Главная / Чамъият / Дафн кардани мурда

Дафн кардани мурда

Дафн кардани мурда

Бидон, ки корсози ва дафн, яъне кабр кардани мурда ва намози чаноза хондан аз хукукхоест, ки мусулмононро бар якдигар мебошад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар кас намози чанозаи  шахси мусулмонро хонад, барои у кироте бувад аз ачру савоб. Агар интизори кашад, то мурдаро кабр кунанд, ду кирот савоб ёбад.

Гуфтанд: – Ё Расулаллох, кирот чи микдор вазн дорад?

Фармуданд, ки хурдтари он монанди кухи Ухуд бошад, ки дар рузи киёмат дар паллаи тарозуи некихо гузошта мешавад,

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар мусулмоне бимирад ва дар намози чанозаи вай чихил марди мусулмон, ки ба Худо ширк наёварда бошанд, хозир шаванд, Худои таъоло биёмурзад уро.

Расул (с) фармуданд, ки чун мурдаро дар тобут ниханд ва мардумон бар гарданхои худ бардоранд, пас он мурда агар  солех бувад, гуяд: кушиш кунед ва зудтар бирасонед маро ба  химмат ва каромати Парвардигори ман.

Агар кофир бошад, гуяд: вой бар ман, кучо мебаред маро?

Бишнавад овози вайро хамаи чиз, магар одами агар бишнавад, бехуш шавад.

Хикоят. Яке аз бузургони дин гуфт: – Дар шахри Ибодон чавони порсое вафот кард. Тобистон буду хаво дар гояти гарми. Гуфтем, то намози пешин сабр кунем, ки хаво хунук шаваду чавонро дафн кунем. Дар ин хол хоб бар ман галаба кард. Дар хоб чунин дидам, ки куббае зада буданд, дар гуристон аз як донаи марворид, ки нур аз он кубба ба осмои мерафт.

Ногох хуре руй бар ман намуду гуфг: – Эй Шайх, магар раво медори, ки он чавони мурдаро то намози пешин аз мо чудо дори? Чахд кун ва зудтар уро ба мо расон, ки интизори дидори уем.

Хушо бандае, ки бимирад ва холи вай чунии бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …