Главная / Илм / ДУОДЕНИТ

ДУОДЕНИТ

ДУОДЕНИТ (Duodenitis), газаки луобпардаи рудаи дувоздахангушта. Аксар вакт беморони гирифтори решдард, гастрит, панкреатит, холесистит Д. хам мешаванд. Сабаби асосии Д. таъсири моддаи турши меъда ба луобпардаи руда дар аснои аз меъда ба руда зуд гузаштан ва нокифоя безарар шудани шираи меъда дар рудаи дувоздахангушта мебошад. Истеъмоли номураттаби хурок, бисёр истеъмол кардани гизохои тунд ва нушокихои спиртдор, инчунин тамокукаши ба пайдоиши Д. мусоидат мекунанд. Ангезиши бевоситаи луобпарда аз паразитхои гуногуни руда (лямблияхо, киччахо) низ боиси Д. мегардад. Дарди кисми болоии шикам, ки баъди 2 – 3 соати истеъмоли гизо ё гуруснаги шиддат мегирад, инчунин хисси вазнини ё дамидани сари дил аломатхои асосии Д. мебошанд. Беморро духтур табобат мекунад; риояи пархез (даст кашидан аз хурокхои тунд, нушокихои спиртдор) ва накашидани тамоку барои табобат ёфтани бемор ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …