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоххои худамон, ба Точи- кистон …