Главная / Гуногун / ДУХТАРИ КОРХОНА

ДУХТАРИ КОРХОНА

 

Боре директор ба модари Бозорой гуфт, ки кош, духтари ту барин сад нафар коргар мебуд…

– Не-е, гардам, галат кардед, – табассум кард модар. – “Духтари ман” нагуед, “духтари фабрика” гуед. Агар ним руз дар хона монад, токаташ ток шуда хои нишаст намеёбад.

…Бозорой рохравон хаёл мекард.

Ногох чашмаш ба Махбуба бархурд. Саракаш миёни зонувон пинак рафтааст. Бозорой овозаш дод. Вале у харфе нагуфт, магар кару гунг буд, ки овози Бозоройро нашунид. Хузне дошт дар намудаш. Дилаш ба у сухт. Дар баракаш шишт.

– Хоби ё бедор, Махбуба?

У як кад парид.

– Ха-а. Ганаб бурдааст. Охир, имруз душанбе – рузи вазнин аст.

Бале, аксари коргархо душанберо рузи вазнин мегуянд. Аммо одаме, ки ба кор мехр дорад, инро хис намекунад. Махбуба хомуш тарафи Бозорой чашм давонд. Чехраи у тамоман тагйир ёфт. Ин дигаргуни чунон зуд ба вукуъ омад ва чунон равшан буд, ки Махбуба лахзае худро гум кард, гунахкорона сар ба зер афканд. Вай мехост хамаашро гуяд, вале натавонист.

Бозорой кайхо мушохида мекард, ки хислати Махбуба охиста-охиста тагйир меёбад. Бозорой мекушид Махбубаро хубтар бифахмаду ба у дасти ёри дароз кунад. Вале хайхот, кушишхояш бенатиха мемонд. Шиносои ин тавр ба вукуъ омада буд…

Вай аз рохрави сех мегузашт, ки нохост ба гушаш сухбати зайл расид:

– Толеи Бозорой баланд-а? Бубин, ки ба шаъни у хар руз як “барк” овезон.

– Вай худодод-дия.

– Пешкадами штати-дия, хар руз барои вай хаёхуй.

Ранги Бозорой канд. Гушхояш гуввос заданд. Пойхояш бемадор шуданд. Киёфааш гирифта, табъаш хира гашт. Ёвагуи дилашро ба гаш овард. Хост ба духтарон хавоби муносибе гуяд, вале натавонист. Пас чи бояд кард?

Вай ба лавхае ки ба муносибати у “барк” овезон буд, наздик шуд.

– Духтарон чи ба шумо нафорид?

Онхо саволомез ба якдигар нигаристанд. Яке зуд худро ба даст гирифт ва истехзоомез гуфт:

– Чи, магар мо сирру асрори шуморо намедонем. Хама чиз ба шумо. Пеши рохатон хамеша кушода, бинобар ин пешкадам. Мо чи? Инаш нест, ваяш нест. План бошад, 50 фоиз! Мури хам на пул кор мекуниву на обру мегири.

Бозорой бештар хайрон шуд. Гапа бинанд-а. Ха, бо панду насихат кор буд намешавад.

– Биёед, ба чашмони худ ана хамин муболигахоро бубинед.

Онхо дигар илох надоштанд. Назди дастгох истода фурсати нафас рост кардан надоштанд. Дастгохи Бозорой аз дастгоххои дигарон фарке надошт. Тамгаю соли барориш як, танхо ду баробар зиёдтар моку дорад. Бозорой шаст мокуро идора мекард. Вай ором буд. торхо охиста-охиста ба атласи рангинкамон мубаддал мешуданд. Риштае канда шуд. Бозорой бо харакатхои суръатнок ва дакик риштаи гусастаро пайванд кард. Барои ин амалиёт мувофики норма 18 сония вакт худо шудааст, у бошад, хамаги 9 сония сарф кард…

Аз хамон руз Махбуба ба у нобоварона нигох мекард. Ва у холо ба садои дастгох гуш дода, гох-гох ноаён ба тарафи Махбуба дида духта мехост аз ифодаи чехраи вай сирри дилашро бифахмад…

Бозорой орзуи бисёре дошт. Мехост, ки хонад, ба ягон мактаби калон дарояд. Вале солхои баъди ханг оиларо саробони мекардаги касе намонд. Як модар чи хам мекард, кухоро мегирифт. Бозорой медид ва май мебурд, ки модараш барои кути лоямути онхо чи кадар машакат мекашад.

У аз бахри хондан баромад.

Хамин тавр Бозорой аз хурди мехнат карда, нон хурданро омухт, дар рохи максуд устуворию матонатро ёд гирифт, кадри одамият, дустию рафокатро донист. Шавхараш хам баъдтар хавонмарг шуд ва у бо ду фарзанду модари пираш монд.

Бори гароне бар душаш афтод. Шабхо ба Матлуба афсона мегуфт, сари гахвораи Фаёз нишаста “алла” мехонд. Дар сахро баробари мардон аз субх то шом каланд мезад, пахта мечид. На рузи истирохатро медонисту на отпускаро. Баъд шавхари дигар кард. Аз шавхари дуюмин Камолхонро ёфту аммо хаёти оилавиаш барор наёфт. Ха, ранху захмат мекашид, то хигарбандону модараш хор нашаванд.

Гаму ташвиш хура-хура меояд гуфтаги барин, заминхои колхоз ба шахр гузашту у бекор монд…

Ба фабрикаи атласбофи ба кор омад ва инак, чоряк аср боз он хо ресанда шуда кор мекунад. Ин солхо солхои мехнати эходи ва хустуху буданд. Вале пайдо кардани саликаи комил ва махорат чандон осон набуд. Дастгох ба у итоат кардан намехост. Дар хафтахои аввали кор сараш ба занбурхона табдил ёфт. Агар мушкилтарин касб дуто бошад, яктааш хамин будааст. Имтихон супурда ба кори мустакилона рухсат гирифт. Ба ихтиёраш дастгохи си мокуги доданд.

Баъди се мох Бозорой ба идора кардани дастгохи чилмокуги гузашт.

Вай ба фабрика, ба сех ва дастгохаш одат кард, унс гирифт. Аммо факат ба як чиз одат карда натавонист. Хар бор бекористии дастгохоро дида зик мешавад, аз тангдили ба худ мепечад.

Боре токаташ ток шуду сари рохи саринженерро гирифт:

– То кай ба исрофкори рох медихед?!

– Сари худам хам гаранг, хех илохашро наёфта истодаем.

Пас аз чанде у боз сари рохи саринженерро гирифт:

– Илохашро ёфтам, – гуфт у ба саринженер. – Клапанхоро аз пласмасси сахт сохтан лозим. Хам арзону хам бадошт.

– Ин хубу-у… Лекин ки онро месозад?

– Дар системаи вазоратамон заводи “Металлопластмасс” хаст-ку. Тез сохта медиханд.

…Якто клапани озмоиши сохта, имтихон карданд. Он аъло гузашт. Бозорой ба корхона кариб дах хазор фоидаи софи иктисоди овард.

Як рузи борони вокеае руй дод, ки Бозорой онро гуё рузи охир интизор буд: Фируза бетоб шуду ба кор набаромад.

Усто хайрон шуд: ки медонад, Фируза кай сихат шуда ба кор мебарояд? Акнун план ихро нашуда мемонад.

Овози Бозорой усторо ба худ овард:

– Ман як илох мекунам.

Харду лахзае ба хамдигар нигох карданд. Нихоят усто дудила шуда гуфт:

– Зурат мерасида бошад?

– Кани як бинем…

Бозорой хамон руз бист кило ресмон ресид. Ин ракам ба ман-мани наарзад хам, бо вухуди он хахише ба пеш буд. Бозорой ба кувваи худ бовари хосил кард. мошини 60 мокуги талабид. Як мошин буд. вале вайрон. Худаш ба таъмири он шуруъ кард. Рузхои истирохат хам дар сех назди дастгох буд.

Дар ибтидои панхсолаи дахум дастгох ба кор даромад. Хамкорон хурсанд буданд.

Шоли бе курмак намешавад. Хамон руз Бозорой аз кабинети сардори сех хурсанд баромад. Дар хамин вакт касе “план чи хел?” гуфта пурсид. Бозорой ба пурсанда нигарист. Муаттар-ку! Фикр кард, ки  Муаттар шояд, дар хакикат чи кадар ресмон ресиданашро фахмиданист, хавоб дод:

– Бисёр нагз, 35 килограмм ресидам.

– Охо, рекорд-ку! Дар фабрика аввалин-а? Коил! Ха, ин кадар кухо саросемаи? – киноя кард Муаттар. – Пул зарур?

Ин гап ба дили Бозорой тир барин расид.

– Мехнат ки карди, пул хам мегирию обру хам.

– Не, ин хо обру намегири, бехтараш…

Дилаш хафа шуд. Аламаш омад, дар чашмонаш ашк пайдо шуд. Устодаш назди у омада, хамрозона гуфт:

– Ту, духтарам, хафа нашав, ха. Коратро карда гаштан гир.

Гапхои устод дили Бозоройро андак сабук гардонд.

Бозорой ба сафи партия кабул шуданашро хамеша дар ёд дорад. Тирамохи соли 1967-ум буд. дар вазъияти ботантана ба у билети партияви супурданду табрикаш карданд. Бозорой он руз ваъда дод, ки сазовори номи пуршарафи коммунист мешавад. Соле ба хашт нафар духтар касби ресандагиро меомузад. Ваъда медихад, ки шогирдонаш дар се мох тамоми нозукихои касбро азхуд намуда, ба кори мустикилона мегузаранд.

Соли 1975 Бозорой кавл дод, ки марраи панхсолаи дахумро дар 2,5 сол фатх мекунад. ин кам аст ё зиёд? О, ин, яъне хар руз ба хои ду кас кор кардан зарур. Оё ин осон аст? Албатта, не! Бозорой ба ахдаш вафо кард. Аввалин будан хамеша душвор аст, вале пешохангиро аз даст надодан аз он хам душвортар будааст. Боре аз паи ихрои вазифаи депутати рафтан лозим буд ва у натавонист дастгоххоро тоза кунад. Хамкораш онхоро кабул накард. Хамкорон эрод гирифтанд: “Чи ин кадар якрави мекуни? Хар кор шуданаш мумкин. О, аз дигарон кабул мекарди-ку?”. “Аз дигарон ха, – бо писханд хавоб дод у, – лекин аз у не”.

Ана хамин хел…

Нидое риштаи андешахои Бозоройро гусаст. Оханги тарсу вахм дошт он. Бозорой он су нигарист. Дид, ки Махбуба “оху-вох”-кунон ангушташро дошта хаму хез мекард. Он зери дук монда будааст. Бозорой докаю мархам оварда, хои захмро баст. Ин вакт усто пайдо шуду ба сари духтар дод зад:

– Хушат кухо буд!?

– Ба ки мешуд? Хушдораш-дия! – “ках-ках” хандид касе.

Усто мехост ким-чи гуяд, лекин нигохаш чун ба авзои бехошудаистодаи Бозорой афтод, аз нияташ гашт.

– Акнун дастгохи уро ки идора мекунад? – гамгинона гуфт усто.

– Ман худам, – дархол хавоб дод Бозорой. – планашро хам буд мекунам.

– Хайр, мебинем, – гуён усто аз паси кори худ рафт.

Махбубаро ба хона хавоб доданд. Рафт, вале пас аз муддате баргашт. Бозорой хис кард, ки Махбуба дилашро пеши у кушоданист. Лабони Махбуба – “пир-пир” париданд, дар чашмонаш ашк халка зад.

– Маро… – манахаш ларзид. – Маро… зуран ба шавхар додани. Хех вакт…

Овози у дар гулуяш монд.

– Зуран! Ки?

– Модарам…

Бозорой сари Махбубаро модарвор сила карда пурсид:

– Домодшаванда ки?

– Хамсояамон Даврон.

– Даврон? О, вай зан дорад-ку?

– Ха, дошт… Занаш касал шуд, уро пеш кард… Бо ду кудакаш…

Андешае уро домангир шуд: аз кухо ин хама нофахми, берахмию хирси пулу мол? Хакки шир гуфта духтарашонро мефурушанд, ба гирдоби азобу укубатхо гирифтор мекунанд. О, одам гов не-ку! Кухост инсофу кухост одамгари?!

Хонаи Махбуба дар поёни махаллаи 103 вокеъ буд. Рохе, ки дар ду тарафаш нихолхои тут ва бед шинонда буданд, ба суи хонаи онхо мебурд. Дарро ба руи Бозорой модари Махбуба боз намуд. Вай зане буд ситорагарм.

– Вай… Биёед, Бозорой-апа, мархамат, дароед… Хар руз дар газетаву телевизор шуморо мебинаму доим орзу мекунам, кошки Махбубаи ман хам шумо барин номдор шавад.

– Мешавад, – Бозорой ба сари максад омад. – Лекин худатон намехохед.

– Ман?! Чи хел намехостаам? Кадом модар…

– Бале, модареро пайдо кардан душвор аст, ки бахти фарзанди худро нахохад. Лекин…

Зан бо тааххуб нидо кард:

– Намефахмам… шумо чи гуфтаниед?

Бозорой максади омаданашро арз кард.

– Холо элчи шуда, омадам гуед…

Дар як лахза чехраи зан тагйир ёфт. Вай дигар ба он зани ситорагарм монанд набуд. Якбора чун хаси ба оташ афтода дар гирифт.

– Замонаро бинанд-а! Бо хуни хигар фарзанд ба воя расониву сохибихтиёраш набоши. Гами уро хурда ба шавхар дихи, хазор гапу калоча. Гапа бин-а! Ман духтарама мефурухтаам. Духтар духтари ман, чи коре кунам, хак дорам!

– Ба бадбахт кардан хам?! О, домодшаванда занашро бо ду фарзанд аз хона пеш кардаги. Дуюм ин ки вай аз Махбуба хеле калон. Пас, зиндагии онхо чи хел мешавад?

– Надонам…

– Ин зиндаги намешавад, зиндон мешавад. Ё гапам хато?

– Надонам. Лекин шукри хамин Даврон одам мондааст. Аз ин пеш ду кас хам баромадаги буд. пурсиданд, ки “Духтар ки дорад?”. “Оча” – гуфтам. “Сархуй будааст”, – гуфта руй гардонданд. Алам намекунад…

– Номаъкул кардаанд. Лекин ношукри аз шумо гузаштааст. Иброхим одам монда будааст. Шумо “камбагал” гуфта рози нашуда будед. Хамин тавр не?

Зан хомуш монд.

– Магар бахти инсон дар пулу мол аст? Пулаш бисёр, вале инсофу одамгари надорад. Ягона максадаш нафс. Иброхим бачаи мехнати, дустонаш зиёд, ин давлати калон аст. Аз хама мухимаш онхо якдигарро дуст медоранд.

Сухбати онхо тул кашид, вале модари Махбуба гапи худро гап гуфта шиштан гирифт. Рузи дигар Бозорой боз омад, модар хамоно якрави мекард. Аммо Бозорои хам одати аз нимарох гаштанро надошт…

Замона дигар шудаги, дил дили Зайнаб…

…Пагохи митинги серодам барпо гардид. Котиби ташкилоти партияви митингро кушода гуфт:

– Кавли коммунист яктост. Бозорои Ахмадова кавл дод. Ва ихро кард! Ба хои 8897 килограмм 26768 килограмм абрешим ресид!…

Мавхи карсак танинандоз гардид. Гулхои рангоранги зебо бо чехраи гулгуну рухсорахои хуснафзуни у гуё ханг доранд. Гулдастахои атрбез, ки ба кас руху шавки тоза мебахшанд, подоши мехнати халолу диловаронаи уянд.

– Бо чи ба хамаи ин муносиб шудам?

– Бо мехнат, – хайрон шуда гуфтанд хамкорон.

Оре, мехнат як хихати кахрамонии Бозорой аст. Тарбияи фарзандон чи? Матлуба унвони номзади илми тиб гирифтааст. Фаёз ва Камол низ институти тиббиро хатм карданд, духтуранд. Ин захматхои дигари модар аст.

8 августи соли 1986

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …