Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни Лайлатулкадр

Дар баёни Лайлатулкадр

Дар баёни Лайлатулкадр

Дар ин мохи бузург шабе хаст, ки уро шаби кадр меноманд ва дар кадом шаб будани вай ихтилоф аст. Лекин ба кавли аксари уламо ин шаб ба шаби бисту хафтуми рамазон рост меояд. Хар ки дар ин шаб ду ракаъат намоз хонад ва дар хар ракаъат баъд аз Алхамд хафт маротиба сураи Кул хуваллоху ахад хонад ва баъд аз салом хафтод бор “Астагфируллохи  таъоло ва атубу илайхи”-гуяд хануз аз чои худ барнахоста  бошад, ки Аллох таъоло он банда ва падару модари уро 1 магфират кунад.

-Хазрати пайгамбар алайхи-с-салом фармуданд, ки хар гохе ки бандаи муъмин рузаи мохи рамазонро тамом дошта, рузи ид ба намозгох равон шавад, Аллох таъоло гуяд, ки эй фариштагон, хар ки ба касе хизмат кунад, музди уро талаб мекунад, бандагони ман хизмати рузаи маро тамом карда акнун аз барои музди он ба идгох баромаданд, шумоён шохид бошед, ки онхоро магфират кардам.

Расул алайхи-с-салом фармуданд: хар ки садакаи фитрро пеш аз ид адо накунад, рузаи у дар байни осмону замин муаллак меистад. Хар гохе ки садакаи фитрро адо кунад, он гох Аллох таъоло ба рузаи у ду боли сабз ато кунад, то осмони хафтум парвоз карда, бо амри Аллох таъоло ба кандиле аз кандилхои арш нишаста, аз сохиби худ изхори ризоманди намояд.

Овардаанд, ки дар мохи мубораки рамазон рузе хазрати Усмон(р) пайгамбарро(салаллоху алайхи ва саллам) барои ифтор ба хонаи худ даъват карда буд. Дар хотири Усмон гузашт, ки хеч медони, киро ба хонаи худ даъват кардаи? Касеро ба хона»: худ даъват кардан, ки гарди кадами у ки ба арш расида буд, арши азим ифтихор мекард. Пас эй Усмон, туро хам шукронаи ин кадам мебояд кард.

Пас кадамхои уро шуморид, ки аз масчид то хонаи Усмон (р) сесаду шаст кадам шуд. Дар бадали хар кадами пайгамбар алайхи-с-салом амири муъминин Усмон ахд кард, ки як гулом озод кунад. Чун Усмон гуломонро овард, пайгамбар Алайхи- с-салом пурсид: ё Усмон, инхоро барои чи овардаи? Гуфт: назр кардаам ба бадали сесаду шаст кадами мубораки шумо инхоро аз мулки худ озод кардам. Баьд аз он чанд навъ таъом пеши пайгамбар ва ёрони у гузошт.

Чун аз таъом хурдан фориг шуданд, Расул (а) дуьо карданд ва бозгаштанд. Дар хотири Амирулмуъминин Али карамаллоху вачха гузашт, ки як домод туи, дуюм домод Усмон(р). У чандин иззату икром бикард Пайгамбарро. Аммо дар хонаи ту нони чавин барои ифтори Хасану Хусайн нест. Али нигаронхотир ба хона омад.

Назари хотуни чаннат хазрати Фотима бар Али (р) афтод, пурсид: чаро рухсораи мубораки шуморо нигарон мебинам?

Алй (р) хеч нагуфт. Боз Фотимаи захро гуфт: чонам фидои ту бод, чаро чавоб намегуи?

Боз Амирулмуьминин Али хомуш ва сукут монд. Боз он шафиъи занон огоз кард: Ё Али, магар аз чихати тангии маъош, яъне камбудии хона нигарони? Хеч гам махур, ки факр фахри бобои ман аст. Али сухан намегуфт. Фотимаро токат намонда бархост. Хафтод бор бар гирди сари Али гашт ва хамегуфт, ки (пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам) мефармояд, ки агар ба гайри худованд (зоти пок) сачда ба касе раво буди, мефармудам, то занон мар шавхарони худро сачда мекарданд. Акнун, ё Али, аз галабаи гами ту токатам намонд, акнун бигу, туро чи дар гам оварда аст?

Гуфт: Ё Фотима, Усмон Пайгамбар (а)-ро ба хонаи худ ба ифтор бурд ва ба хар кадами у як гуломе озод кард ва таъомхои рангоранг пеши Пайгамбар ва ёронаш кашид.

Дар хотири ман гузашт, ки як домод Усмон ва як домод манам. У чандин неъмат хайр кунад ва дар хонаи ман нони чавин бахри фарзандон набошад.

Фотима гуфт: Ё Али, магар мехохи, ки факри маро зохир кунони. Ту хам бирав, фардо Пайгамбарро бо дучанд ёрон, ки дар хонаи Усмон рафта буданд, биталаб ва биёр. Али гуфт; Ё Фотима, дар хона барои шаб хам таъом намебинам. Пайгамбарро бо дучанд ёр чи тавр талаб кунам?

Фотима гуфт: гам махур Худо бо мост.

Али ба масчид назди Пайгамбар рафта гуфт: Ё Расуллаллох, бо он кадар ёрон, ки дар хонаи Усмон рафта буданд, имруз бо ду чанд ёрон бахри ифтор дар хонаи мо оед. Пайгамбар фармуд: Ё Али, ман ахволи хонаи шумо неку медонам, чи тавр ин кадар халкро мехони?

Гуфт: Худованд мехрубон ва розик аст. Пайгамбар гуфт: Эй Билол, сахобагонро хабар кун, то вакти ифтор дар хонаи Али хозир шаванд.

Чун вакти ифтор наздик шуд, Али дар гушаи хонаи худ назар кард, аз ягон тараф асари дуд маълум нест. Али гуфт: Эй Фотима, вакти ифтор расид, чи кор кунем. Фотима гуфт: ё Али, Расули Худо ва ёронашро талаб карда биёр. Али ба масчид омад ва гуфт: Ё Пайгамбар бо чамиъи ёрон ба хонаи мо биёед. Пайгамбар(а) бо хамрохии асхоб ба хонаи Али биёмаданд, Пайгамбар (а) фармуд: Ё Али, аввал ба хона ту даро, баъдан мо медароем.

Али даруни хона даромада дид, ки Фотима даруни хучра cap ба сачда нихода ба даргохи Худованди таъоло илтимос мекунад. Илохи, агар Усмон Пайгамбарро ба куввати мол ба хонаи худ талабид, ман бар азаммату карами ту эътимод кардам, акнун маро назди падару ёрон ва назди Али шарманда масоз.

Али бар дари хучра истода шуд, медид дастархоне аз олами гайб, гуё як дона лаъл аз хаво пайдо шуд ва дар хучра даромада карор гирифт. Али cap даруни хучра карду гуфт:

Ё Фотима, cap аз сачда бардор, ки максуди ту хосил шуд. Фотима cap аз сачда бардошт, дастархони олами гайб дид ва гуфт:

  • Ё Али, акнун дасти мехмононро бишуед.

Пайгамбар бо ёрон даст бишустанд. Али дар хучра даромад, то дастархон аз хучра берун орад, аз забони Али беруномад:

  • Бубин, ё Фотима, ки ёрон бисёранд, аммо дастархон хурд аст.

Фотима гуфт:

  • Ё Али, магар дар чанги яхуд хамрохи пайгамбар набуди, ки дар водии хароб пайгамбар ва ёрон чудо афтода буданд. Ёрон мегуфтанд: Сайидо, магар дар водию биёбон чон хохем дод, ки хеч об наменамояд ва шутурон забон аз дахон берун кашидаанд. Пайгамбар алайхи-с-салом фармуд:
  • Кадре об дар коса кунед ва пеши ман биёред.

Ёрон чустучу карданд, кадре об ёфтанд ва онро пешипайгамбар оварданд. Пайгамбар (салаллоху алайхи ва саллам ) панч ангушти муборак дар коса андохт, аз хар ангушт чашмаи об равон шуд хама бихурданд ва бо худ об гирифтанд ва хамаи шутурон сероб шуданд. Ё Али, ту хам ин дастархонро пеши падари ман бурда бигуй: Сайидо, Фотимаи ту мегуяд: то дасти муборак дар хон кунад ва бигуяд, ки эй хон, васеъ шав. Он кадар васеъ шавад, ки тамоми ёрон бинишинанд ва таом хуранд.

Амири муьминин Али хон бигирифту пеши пайгамбар овард ва илтимоси Фотимаро арз кард. Бо илтимоси Фотима Расул алайхи-с-салом даст дар таом карду гуфт: эй хон, он кадар шав. ки тамоми ёрони ман гунчанд. Дархол дастархон чунон васеъ гашт, ки хама ёрон бинишастанд ва таъоми он хон бихурданд.

Баъд аз хурдани таом хазрати Чабраил алайхи-с-салом даррасид ва дар поён истода шуд, назари пайгамбар алайхи- с-салом бар мехтари Чабраил афтод, гуфт:

  • Эй бародари Чабраил, барон чи омади ва чи истодаи?

Гуфт:

Ё пайгамбари Худо, ман ходими ахли нубуватам ва муждаи башорат ба чихати Али ва Фотима ба чихати гунахгорони уммати ту овардаам ва дили муборакро шод гардонам. Хак таъоло мефармояд: агар Усмон кадамхои Шумо шуморида бар хар кадами Шумо як банда озод карда бошад, Али ва Фотима дар дунё факр, яъне камбагалиро ихтиёр кардаанд аз чихати онхо фармон ба фариштахо додем, то кадамхои Шумо дар шумор оранд, эй Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва саллам, аз хонаи Али то масчиди ту сесаду чанд кадам шудааст. Дар бадали хар кадами Шумо хафтод хазор оси, яъне гунахгоронро, ки номи онхо дар дузах аст, озод гардонидем.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …