Главная / Гуногун / Дар кучо бехтараш амонат гузошт?

Дар кучо бехтараш амонат гузошт?

Дар урфияти мардуми содда чунин аст, ки онхо пулхояшонро дар таги болишт (тагсари) нигох медоранд, ки ин амал дар баъзе вакт хатарноку камсамар аст. Лек гуфт, ки нигох доштани маблаг дар бонк низ 100%-а бехатару хеле муфид гуфтан нодуруст аст. Чунки бонкхо хам муфлис мешаванд ва дар баъзе холатхо хатто кишвархо харобу парешон мешаванд, ки дар натича амонатхои дар бонкхо гузошташуда нобуту бекадр мешаванд.

bonk

Дар хона амонатро нигох доштан низ як катор хатар дорад ва бар иловаи ин масъалаи аз даст додани фоидаи иловаги аз хисоби нагирифтани фоизи амонат вучуд дорад. Барои хамин хам масъалаи интихоби шакли нигахдории пул ба сифати амонат масъалаи хасос аст.

Барои интихоби чойи бехтарин бо максади нигахдори амонат маълумоту саводи хубро талаб мекунад ва хар касе, ки масъалахои бонки, молияви, сиёси, иктисодиро хуб дарк менамояд дар интихоби чойи бехтарини амонатгузори хатоги намекунад.

Шумо шояд вокиф бошед, ки бар асоси пош хурдани Иттиходи шурави бонкхои кишвар муфлис шуданд ва бар асари таваррум амонатхои мардум то хазорон маротиба бекурб шуданд. Инчунин чихеле, ки маълум аст солхои охир бар асоси бухрони иктисоди дар Точикистон аз соли 2015 инчониб якчанд бонкхои калонтарини кишвар ба мардум маблагхои амонатии онхоро саривакт ва пурра баргардонида наметавонанд, ки чумлаи онхо ин Агроинвестбонк, ТочикисодиротБонк, Фононбонк ва Таджпромбонк мебошанд.

Барои донистан оиди он, ки ба кадом чой маблагро амонат гузошт, дар бораи мавзуи.нозукихои амонатгухори маълумот бихонед.

Якчанд нозукихоро хангоми интихоби чойи амонатгузориро ба назар гиред!

  1. Агар шумо бонк ё ташкилоти молиявиро ба сифати чойи амонатгузори интихоб намоед, пас ба назар гиред, ки ин ташкилот бояд фаъолияти хуби якчандсола дошта бошад. Бонки хуб кадом буданаш ин масъалаи дигар аст ва вобаста ба он маълумоти васеъ дар дигар сахифахо гуфта шудаанд;
  2. Агар амонатро дар хона нигох доштани бошед пас хатман онро дар чойи ноаён (пинхон), камхаф дуртар аз обу оташ нигох дошта шавад. Инчунин чойи ниагхдории амонатро ба аъзоёни оила нагуед ва бехтараш пулро дар дохили сандуки охани бо кулфи мустахакам нигох доред;
  3. Агар пулро ба шакли электрони мубаддал карда амонатро дар воситахои электронии байналхалки нигох доштани бошед пас бехтараш дар интихоби низоми маъруфтарин аз чумла PayPal, Webmoney, YandexMoney ва гайрахо.
  4. Додани маблагхои амонатии худ ба дасти наздикони ва ё хешвандон. Дар инхолат.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …