Главная / Илм / ДУНЁИ ФОНИ ВА УКБОИ БОКИ (Китоби тарбияви)

ДУНЁИ ФОНИ ВА УКБОИ БОКИ (Китоби тарбияви)

Китоби “Дунёи фони ва укбои боки” ки муаллифаш “ШАЙХ ДАВЛАТХОЧАИ  МИРЗОХОЧАИ РАШТИмебошад ва соли 2012 дар ш. Душанбе ба нашр баромадааст, яке аз дастури тарбияви – ахлокии бехтарини исломи ба шумор меравад ва дар забони точики бо харфхои кирили омода карда шудааст ва ба хонандагон тарики ройгон пешниход карда мешавад. Ин китоби электрони дар хачми 2,5 мб буда дар формати PDF мебошад.

Хамаи рушанфикрон ва зиёиёни динни ва дуняви бояд муттахид шавем, то дар рушду нумуи хамачонибаи Точикистони азизамон сахм гузорем!

kitobi-dunyoi-foni-uqboi-boqiКитоб бо карори Кумитаи оид ба корхои дини назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз 6-уми июли соли  2012 -ум тахти № 39 ба чоп тавсия карда шудааст.

Китоб зери назари хазрати домулло Хикматуллохи Точикободи ба чоп расидааст. Давлатхочаи Рашти – Дунёи фони ва укбои боки. Душанбе  “Ирфон”, 2012. 286 сахифа.

Мухаррирон:                                                                                           

М. Абдулхай доктори илмхои фалсафа М. Ахмадов доктори илмхои филология, профессор

Китобро ба рухи поки хазрати киблагохам (падари бузургворам), ки дар рохи тарбияи мо захматхои фаровоне кашиданд, вале аз боги худ мевае начида даргузаштанд, мебахшам.

Илохо рухашон шод ва чояшон фирдавс бодо. 

Тавсияномахое, ки аз чониби Академикон, Докторон ва Дотсентони Дини ва Дуняви, ки ба муаллиф барои чоп шудани китобаш додаанд. Борбардории китоб (скачать бепул) PDF>> 

ПЕШНИХОД

Оид ба нашри китоби Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти “Дунёи фони ва укбои боки”

Чи тавре, ки худи муаллиф таъкид мекунад, оид ба ин дунё ва  он дунё ба забонхои араби ба хуруфоти форси асархои зиёде ба табъ расидаанд, вале кариб хамаи онхо ба хонандаи точик дастрас нест. Сабаб албатта, маълум мебошад. Аввал ин, ки на хар кас забони арабиро медонад; дуюм ин, ки на хар кас алифбои арабиасосро мешиносад ва мехонад ва агар хонад хам шояд нафахмад.

Аз ин хотир ба чоп омода намудани хамин гуна як китоб аз чониби Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти бо хуруфоти кирили басо кори савоб ва хайр аст. Рисола бо забони ноби точики таълиф гардидааст, ки ин киммати онро меафзояд.

Бинобар он мо рисоларо ба чоп пешниход менамоем. Умед аст, ки он байни мардуми ахли мусулмон ва гайри он, ки аз забони точики огоханд, шухрати зиёде пайдо мекунад.

Президенти Академияи Илмхои

 Педагогии Чумхурии Точикистон

Академик:       М. Лутфуллоев   27.01.2015 сол.

ТАВСИЯНОМА

Дар  хакикат нависандаи  китоби «Дунёи фони ва укбои боки” Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти шогирди арзандаи факултаи филологияи точики Донишгохи Давлатии Омузгории Точикистон ба номи Канлил Чураев буда,  бо бахои “аъло» (5) дар куреси 5-ум тахсил намуда истодааст ва китоби навиштаи у хамачониба кобили дастгири мебошад.

Рисолаи мазкур аз лихози мухтавиёт фарогири андешахои бикри гузаштагон буда, ба чавонони имрузаи мо, «чун дастури ахлоки махсуб мегардад.

Чопи саривактии он, дар чомеъаи имрузаи мо, ки ахлоку маънивиёт коста гардидааст, боиси дастгири буда, барои ба асодати хеш баргаштани миллат, ба хусус чавонон, аз манфиат ори нест.

Аз ин хотир, мо устодони факулта китоби мазкурро барои чоп тавсия  дода, умедворем, ки рисолаи мазкур тавассути нашриёти «Адиб» хар чи тезтар ба дасти хонандагон хохад расид. Ба мусанниф ва муттасадиёни чоп тавфик хохонем.

 

Устодони кафедраи адабиёти точик:

Доктори илмхои филология:                                          М. Ахмадов

Досент:                                                                                  М. Курбонов

С. Косими

Т а в с и н о м а 

Китоби мазкур, ки рисолаи тарбияви ва ахлокист ва унвони зебои  «Дунёи фони ва укбои боки» – ро дорад, аз тасинфоти Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Раштист. Баъд аз мутолиаи рисолаи мазкур ба хулосае омадам, ки чопи ин китоб ногузир асг. Зеро дар раваиди туфони унсурхои фархангхарош ва маънавияткуш, ки дар чомиа хеле бориз эхсос мешаванд, ин рисола чун садд ва монеъа хизмат хохад кард.

Мухтавои китоб бунёд аз каломи Худованд. паёми Расул (с) ва шурухи уламои чахони маънави дорад ва хар хонандаро ногузир ба асолати хеш мебарад. Ахлоке, ки шоистаи инсон аст, дар китоби мазкур сутуда шудааст. Ба гумони ман, имруз хусни одоб ва ахлок, ки дар чомиа коста шудааст, махз дар чунин рисолахои ахлоки бояд чустучу кард. Ба муаллиф барои захматхои фаровон ва мехнатхои тахияи китоб сипос мегуем.  

ТАКРИЗ   БА  «ДУНЁИ ФОНИ ВА УКБОИ БОКИ»

рисолаи тарбияви ва ахлокиест, мутааллик ба калами Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти.

Рисолаи фавкуззикр асари тахиягардидаи мукаммалест, оозгор ба сиёсати замон, ки бахри тарбияи ахлок ва маънавии чомеа, алалхусус чавонон, ба рохи рост мувофикат хохад кард.

Нашри бе таксири он кори хайрест.

 Бо арзи эхгиром, узви Итгиходияи Журналистони  Точикистон,

Мухаррири хафтаномаи «Чархи гардун»  Хабибулло Ёров.

 

Ба номи Худованди чону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Китобе, ки шумо, хонандагони гироми, дар даст доред, натичаи захамоти зиёда аз дахсолаи Шайх Давлатхоча мебошад. Номбурда кушиш намудааст заруриётеро, ки имруз инсонхо ба он эхтиёчи зиёд доранд, ба тарики мучазу оммафахм баён намояд.

Китоб аз се манбаъ сарчашма гирифтааст: оёти Каломуллохи мачид, аходиси паёмбар ва таълимоти мазхаби хазрати Имоми Аъзам.

Ин китоб рисолаи ахлоки буда, муаллиф ахлоки хамидаи инсониро аз “нутфа”, яъне аз вакте ки инсон нутфа аст дар пушти падар, падар бояд чи корхоро ба анчом расонад. Baкте,  ки нутфа дар рахми модар гузашт, модар чи корхоро бояд ичро  намояд, то ин ки як тифли солим ва беолоиш ба дунё ояд. Баъд аз он чи гуна падар ва модар уро аз тифливу навчавони тарбия намоянд, то ки дар оянда ин тифл дузду рохзан, майнушу фиребгар, нашъаманду мардумозор ва аз фармони падару модар дур набуда, хамчун як фарди солимаклу солимирода, мардумдусту ватандуст, дорои ахлоки хамидаи инсони ба воя расида, дар итоати падару модар бошад, ин гуна ахлокро дар китоби мазкур навиштааст.

Ва дар тули хаёт инсон чи корхоро мувофики гуфтахои Худованд ва гуфтахои пайгамбар алайхи-с-салом ичро намояд ва чи корхоро ичро накунад. Инчунин дар бораи мурдан ва киёмат, бихишту дузах, хисобу китоби рузи киёмат, то дидори хазрати худованд дар охират дар ин китоб ба тарики сода ва| мухтасар навишта шудааст. Аз ин лихоз хондан ва истифода бурдани ин китоб барои хамагон зарур аст.

М. Абдулхай.

 

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон                                  

ПЕШГУФТОРИ МУАЛЛИФ

Падарону модарон, бародарону хохарони азизу мехрубон, ба хотири он ки аксарияти шумо вакги бисёр надоред ва фахмиши шумо ба китобхои араби ва китобхои мураккаби форси намерасад, банда аз чандин китобхои муътабари араби ва форси ба кадри кувват заруриёти ахкоми шариатро бо ёрии Худованди бузург бо умеди савоб ба тарики мухтасар ва соддафахм чамъ намуда, дар ин китоб навиштам ва ин китобро “Дунёи фони ва укбои боки” ном гузоштам, чунки ба хамаи мову шумо маълум аст, ки ин дунё – фони, яъне несту нобудшаванда аст ва охират бошад, бокиву човидон аст. Аз ин хотир саъй намудаам, ки бародарону хохарони мухтарами мо бо хондан ва амал кардан ба ин китоб, рагбат ба суи укбо бештар намоянд, то ки тушаи хубе барои охирати хеш омода намоянд.

Худованди мутаол мададгори мову шумо бод, омин ё Рабба- л-оламин.

Магфират дорам умед аз лутфи ту,

3-он ки худ фармудаи: ло такнату1.

Надорам хеч гуна тушаи рох,

Ба чуз ло такнату мин рахматиллох.

Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти

1994-2005

 

ШАХОДАТНОМА

дар бораи ба кайд гирифтани асархои  илм, адабиёт ва санъат

 

Додашуд: ба Шарипов Давлатхоча Мирзоевич

дар хусуси он ки у муаллифи асари «Дунёи фони ва укбои боки» мебошад.

Жанри асар: асари адаби

Забони асар: точики

Асар иборат аст аз: 286 сахифа

Маълумоти иловаги: Тибки моддаи 6-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он» асари мазкур объекти хукуки муаллиф махсуб мешавад.

Муаллиф: Асперанти Академияи Тахсилоти Чумхурии Точикистон

Шайх Давлатхочаи Мирзохочаи Рашти 

 

ДУНЁИ ФОНИ ВА УКБОИ БОКИ 

Таррохии компютери: Фаридуллохи Исматуллох

Ба чоп 19.02.2007 тахвил шуд. Когази офсет. Чопи офсет. Андозаи 60×84  Чузъи чопи 17.8. Адади нашр 500 нусха. Супориши №20. Нархаш шартномави.

Тел: муашшф 985-45-80-88, 918-64-13-33

МНИРФОН-И ВАЗОРАТИ ФАРХАНГИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

734018 ш. Душанбе к. Н.Карабоев 17 Тел: 223-56-66, 227-61-47 Е-mail: devashtich@tojikiston.com

 

 

ШАММАЕ АЗ ТАЪРИХИ КИТОБ

Хонандагони азизу гироми, ба хамаи мову шумо маълум аст, ки китоб навиштан кори сахлу осон несг. Банда низ лаёкат ба навиштани китоб надоштам, чунки илму таквои кофие надорам. Чуръат хам наменамудам, ки калам ба даст гирифта китоб нависам. Лекин чанд бор кудрати хазрати Худовандиро дар хоб ва дар бедори мушохида намудам. Пас  аз ин эхсоси масъулият намуда, бо ёрии хазрати Худованд шуруъ ба навиштани китоб намудам.

Хангоме ки ба тахсили илм ва машки хат машгул будам, хамон вакт орзу мекардам, ки агар хазрати Худованд маро кумак намояд, дар тули хаётам китобе барои мардуми одди аз бахри савоб менависам.

Аз ин байн такрибан бист сол сипари шуду кашмакашхою  бесарусомонихои дохилии кишвар шуруъ гардиданд. Рузхои сахту сангине бар сари миллати точик пеш омад…

Банда соли 1994 дар сангинтарин холат гирифтор будам. Аз сахтии гармои тобистон ва тасфи мавзее, ки гирифтори он будам, токати курта ба тан пушидан надоштам. Ва чандин  гаму гуссахои дигар низ азиятам медоданд, ки он холатро танхо Худованд медонад. Дар хамин вакти душвори, ки арак аз тамоми вучудам равон буд, гуё гуяндае маро мегуфт:

– Акнун вакти навиштани китобе, ки орзу карда буди, фаро расид, бархезу ба навиштани он шуруъ намо!

Он садои гайби хатто номи китобро хам мушаххасан баён менамуд. Номи китоб “Дунёи фони ва Укбои боки”, мархилаи якум сулби падар ва рахми модар, мархилаи дувум фалон, мархилаи сеюм фалон, инчунин то охир.

Хайрон аз он будам, ки дар ин мархилаи сангин ба кудрати хазрати Худованди бузургу мехрубон чи гуна бароям каламу когаз, рангу маводи навиштан пайдо шуд.

Банда ин китобро такрибан аз бист китоб чамьовари намудаам. Чи гуна дастрасам гардидани ин китобхоро дар он холат, худам хам намедонам. Ин хама аз кудрати хазрати Парвардигор буду бас.

Вакте ки ба китоб навиштан шуруъ намуда будам, бо вучуде, ки бандаи нолоик ва гунахкорам, хазрати Расули акрам (с)-ро дар хоб дидам.

Он хазратро чунин хоб дидам: бисёр марди нурони буданд ва гирдзону нишаста, риши муборакашон нимсиёх ва нимсафед буданд. Дар пеши он Хазрат як коса оби сап-сафед буд ва аз он коса нур медурахшид. Вакте ки косаи обро бардошта нушиданд, ман бисёр ба хаячон омадам ва хостам, ки оби дар коса бокимондаи уро бинушам.

Обро нушиданд, дар таги коса ду-се катра монд. Банда бо худ гуфтам: бо ин ду-се катраи об оби дигар хамрох карда нушам.

Хостам оби дигаре бо он хамрох намоям, то зиёдтар шавад. Вале аз фикрам гашта, ба худ гуфтам:

– Агарчанде ду-се катра хам бошад ин афзал аст, чунки пасмондаи холиси он Хазрат аст. Ба хамин хулоса омада, косаро ба даст гирифта он чанд катра обро нушидам.

Баъдан забонамро бароварда, тарихои косаро аз дарун ва берун лесидам. Он хазрат ин холати бандаро дида табассум намуданд. Аммо сухане нагуфтанд.

Дар солхои машгулиятам ба навиштани китоб боз шабе дар хоб дидам, ки дар чохи пуробе як дасти зебои бокуввате намоён аст. Он даст харакат мекард ва гуяндае мегуфт, ки ин дасти мубораки Хазрати Али карамаллоху вачха аст.

Гузашта аз ин дар ин муддат хазрати устодам домулло Хикматуллохро дар хоб дидам, ки хамрохи у дар як хучра нишаста будам ва як чойник дар пеши банда буд. Ва чахорзону нишаста будаму боадабона чойро мехостам рехта ба у дихам. Аммо Хазрати домулло дасташро дароз карда, монанди шахси бисёр ташна дасти маро зер намуд ва аз даруни чойник оби сап-сафедеро ба пиёла рехт, ки пиёла аз он лабрез шуд.

Аз у савол кардам, ки устод ин чи хикмат аст, ки пиёла лабрез шуд?

Чавобашро дар хобам нагуфтанд. Ин саволро аз худи хазрати Домулло дар хонааш пурсида, чавобашро гирифтам…

Дар солхои 1970-1975 шахсияти хазрати домулло Хикматуллохро дар Каротегин аксарияти мардум намедонистанд. Аввалин бор ин хазрат бо шогирдони зиёде, ки дошт, мехмони хонадони мо шуданд, чунки хазрати Киблагохи банда, Худованд рахмату магфираташ кунад, ‘бисёр шахси мехмоннавоз ва олимдуст буданд. Аз ин чихат хазрати Домулло борхо Алхамдулиллох мехмони мо шуданд.

Киблагохи банда се хислати олии инсони доштанд: бисёр саховатпеша буданд, олимонро дуст медоштанд, аксарияти вакт хомуш буданд. Шояд он камтар илме, ки Худованд ба банда ато намудааст, ба шарофати олимонро дуст доштани хазрати Киблагохам бошад.

Аввалин касе, ки маро ба дарс гуфтан супориш додааст домулло Хикматуллох аст. Китобхоеро, ки домулло маро ба хондани онхо супориш дода буданд, ба ёрии Худованд ва ба дуьои домулло онхоро хондам ва ба дарс гуфтан шуруъ намудам.

Боз чандин хикматхои Илохиро дар ин муддат дидам, ки онхоро намегуям. Инхо буданд, ки маро калам ба даст доданд ва омузишу тахсил хидоятам карданд…

Тахсилоти илми диниро дар назди хазрати домулло Амиршох алайхи-р-рахма дар шахри Кургонтеппа гирифтам. Маълумоти олии дунявиро бошад, дар риштаи забону адабиёти точик дар Донишгохи давлати дар шахри Душанбе аз худ намудам.

Феълан дар пажухишгохи (Академияи) улуми педагогии Чумхурии Точикистон идомаи фаъолият дорам.

 

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …