Главная / Илм / ДУМБАЛИ БОФТАХОИ НАРМ

ДУМБАЛИ БОФТАХОИ НАРМ

sepsisДУМБАЛИ БОФТАХОИ НАРМ, иллатест, ки дар натичаи ба бофтахои нарм рох ёфтани сироят пайдо мешавад. Сироят ба бофтахо метавонад аз чойхое, ки пучак баромадааст, хамчунин дар мавриди пиодермия, доругузарони ва г. асар кунад. Варам ва дард кардани чои осеб, сахт шудани бофтахо, сурх гаштани пуст ва табу тасф аломатхои Д. мебошанд. Аввал чои думбал сахт (инфилтрати илтихоби) сипас маркази он мулоим мешавад (мавриди палмосидан лик-лик мекунад, ки онро флуктуатсия меноманд). Хангоми чукур чой гирифтани думбал (хусусан думбале, ки баъди доругузарони дар сурин пайдо шудааст) флуктуатсия дертар ба вучуд меояд. Бинобар ин пайдоиши онро интизор нашуда, думбалро муолича кардан лозим аст, зеро эхтимол дорад, ки оризахои хавфнок (мас., сепсис, зардоб гирифтан) ба мушохида расанд.
Думбалхои сатхи пустро бо дору табобат мекунанд. Узви иллатиро ором гузошта, гармбанди менамоянд, аз усулхои физиотерапия истифода мебаранд. Барои таъсири умуми расондан ба организм антибиотикхо, сулфаниламидхо, дорухои табфарор тавсия мешаванд. Дар сурати нарм шудани Д. рохи асосии муолича чаррохи аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …