Главная / Гуногун / ДУОИ “ХАЙР”-И ЗОТИ “ШАРИФ”

ДУОИ “ХАЙР”-И ЗОТИ “ШАРИФ”

– Худоё! Худои мехрубон! Бар сарам рахмат расон! Аз гадои дех амон!

Зиндагии у саропо гаму дард!

Рузу шаб, шабу руз!

Аз бедори ба хоб ва аз хоб ба бедори!

Хам рузу хам шаб дар перохани ох месухту месухт!

Ру ба само шеван мекашид!

Инак, боз як рузаш ба шаб печид!

Зулмати шум бо худ тундбод овард. Тунбод уллос мекашид, бо хайбат даст ба хароби мезад. Хар чизи зуррасашро бехаёёна ба хар су хаво медод…

Нихоят тундбод фано ёфту рахмати само даррасид: дона-дона борон омад. Барги навдахои дарахтони паси тиреза ба шитир-шитир даромаданд.

Пичир-пичир буду шилдир-шилдир…

Борон охиста-охиста авч гирифт. Акнун яккаш меборид.

Бо оханге…

ларзон,

гарон,

махзуну гамафзо…

Ва бо ин оханг ба гуши холаи Нозукой овози хофизе омад:

Мезанад борон ба шиша

Тора-тора, ришта-ришта…

Борон то субхи козиб борид. Мисли андешахои холаи Нозукой парешон борид. Парешон борида бошад хам, бо лашкари хеш, чангу губори шахри пургавгоро шуста топ-тоза кард. Аммо аз андешахои парешон ба губори дили холаи Нозукой губор зам шуду кам не. Ва баъдтар хам харчанд субхи содик зебо фуруг карду нури хуршед ба хонааш ворид гашт, кошонаи дилаш нуру сафо наёфт.

Комаш хамоно талх, талхи талх. Чун талхак. Мурги дилаш болу парсухта. Баногох дили пурдарду пурдогаш хала зад. Чунон хала зад, ки: “Ах!” – гуён, ночор ба замин нишаст.

Пас аз он вокеаи мудхиш ин хол ба у тез-тез рух медихад. Вокеан, пас аз хамон вокеа танхо монд у. Танхои танхо. Як сари кокаш. Хама аз кулбаи у пояшонро кашиданд. Хатто Усмон-а?! О, вай-ку уро аз панчаи марг рахои бахшид…

Аз беэхтиётии худи Усмон хилъати кори ба чархи дастгох дармонд. Чарх тоб хурда хилъатро мепечонд ва уро ба дами худ мекашид. Усмон сахт тарсид, якбора кувваю дармон аз даст дод. Танхо:

“ – Ёри дихед!” – гуён, дод зад.

Касе чуръати ба у наздик шуданро намекард. Хама тамошогар, бетараф. Танхо як-ду нафар “оху вох” мекарданду халос. Усмон бошад, имдодталабона фигон мекашид.

“ – Ёри дихед! – гуён, бо тамоми овоз дод мезад. – Ёри!..”

Вале – хайхот! – касе ба додаш намерасид.

Умеди у аз хамкорон нафас ба нафас ру ба таназзул мениход!

Фигон ба чиггос ва чиггос ба чиррос табдил меёфт!

Дахшату тахлукаи азим вучуди уро фаро гирифт. Чони у талвоса мезад ва ба коми марги бемахалу вазнин мерафт.

То доми марг як вачаб монда-намонда, ки Нозукой пайдо гашт. Ва бе ягон дудилаги чобукона хилъати Усмонро дарида, уро аз дами дастгох, аз чанги ачал кашида гирифт. Начот дод, чони дубора бахшид. Аммо ин неки ба худаш гарон афтод. Ду пояш ба дами чарх афтоду шикаст. Чор мох дар беморхона хобид. Пойхояш пурра шифо наёфтанд. Маъюбу маслук шуда монд…

Се сол боз дар хона, гуиё ки руи кат. Гохе ба пушт. Гохе пару. Гохе пахлу. Дунёяш тор. Орзухояш зеру забар. Кунун дусте надорад, ки хасрати дил бирезад. Занги дил бишуяд. Чи рузе ва чи вазъе дорад, худаш медонаду Худо.

Эх, дунё, дунё!

Чаври кихоро набурд. Захри кихоро нахурд. Ва монд танхо. Бо фуругу гуруб. Бадрузу банди. Махзуну ранчуру гамзада. Дар огуши гаму дарду алам. Бе нури нигоху шуълаи рухсор. Бо дили ранчур рузхоро бо азобе кур мекунад.

Эх, зиндаги!

Ох, зиндаги!

Руди печону боди гардон будааст зиндаги!

Ва боз…

Эй, замона!

Туро газад, маро чи гам?!

Ахриман бо сад никоб ба даргохаш омад. Вале уро чой надод, ронд. Ягон лахза бе гаму дард назист. Вале афсус нахурд. Дарег нагуфт. Санги пушаймони ба сар назад. Нафсро зиндони намуд. Вичдону номусаш хамеша бедор. Дар лабу дил шукрона дошт. Ва ру ба суи куллаи максуд дорад. Хар шом, ки ояд, зи паси у сахаре хаст. Лахзае хаёлаш боли орзу кушод. Орзуе, ки аз вокеот ори. Хамин замон так-таке ба гушаш расид. Боли орзуяш шикаст. Хушашро ба пешаш овард. Ва як кад парид. Тарсе ба дилаш хона кард. Так-так такрор шуд. Дарёфт, ки так-таки дар аст. Дари худаш. Гардан тоб доду суи дар нигарист. Бовариаш наомад. Охир, се сол боз дарашро касе накуфтааст. Чашм ба дару хаёл ба парвоз. Не-не! Хато! Дуруг гуфт! Куфта буданд. Як хафта пеш. Як гадобача. Дувоздах ё сенздах сол дошт у. Муйхояш расида, руяш, дастонаш, либосхояш аз чирк сип-сиёх.

– Як ояти Куръон тиловат кунам, – баробари уро дидан гуфт у.

– Не, не, – саросема гуфт холаи Нозукой, – лозим не.

Ва ба дасташ ду сомони дод.

Рузи дигар боз як гадо дарашро куфт. Гадои чи? Як марди хуму лум. Тозаву тар.

Ох, чи чашмоне дошт бозингар!

Аз забонаш шахду шакар мечакид!

– Хак дуст, ё оллох, хайр кунед! Хайр – калиди бахткушо! – гуён, сурае аз Куръон кироат кард. Ва бе руву риё пул талабид.

Хост ба у сухани сахте бизанад. Вале зуд аз раъяш баргашт. О, ин зоти “шариф” на худочуй асту на талбанда.

Каллоб аст, каллоб!

Аз ин ру сухан ба у хайф, харом. Ва ба у як сомони дод. Мард онро гирифту боз беибо, бе руву риё нидо намуд:

– Кам!

– Кам? – хайрон шуд холаи Нозукой ва беихтиёр илова намуд: – Чи хел кам?

– Як сомони кирои хайр не. Зам кун, ки аз Худо ба ту дам талабам!

Бо чиддияти тамом нидо намуд:

– Шикам бо нон сер мешавад!

Зоти “шариф” дигар су тоб дод:

– Чанд фарзанд дори?

Холаи Нозукой ба андеша рафт ва дуруг гуфт. Ба он хотир, ки аз серфарзанди шармида, даст аз тамаъ баркашад.

– Шашто.

Гумонаш хато баромад.

– Ох-хо! Бою бадавлат будаи! Сари хар фарзанд бояд як сомони бидихи!

– Барои чи? – бо тааччуб ба у нигарист. – Оё дар ягон чо навишта шудааст?

– Ха! – бебокона калла чунбонд у. – Ха!

– Дар кучо?

– Дар китоби мукаддас!

– Ин чи китобест?

– Хо-о, китобест басо мукаддас! Чи, магар намедони?

– Не, бори аввал мешунавам.

– Афсус, ки бо худ нагирифтаам. Агар хохиш дошта бошед, оварда нишон медихам.

Аз ин дуруги ботил сад пушаймон гашт. Хост хатояшро ислох бикунад. Аммо дуруг дуруг зод.

– Медонед… Панчтояш таги хок.

Авзои у сари муе тагир наёфт.

– Чи фарк дорад? Фарзанд фарзанд аст, хох руи хок бошад, хох таги хок.

Гичу лол монд.

– Тез бош!

– Сабр кун, мефахми…

– Хеч чиз намефахмам.

Дарду гам дар дилаш фуруг кард. Хомуш буд: чавоби ахмак сукут. Дигар хайф донист, ки ба у чизе гуяд.

Ба хулосае омад: “Уро танхо пул меронад!”

Бегап боз ба у панч сомони дод. Зоти “шариф” даст ба дуо бардошт:

– Бахт ёру мададгорат бод!

Хич не, ки дуои зоти “шариф” мустачоб шавад.

Боз так-таки дар баромад. Ки бошад? Чи мехохад? Нек аст ё бад? Так-таки дар боз такрор ёфт. Ин дафъа сахттар. Касе бошад, якрав будааст. Ё ягон хамсоя бошад? Эъ, не, не. О, дар се сол як бор нагуфтанд, ки ту мурдаи ё зинда. Пеш барояшон «хамсоячон» буд, акнун бегона.

Ё писараш бошад? Аюбчон?! Хаёле ба машомаш буи чигарбандаш омад. Ба ёду хаёли у дилаш гум зад. Чунон гум зад, ки кариб беёд шавад. Симои келинаш пеши руяш заду ба худ омад.

Эъ, не-е! Вай зани баду балояш мегузорад, ки ба назди у биёяд. Як хат наменависаду. Умрашро сарфи ягона писараш кард. Вайро ягона дастёр, пушту панох мехисобид. Бо у умед мебаст. Орзухои ширин мепарварид. Сад афсус, ки умеду орзухояшро ба бод дод писараш. Думи духтари бегонаро гирифта, ба он лаби дунё рафт. Ва шояд уро ёд хам накунанд. Холо у танхо зан, модар, ки шуд, шояд мехри модари галаба кунад. Ха, дунё ба умед. Ноумед набояд шуд.

Боз так-таки дар баланд гашт. Акнун бо дигар маъно садо медод. Гуиё тахдидомез буд он. Нохост фикре ба сараш заду хушхол гашт. Хаткашон будагист. Нафакаи думохаашро овардагист. Ох, чи хубе! Дар бисоташ хамаги дувоздах сомони мондаги.

Якбора гаму дарду аламхояш ба коми фано рафт.

– Хозир! Хозир! – овоз баровард у ва суи дар рафт.

Аз он чониб шояд овозашро шуниданд, ки так-такро бас карданд. Ба дар расид. Ва онро кушод. Дами дар як чавонмарди пахлавонсурати тахмин 40-45 сола дар тан челаки чити одди, ки риши кутохи ба руяш зебанда дошт, меистод. Баробари дидани холаи Нозукой чун лола дар чаман бишикуфт. Ва забони мехрубони во намуд:

– Хамшира, хуб сихату саломатед?

Зураки табассум карду сипосгузорона бигуфт:

– Хазор рахмат, шукри худо нагз.

Сипас мехмонро ба хона таклиф намуд:

– Биёед! Нури дида, точи сар!

Омада хандид, бо бовари ва оромише ачиб хандид ва гуфт:

– Не, хамшира, аз паи кори хайре равонам.

Ва хамоно чашмонашро кок пушида, бо овози баланд сураеро аз Куръон кироат намуд. Аз кироати сура рухи холаи Нозукой сабук гардида, ба дили дардмандаш осоише рох ёфту сипосгузорона гуфт:

– Хазор рахмат, ака.

Омада боз хандид, бо бовари ва оромише ачиб хандиду:

– Бо рахмат кор буд намешавад, – гуфт ва чашмонашро ба чашмони холаи Нозукой духт.

Дар нигохаш чи чизи сарде буд, ки вучуди холаи Нозукойро мунчамид мекард. Ва у лаб во карда наметавонист. Гуиё ки шах шуда. Хомуши лангар андохт. Сукунатро боз хам мард шикаста, бо харорат гуфт:

– Аз барои бандагони неку бад як оши худои доданием.

Хеч нагуфт холаи Нозукой ва у суханашро дунбол кард:

– Эй одами нек, аз барои Худо хайр кунед! Хайр – калиди бахткушо!

Ин суханон ба болои сухта намакоб шуд. Якбора дарду аламхояш аз нав зинда шуданд.

Сипас андаруни синааш кахру газаб чуш зад, бекарор гашт. Гуфт ба худ, охир, ин чи гап?! Чаро ба хонаи у танхо барои пул меоянд?! Чаро?!

Пули газ!

Пули барк!

Пули об!

Боз тахдид: “Надихед, мебурем!”

“Буред! Хамаашро бурида партоед!”

Боз ва боз барои пул меоянд…

Пули охол!

Пули Наврузи!

Пули дафн!

Пули хайр!..

Ё тавба! Магар ман банкам?

Не…

Худоё! Чи кор кунам?

Лахзае сукут варзиду харфе ба забон оварда натавонист.

Холати нохинчору гамангезе хукмрон гашт.

– Хамшира?!

– Ха-а…

– Маро аз рохи хайр надоред.

Пакар буд холаи Нозукой.

Ба хаёл рафт.

«Ох, чи гуяд ба у? Рост ё дуруг? Гуяд, ки буду шудаш дувоздах сомони дораду хатто ба нонаш намерасад. Гуяд? Ха, гуфтан лозим. Не, аз дусар бовар намекунад. Механдад. Изо медоронад. Мазок мекунад.

О, шикамсерро чи парвои гурусна?!

Ё худро ба дарёи фиреб андозад? Не, бефоида. Бо тури найранг медорад. Бе баду бало нестанд ин зотхо. Хайр, чи кор кунад, охир?..»

– Хамшира?!

Боз у дам назад.

– Хамшира!!

– Ха, чи?

– Ика ба хаёл рафтед?

Бо овози хузнангез гуфт:

– Охир, “як сару сад хаёл” – гуфтаанд.

– Э гапи пуч! Дар сар танхо як хаёл бояд бошад. Хаёли гуру киёмат. Фахмидед?!

Ба тасдик кала чунбонд ва дар дил гуфт:

«Ох, чи суханхои дуруст мезананд ин зоти “шариф”. Аммо кораш, амалаш тамоман дигар. “Воизон, к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд в-он кори дигар мекунанд».

– Росту… Лекин боз хар зогеро як догест.

– Ах нагуед!

– Ана…

– Ана, – суханро аз дахони холаи Нозукой зада гирифт, – барои шустани хамин догхо дахони халтаи хайрро калон кушоед. “Илочи вокеа пеш аз вукуъ” – гуфтаанд. Медонед замин аз чи обод?

Бо табъи хичил:

– Чум! – гуён, китф дар хам кашид.

– Аз об!

– Хм-м…

– Медонед хона аз чи обод?

– Чум! – Холаи Нозукой китф бо хам кашид.

– Аз дуо!

– Шояд…

– Ай-хай, шак наоред, наоред! Ободи аз дуост! Дуо бошад – подоши хайр аст! Фахмидед?!

– Хм-м…

– Тушаи сафар чист?

– Сафар? Ба кучо?

– Ба он дунё.

– О…

– Меравед, меравед. Гумон накунед, ки сутуни дунё мешавед. Ин пилтаи хомро аз гуш кашида партоед. “Банда миранда!” – гуфтаанд.

Бо хавоси бечо:

– Магар дигар гап ёфт нашуд, – гуфт.

– Гапи хак намефорад!

Боз дар дили у хаку нохак ба мочаро бархост.

– Хак мебуд, Точикистон кайхо гулистон мешуд…

– Ай бандаи оси, ношукри накунед!

Ранчишомез нидо зад:

– Оси хам шудем!

– Хамаи мо бандаи осием. Танхо хайр моро мерахонад. Мефахмед?! Танхо хайр!

– Хуб, хайрро ба чи сарф мекунед?

– Гуфтам-ку, ба оши худои.

Бо шубхаи ошкоро пурсид:

– Оши худои дар кучо мешавад?

– Дар масчид.

– Кадом масчид?

– Сариосиё.

– Кай?

– Худо насиб кунад, рузи чоршанбе.

Изхори шубха намуд:

– Хама мехуранд ё танхо саркардахо?

– Не, не! Хама, хама! Хам мехмону хам резмон, хам сагираю хам кабира!

– Шумо гапдон.

– Сухандон!

– “Каси озурдаро шахди сухан даво бошад” – гуфтаанд.

– Сухан аз хама чиз зур аст!

– Ягон донишгохи олиро хатм кардагистед-а?

– Якто не, ду тояшро!

– Наход? Туба!

– Чаро туба?

– Чаро аз руи ихтисос кор намекунед. Охир, давлат пул сарф карда хонондаст.

Зоти “шариф” дар дил хашм кард ва бо тунди:

– Магар ин кор нест?!

– Кадом?

– Савобчуи!

– Савоб амал аст, на сухан.

– Гуфтам-ку: сухан аз хама чиз зур аст! Бехуда: “Гар сухан чон набувад, мурда чаро хомуш аст?” – нагуфтаанд.

– Ха-а… шояд ба хона медароед, мешинед. Дар пой хакикат нест, мегуянд.

– Биёед маро надоред, хайратонро бароред.

Баногох кикир-кикир ханда зад. Хандаи хеле гариб. Зоти “шариф” дагалона пурсид:

– Чи механдед?!

Бо табассум чавоб дод:

– Як реклама ба ёдам зад. Чавонмарди пахлавончуссае аз зане мепурсад: “Белые веши не носите? Тогда мы идем к вам!” Дигаре аз хама пахлавонтар мегуяд: “Денги есть или нет, мы идем к вам!” Магар надидед?

Зоти “шариф”, албатта, истехзои уро дарёфт, аммо худро ба нодони зада:

– Э, хохар, ман вакти сархори надорам, – гуфт. – Телевизорро кай тамошо кунам?

– Ха-а, мефахмам, – охиста гуфт у. – Ба шумо хам азоб, мушкил.

– Чи? – нафахмид у.

– Задани дари модари точик.

– Нафахмидам, – хайрон шуд у. – Равшантар гап занед.

– Охир, модари точик чи рузе ба сар дорад?! Ба кавли шоир: “Як хона пури бачча” – хама гушнаи зор, гамхои дили модари зор аст хазор”.

Асаби шуд, бо тунди гуфт:

– Модар, ки шуди, азоб мекаши!

Холати магшуш, пуряъсу вазнин хукмрон мегардад.

Даре во буд.

Паррандахо дар парвоз.

Абрпорахо дар шино.

Онхо ру ба ру.

Аз ин су зоти “хасис” – аз он су зоти “шариф”.

Чигари зоти “хасис” месухт, чашмонаш шеван мекашиду…

Катра-катра, дона-дона…

Оху ох!

Воху вох!

Афсусу афсус!

Дарегу дарег!

Мечакид!

Аз саропои зоти “шариф” тамаъ меборид!

Дилаш ба фишори гаму андух тоб наовард. Ва исён ба хунаш нохун бизад. Ва хамзамон шайтон ёраш бигашт. Уро бод дод:

“Бо хакоратборон биронаш!”

Аммо у гардани шайтонро бишикаст. Ва ба андеша рафт.

«Тавба! Ба ин бандахоят гардам, Худо! Дар ин дунёи чорруза як идда одамхо барои пул шуда чи корхое мекунанд! Инашро бин, ки бо хамин тану туш, шарму хаё накарда, ба чашми мардум хок пошида, пул мегундорад. О, пулхои бо ин восита ба даст омада харом аст. Хароми харом! Наход ки ин пулхо ба танаш ош шавад?! Сафи ин гуна «савобчуён» чунон зиёд шудааст, ки мондан гиред. Худоё, окибати ин кор чи мешуда бошад?!»

Сукути холаи Нозукой ба мард нафорид. Гашашро овард. Аз “шумо” ба ”ту” гузашт.

– Чи шах шуди?!

Аз андеша озод гардид, ба худ омад.

– Як хафта пеш омада буд.

– Ки омада буд?

– Як кас… ха, як зоти “шариф”, монанди шумо.

Мард дар гуфтораш чи сахверо пай бурда, сулфаи сохта намуд. Сипас гуфт, ки:

– Хайр ин бисёр хуб аст.

– Чи хел?

– Савобчуй, худочуй бисёр шудаги.

– Ин худочуист?

– Бале!

– Ха-а, хуб. Як чой наменушед, марди худочуй.

– Не, рузадорам.

– Рамазон нест-ку?

– Рузадори дар ин рузхо савоб аст.

Лабхои мард равганин буданд.

– Бовар намекунам.

– Э хой, ту кисти?

– Одам.

– Хо, бандаи хоки хасти. Хайр кун, то онро ба даргохи Худо бибарам

– Меравад хайрам?

– Бегуфтугу! Ва иншооллох барака меёбед, месабзед.

“Ох, чи сангдилу бемурувват!” – нидо дардод дар дил ва хикояте ба ёдаш зад.

“Аз бенавое мепурсанд:

– Чи мехохи?

– Хеч чи.

– Не, чизе биталаб.

– Талаб харом аст.

– Халол чист?

– Ранчи чонкох”.

Хост хамин хикоятро ба у бигуяд. Якбора таксим гашт. Ба ду Нозукой.

Яке мегуфт, ки:

– Бигу!

Дигаре мегуфт, ки:

– Нагу!

Яке мегуфт:

– Шояд вичдонашро бедор кунад!

Дигаре мегуфт:

– Ба бедард гап хайфай!

Намедонист ба кадомаш гуш дихад.

Нихоят карор дод, ки мегуяд. Шояд мехре ба дилаш даваду инсофу лутф намояд. Аммо – сад афсус! – на ин диду на он! Бо хасрати бепоён охи чигарсуз кашид. Ва гунгу мехкуб гашт.

Аз ким-кучое ак-аки саг ба гуш мерасид.

Хай “ак-ак-ак!” мезад саг, хай “ак-ак-ак!” мезад саг!

Гуи табли хатар менавохт!

– Э, хеч инсоф дори ё не?!

Зоти “шариф” аз хашм оташ гирифта, дод зад:

– Хо-о-й, муйдарози аклкутох?! Ин чи суханхое, ки бар ман мегуи?!

– Ман ба саг гуфтам. Охир, аз ак-акаш гушхоям кулф заданд.

У дархол гуфт:

– Чакиши саг хуб аст

– Наход? – бо хайрат ба у нигарист. – Саг хам савоб мегирад?

– Хо, савоб мегирад, – чавоб дод у. – Зеро бо нияти нек мечакад. Одамон бисёр бошанд, як тикаги нон диханд бас.

– Нахо-о-од? Ту-у-уба?

– Боз чаро туба?

– Шумо забони сагро хам медонистаед.

Руй турш намуд ва кавок андохту:

– Э-э, моне, хамин хам гап шуд! – гуён, даст афшонд.

– Хмм…

Нигохи ачибе суяш афканду пурсид:

– Мабодо-ку ту хомиладор не?

Ба “маъюб” гуфтан забонаш нагашт.

Ягона кори накардаи холаи Нозукой ошкор сохтани бечорагиаш буд. Ва у карор дод, ки маъюбу маслукиашро аён созад. То ин марди «худочуй» бубинад, ки у худ мухточи хайр аст. Ва пулаш на танхо хайр намешавад, хатто харом аст. Ва у ана хамин корро кард. Барои у ин чораи охирин буд. Вале – хайхот! – чашми марди «худочуй» урт нагуфт. Ва у дарёфт, ки вай сар медихаду домони у намедихад сар. Ха-ха! Буи умед нест. Ва ягона чора он аст, ки пул дихад, то «худочуй» тезтар нест шаваду башараашро дигар набинад. Ха, набинаду насузад! Ва ин буд, ки…

Не, аввал суоле дод:

– Агар одам маслук бошад чи?

Руй турш намуд ва кавок андохту:

– Э-э, моне, хамин хам гап шуд! – гуфт. – Зоге бе дог нест!

“Ха-а, аз сузи гам бегона!” – нолид дар дил ва сабаке дарёфт: “Сангдил – берахму мунофик!”

“Истеъдоди гофил бепарвои: гур сузаду дег чушад! Аз дасти нафси бад уфтода дар залол. Инсоф аз у фирор карда то Шарки Дур. Наход надонад, ки фардо чояш сари Пули Сирот?”

– Э-э, моне, андеша хам андоза доштагист?!

Саропо дар хаячону изтироб гарк як сомони ба у дод.

Дигар чи чора хам дошт?!

Зоти “шариф”-и «худочуй» лаб инч карда, боиллат гуфт:

– «Савлататро фил бардорад, миёнаш бишканад, химмататро мурча то Хиндустон барад» – гуфтаги барин хамин-ми химматат? О, ман гадо не, ки як сомонии пусида садака куни?!

Ба оташи дарду аламаш равган рехт. Панчаи гирое дилашро сахт фишурд. Рохи нафасаш гирех зад. Чашмонаш аз гояти маъюси боз хам фурутар рафтанд. Баъд худро ба даст гирифт, оби дахонашро бо азоби алиме фуру бурда, дар холе, ки овозаш меларзид, аранге гуфт:

– Охир, химмат ба кудрат мегуянд-ку.

Зоти “шариф” ин хикматро сари муе ба инобат нагирифт. Бо чашмхои бекарори худ ба чехраи у истехзоомез нигариста, тамасхур зад:

– Хай-хай!

– Чи “хай-хай”?!

Бадчахлона пурсид:

– Ту аз хамин урус кам?

Ба хайрат омада, пурсид:

– Кадом урус?

– Уруси хамсоя. Наход ки ту муъмину мусулмон шуда, аз хамин уруси хамсояат кам боши?! Медони, у чанд сомони дод?

Ранги руяш сап-сафед канда, ёрои гап задан надошт.

– Дах сомони!

Бо суз “хмм”-и аламнок кашид. Дилаш хун, бедуд месухт. Лаб газиду дар дил гуфт: «Охир, мусулмони ба мусулмонист, на ба горатгари! Ва одаме, ки аз кучаи мусулмони нагузаштааст, оё хак дорад, ки сура кироат кунад?! Аз хайру саховат ваъз гуяд?!»

– Хамшира?!

Харосон, хомуш ва хайратзада.

Нигохаш забунхол, басуз, обуадо.

Дасти зоти “шариф”-и “худочуй” дароз.

Ох, аз дили бедард!

Дили бедард ба бедоди!

Бо сузу гудоз охи таболуд кашид. Ва ба у панч сомони дод. Зоти “шариф”-и «худочуй» бо истехзои газаболуд барошуфт:

– Хой! Хайр мекуни, созтар хайр кун! Накуни, гуй, ки ман мусулмон не!

Нештаре гуиё ба чонаш халид. Ба вахшат омад. Сару дилаш ба ларза фитоду бо нафрат:

– О, инсоф, инсоф кучост?! – гуён, зад фарёд.

Зоти “шариф”-и «худочуй» бо овози баланд кох-кох хандид. Хандааш бегамона буд.

– Ту шарм намедори?!

Зоти “шариф”-и «худочуй» ба шур омад:

– Чи-и-и?! Не, ту гофил шудаи! Ту Худоро фаромуш кардаи! Ту бандаи шайтон шудаи! Ту аз ризои Рахиму Рахмон руй тофтаи! Ту ба рахи шайтон ворид гаштаи! Ба ту дуои начот лозим! Ха, набошад ба балои азиме гирифтор хохи гашт!

Риштае аз банди дили холаи Нозукой канда гашт. Бехолу бемадор, сараш чарх зад. Бо дасти ларзоне, ки ин ларза аз дилаш омада буд, бокимонда шаш сомониро ба зоти “шариф”-и «худочуй» дод. Зоти “шариф”-и «худочуй» саросема боз ким-кадом сураеро кутохакак хонд.

Садои у чун барки сузон ба холаи Нозукой кора кард.

Хай, инсоф, инсоф!

Хай, имон, имон!

Кучо-о-оед?!

Зоти “шариф”-и «худочуй» ду даст ба дуо бардошта:

– Илохо момо шуда, гахвораи набераю абера чунбонед! – гуён, даст ба руй кашид.

Гуиё ба чигари сухтааш намаки суда пошид.

Месухт, ки месухт!

Савобчу хандон!

Савобгир дили гирён дошту чигари бирён!

Аммо…

Зоти “шариф”-и “худочуй” монду рафт!

Ашки шур чашмонашро пур намуда, оламу одамро тира месохт.

У дигар хеч чизро намедид.

11 октябри соли 1992

6 ноябри соли 2003

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …