Главная / Илм / ДУМГОЗА

ДУМГОЗА

dumgozaДУМГОЗА (Os coccygis) дар натичаи якчоя шудани 3 – 5 мухрахои рудименти ташаккул ёфтааст. Дар байни устухони кос ба намуди фона чой дорад. Д. аз кисми боло бо ду шохчаи худ ба нуги чорбанд пайваст мебошад. Дар нуги Д. мушаки берунии макъад устувор гаштааст.
Ба осебхои Д. зарбу лат хурдан, канда шудани бандакхо, баромадан, шикастан ва г. мансубанд. Онхо асосан дар аснои бо сурин сахт афтодан ба вучуд меоянд. Баромадани Д. мумкин аст дар мавриди зодан ба мушохида расад. Яке аз аломатхои асосии осеби Д. дард аст, ки он хангоми нишастан ва казои хочат хуруч меёбад.
Ёрии аввалин хангоми осеби Д.: ба чорбанд гузоштани ях, истифодаи дорухои рафъи дард, ороми. Хангоми осебхои кушода чатанро сахт мебанданд. Беморро ба занбар хобонда бурдан лозим аст. у дар беморхона бояд 7 – 10 руз аз чой нахезад. Бо максади таскин ёфтани дард аз шамъакхои анестезини истифода мекунанд.
Остеомиелит, хамчунин сил ва диг. беморихои Д. кам дучор мешаванд; баъзан онхо ба пайдоиши думбалу носурхо мусоидат мекунанд. Муоличаи амрози Д. бо рохи чаррохи аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …