Главная / Гуногун / ДУ МАЙДОН (Озоди ва Шахидон)

ДУ МАЙДОН (Озоди ва Шахидон)

3 марти соли 1992 Раиси Шурои оли Сафарали Кенчаев дар чаласаи ин ниход вазири корхои дохили – зодаи Бадахшон – Мамадаёз Навчувоновро шадидан танкид карда, истеъфои уро талаб кард, ки ин аз тарики телевизион намоиш дода шуд. Дар натича, рузи 26 март ба конуни манъи тачаммуъ нигох накарда, чамъияти «Лаъли Бадахшон» дар назди кохи Раиси чумхур аз хисоби мардуми Бадахшон тазохурот ташкил карда, истеъфои Раиси Шурои оли Кенчаевро талаб кард. Аз ин фурсат истифода бурда, мухолифон тарафдорони худро ба майдон хонданд. Аз ин ба баъд мухолифон дар майдони Шахидон, хамон майдоне, ки фочиаи хунини бахманмохи на- вад рух дода буд, моххо хайманишини карда, хаёти пойтахт ва кишварро фалач гардонданд. Онхо натичахои интихоботи Раёсати чумхуриро такаллуби номида, талаб мекарданд, ки раъйдихи аз нав баргузор шавад. Ман он вакт, баъди баргаш- тан аз Хинд, дар соли охири донишгох мехондам ва дар ру ба руи чойхонаи «Рохат» ичоранишин будам. Барои ба донишгох рафтан, рохам аз дохили ин майдон, ки пур аз хаймахо буд, мегузашт. Баъзан, аз канор истода, тамошо мекардам ва ба харфхои нотиконашон гуш медодам. Ин тазохурот аз тазохуроти дар Хинд дидаи ман комилан фарк дошт. Ин чо хеч кас фикри мусолиха ва музокира надошт.

Майдони Шахидон ва озоди
Вовчики и Юрчики

Кори Киёмиддини «гози» ба назди микрофон мебаромад ва фигон меандохт: «Во, дино, во шариато, Куръон зери пой шуд, шариат аз даст рафт, марг ба кофирон!» ва мардум ба навха хамрох мешуданд. Шиори дигаре, ки ин рухони медод, чолиб буд ва шунавандаро ба тааммул водор мекард. Пас аз навха у шиор медод «Марг ба Амрико!» ва мардум гулгула меафканданд «Золимин, золимин, марг ба найрангатон, Хуни шахидони мо мечакад аз чангатон!», ки дакик нусхаи шиорхои инкилобии Эронро ба хотир меовард.

Дигари мебаромаду эълон мекард: «Бас аст Маскавро хурондан! Мо факат пахта ва тиллои худамонро бо нархи чахони фурушем, роххоямонро ба чои асфалт аз тилло месозем!» ва чашмони хозирон барк мезад! Дар холе, ки Точикистон аллакай кишвари алохида ва сохибистиклол буд.

Бозор Собир мебаромаду «Азизон, хар ки аз агбаи Анзоб он суст, узбак аст, мангит аст, дафъ шавад! Шумо бо инхо нав му- бориза огоз кардед, ман 25 сол мешавад, ки бо инхо мечангам!» гуфта, фитна меандохт, туда «Мечангем, дафъ шаванд!» гуфта шиор медод. Рости, ин шоири миллат аз хамон фитратхоест,

ки уро «бояд кушт ва дар маргаш гирист». У мехост «табартаксим» ба сари миллат овардаро таквият дихад. Ме- хост кисми шимолии кишварро чудо ва дафъ кунад. «Равед, хонахои хучандихоро руйхат кунед ва кашида гиред», беибо дастур медод у.

Шиори «мечангем»-и онхо лофи хавои набуд. Онхо гуруххои шибхинизоми ташкил карда буданд. Чавонони ин гуруххо ба пешониашон латтаи сафед, ки дар он «фидои» навишта бу- данд, баста, дар руи рохи мошингарди пеши чойхонаи «Рохат» машки низоми мекарданд. Вакти бо низом кадам задан, хамон шиори «Золимин»-ро бо мароми хос мехонданд. Дар дасташон коктейлхои Молотов, бо низом кадам зада, аз майдон мегузаш- танд. Иштиёки кудратхохияшон он кадр боло гирифта буд, ки чашми аклашонро кур карда буд ва ба хар хунхорие тайёр бу- данд. Ин хирасарон мехостанд бо хама: «кофирон», шимолихо, русхо, узбакон яку якбора бичанганд. Дар байни онхо аз факул- таи мо низ чанд нафар буданд. Ман чандин бор саъй кардам бо онхо сухбат кунам. Фахмондани мешудам, ки тазохурот бояд оромона баргузор шавад. Ниёз ба чангу кушокуши нест. Вале онхо ба ман «холо сабр кун, мо галаба кунем, худат ба тарафи мо мегузари», мегуфтанд.

Шодмон Юсуф – раиси Хизби демократ пешниход кард, ки русхои мукими Точикистон гаравгон гирифта шаванд. Ба кавли дигар, гуё у гуфта будааст, ки агар Русия ба корхои Точикистон дахолат кунад, русхои дар Точикистонбударо дар холи гарав- гон мегузорад. Дакик намедонам у чи гуфта буд, вале сад дар сад медонам, ки гайр аз хамин харфи аблахонаи у, хеч кас ба русзабонон на лафзи, на дар амал тахдиде накарда ва озоре нарасонда буд. Вале мутаассифона, бар асари хамин гуфтаи у матбуоти Русия маколахои чавоби чоп карда, тухмати зиёд ба точикон заданд, ки гуё русхоро мекушанд, занхои русро тачовуз мекунанд ва аз ин кабил дуругхо, ки дар натича афсарони рус садхо сарбозхои точикро, ки дар артиш хизмат мекарданд, бо азобу шиканча куштанд.

Шахс бояд чавобгари хар харфи худ бошад. Вакте касе ме- хохад рахбарии чомеаро ба даст гирад, ин масъулият ба маро- тиб боло меравад. Вакте кудрати туда дар ихтиёраш аст, бояд хеле боэхтиёт бошад, зеро такдири хазорон нафар аз харфи у вобаста аст.

Чизи чолиби дигаре, ки чандин бор шохид шудаам ин буд, ки як гурух аз майдон мехестанд ва чандсад метр дуртар рафта саф меоростанд ва бо низом кадам зада омада, ба майдон меда- ромаданд. Сардорашон пеши микрофон рафта «Мо, дусад на- фар, шаби дароз нахобида, пиёда рох гашта, аз нохияи Бохтар ба ёрии шумо омадем!» гуфта хабар медод. Туда «Зинда бод!, Зинда бод!» гуфта рухбаланд мешуд. Хамин тавр, дар давоми руз чандин маротиба намояндахои хар нохия ба сафи майдон- нишинон «афзуда», онхоро рухбаланд мекарданд ва онхо бо садои дучанд «Истеъфо! Истеъфо!» гуфта гирев мебардоштанд.

Раиси чумхур, шояд аз вокеаи хунини бахманмох панд ги- рифта буд, ки барои пароканда кардани тазохурот аз кувва истифода накард. Аслан, Рахмон Набиев дар рафти ин мочаро заъфхои худро ба намоиш гузошт. У собикаи рохбарии чум- хуриро дар солхои кабли дошта бошад хам, бештар накши як мудирро ичро карда омада буд. Хамеша дастнигари Маска- ву Тошканд буда, мустакилият надоштааст ва чун аз чихати шахсияти низ мулоимтабиат ва моил ба айшу нуш буд, дар лахзахои хассос тасмимхои саривакти ва катъи гирифта ната- вонист. Бесалохияти ва сахлангории у сабаб шуд, ки дере на- гузашта, Вазорати корхои дохили худро бетараф эълон кард ва Горди Раиси чумхур ба мухолифин пайваст, вале дар хар хол, ин ду амал, хиёнати руирост ба миллат аз суи сардорони ин макомот буд, ки то хол бахои хаккони нагирифтааст.

Зери фишори тазохуротчиён Сафарали Кенчаев аз раисии Шурои оли истеъфо дод ва дар натича ба тарафдории у ва Набиев дар майдони Озоди, намояндагони вилояти Кулоб ва вилояти Ленинобод бар зидди тазохуроти майдони Шахидон тазохурот ташкил карданд. Раиси чумхур аз хисоби онхо горди мусаллах ташкил кард ва ба онхо 1800 адад Калашников так- сим кард.

Низомиёни рус, намедонам баркасдона ё тасодуфан, ба тазохуркунандагони мухолиф дар майдони Шахидон аслиха доданд. Ман шахсан шохиди он будам. Рузе хамрохи барода- рам Абдулхаким аз дарс бармегаштам, ки ду мошини боркаши руйпуш, аз кисми низомии дивизияи 201-и он замон дар мар- каз карордошта баромад. Тазохуротчиён он мошинхоро манъ карда, хуччат пурсиданд. Майори рус чи хуччате нишон дод, ки онхо конеъ нашуда, болои мошин баромада диданд, ки он пур аз сандукхои аслиха аст. Ин замон яке аз рохбарони май- дон расида омад ва ба он майор фармон дод, ки мошинхоро гардонда ба штаб (ситод) биёрад. Чавонони зиёде дар атрофи ин мошинхо чамъ буданд. Вакте мошинхо гашта ба суи касри Раиси чумхур равон шуданд, хиёбон пур аз одам буд ва онхо охиста-охиста мерафтанд. Чавонон хез карда, ба болои мошинхо баромаданд ва дар як лахза руйпуши брезентии мошинхоро лах-лах карданд. Вале чун теъдоди зиёд баромада буданд ва дар руи сарпуши сандукхо меистоданд, онхоро кушода наметаво- нистанд. Хеч кас хам хозир набуд аз мошин фурояд, зеро хама мехостанд дигари фурояду у сохиби силох шавад.

Майдони пеши кох пур аз хайма буд. Мошинхоро аз гузар- гохи пушти бинои ЗАГС ба хавли дароварданд. Мо дукаса аз кафои ин мошинхо давида мерафтем. Дар хавли мошинхо як лахза таваккуф карданд. Баччахои болои мошин, ки аллакай брезентро тикка-тикка карда буданд, як сандукро кушоданд. Аз дохили он автоматхои Калашникови наппа-навро гирифта, ба суи хамрохонашон дар замин мепартофтанд ва онхо аслихаро гирифта мегурехтанд. Ин сандук дар як лахза холи шуд ва му- боризаи кушодани сандукхо авч гирифт, зеро намуди силох иштиёки ба даст овардани онро дучанд карда буд. Ин замон он рохбар расида омад ва дод зад:

– Зуд мошинхоро ба штаб рон!

Мошинхо аз аркаи он бино гузашта, ин дафъа босуръаттар ба суи козиёт рафтанд. Вакте мо давон-давон ба он чо расидем, онхо дар даруни дарвозаи панчарагии козиёт буданд ва хануз хам муборизаи чавонон барои кушодани сандукхо идома дошт. Ин замон Мусо пахлавон аз бино баромада, аз камони шикории дасташ ду тир ба хаво андохт. Баччахо худро аз болои мошин ба замин партофта, гурехтанд. Як бачча аз фурсат истифода карда, сарпуши сандукро кушод ва аз он як пулемёти (тирбор) Калашниковро бароварда, ба ёраш, ки дар замин мунтазир буд, партофт ва яки дигареро гирифта, фаромад. Бо фармони Мусо пахлавон касоне, ки дар хавлии козиёт мегаштанд, аслихахоро аз дасти онон кашида гирифта, худашонро ба дохили бино кашола карда бурданд. Хамин тавр, майдони Шахидон низ мусаллах шуд.

Дидаю дониста, ба майдони пур аз тазохуротчиён бе мухо- физат баромадани ду мошини пур аз аслиха ва фавран расида омадани яке аз сардорони тазохуротчиён одамро ба тааммул водор мекунад.

Шиорхои харду майдон торафт оханги чангчуёна пайдо ме- карданд, ду майдони мусаллах дар чандсадметри аз хам карор доштанд ва фазо буи хун мекард. Ба зуди силох ба садо омад. Яке паси хам кушторхо огоз шуданд. Аввалин шуда, тарафдо- рони майдони Озоди курбон шуданд. Тазохуркунандагони куло- биасли майдони Озоди ба Кулоб баргашта, Фронти халкиро

таъсис доданд ва эълон карданд, ки барои баркарор кардани хокимияти конуни мубориза мебаранд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …