Главная / Чамъият / Дар бораи мудофиаи ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи мудофиаи ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Ба Конуни Чумхурии Точикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи мудофиа» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1993, №14, моддаи 283) тагйироту иловахо дохил карда шаванд ва он дар тахрири зерин ифода гардад:

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи мудофиа

 mudofia-jt

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1995, №23-24, мод.366; с.1998, №23-24, мод.353; с.1999, №12, мод.310; с.2000, №11, мод.537; мод.549; с.2003, №4, мод.144; с.2004, №2, мод.36; с.2005, №3, мод.119; №12, мод.659; с.2007, №5, мод.357; с.2010, №12, к.1, мод. 804; с.2013, №7, мод.515;

Конуни ЧТ аз 26.07.2014 с., №1098)

 

Конуни мазкур асосхо ва ташкили мудофиаи Чумхурии Точикистон, ваколатхои макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор ва шахрвандонро дар сохаи мудофиа муайян мекунад.

 

БОБИ 1.

КОИДАХОИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Асосхои мудофиа

 

Зери мафхуми мудофиа системаи тадбирхои сиёси, иктисоди, ичтимои, харби, хукуки, экологи ва гайра фахмида мешавад, ки ба таъмини мустакилият, якпорчаги ва дахлнопазирии худуди чумхури, химояи манфиатхои давлат ва хаёти осоиштаи ахоли равона карда шудааст.

Мудофиа яке аз вазифахои мухимтарини давлат, кори тамоми халк ба хисоб меравад.

Мудофиа бо омодагии доимии Куввахои Мусаллах, иктисодиёт, худуд ва ахолии чумхури барои пешгирии тахдиди тачовуз, инчунин зада гардонидани тачовузи имконпазир дар хама вакту холат асос меёбад.

Мудофиа тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, Доктринаи харбии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, ташкил ва татбик карда мешавад.

Барои мудофиа бо истифодаи воситахои муборизаи мусаллах Кув­вахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  бунёд карда мешаванд ва ухдадории харбии шахрвандони Чумхурии Точикистон  мукаррар карда ме­шавад.

Ба мудофиа бо истифодаи воситахои муборизаи мусаллахона Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, ки вазифахои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраркардашудаи сохаи мудофиаро ичро мекунанд, чалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Чумхурии Точикистон Куввахои мусаллахи дигар давлатхо дар асоси шартномахои байнидавлати иштирок карда метавонанд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1098)

Ба гайр аз ин ба Агентии таъмнноти амволи махсуси назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки вазифахои хоси аз тарафи конунгузории Чумхурии Точикистон  муайянкардашудаи сохаи мудофиаро ичро мекунад, чалб карда мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с., №642)

Мавчудият ва ташкили дигар сохторхои гайриконунии харби дар Чумхурии Точикистон  аз тарафи Конун таъкиб карда мешавад.

 

Моддаи 2. Сиёсати харбии Чумхурии Точикистон

 

Сиёсати харбии Чумхурии Точикистон  чузъи сиёсати дохили ва берунаи давлат буда, аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Сиёсати харбии Чумхурии Точикистон  дар асоси ба хисоб гирифтани доктрина (таълимот)-и харби ва асосхои мудофиа ташкил карда ме­шавад.

 

Моддаи 3. Доктринаи харбии Чумхурии Точикистон

 

Доктринаи харбии Чумхурии Точикистон  аз руи усули басандагии мудофиа дар сохтмони Куввахои Мусаллах амал карда, ба он асос меёбад, ки Чумхурии Точикистон:

чанг ё истифодаи кувваи харбиро чун воситаи халли масъалахои байналхалки эътироф намекунад;

давлати дорои силохи заррави нест ва кушиши истехсол кардану ба даст овардани силохи заррави ё истифодаи онро аз худуди худ надорад;

ба ягон давлат даъвои арзи надорад ва дар симои ягон халк душманро намебинад;

хеч гох, аввалин шуда ба мукобили хеч мамлакате амалиёти чангиро сар намекунад, агар худи вай хадафи тачовуз карор нагирад;

мухофизати сулх ва амнияти байналмилалиро чун кафолати пойдории ахли башар эътироф менамояд.

 

Моддаи 4. Ташкили мудофиа

 

Ба ташкили мудофиа инхо дохил мешаванд:

танзими хукуки дар сохаи мудофиа;

тахия кардани сиёсати харби ва доктринаи харбии Чумхурии Точикистон;

пешгуи ва баходихи ба тахдиди харби;

сохтмон, тайёри ва дар холати омодаги нигох доштани Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, инчунин ба накша гирифтани истифо­даи онхо;

таъмини хамкории харбию сиёси бо дигар давлатхо ва мутобик намудани куввахо барои пешгирии тачовуз;

хифзи сархади давлати;

тахия, истехсол ва такмили силоху техникаи харби, ба вучуд овардани захираи онхо;

омодагии сафарбаркунандаи макомоти хокимияти давлати, корхонаву муассисахо, иктисодиёт, худуд, воситахои мухобирот ва ахолии мамлакат;

тараккиёти илми харби, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиави;

ба вучуд овардани захираи сарватхои модди дар манбаъхои дав­лати ва сафарбаркуни;

ба накша гирифтан ва амали гардонидани чорабинихои мудофиаи граждани ва худуди;

таъмини махфи доштани сирри давлати;

мутобик кардани фаъолияти макомоти хокимияти давлати дар сохаи мудофиа;

назорати ичрои Конунхо дар сохаи мудофиа ва сарфи воситахои бучет барои мудофиа;

чорабинихои дигар дар сохаи мудофиа.

 

Моддаи 5. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мудофиа

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

(КЧТ аз 26.07.14с., №1098)

 

БОБИ 2.

ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ХУДИДОРАКУНИИ

МАХАЛЛИ ДАР СОХАИ МУДОФИА

 

Моддаи 6. Салохияти  Мачлиси милли  ва Мачлиси намояндагон дар сохаи мудофиа

 

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон хангоми гузаронидани чаласахои якчоя:

– паёми Президенти Чумхурии Точикистонро оиди масъалахои мудофиа ва муайян намудани самтхои асосии сиёсати харбии давлат мешунаванд;

– ба истифодаи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон берун аз худуди он барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон ризоият медиханд;

– Президенти Чумхурии Точикистонро бо рутбаи олии харби сарфароз мегардонанд;

– Фармонхои Президенти Чумхурии Точикистонро дар бораи чори намудани холати чанг ва вазъияти фавкулодда, дар бораи истифодаи Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харби дар сурати ба вучудои ё тахдиди бавучудоии задухурдхои мусаллахона дар худуди чумхури, ки ба якпорчаги ва асоси конститутсионии  давлат тахдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умуми ва чузъи, дар бораи чавобшави аз онхо, дар бораи ташкил ва бархам додани хокимияти махаллии давраи чанг, катъ кардани чанг ва бастани сулх, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон тасдик мекунанд;

– Масъалахое, ки бо сархади давлати вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро мукаррар мекунанд.

Салохияти Мачлиси милли:

– конунхоеро, ки аз тарафи Мачлиси намояндагон дар сохаи мудофиа кабул мешаванд, чонибдори мекунад;

– барои таъин ва озод намудани сарпрокурори харби ризоият медихад;

– судяхои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад;

– масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяхои коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистонро барраси менамояд.

Салохияти Мачлиси намояндагон:

– конунхоро дар сохаи мудофиа кабул менамояд менамояд;

-аз руи масъалахои мухокимашаванда дар доираи ваколатхои худ карорхо кабул  мекунад ва ичрои онхоро назорат менамояд;

– бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон хайат, сохтори умуми ва шумораи Куввахои Мусаллах ва сохторхои дигари харбиро, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил шудаанд, тасдик мекунад;

– доктринаи харби ва хачми маблагчудокуниро аз бучет барои мудофиа тасдик мекунад;

– шартномахои байналмилалиро дар сохаи харби тасдик ва бекор мекунад;

– рутбахои харбиро мукаррар мекунад;

– матни Савганди харби, Оинномахои умумихарби, байракхои чанги ва парчамхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад.

 

Моддаи 7. Ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон  дар сохаи мудофиа

 

Президенти Чумхурии Точикистон хамчун Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва Раиси Шурои амнияти Чумхурии Точикистон  оиди таъмини кобилияти мудофиавии Чумхурии Точикистон  ва омодагии доимии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  тамоми чорахои заруриро мебинад. (КЧТ аз 26.07.14с., №1098)

Президенти Чумхурии Точикистон:

ба тасдики Мачлиси намояндагон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  лоихахои доктринахои харби, таклифхоро оиди хайат, сохтори умуми ва шумораи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар сохторхои харби, хачми харочоти бучет барои мудофиа пешниход мекунад;

фаъолияти ташкилотхои давлатиро дар сохаи мудофиа бо хам мутобик мегардонад;

Шурои амниятро ташкил намуда, ба он рохбари мекунад;

самтхои асосии хамкориро бо давлатхои дигар ва ташкилотхои байналмилали дар сохаи харби муайян мекунад;

гуфтушунидхо мегузаронад ва оиди масъалахои харби шартномахои байналмилалиро имзо менамояд;

барои гузаронидани озмоишхои махсуси аслихаву техника рухсат медихад;

консепсия ва накшахои сохтмони харби, накшахои сафарбаркуни, стратеги ва гайраро, ки бо амалкунии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  алокаманданд, тасдик мекунад;

бо пешниходи Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон накшахои чобачогузории Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар сохторхои харби, чобачокунии объектхои харбиро тасдик менамояд;

холати чанг, сафарбаркунии умуми ва чузъи, холати харбиро дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон  ё дар махалхои алохидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдики чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон  пешниход мекунад;

ба Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  барои амалиёти хар­би фармон медихад;

оиди истифодаи Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харби дар сурати ба вучудои ё тахдиди бавучудоии задухурдхои мусаллахона дар худуди чумхури, ки ба якпорчаги ва асоси конститутсионии давлат тахдид мекунад, фармонхо медихад, ки баъдан ин карорхо дар  чаласахои якчояи  Мач­лиси милли ва Мачлиси намояндагон  тасдик карда мешаванд;

дар хусуси ташкил, аз дигар ташкил кардан ва бархам додани кисмхои харби дар худуди шумораи мукарраркардаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  фармон медихад;

дар бораи муваккатан ё доими ба ихтиёри фаврии Ситоди генералии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  додани сохторхои харби фармон медихад;

санадхои меъёрии замони чангро дар амал чори мекунад ва амали онхоро катъ менамояд, онхоро барои тасдик ба чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

оиди даъвати шахрвандони Чумхурии Точикистон  ба хизмати харби фармонхо мебарорад;

Низомномаро дар бораи  Ситоди генералии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дар хусуси ёд намудани Савганди харби оиди масъулияти моддии хизматчиёни харби барои зарари ба давлат расонида ва дигар масъалахое, ки дар конунхо мустакиман ишора шудаанд, тасдик мекунад номгуи мансабхоеро, ки ба онхо хайати олии афсари таъин меша­ванд мукаррар мекунад;

накшаи мудофиаи граждани ва худудии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

Вазири Мудофиаи Чумхурии Точикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, фармонро барои тасдик ба чаласахои якчояи  Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон  пешниход менамояд; (КЧТ аз 26.07.14с., №1098)

Ситоди генералииКуввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, фармондехони навъхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро бавазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

рутбахои олии харбиро медихад; (КЧТ аз 29.12.10с., №642)

барномахо ва накшахои давлатии тараккиёти аслиха ва техникаи харбиро дар хачми маблагхои чудокардашуда тасдик мекунад;

сиёсати харбии давлатиро муайян мекунад.

 

Моддаи 8. Ваколатхои Шурои амнияти Чумхурии Точикистон

 

Шурои амнияти Чумхурии Точикистон  аз руи масъалахои мудофиа ва амнияти Чумхурии Точикистон  макомоти рохбарии дастчамъона ба шумор меравад.

Ваколатхои Шурои амнияти Чумхурии Точикистонро Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи амният» ва Низомнома оиди Шурои ам­нияти Чумхурии Точикистон, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон  тасдик карда мешавад, муайян мекунанд.

 

Моддаи 9. Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон

 

Хукумати Чумхурии Точикистон  дар доираи ваколатхои худ:

барои холати кобилияти мудофиавии Чумхурии Точикистон  чавобгар аст;

ба фаъолияти макомоти ба вай тобеъ оиди таъмини мудофиа, тачхизонидани Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харби бо аслиха, техникаи харби ва воситахои дигари модди рохбари мекунад;

хачми манбаъхои моддию техники, хуроквори, амволу ашёи барои мудофиа, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва сохторхои харбии дигар заруриро муайян мекунад;

тахия ва ичрои накшаву супоришхои сафарбаркуни, накшахои захи­раи манбаъхои сафарбаркуни ва давлатиро ташкил мекунад;

ташкили инфраструктураи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар сохторхои харбиро таъмин менамояд;

ба мудофиаи граждани, худуди, омодагии сафарбаркуни, сафарбаркунии иктисодиёт ва ба шароити замони чанг мувофик гардонидани он рохбари мекунад, доир ба масъалахои мазкур санадхои меъёрии мувофик интишор мекунад;

дар сохаи харби аз номи хукумати Чумхурии Точикистон  ё аз номи Чумхурии Точикистон  шартномахои байналмилалиро оиди масъалахое, ки бевосита ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  дахл доранд, мебандад ва бекор мекунад;

дар худуди ваколатхои ба зиммааш гузошташуда ичрои ухдадорихоеро  ташкил мекунад, ки дар шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон  оид ба масъалахои мудофиа дарч шудаанд;

оиди таъмини ичтимоии хизматчиёни харби шахсоне, ки аз хизмати харби озод шудаанд, инчунин аъзои оилахои онхо кори ташкилотхои тобеъро ташкил менамояд;

барои хайати граждании Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар сохторхои харби, инчунин барои коргарону хизматчиёни корхонахо, муассиса ва ташкилотхои мудофиави вобаста аз шароити мехнат имтиёзхо мукаррар мекунад;

тартиби супурдан, ба ичора додан, фурухтан, бархам додан ва аз хисоб баровардани аслихаву техникаи харби, объектхои мудофиави ва дигар амволи харби пешниход ва истифодаи заминхо ва дигар манбаъхои табиии барои мудофиа зарурро мукаррар мекунад;

коркард ва истехсоли аслихаву техникаи харби, конверсия, рекон­версия ва тараккиёти саноати мудофиавиро ташкил мекунад;

содирот ва воридоти аслихаву техникаи харби ашёи стратеги, технологияи пешкадам ва махсулоти таъминоти гуногундарачаро назорат менамояд;

дар бораи ташкил, тагйири таъинот ва бархам додани корхонахои давлатии мудофиа, ташкилотхои тадкикоти илми ва озмоишии конструктори, муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби, кафедрахои хар­бии назди муассисахои давлатии таълимии тахсилоти олии касби карор кабул мекунад, инчунин аз руи ихтисосхои харби тартиби тайёр кардани кадрхои афсариро муайян менамояд;

Низомномаи Вазорати Мудофиаи Чумхурии Точикистон дар бораи макомоти махаллии идоракунии харби, оид ба тартиби адои хизмати харби, дар хусуси бахисобгирии низомиён, даъватшудагон ва манбаъхои техника, дар бораи гузаронидани чамъомадхои харби, оиди кафедрахои харбии назди муассисахои давлатии таълимии тахсилоти олии кас­би ва дигар низомномахоеро, ки хаёту фаъолияти Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харбиро танзим менамоянд, тасдик мекунад;

муовинони Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистонро таъин меку­над. (КЧТ аз 29.12.10с., №642)

 

Моддаи 10. Ваколатхои хокимияти суди

 

Хокимияти суди дар худуди ваколатхои худ дар таъмини мудофиа иштирок мекунад.

Дар сохтори макомоти хокимияти суди судхои Чумхурии Точикистон ташкил мешаванд, ки ваколатхои онхо бо Конуни Конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон» муайян мегарданд.

 

Моддаи 11. Ваколатхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон

 

Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон:

барои холати омодагии чангии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  масъул аст;

мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сиёсати сохаи сохтмони Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро татбик ме­намояд;

дар омода сохтани пешниходхо дар сохаи сиёсати харби ва доктринаи харбии Чумхурии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Президенти Чумхурии Точикистон иштирок менамояд;

пешниходхоро оиди лоихаи бучети харби омода месозад ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон  пешниход менамояд, дар хусуси истифодаи маблагхои барои мудофиа чудогардида хисобот медихад;

таъминоти молияви, техники ва акибгохии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро амали менамояд;

дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон адои хизмати харби­ро ташкил мекунад ва хифзи ичтимоии хизматчиёни харби, хайати граж­дании Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, шахсони аз хизмати харби чавобшуда ва аъзои оилаи онхоро таъмин менамояд;

тарбияи хукуки, маънави ва харбии ватандустии хайати шахсии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро ташкил ва таъмин менамояд;

ба ташкилотхои мададгори мудофиа ва клубхои харбии ватандусти барои амали намудани вазифахои оинномавии онхо ба манфиати мудо­фиа хамкори менамояд;

дар асоси шартнома корхои тадкикоти илми ва озмоиши конструкториро дар сохаи мудофиа, истехсол ва хариди аслиха ва техникаи хар­би, озука, пушока ва амволи дигар, манбаъхои модди ва гайрахо, инчунин корхои пудрати ва хизматхоро барои эхтиёчоти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар худуди маблаги ба ин максадхо чудошуда фармоиш медихад ва маблаггузори мекунад;

бо муассисахои харбии дигар кишвархо хамкори мекунад;

ба илми харби рохбари мекунад, тадкикоти илмии харби ташкил мекунад ва мегузаронад;

ичрои конунгузориро дар сохаи мудофиа дар Куввахои Мусаллах, инчунин конунгузории чории Чумхурии Точикистонро дар бобати хифзи мухити зист хангоми фаъолияти онхо таъмин менамояд;

дар худуди ваколати худ сиёсати кадриро дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  амали менамояд;

муборизаро бар зидди терроризм аз чумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз чумла таъминкунии мукаррарнамудаи хамин Конун, дигар конунхо ва санадхои меъёрию хукуки ба амал мебарорад;

дигар ваколатхоро, ки дар асоси низомномахои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон  ва Ситоди генералии  Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  пешбини шудааст, ичро мекунад.

 

Моддаи 12. Ваколатхои вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон  дар сохаи мудофиа

 

Вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон:

ба тайёрии сафарбари дар системаи вазоратхо ва идорахо рохбари менамоянд ва дар лоихахои тараккиёти иктисоди ва ичтимоии соха оиди истехсоли махсулот ва молхои таъиноти харби, сохтмони объектхои мудофиави, тайёр намудан ва такмил додани дониши харбии куввахои дар эхтиёт буда, чудо намудани маблагхои даркории моддию молияви барои эхтиёчи мудофиа ва ичрои вазифахои сафарбари фармоишхои дахлдор пешбини менамоянд;

ташкил, таракки ва нигохдории иктидорхои сафарбари, чамъоварии резервхои давлати ва сафарбариро анчом медиханд;

чорабинихои мудофиаи граждани ва худудиро ташкил намуда, мегузаронанд ва ичрои онро аз тарафи сохторхои идоракуни ва истехсолии тобеъашон назорат намуда, барои ин максадхо маблаг чудо мекунанд;

ичрои санадхои меъёрии хукукиро оид ба масъалахои мудофиа дар соха ва харчи маблагхоеро, ки ба сохторхои тобеъ барои мудофиа чудо карда мешаванд, назорат мекунанд.

Дигар ваколатхои вазорату идорахои Чумхурии Точикистон аз та­рафи Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян мегарданд.

 

Моддаи 13. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии махалли

 

Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли дар доираи ваколатхои худ барои холати мудофиа, аз чумла му­дофиаи граждани ва худуди масъуланд ва таъмини чорабинихои зеринро ба ухда доранд:

ичрои хатмии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мудофиа аз тарафи ташкилоту муассисахои тобеъ, шахсони мансабдор ва шахрвандон; (КЧТ аз 26.07.14с., №1098)

таъмин кардани Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харбибомахсулоти истехсоли махалли, бо об, кувваи баркию гарми, воситахои алока, хизматрасонии коммуналию манзили ва гайра;

ичрои чорабинихои хифзи ичтимои-хукукии хизматчиёни харби, даъватшавандагон, шахсони ухдадори харби ва аъзои оилаи онхо ба тавре, ки конун муайян намудааст;

кайди харби ва тайёрии шахрвандон ба хизмати харби, даъвати онхо ба хизматм харби, чамъомадхои харби ва сафарбари;

ичрои барномаи гузаронидани иктисодиёт ба низоми кории холати чанги, чихозонидани каламрави кишвар ба манфиати мудофиа;

ичрои накшаю супоришхои сафарбари;

хифозати кабристонхои харби ва дигар объектхои харбие, ки хотираи шахсони дар рохи мухофизати Ватан халокшударо абади мегардонанд.

чудо намудани китъахои замин барои эхтиёчоти мудофиа ва назорат ба истифодаи онхо;

кумак расонидан ба чойгирони ва манзилгирии кушун;

хамкори бо макомоти идоракунии харби ва идоракунии кушун дар махалхо оиди масьалахои мудофиа.

 

БОБИ 3.

ВАЗИФАХОИ КОРХОНАХО, МУАССИСАХО, ТАШКИЛОТХО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР,

ХУКУК ВА ВАЗИФАХОИ ШАХРВАНДОН ДАР СОХАИ МУДОФИА

 

Моддаи 14. Вазифахои корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо дар сохаи мудофиа

 

Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста аз тобеияти идори ва шакли моликияташон мутобики санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон:

фармоишхои давлати ва ухдадорихои шартномавиро оиди ташкил, истехсол, таъин ва таъмири аслиха ва техникаи харби, дигар амвол ва ресурсхои харби, корхои пудрати ва адои хизматхо барои эхтиёчи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар вохидхои харби ичро мекунанд;

тадкикоти илми ва иктишофоти сохаи мудофиаро анчом медиханд;

тибки барномахои сафарбари иктидори резервхои лозимаи сафарбариро ташкил медиханд ва дар холати омодаги нигох медоранд, вазифахои харбии наклиётива коммуникатсионива дигар супоришхоро ичро мекунанд;

дар чорабинихои мудофиаи граждани ва худуди иштирок менамоянд;

ба коркунони худ барои ичрои ухдадорихои харбиашон шароити мусоид фарохам меоваранд;

барои эхтиёчи мудофиа, ки тибки Конуни мазкур муайян гардидааст, харочоти лозима мекунанд;

барои ичрои накшаи гузаронидани иктисодиёт ба кори шароити давраи чанг чорачуи мекунанд;

шахрвандонеро, ки барои хизмати харби даъват мешаванд ва ухдадорони харбиро ба кайди харби гирифта, кормандонро дар давраи чанг брон мекунанд.

Шахсони мансабдор тибки мансаби ишголкардаашон бояд вазифахои худро оиди масъалахои мудофиа, агар чунин вазифахо мутобики конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  пешбини шуда бошанд, донанд ва ичро намоянд.

 

Моддаи 15. Вазифахои иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхои мусоидати мудофиа

 

Иттиходияхои чамъияти, воситахои ахбори омма, ташкилотхои мусоидати мудофиа дар фаъолияти худ бояд конунхои Чумхурии Точикистонро риоя намоянд, ба фошгардии сирри давлати рох надиханд, дар мустахкам гардонидани кобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи харби-ватандустии шахрвандон кумак расонанд аз имкониятхои худ истифода бурда, дар ичрои вазифахои сафарбарии замони чанг иш­тирок намоянд.

Ташкилотхои мусоидати мудофиаи Чумхурии Точикистон  илова бар ин барои сифати тайер намудани мутахассисон аз руи талабномахои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон  барои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар вохидхои харби масъуланд ва вазифадоранд, ки:

навъхои варзиши техники, авиатсиони, харби-амали ва эчодиёти техникаи чавононро равнак диханд;

дар асоси худмаблаггузори тайёр намудани шахсони дорои ихтисосхои оммавии техникаро, ки ахамияти харби-амали доранд, ба рох монанд;

дар вакти чанг дар таълими умумии харбии ахоли ва бо истифодаи имкониятхои худ хал намудани вазифахои сафарбари иштирок кунанд.

Фаъолияти хизбхои сиёси ва дигар иттиходияхои чамъияти, ки ба хароб намудани Мудофиа ва тайёрии чангии Куввахои Мусаллах ва ди­гар вазифахои харбии Чумхурии Точикистон  равона гардидааст, манъ аст.

 

Моддаи 16. Хукук ва вазифахои шахрвандони Чумхурии Точикистон  дар сохаи мудофиа

 

Хифзи Ватан, химояи манфиатхои давлат, тахкими истиклолият, амният ва иктидори мудофиави вазифаи мукаддаси конститутсионии хар як шахрванди Чумхурии Точикистон  буда, хизмат дар Куввахои Мусаллахи он вазифаи фахри мебошад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон  мутобики конун:

Ухдадории харбиро ичро мекунанд ё ихтиёри ба хизмати харбии дохил мешаванд;

дар чорабинихои мудофиаи граждани ва худуди иштирок мекунанд;

метавонанд корхонаву ташкилотхои чамъияти, ки барои мустахкам намудани мудофиа равона гардидаанд, ташкил кунанд:

дар вакти чанг бо талаби макомоти амалкунандаи хокимият бинохо, иншоотхо, воситахои наклиёт ва дигар амволеро, ки моликияти онхост, бо рохи минбаъд аз тарафи давлат чуброн кардани онхо барои эхтиёчоти мудофиа медиханд.

 

 

БОБИ  4.

КУВВАХОИ  МУСАЛЛАХИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА ДИГАР  ВОХИДХОИ  ХАРБИ

 

Моддаи 17. Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

 

Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон сохтори харбии давлати мебошад, ки барои мухофизати мусаллахонаи истиклолият ва тамомияти арзии чумхури аз тачовуз таъин гаштааст.

Вазифа, тартиби пуррасози ва идоракунии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Кув­вахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон» ва дигар санадхои конунгузори муайян мегардад.

 

Моддаи 18. Вохидхои дигари харби

 

Таъинот, вазифахо, тартиби пурра кардан ва идоракунии вохидхои харбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, кушунхои мудофиаи граждании Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Агентии таъмнноти амволи махсуси назди Хукумати Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 29.12.10с., №642; аз 26.07.14с., №1098)

Дар замони чанг вохидхои харбии номбурда ба хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  дохил мешаванд.

 

БОБИ  5.

ХОЛАТИ ЧАНГ. ВАЗЪИЯТИ ХАРБИ. САФАРБАРКУНИ

 

Моддаи 19. Холати чанг. Замони чанг

 

Холати чанг дар сурати ба хатари вокеи дучор шудани амнияти давлат, ки дар шакли тачовуз ё хатари тачовузи зидди Чумхурии Точикистон ифода ёфтааст, инчунин дар сурати зарурати ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон, аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон эълон мегардан. Бо эълони холати чанг ё огози амалиёти харби замони чанг фаро мерасад. Огози замони чанг руз ва соати эъ­лони холати чанг ё тачовуз ба Чумхурии Точикистон  хисоб меёбад.

Анчоми замони чанг руз ва соати эълоншудаи ба охир расидани амалиёти харби хисоб меёбад.

Дар сурати тачовуз ба Чумхурии Точикистон  Шурои амнияти Чумхурии Точикистон, фармондехии харби, макомоти хокимияти давлати ва худидоракунии махалли эълони чангро интизор нашуда, вазифадоранд барои зада гардонидани тачовуз тамоми чорахоро андешанд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1098)

 

Моддаи 20. Вазъияти харби

 

Вазъияти харби дар махалхои чудогона ё дар тамоми каламрави чумхури дар сурати эълони холати чанг ё хангоми хатари вокеии амни­яти давлат, ки дар хатари тачовуз ё тачовузи зидди Чумхурии Точикистон ифода ёфтааст, аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон  чори мегардад.

Бо чорй гардидани вазъияти харби ваколатхои фармондехии харби васеъ мегардад, ба у вазифахои макомоти хокимияти ичроия дар сохаи мудофиаи тибки тартиби муайяннамудаи конун мегузарад.

Дар давоми вазъияти харби барои манфиати мудофиа фаъолияту хукуки корхонахо, идорахо ва ташкилотхо, инчунин хукуки конститутсиони ва озодии шахрвандон махдуд гардида, ваколатхои макомоти дахлдори хифзи хукук васеъ мегардад.

Вазъияти харби баробари бартараф шудани хатари тачовуз ё анчоми холати чанг бекор карда мешавад.

Низоми холати харби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  муайян мегардад.

 

Моддаи 21. Сафарбари

 

Бо эълони холати чанг ё вазъияти харби сафарбарии умуми ё чузъи ба максади татбики чорабинихо барои гузаронидани макомоти хокими­яти давлати ва худидоракунии махалли, корхонахо, идорахо ва ташкилотхо аз низоми кори замони осоишта ба низоми кори замони чанг, инчу­нин гузаронидани Куввахои Мусаллах ва дигар сохторхои харбии Чумхурии Точикистон  ба ташкил, хайат ва идоракунии кушунхо, ки барои замони чанг пешбини гардидааст, эълон карда мешавад.

Тартиби омода кардан ва гузаронидани сафарбари тибки конунгузо­рии Чумхурии Точикистон  муайян мегардад.

 

БОБИ 6

МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ ВА ХУДУДИ

 

Моддаи 22. Мудофиаи граждани

 

Мудофиаи граждани ба максади хифзи ахоли, корхонахо, идорахо ва ташкилотхо аз харобшави ва дигар хатархо, ки дар натичаи амалиёти чанги, инчунин дар холати офатхои табии, садамахо, фалокатхо, эпидемияхо, муромурии хайвонот ва дигар холатхои фавкулодда ба амал меоянд, ташкил мегардад.

Таъинот, вазифахо, ташкилва идоракунии мудофиаи граждани тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  муайян мегарданд.

 

Моддаи 23. Мудофиаи худуди

 

Мудофиаи худуди ба максади бастан, мудофиа ва мухофизат кардани сархади давлати, объектхои мухим ва роххои алока аз хучуми душман, мубориза бо десантхои он ва гуруххои диверсиони-иктишофи нигох доштани тартиботи холати харби ташкил мегардад.

Вазифахо ва ташкили мудофиаи худуди, тартиби хамкории куввахо ва воситахои он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  муайян мегардад.

 

БОБИ 7.

ТАЪМИНОТИ  ИКТИСОДИИ  МУДОФИА

 

Моддаи 24. Омода сохтани иктисодиёт ба таъмини мудофиа

 

Омода сохтани иктисодиёт ба таъмини мудофиа ба ухдаи Хукумати Чумхурии Точикистон  гузошта мешавад.

Барои омода сохтани иктисодиёт ба таъмини мудофиа дар замони осоишта инхо пешаки ташкил ва истифода мешаванд:

иктидори илми-техники ва кудрати истехсоли барои гузаронидани тахкикот, коркард ва ташкили истехсоли маводи таъиноти харби ва мудофиави;

системахои гункунии захирахои модди, манбаъхои молияви ва модди;

системахои нархгузори, андозхо, карзхо, мучизоти иктисоди, меъёри ва ичрои фармоишхои давлати ва шартномахои хусусияти мудофиави дошта;

системахои чорабинихо дар бобати омодагии сафарбарии иктисо­диёт ва идоракунии он дар замони осоишта.

 

Моддаи 25. Таъмини кадрии мудофиа

 

Ба максади конеъ гардонидани талаботи мудофиа омузиш ва бозомузии кадрхои харби дар муассисахои харбии таълимии тахсилоти касби ва дар кафедрахои харбии назди муассисахои давлатии таълимии тахсилоти олии касби, инчунин, тибки созишномахои байнидавлати дар хорича сурат мегирад.

Барои ичро намудани чорабинихо дар сохаи мудофиа, аз чумла мудофиаи граждани ва худуди дар назди вазоратхо шуъбахои махсус ва намояндагии харби ташкил мегарданд, ки ваколати онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян мекунад.

 

Моддаи 26. Таъмини молияви ва модди-техникии мудофиа

 

Таъминоти молиявии эхтиёчоти мудофиа, сохтмон ва нигохдории Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва дигар вохидхои харби аз хисоб ва дар худуди маблаге, ки дар бучети чумхури пешбини шудааст ва таъминоти модди-техники ба таркиби хакки аввалиятдори сурат мегирад.

 

Моддаи 27. Истифодаи амвол ба манфиати мудофиа

Объектхои харби, хамаи навъхои силох, техникаи харби, лавозимоти чанги ва дигар амволи харби-техники моликияти чумхурияви хисоб меёбанд ва дар ихтиёри оперативии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон  ва дигар вохидхои харби мебошанд. Зимнан объектхои харбие, ки аз тарафи сохторхои номбурда дар замони осоишта истифода намегарданд, бояд консерватсия карда шаванд ва ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои истифодаи муваккати (аз чумла ба ичора) дода шаванд.

Дар холате, ки истифодаи объектхои мудофиави нолозим мегардад, ин объектхо метавонанд тибки шарту тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян менамояд, фурухта шаванд.

 

Моддаи 28. Додани замину иншоот, объектхо ва амволи дигар ба­рои эхтиёчоти мудофиа

 

Замин, дигар манбаъхои табиии барои эхтиёчоти мудофиа тибки шарту тартибе, ки конунгузори муайян намудааст, дода, зиёну талафи вобаста ба гирифта шудани замину манбаъхои табии барои эхтиёчи му­дофиа чуброн карда мешаванд.

Ба идорахои харби додани бинохо, иншоот, объектхо ва дигар амвол ва баргардонидани онхо хамчунин мутобики тартибе сурат мегирад, ки конунгузори муайян кардааст.

 

БОБИ 8.

УХДАДОРИХОИ  ХУКУКИИ  БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

 

Моддаи 29. Риояи меъёрхои хукукии байналмилали

 

Чумхурии Точикистон  хангоми ташкил ва амали кардани мудофиа вазифадор аст, ки меъёрхои хукуки башар ва шартномахоеро, ки худ иштирокчии он аст, риоя намояд.

Чумхурии Точикистон хангоми ташкил ва амали кардани мудофиа бартарии санадхои хукукии байналмилалиро  дар сохаи мудофиа ва амният нисбати конунгузории милли дар ин сохахо эътироф мекунад.

Дар холатхои ба санадхои хукукии байналмилали мувофикат накардани конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи мудофиа санадхои хукукии байналмилали ба кор бурда мешаванд.

 

 

Моддаи 30. Хамкории Чумхурии Точикистон  бо дигар давлатхо дар сохаи мудофиа

 

Чумхурии Точикистон ба Оинномаи Созмони Милали Муттахид дар хусуси хукуки мудофиаи инфироди ва коллективи такя намуда, бо ди­гар кишвархо дар сохаи сохтмони харби ба максади таъмини мудофиаи якчоя аз тачовуз, нигохдории амният ва сулхи байналхалки хамкори менамояд.

 

БОБИ 9.

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ КОНУНГУЗОРИ ОИДИ МУДОФИА

 

Моддаи 31. Масъулият барои вайрон намудани конунгузори оиди мудофиа

 

Агар шахсони мансабдор ва шахрвандон конуни мудофиаро ичро накунанд ва ё ба таври бояду шояд ичро накунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешаванд.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                      Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе,  4 ноябри соли 1995

№ 208

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …