Главная / Гуногун / ДУКОНИ МУХОБОТ

ДУКОНИ МУХОБОТ

Дар чунон тараккосзанон кушода шуд, ки гуё касе онро бо лагад баркасд куфт. Мо як кад парида, суи дар дида духтем. Аввал шиками калон, баъд худи сохиби шикам – марди ханчарбуруте намоён гашт. Вай чунбида-чунбида чанд кадам пеш омад. Мо аз вазъияти «озод бош!» ба вазъияти «тайёр бош!» гузаштем. Мард тез кабинетро бо нигохи норозиёна аз назар гузаронду бе ягон салому алек, дуг заду, пурсид:

– Кани?

Мо аз ин сухани у хайрон шуда, ба якдигар нигаристем.

– Чи хуса барин шах шуда мондед?! – чашм ало карда, боз дуг зад у. – Кани?!

Ман чуръат пайдо карда, пурсидам:

– Чи?

– Чи, чи?! Чи не, ки!

– Хайр, ки?

– Чияни ман! – бо хамон оханг гуфт мард.

– Ки чиянатон?

– Качаки!

– Качаки? – лаб ба табассум ёзондам ман. – Ха-а, ман тагои Качаки гуед.

– Корат чи?! – бонг зад у. – Кани у?!

– Он кас аз мо рафт.

Худоё, бубахш маро, ки дуруг гуфтам. Уро пеш карда буданд.

– Рафт?! – бо шитоб пурсид у. – Ба деха?!

– Не, аз кор, тамоман рафт.

– Тамоман рафт?! – бо шитобтар пурсид у. – Кучо рафт?!

– Он кас холо дар дукон кор мекунад.

– Боз чи хел дукон?!

– Дукони шишакабулкуни.

– Чи-и?! Чи хел шиша?!

– Шишаи холи.

– Ха…, – гуфт марди ханчарбурут. – Фахмо.

Тагои Качаки дигар чизе напурсида, акиб гашту шикамашро мисли думбаи гусфанди хисори лаппиш дода, баромада рафт.

Аз афташ, пурсиданиед сурати анчоми вокеаро… Саросема нашавед. Хозир хамаашро батафсил накл мекунам.

Ха, Качаки пеш бо мо хамкор буд. Хатто якчоя ана дар хамин хучра менишастем. У марде буд назарногир. Кадпаст. Тарбузсар. Вале ба кавли худаш, чор кас медидаги. Худашро калон мегирифт, аз савлаташ оби хуми Намангон ях мебаст. Боз як одати бади дигар дошт. Шухихои ночову хунуку булачаб мекард. Борхо ба у гуфтем, ки ин корат хуб нест. Аммо насихатхои мо аз як гушаш медаромаду аз гуши дигараш баромада мерафт. Боре котибаи сардор ба коргохамон омад. «Илхом»-и Качаки чуш зад.

– Ох мадори чонам! – башаст хест у. – Ту, то имруз дар кучо буди, сайёди дили ман?!

– Дар сари каврат! – якбора алав гирифта, гуфт котиба.

– Бовар кунед, ба шумо нозу истигно мезебад, – сурху сафед шуда, алави котибаро хост хомуш гардонад Качаки.

– Дахонат на кутал дораду на нишеб! Ба он нухта задан даркор! – бо кахр гуфт котиба ва баромада рафт.

– Ёддошт бигир, – гуфтам ба Гофили. – Ягон руз Качаки ба балои азиме мепечад.

Ким-кадом фариштае омин карда будааст. Пас аз ду руз балои азиме ба сари у омад. Хамон руз ман аз танаффуси нимрузи барвакттар омадам, зеро кори таъчилие доштам. Качаки андак дертар омад. Вале аз Гофили дарак набуд.

– Уфф, бо ту танхо мони, мекафи, – баланд гуфт Качаки. Баъд аз чой бархоста, шохмотро гирифт. – Биё, як пешони молидаву пушти сар хорида гир!

– Халал нарасон, кори таъчили дорам, – норозиёна гуфтам ба у. – Токат кун, Гофили биёяд, бо у мебози.

– Э, стобой кашу не свариш, – даст афшонда, ранчишомез гуфт у. Ва лаб газида, лахзае хомуш истод. Баъд рафта ба чояш нишаст. Пас аз чанде Гофили бо табъи болида баргашт. Ва бо хушхоли вориди кабинет гашт, гайри одат ба чои «салом!» дасташро чун фрицхо боло бардошта «привет!» гуфт. Качаки ба чои алек «иъ!» гуфта, аз чояш осемасар хест. Ва рафта дар ру ба руи Гофили карор гирифт. Ба руяш дида духт. Ва гуё дар хамин холат шах шуд.

– Ха, дар руи ман мох диди? – бо табассум пурсид Гофили.

– Мох не! – чидди гуфт Качаки. – Дог!

– Чи? Ха, мох бе дог не, – гуфт у ва кох-кох хандид.

Вале Качаки вачохату вазияташро тагйир надод.

– Хой, туро чи бало зад? – хайрон шуда, пурсид Гофили.

– Бало маро не, туро задааст-ку?! – хеле чидди нидо намуд Качаки.

– Чи-и?! Чи шудааст? Чи хел бало? – хеч чизро нафахмида, пурсид Гофили.

– Ба руят нигар, ким-чи баромадааст, – асроромез гуфт Качаки.

– Чи?! Баромадааст?! Рост?! – гуфт Гофили ва аз чояш хеста, алиф барин рост шуд. Сипас ин су – он су нигариста, чашмаш ба оинаи баркад афтоду давон ба назди он рафт.

– Ту чудо вохимачи-дия, – руяшро дар оина дида гуфт Гофили. – Ха, баромадааст. Лекин ин хеч гап не, ин аллергия.

– Аллергия? – хайрон шуд Качаки. – Чи хел аллергия?

– Як шиша коняки «Наполеон» муфт ба даст омад. Пок-покиза задем. Нафорид аз афташ.

– Зур буд?

– Ха, зури зур! Чунон зур, ки ба мард меарзидаги. Як кас-ним кас дида, сухта мурд.

– Сухта мурд? Барои чи?

– О, бефахме! О, онхо обе намеёбанд нушанду ман «Наполеон» мезанам. Фахмиди?

– Медони барои чи аллергия дамид ба руят? – ба сухбат хамрох шуда, гуфтам ман.

– Барои чи? – суи ман гашт Гофили.

– Барои он ки тока нушиди. Ха, агар хасиси накарда, бо мо менушиди, аллергия намешуди.

– О, агар бо мо менушид, боз як дард зам мешуд-дия, – гуфт Качаки.

– Ха?! Чи хел дард? – пурсид Гофили.

– Дарди дил, – чавоб дод Качаки ва ба пешонаи Гофили тук-тук зада, гуфт: – Каду ту, каду!

– Чи?!

– Ха, ин аллергия не. Ин касали ганда, биё ба духтур барамат, ки боз мурда намони. Тез ба дармонгох рафти – бурди, дер карди – мурди!

– Э, не-е?! – ба дили Гофили алов афтод. – Мухобот накун?

– Ха-а. Ха, ба «Наполеон» ягон чи андохтаги барин, – алови дили Гофилиро пуф кард у. – Э, дар ин замона чи бисёр, гурсухта, нотавонбин, сволич!

– Э, не-е? – табассум аз лабони Гофили парид. – Биё мон, шухи накун?

– Ин шухи не, – гуфт Качаки ва ба алови дили Гофили як сатил бензин рехт: – Ёд дори, соли нав аз шампон чи кадар одам мурд? Зиёда аз бист кас мурд. Духтури шиносам гуфт, ки дар руи хамаашон догхои сиёх буд. Аз хотират рафт, Бурак аз арак захролуд шуд. Пас аз нушидани арак дар руяш холхои сиёх дамид. Бечора се соат хам назист. Догхои руи ту хам сиёх.

Гофили хамаи ин ходисахоро ёд дорад. Ин буд, ки якбора чидди шуд. Боз ба назди оина рафт.

– Рост, – бо оханге гуфт Гофили, ки гуё аз таги калтаккуб халос шуда бошад. – Аллергия не, догхои сиёх.

Качаки аз шухии бечои худ, ки бо он касди тарсонидани Гофилиро дошт, хурсанд шуда, боз ба алови дили у бензин рехт.

– Валлох, аз сад чонат як чонат намерахад.

Авзои Гофили бечо шуд. Ранги руяш канд.

– Мм-м…

– Ха, чи шуд?

– Са-рам… ча-ш-мам…

Качаки хиккосзанон хандиду кафо рафт.

– Э, э, ба ту чи шуд? – саросема худро ба назди Гофили гирифта, гуфтам ман. – Хун дар руят намонд-а?

Гофили чавоб надод. Монанди халтаи арзан аз болои курси овезон шуд.

– О-хо-хо! Тир ба нишон расид! – хурсандона нидо кард Качаки.

– Чи хел тир?

Качаки кох-кох хандид.

– Як шухи кардем-да. О, ту хам аз хоби зимистона бедор шав, охир. Дар байни когазтудахо пусида рафти-ку! Заб боб кардам-а? Сагирахоя чег занам, чорта ханданд, – суи дар рафт Качаки.

– Буза гами чону кассоба гами чарбу. Гард. О, Гофили аз хуш рафт.

– Аз хуш рафт? Наход? – кафо гашт у.

– Ха, тамоман бехуш.

– Не-й-е! Боз мугамбири накунад. Маъзур дор, эй шайхи покдоман, – гуфт у ва ба назди Гофили омад. – Хайр шуд, бардор сарата, кушо чашмата, шухи кардам.

– Одам нашуди, ки нашуди-да!

Бе дарди саре нишаста будем,

Аз хазли ту дарди сар харидем.

Тозон об оварда, ба руи Гофили пошидам. Ягон рагаш начунбид. Бинам, ахволаш тамоман бад.

– Хеъ, бар падари шухихоят лаънат! О, ту нархар чи кор карди-а?

– Чи кор кардам?!

– Кушти-ку уро. Тез, духтур чег зан.

Хуш аз сари Качаки парид. Алахчааш карахт шуд. Ранг дар руяш намонд.

– Духтур!.. Ёрии таъчили!..

«Ёрии таъчили» – таъчили! – пас аз як соат омад.

– Чи шуд ба у? – пурсид духтур.

– Як шухи кардам, тарсида аз хуш рафт, – бо овози ларзон гуфт Качаки.

Духтур ба муоинаи Гофили пардохт.

– Кош шухи намекардам, – бо таассуф гуфт Качаки.

– Ха, аз хуш рафтааст, – бо таассуф гуфт духтур. – Абади!

– Чи хел абади?

– Абади боз чи хел мешавад? Яъне, ки…

– Чи-и?! Яъне, ки мурд?

– Ха, одати бад – балои чон! – ба руи Качаки тег кашида, нигарист духтур.

Чон аз дасту пои Качаки набаромад. Хангу мангаш наканд. Баракс ба духтур руй оварду гуфт:

– Исто, пат-пат накун. Холо Гофили мурд гуед!

– Набошад чи?!

– Гапат дуруг! – дод зад Качаки.

– Чи хел дуруг? Чи, ман аз шумо сари тарс дорам ва ё моламон таксим нокарда аст, ки дуруг мегуям?

– Ку касам хур, ки мурд.

– Чи касам хурам? – хайрон шуд духтур.

– Дуруггу – русиёх, гуй.

Духтур сахт ба газаб омад.

– Чи?! Хеъ, лаънат бар ту, муттахам! Мардака кушти, боз ман касам хурам, будааст?! Хеъ, одам нашуда, мури ту, муттахам!..

Нафас дар гулуи духтур дармонд. Нафасашро рахо намуда, бо кахр гуфт:

– Зеби мурдан ту доштаи!

Рузи дигар Гофилиро гуру чуб кардем. Хамон руз ба назди мо муфаттиш омад. У як одами тирару буд ва аз андомаш маълум буд, ки дар дилаш мегуяд: «Очаи зоратонро дар чашматон нишон медихам!» Зиёда аз се соат чуну чаро намуда, пурсиш кард, хамаашро навишта гирифт. Тамоми ин муддат симояш чидди, абрувонаш гирех зада буд. Качаки дам ба дам ох мекашид.

– Ху-уш, – гуён, муфаттиш когазхояшро ба дипломаташ андохта, онро пушид ва ба Качаки руй оварда гуфт:

– Бе ичозати ман аз шахр набаро.

– Майлаш, – рози шуд Качаки. – А… вале… чаро?

– Чаро, чаро?! – газабид муфаттиш. – Чунки ту чинояткор!

Качаки аз ин гап занбари таппа – тайёр шуд. Сукунат хукмфармо гашт. Ва як вазъияти ногуворе ба миён омад.

– Наход ки Качакиро суд кунанд? – яхи хомуширо шикаста, пурсидам, дилам сухт.

– Ками камаш се сол мегирад, – чавоб дод муфаттиш.

– Се сол? Не-е! – ба дахшат афтодам ман. – Чабр намешавад-ми?

Качаки башаст аз чояш хест. Ба чашмони у дандонхои тези муфаттиш намоён шуданд. Качаки пасисархорон дар чояш нишаст.

– Ба занаш чабр нашуд?! – гуфт муфаттиш ва баромада рафт.

Рузи дигар чабрдида – зани Гофили Магалмо омад. Вале магал накард.

– Зан дори? – охиста пурсид у аз Качаки.

– Не, ха… доштам, чудо шудем, – гуррунгос зад Качаки.

Ха, у зан дошт. Дар хонаи як зан ичоранишин буд. Зан на пир буду на чавон. На нагз буду на бад. Миёна буд зан. Лекин хушруй буд. Хусну таровати хосае дошт. Ба кавли худи Качаки: чор кас медидаги. Качаки пул наёфт, ки ичорапули дихад. Як сол карздор шуд. Ва мачбур уро ба зани гирифт. Доим якчоя мегаштанд. Боз дасти ба даст. Боре як шиносаш ба Качаки мегуяд:

– Шарм намедори?!

Качаки чизе нафахмида, хайрон мемонад.

– О, ба хар тори муи качат сад духтар овезон мешавад. Вале ёфтагии туро бин-а?! Ин гаркампирро ба сарат мезани! Ха-а-а?!

«Гаркампир» гуфтани шиносаш хуни уро ба чуш меорад. Ва у ба суд ариза медихад. Ба суоли судя «Чаро чудо мешави?», «Характерамон рост наомад»-гуён, чавоб медихад. Ха, у чудо шуд. Вале ягон духтар ба тори муи качаш овезон нашуд. Ва у то имруз шарики хаёти наёфта буд.

– Бо шуи ман шухи карди-а?

– Ха.

– Шухи сохиби занат мекунад.

– Чи хел?

– Маро рафик мегири.

– Чи хел рафик?

– Рафики хаёти.

– Чи хел хаёти?

– Яъне ба зани.

Качаки аз шунидани ин сухан якбора туб барин аз чояш хест. Ва гуё каламфури басо тез хурда бошад, даргирифт. Кариб аррос занад, ки ту хуш дори ё не. Аз ин хол деги газаби Магалмо хам ба чуш омад.

– Шин! – амр кард у ба Качаки.

Качаки охиста нишаст.

– Интихоб кун.

– Чиро?

– Рохро.

– Кадом рохро?

– Боз ту чанд рох дори?! – газабид Магалмо. – Ту хамаги ду рох дори. Ё маро мегири ё ба махбас мерави.

Качаки килу кол гуфта натавонист. Вучудаш санги осиё барин вазнин буд. Базур аракхои пешониашро пок кард…

Ман уро нихта кардаму гуфтам:

– Табрик, Качаки!

– А?.. Ха… Чи гуфти?

– Табрик! Сохиби паризод гашти. Лабаш – гул, даханаш – гул, баданаш…

Ранги руи Качаки пахта барин сап-сафед канд. Мехост харфе гуяд. Аммо сухан дар гулуяш дармонд. Тарсидам. Боз у хам мурда намонад. Не-е, беор мурдан надорад.

Ха, Качаки боз муфт сохиби зан шуд. Вале аз кор махрум гашт.

Бо лабу лунчи овезон, сархам меистод Качаки.

– Ана, акнун барои шухи майдони васеъ фарохам омад, – гуфт сардор ба у ва ба фармон имзо гузошт.

– Бубахшед…, – оби дида резонд Качаки.

– Гум шав!

Качаки бо сари хам, чашми гирёну дили бирён коргохи сардорро тарк гуфт.

Ду мох пас бо Качаки ру ба ру задам. Хароб, пусту устухон. Чехрааш заб-зард. Сару либосаш кухна. Рохравон худ ба худ гап мезад. Бо хайрони барои салом даст додам. Як кад парид. Мутахайирона ба руям нигарист. Гуё маро намешинохта бошад. Базур салом карду сухане нагуфта, шитобон рафт.

– Кариб ба гадои задааст, ноасл, – чанд вакт пас бо нафрату адоват гуфт як хамкорамон.

Ана, акнун дар дукони шишакабулкуни кор мекунад.

Шиша кабул мекунад.

Ха, шишаи холи!

24 январи соли 1999

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …