Главная / Илм / ДОЪУЛФИЛ

ДОЪУЛФИЛ

doulfilДОЪУЛФИЛ (Elephantiasis), погура, дарди филпои, элефантиаз, калон шудани хачми ягон чузъи бадан (пой, хоя ва г.). Дар натичаи танбашавии доимии лимфа ва инкишофи обварам пуст ва насчи зери он гафс мешавад. Аз сабаби газаки такрорёбанда ё музмин (хангоми саромос, ба лимфарагхо гузаштани ангезандахои амрози сирояти, тромбофлебити музмин, кархаи соки по ва г.) лимфарагхо тангу баста мешаванд, харакати лимфа душвор мегардад ва Д. ба миён меояд. Дар кишвархои нихоят гарм (тропики) Д. бештар дар натичаи лимфарагхоро бастани филярияхо (чонвархои паразит аз гурухи халкакирмхо) пайдо мешавад.
Д. аксар вакт пойхоро иллатнок мекунад (аз хамин сабаб онро погура номидаанд). Дар ибтидо дар руи панчаи по обварами хурде ба вучуд меояд ва хангоми бардоштани по хурд ва хатто нест мешавад. Сипас он тадричан ба хама кисми по пахн мегардад. Пусти по гафс шуда, дар он гуррихои калон-калон, дар мобайн чуякхои чукур падид меоянд. Пой гафсу дагал ва ба пои фил монанд мешавад. Бисёр вакт дар руи пуст обилахои майда-майдаи сершумор падид меоянд. Д.-ро бояд духтур табобат кунад. Дар мавриди вазнин будани бемори ба чаррохи даст мезананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …