АЗ «ДОРОБНОМА»-и АБУТОХИРИ ТАРСУСИ
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин киссаи дилкушои рухафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Дороб ибни Доробро ба Эрон бурданд, чунин гуянд, ки уро духтаре буд сахт бочамолу камол, ки у беназири ахли хеш буд ва дар хаждахсолаги сурати Сиёвахшу фарри Хушанг дошт ва дар куввату диловари ба Исфандиёр мемонд. Аммо бар лаб хатти сабзе дошт, чунон ки хар ки варо бидиди, пиндошти, ки у мард аст ва гурзи дувисту панчох ман кор фармуди. Ва Дороб ин духтарро кави дуст дошти ва хунархое, ки шохзодагонро мебакорояд, хама уро даромухта буд. Ва ин духтарро Бурондухт ном буд ва ба ривояти дигар Равшанак ном дошт. Аз он сабаб уро Бурондухт гуфтанди, ки у пушти лаб сабз дошт ва хеч касро ба марди нашумурди.
Чун хабари марги Дороб ба Бурондухт расид, олами равшан ба чашми у сиёх шуд, худро аз тахт ба хоки сиёхи тира дарандохту бехуш шуд. Гулоб ба руи у заданд, то ба хуш омад, чашм боз кард, чашмаш бар он канизакон афтод, ки муйхо бурида буданду руйхо харошида ва дар хоку хун галтон шуда. Бурондухт наърае барзаду чома бар худ чок зад ва муи худ барканду рухсораи чун мохро бихарошид ва соиди худро ба дандон бихоид ва гушти худро ба дандон бармеканд, то гуфтанд, ки «Доробро оварданд». Бурондухт бо хотуну2 канизакон3 берун рафтанд. Чун чашми Бурондухт бар тобути падар афтод, худро аз маркаби Дороб ба хок дарандохту дар хоку хун бигалтид ва бехудии бисёр кард.
Он амирону бузургон, ки бо тобути Дороб омада буданд, чун чашми эшон бар Бурондухт афтод, боз аз сар чомахо чок заданду хок бар сар рехтанд. Бурондухт чун эшонро бидид, худ задан гирифт, то канизакон биёмаданду вайро бигирифтанд, боз ба наздики падар омаду бигирист ва гуфт:
— Эй падари ман в-эй куввати дили ман, маро бе ту зиндагони чи кор ояд! Аммо ба равони5 тую ба равони ниёи6 бузурги ман-Дороб ибни Ардашер, ки ин чо хозир аст, ки доди ту аз Искандар, абераи Файлакус боз хохам, ки Чонусиёру Мохёрро донам, ки у баргумошт7, то ба ту ин муомила карданд.
Ин бигуфту бархост. Чун дахмаро бипушониданд ва халк бозгаштанд, ин хабар ба Искандар расид, ки духтари Дороб чи гуфту савганд чи гуна хурд. Искандар бо Аристотолис машварат кард, ки «ин духтари Дороб дар сар хаваси булачабе дорад, акнун рой бизан, ки чи бояд кардан, хароина тадбире бояд ангехт.»
Аристотолис гуфт:
— Чун ин духтар падари худро кушта дид, оташи газаб дар сар афтод. Агар аз дарди падар сухане гуяд, маъзур бошад, алалхусус, мешунавам, ки ин духтар ба Исфандиёр мемонад, ки шучоате азим дораду дувисту панчох ман гурзро
кор мефармояд ва камони уро дар мулки Эрон касе наметавонад кашид. Бо у мудоро бояд кардан, то ором шаваду ба доми мо афтад.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин кисса ривоят чунин мекунад, ки чун аз ин сухан ду мох баромад, Бурондухт амирону бузургонро чамъ карду гуфт:
— Шумо чи мегуед дар ин сурат, ки Искандар аз Рум биёяду падари маро бикушад ва касди тахти Эрон дорад. Шумо бо у дил яке доред?! То ман бидонам, ки маро бо вай маслихат чист, то ба он машгул гардам! Чавоби маро ба рости гуед!
Он руз мабод, ки бо вай дил яке кунему аз подшохи худ баргардем ва мулки Эронро ба вай дихем! То чон дар тани мост, бо Искандар харб кунем аз бахри шумо ва то хуни Дороб ибни Доробро аз вай нахохем, аз пой нашинем ва бо ду даст тег мезанем!
Чун Бурондухт аз эшон ин сухан бишунид, шод шуду хамаро бинавохт ва бар эшон офарин карду аз эшон байъат8 биситод ва нома ба суи Истахру Форсу Кирмон ва Сипохону Курд аз Куршулу Мозандарон ва Ироку Гелон навишт ва аз эшон мадад хост. Дар се мох саду бист хазор савор барии Бурондухт чамъ шуданд, берун аз он мутаалликон, ки бо у буданд. Дари хазина боз карду хамаро мол бахшид ва аспу сипох бахшид ва гуфт:
— Агар ман Искандарро бикушам, мартабаи шуморо би афзоям ва бо шумо чандин накуи кунам, ки дар фахм наёяд. Хама сархо бар замин ниходанду хидмат карданд ва чунин гуфтанд, ки «то як раг дар тани мо чунбад, мо дудастатег занем, бошад, ки бар душман зафар ёбем». Ин бигуфтанду руй ба суи Искандар оварданд.
Чун шох Искандар аз ин ахвол хабар ёфт, зуд лашкари азимро номзад кард (тиъин кард) бо дах амиру мардони хиёр (баргузида), то баробари Бурондухт бозомад ва лашкари дигарро таълим кард, ки шумо фурсат нигох доред, ки ин лашкари мо ба лашкари Бурондухт чун дар чанг оянд, шумо бар лашкаргох бизанеду горат кунед ва хазинаву мол бардоред ва бар астарону уштурон бор кунеду боз гардед.
Чунин тадбирхо бикард, руй ба Бурондухт овард. Бурондухт хабар ёфт, баробари лашкар бозомаду хаймаву боргох бизаданд ва он шаб хамчунон буданд.Рузи дигар чун офтоб баромад ва овозаи кусу (накора) бук (шайпур) аз хар ду лашкар баромад, руй дар руй биистоданд. Амире буд бузург мар Искандарро, номи у Сухроб. Марде диловар буду кордон.
Як шахсеро гуфт:
Бирав баробари ин лашкар ва бо овози баланд бигу, ки: «Эй лашкари Эрону Ироку Порс, шумо аз бахри чи кор омадаед ва аз чихати ки чанг хохед кард, ки Дороб кушта шуд ва амирону бузургони у бо Искандар байъат карданд ва дар миёни шумо истодаанд, то чун чанг шавад, эшон ба суи Искандар раванд ва шуморо хабар нест. Ба хонумони худ раведу дар хуни худ маронед, вагарна пушаймон шавед ва он гох суд надорад».
Он гуянда бирафт ва ин суханон ба овози баланд бигуфт, чунон ки эшон бишуниданд ва баъзе аз эшон ин суханон рост пиндоштанд. Бурондухт гуфт:
— Ман ба Искандар коре кунам, ки хамаи чахониён ибрат гиранд! Ин бигуфту асп дар майдон тохт ва чавлон намуд ва он амуди9 дувисту панчохмани бардошт ва мубориз талабид. Марде буд аз лашкари Искандар, ки уро Кахлос гуфтанди. Марде хиёр (пахлавон) буд, уро хеч аспе натавонисти кашид, бар уштур нишасти. Теге дошта вазни си ман, ки агар бар кух зади, ба ду ним карди. Силох кушоду бо барии Бурондухт омад ва хам аз гарди рох хамла кард. Бурондухт чун гармии уро бидид, баробари хамлаи у боз шуд, яке бо тегу яке бо гурз, то чанд хамла дар миёни эшон ботил шуд.
Бурондухт бо худ гуфт:
— Ин мард мардона аст, аммо чаро бояд. ки маро бо у чандин рузгор шавад?
— Ин бигуфту хамлаи сахт баровард чун оташи сузон ва ба хар ду пой дар рикоб биистоду он гурзро баровард. Кахлос чун бидид, сипарро бо гурз гузошт, то магар хамлаи уро рад кунад. Бурондухт он гурзро бо куввати бозу чунон бизад, ки магзаш парешон шуд, Кахлос аз сари асп дарафтоду чон бидод. Лашкари Искандар чун Кахлосро кушта диданд, хама бар дасту бозуи Бурондухт офарин карданд. Марде буд дар лашкари Искандар, ки уро Фарход гуфтанди.
Амири дах хазор мард буду дар калб10 истода буд, бо амирон гуфт, ки: «бо ин савор чангу мубориза кардан маслихат нест. Тадбир он аст, ки ба як бор хамла кунем, бошад, ки ба дасти галаба ин лашкарро битавонем шикастан». Ин бигуфтанду ба як бор хамла оварданд. Лашкари Эронниз аз чой ба як бор бичунбиданд. Овози кусу духул ба расид, хама тегу гурз ва ночиху13 дахра14 ва зубин (найза) бар сару фарки якдигар ниходанду мекуштанд.
Лашкари Рум бар Бурондухт галаба карданд ва уро чун калъа дар миён гирифтанд. Лашкари Бурондухт хостанд, то халкаро аз хам бидаранд, то уро савор кунанд, натавонистанд. Хама руй ба хазимат ниходанд ва бо якдигар гуфтанд:
— Бурондухтро кор аз даст рафт.
Ва дарег мехурданду мерафтанд. Чун Бурондухт аз лашкари худ асар надид, ноумед шуд. Замоне бар ноумеди харб кард ва у низ худро аз миёни лашкар берун андохт. Бо гуломону чокарони худ то микдори ду фарсанг15 рох рафт, назар кард, чахордеворе дид бас баланду махкам, наз дики чахордевор омаду гирди он чахордевор бигашт ва чое пеши чашм кард, ки чое махкам буд. Хамон чо биистоду он гуломону чокарон низ биистоданд.
Бурондухт гуфт:
— Биталабед, то хеч чое обе ёбед, ки ман ташнаам, то шар бате об бихурам. Чанд гуломи гурд баромаданд, чашмаи обе ёфтанд, ки бар сабза мегалтид чун марворид, чое хушу хуррам ва макоми16 бонузхат17. Гуломон шод шуданду аз он об бихурданд ва ба наздики Бурондухт машрабае18 об биёварданду ахволи он чашма ва маргзорро бигуфтанд. Бурондухт шод шуд ва…. ба наздики он чашма омад ва дасту дахон бишуст. Он гох руй бар хок молиду бигирист ва гуфто:
— Худовандо, бандаеам аз камтарин бандагони даргохи ту, маро фарёд рас, ки падарамро куштанду касди чони ман низ кардаанд, ту маро даст гир, ки дастгири дармондагон туи.
Ин бигуфт ва мегирист, ки ногох овози суми маркабон ба гуши у расид, барчасту силох дарпушид ва бар маркаб савор шуд. Лашкаре дид ба микдори панч — шаш хазор мард, ки руй ба рох оварда буданд ва мерафтанд. Бурондухт бо худ гуфт, ки «оё ин лашкари Мозандарон бувад, ки ба хазимат мерафтанд?»
Бурондухт он лашкарро бишинохт, зуд чанд гуломро дар акиби эшон бифиристод. Он гуломон маркабон бидавониданд, то бирасиданд. Гуломон гуфтанд:
— Инак, шохзода Бурондухт наздики он чахордевор истодааст, шуморо, ки дид, моёнро дар акиби шумо мефиристод.
Эшон хама шод шуданду ба наздики Бурондухт омаданд ва хама пиёда шуданду хидмат карданд. Бурондухт хамаро бипурсид ва узр хосту гуфт:
— Шумо ба сабаби ман хонумон барандохтед ва зану фарзанд рахо кардед ва чонхо бар кафи даст ниходеду ба гирди чахон мегардед. Агар зинда монам, узри шумо бихохаму ба хакки шумо бирасам.
Инхо гуфтанд, ки «мо хама бандагони туему аз они Дороб, ки падарони мо бандагони шох Дороб буданд ва бидонад маликаи Эрон, ки то пои ту дар рикоб бошад, мо аз барои ту ба ду даст тег бизанему аз ту барнагардем, то кори мо ба Искандар якруя шавад. Ин чо аз бахри он омадаем, ки чое талабем, ки фуруд оему аз шумо хабар ёбем. Акнун ки шуморо бо чон дидем, хар чи ишорат кунед, бо он биравем». Бурондухт бар эшон офарин карду эшонро ба чойгахи неку фуруд овард, то хама бар сари он чашмасор маком карданд ва фуруд омаданд.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин киссаи дилкушои чонафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Бурондухт об бихурд, силох аз худ чудо кард ва мар гуломонро гуфт: Тане чанд биёсоед ва тане чанд талоя20 бошед, то бо хатое бознахурем. Аз он гуломон тане чанд ба талоя рафтанд ва хам дар навохии он чахордевор мегаштанд ва пос медоштанд ва ягону дугон аз асп фуруд меомаданду мехуфтанд, ки хамаи эшон хаста буданд ва хам аспон монда шуда буданд, ки гом аз гом21 наметавонистанд баргирифт ва бар чой хушк бимонда буданд. Аммо дар миёни он гуломон гуломе буд руми, ки уро Бурондухт харида буд ва он гуломро хамон хавои Рум дар сар буду чанд бор касди он карда буд, то аз Эрон бигузараду ба Рум равад, аммо фурсат намеёфт.
Чун Бурондухт ба он чахордевор омаду такя кард ва он гуломонро гуфт, ки пос доред, он гулом бо худ андеша кард, ки фурсат ба вакт нест, ки хамин соат руй ба лашкаргохи Искандар биёраму аз холи Бурондухт шох Искандарро хабар дихам, то лашкар бифиристад ва Бурондухтро бигирад, то ин чангу ошуб кам шаваду ин
фитна бинишинад. Ва чун инчунин коре карда бошам, шох Искандар маро бинавозаду мартабаи маро баланд гардонад ва ман низ дар Рум бимонам. Ин бияндешиду охистаохиста аспро инон (лачом) гирифта буд ва мечаронид, то чандоне, ки аз он гуломон дур афтод, пой дар асп оварду руй ба лашкаргохи Искандар овард. Чун ба даргохи Искандар омад, бор хост… Хочиб бо шох Искандар гуфт: Дароредаш, то бубинам, ки чи мегуяд. Хочиби бор берун омаду
бозуи он гулом бигирифт ва дар пеши шох Искандар овард. Чун чашми гулом бар шох Искандар афтод, хидмат карду ба забони руми шохро дуъо гуфт.
Баъд аз он гуфт:
— Эй шох, хабаре овардаам, агар ичозати шох бошад, би гуям: Шох Искандар гуфт:
— Ичозат аст.
Гулом ахволи Бурондухт, чанг кардани у бо лашкари Искандар, ба бад-он чахордевор омадану он чо хуфтан ва гуломонро гуфтан, ки шумо талоя доред, бигуфт ва гуфт:
— Ман ба хидмат омадаам, то шохро маълум кунам, ки Бурондухтро осон метавон ба даст овардан. Шох Искандар чун ин бишунид, ачаб дошт аз он сухан хое, ки он гулом гуфт. Шох Искандар он гуломро гуфт, ки аз ин чо то ба он чахордевор чанде рох бошад?
Гулом гуфт:
— Шояд, ки ду фарсанг рох бошад ё набошад, зуд шох Искандар ду амири бузург бо чанд амиронро номзад кард бо дах хазор мард ва гуфт:
— Хохам, ки бираведу Бурондухтро бигиред ва ба назди ки ман биёред. Ва ин хар ду амири бузург бо хашт амири дигар лашкар баргирифтанд ва он гуломро бо асп оварданду таому шароб бидоданд, то сер бихурду савор шуд ва дар пеш даромаду он ду амирро бо лашкари гарон, ки дах хазор савори корзордидаи чаррора (зуру тавоно) буданд, ба наздики Бурондухт овард.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин достони ачоибнигор чунин ривоят мекунад, ки чун он гулом бирафт ва субхи содик бидамид, Бурондухт он лашкари Мозандаронро ба он сарчашма фуру оварда буд, чун чоштгох шуд, бист хазор мард бари Бурондухт чамъ шуданд, аммо на хайма доштанд, на боргох, ки хамаро лашкари Искандар горат карда буданд ва тадбири он кор ме карданд, ки чи гуна кунем, то чизе ба чанг орем, ки аз дурр гарде пайдо шуду бод бар он гард зад ва бишикофт, аз миёни он гард лашкаре пайдо шуд, аломати он лашкар дах хазор мард буд, Бурондухт чун он лашкар бидид, бонг бар мардумони худ бизаду гуфт:
— Эй чавонмардон, инак аспу силоху неъмат, ки аз барои мо овардаанд! Бархезеду барнишинед ва бикушед, ки то кини (касди) худро аз ин ночавонмардон бихохам!
Он хама лашкар дар силох шуданд. Бурондухт лашкари худро ба чахор киём кард, ба хар чое панч хазор мард дар камин бинишонд ва худ бо сесад гулом дар баробар биистод.
Чун гуломони Бурондухт бо он андак моя мардум, ки гуломону чокарони уянд ва бар он дари чахордевор истодаанд, гуруснаву хаста. Чун он амирон Бурондухтро бидиданд, баромаданд, то ба наздики он чахордевор расиданд, бар чой истоданду якеро гуфтанд, ки «бираву Бурондухтро бигуй, ки ин лашкарест, ки аз пеши шох Искандар омадааст. Шох Искандарро маълум карданд, ки шумо ин чо омадаед, моро фиристодааст, ки Бурондухтро биёред ва агар наёяд, уро бигуед, ки Искандар туро салом мерасонад ва мегуяд, ки чаро чанг мекунию фитна пайдо месози ва хуни озодмардон мерези? Ман аз Рум чихати чанг кардан наёмадаам, ба падарат гуфтам, нашуниду чон ба бод дод! Ту он макун, ки падарат кард, то ту низ
чон ба бод надихи! Биё ба наздики ман, то хар чи хохи, ба ту дихам ва хар чи муроди ту бошад, ба ту расонам, ки мо бегона нестем, аз як наслем. Ту духтари Дороб ибни Дороби ва ман писари Дороб ибни Ардашер. Раво набошад, ки дар миёни мову ту адоват бошад, то баъд аз мо подшохон ин сухан бишунаванд ва моро бинакуханд.» Чун он кас ин сухан бигуфт, Бурондухт гуфт:
— Инро дастбурде бояд намудан, то дигар чунин пайгом наёбад.
Тире аз чаъба (тирдон) баркашиду бар камон ниход ва чунон бизад, ки дар дахони он пайгоморанда даршуду аз кафо берун парид. Он мард аз асп андарафтоду чон бидод ва он Сухробу Фарход ва амирони дигар чун он хол биди данд, бо якдигар гуфтанд, ки «айб аз мо бувад, чаро бояд, ки бо Бурондухт аз ин гуна сухан гуему бо у сулх чуем? Шох Искандар моро гуфт: «Бираведу Бурондухтро бигиред ва зинда ба наздики ман оред».
Хеч аз ин бехтар нест, ки ба як бор хамла кунему эшонро дар миён гирем ва ба дасти галаба хамаро гирем! Ин бигуфтанду ба як бор хамла карданд ва хой — хой баромад ва он дах хазор мард ба як бор руй ба Бурондухт овар данд. Бурондухтро хеч дил аз чой набурду баробари он лашкар омад ва гурзи калонро кор фармуд. Бо хар амуде (гурзе) мардеро бо асп ба хам дар зин шикасту ба хар чониб, ки Бурондухт хамла мекард, аз кушта пушта мениход ва он амирон хар соат бонг бар лашкар мезаданду ба гирифтани Бурондухт тахриз (игво) мекарданд, ки ногох аз чахор гуша он бист хазор мард кашида чун шерони гурусна аз ямину ясор (росту чап) ва пасу пеш даромаданду ба захм гирифтанд. Чун лашкари Шох Искандар он хама лашкарро бидиданд, бидонистанд, ки эшон камин карда буданд.
Умед аз чон баргирифтанду гуфтанд ки «ин гулом бо мо макр карду моро ин чо овард ва дар тагораи хун ниход». Ин бигуфтанду ин гуломро порапора карданд.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси чунин ривоят мекунад, ки чун он лашкари Бурон духт он макр бикарданд, аз бахри аспу салох, ба бахт мекушиданду бемухобо аз он лашкар мекуштанд ва мехостанд, то дар як соат дах хазор мардро бар замин заданд ва хастаро худ адад пайдо набуд ва аз он амирон баъзеро мекуштанду баъзеро асир карданд ва бари Бурондухт оварданд.
Бурондухт бипурсид, ки «Шуморо бад-ин маком ки овард?!»
Ахволи гулом бозгуфтанд. Бурондухт гуфт:
— Он гуломро биталабед! Гуфтанд:
— Мо чунон пиндоштем, ки он гулом бо мо макр кардааст. Мо вайро бикуштем. Он гуломро талабиданд, кушта ёфтанд. Боз сари Фарходро бибуриданду гушу бинии
Сухробро бибуриданд ва сари Фарходу гуломро бар гардани Сухроб овехтанд. Он гох Бурондухт гуфт:
— Бираву Искандарро бигуй, то чангро омода бошад. Сухроб бо ин аломат ба лашкаргохи хеш омад. Чун амирон лашкари Сухробро бад-он аломат бидиданд, ачаб доштанд ва хамчунон ба наздики Искандар оварданд. Сухробро бипурсид, ки
«туро ин чи афтод?» Сухроб замин буса дод ва гуфт:
Он нашуд, ки мо хостем, он омад, ки Худой хост! Бурондухт берун омаду Фарходро бо чумлаи амирон халок кард ва инак сари гуломи рохбар бо сари Фарход ба наздики Шумо фиристод, ки чангро омода бошед. Искандар хайрон бимонд, гуфт:
— Магар макрею тилисме сохт? Сухроб гуфт:
— Тилисме дигар набуд, аммо бар мо тохтан овард ва он гох Фарходро бигирифту сар бибурид ва маро бад-ин холл бифиристод.
Искандар чун ин бишунид, дар ачаб бимонду гуфт.
— Эй Сухроб, Бурондухтро кучо монди? Сухроб гуфт:
— Яке чахордеворе рост кардааст ва дар он чост. Искан дар гуфт:
— Савор шавему биравем ва Бурондухтро бигирем? Аристотолис бихандид. Искандар гуфт:
— Чаро механди! Хаким гуфт:
— Дар кудрати Яздон нигох мекунаму хикматхои ачабро меандешам, ки дар хар соат дигар алвон (ранг ба ранг) хикмате менамояд. Дар андак рузгор чанд бор кори малик булачаб шуд, то окибат чи шавад?
Искандар гуфт:
— Мо хама дармондаву очизем ва малики малик Худой аст ва хукми уст, аммо бо ин Бурондухт чанг кардан маслихат нест, ки хар ки касди вай кунад, халок шавад.
Аристотолис гуфт:
— Чумлаи корхо ба вакт мавкуф аст. Акнун вакт аст, ки уро таксир (хато) накунем, то ин фитнахо магар биёромад, ки агар лашкари Табаристону Мозандарон ва Хуз хабар ёбанд, хама бо вай ёр шаванд ва Бурондухт боз кави гарда ду ба даст овардани у душвор шавад.
Пас бифармуд, то кус (нагора) фуру куфтанду пой дардамиданд ва Искандар савор шуда, лашкари Порсу Ироку Рум чун дарёи чушон аз чой бичунбониданд ва он руз то шаб биронданд, то ба наздики Бурондухт расиданд. Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси чунин ривоят мекунад, ки то Искандар ба Бурондухт расид, Бурондухтро бисту панч хазор савор чамъ шуда буданд, хама муборизони хиёри хуношом. Чун чосус бирафт, Бурондухтро хабар кард, ки «эй маликаи Эрон, Искандар бо лашкари бисёр расид ва ба бад-он омадааст, то туро бигирад». Бурондухт бо сипохи хеш гуфт:
— Эй падарони ман, имруз чуз тозиёна ва ин асп, ки бар он нишастаам, чизе дигар надорам. Хама молу неъмат Шуморо манфиат бувад, ки агар ман ба тахти худ боз расам, хамаро аз мол Корун кунам ва агар маро ёри нахохед дод, чумла маро сарех (равшан) бигуед, то ман бидонам, бархе заму ба Хиндустон шавам, ки малики Хинд аз дасти падар калони ман — Дороб подшох аст. Чун он чо равам, бубинам, ки хукми Худованд чист, ки он чи хости уст, бояд ин киёс кард, ки чуз он нашавад.
Чун Бурондухт ин сухан бигуфт, он лашкар, ки бар у чамь омада буданд, чумла бигуфтанд, ки «чаро чунин мегуи? Мо чумла бандагони вафодору хидматгори туем ва мо хама, ки аз Хуросону Мозандарон омадаем, то чон дар тан дорем, бо душмани ту теги чонрабой мезанем!» Бурондухт бар хама офарин карду ваъдахои хуб фармуд.
Он гох гуфт:
— Искандар чунон медонад, ки ман танхо мондаам. Акнун савоб он аст, ки дар камингохе бинишинем, то чун Искандар даррасад, хештанро бар вай бизанем. Бошад, ки уро тавонем гирифтан ва ин теги худро ба хуни у рангин кунем ва бар чумлаи шохон пируз гардем ва бар тахти Эрон бинишинем.
Он чумла бузургон гуфтанд:
— Иншоаллох…, ки маликаи Эрон ба максуд бирасад. Пас бисту панч хазор мард дар камин бинишастанд, то Искандар даррасид.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин кисса чунин ривоят мекунад, ки яке аз чумлаи мардони Бурондухт рафту ба Искандар гуфт, ки «бисту панч хазор мардро Бурондухт дар камингох нишондааст».
Чун Искандар аз чосус ин сухан бишунид, гуфт, ки «бузургони сипохро бихохед». Бузургон биёмаданду замин буса доданд ва гуфтанд, ки «фармон чист?». Искандар гуфт, ки «бар чой карор гиред, рафтан нест». Чумла сипох бар чой карор гирифтанд. Марде аз сипохи Искандар биёмаду Бурондухтро хабар дод, ки лашкари Искандар бар чое карор гирифтанд, ки аз ту хабар ёфтанд, ки дар камин нишастаи». Бузургони сипохро Бурондухт гуфт:
— Шумо ин чо бибошед, то ман бо дах хазор мард биравам аз дасти рост ба суи биёбон ва аз паси пушт Искандарро бо лашкари вай дастбурди намоям, чунон ки мардони чахон офарин гуянду баъд аз ман киссаи ман муниси дили чахониён бувад. Ин бигуфту дар биёбон фуру рафт бо он дах хазор савор ва Искандар бар рох истода буд ва Бурондухтро мепоист, то кай расад, ки ногох Бурондухт аз кафои лашкари Искандар даррасид. Ва чунон пиндоштанд, ки аз румиёнанд, ки ба мадади эшон омадаанд. Дар ин буданд, ки Бурондухт як наъра бизаду гуфт:
-Манам Бурондухт бинти Дороб ибни Дороб ибни Ардашер! Эй Искандар, чаро Фарходро ба талаби ман фиристоди, ки худ наёмади?! Акнун ман худ омадаам, то туро захмат нашавад! Хамлаи маро пой дор!
Ин бигуфту хамла кард ва хештан чун хизабри (шери) дамон (маст) дар миёни лашкари Рум афканд ва бонги деху доругир баромад. Ва он гурзи дувисту панчохманиро кор фармудан гирифт. Искандар чун бидид, ки чуфти мувофики «мехрубон» омад, хештанро аз миёни лашкар берун андохту чони ширини худро аз пеши Бурондухт ба хазор хила берун бурду сари худ гирифт.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор чунин ривоят мекунад, ки аз чахор карона лашкари Бурондухт расид ва тегу тир дар миён ниходанд ва Бурондухт чун шери ошуфта дарафтод ва хар киро мезад, аспу мардро пахч (пахш) мекард, то субх, ки машшотаи чахон аст, асар кард ва шаъри кухли (торикии шаб) аз руи аруси чахон барандохту олам мунаввар шуд. Бурондухт аз миёни масоф овоз дод, ки «эй чавонмардони азим, мардвор кушидед, аммо эшон бисёран-ду соат ба соат бар эшон мадад мерасад, набояд, ки хатоие равад. Бозгардед! Лашкари Бурондухт бозгаштанду бар лаби Фурот омаданд. Лашкари Рум чун чунон бидиданд, дар кафои эшон биронданд, то бошад, ки Бурондухтро би гиранд. Чун Бурондухт чунон бидид, бозгашту хамла кард ва он лашкари Румро боз ба чои худ овард. Ва он шаб панч хазор мард кушта шуд аз хар ду чониб ва сесад мард аз румиён ба дасти Бурондухт асир афтод ва то лаби оби Фурот омад ва он чи аз асирони Рум кавитар буданд, саду панчохмардро сар буриду дар гардани он саду панчох мард фурутар даровехт ва гушу бинии эшон бибуриду ба назди Искандар фиристод ва гуфт:
— Бираведу бигуед, ки ман тахти Эрон бад-у додам, аммо рахо накунамаш, то як соат хуш бошад. Ва гирди лашкари у мегардам ва мезанаму мекушам!
Ин бигуфту он асиронро бифиристод ва Бурондухт мардони худро гуфт, ки «агар айёрие мекунед, чунон ки мардони Искандар кардаанд, хама неъмат ба даст оред ва имруз ба дасти ман чизе нест ва хама ба Истахр мондааст. Акнун ошуб дар чахон афканему намонем, то Искандар бар тахти Эрон рост нишинад, бархезему ба Рум равем ва он чи Искандар ба Эрон кардааст, мо ба Рум кунем, балки бадтар аз он ки у кардааст. Ва он чи Искандар аз Эрон молу неъмат гирифтааст, мо сад чандон аз Рум бигирем!»
Сипохи у гуфтанд:
— Эй маликаи Эрон, мо хама бандагону фармонбардори туем ва то чон дар тани мост, бикушем. Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин кисса чунин ривоят мекунад, ки чун он асирони гушу бинибурида ва он сархои ба гардан дарафканда ба саропардаи Искандар омаданд ва Искандарро хабар доданд,
Искандар он сархоро бифармуд, то дар хок карданд ва Аристотолису Сатломису Батлимусро бихонд. Чун биёмаданд, Искандар бигуфт:
— Тадбир чист, ки боз Бурондухт кави шуду чандон сипохи маро халок кард?
Аристотолис гуфт:
— Эй маликуррум, ту аз Эрон тарк намегири? Даст аз Эрон
кутох кун, то ба Рум равем. Искандар гуфт:
— Ман ин нангу ор кучо барам, ки хама мардуми Рум маро гуянд, ки аз духтаре бигурехт ва натавонист бо у баромадан.
Он румиён гуфтанд, ки «бадтар аз ин нангу ор нест».
Искандар чун ин сухан бишунид, гуфт:
— Ба равони падарам — Дороб ибни Ардашер, ки то мулки Эрону Румро ба худ рост накунам, орому карор нагирам! Зуд бифармуд, то лашкар барнишастанду он бузургони сипох гуфтанд, ки «эй маликуррум, шитоб макун, то тадби-
ре бикунем, чи сабуксаронро бузургон насутудаанд».
Искандар гуфт:
— Бишинед, то тадбире кунем. Аристотолис гуфт:
— Толеи Бурондухт кави дар нухусат (бадбахти) аст. Агар аз
ин нухусат халос ёбад, олам дар зери фармони вай шавад ва панчох сол мулк ронад. Акнун тадбир он аст, ки то хамаи эро ниёнро дастуре дихи, то бари Бурондухт раванд ва бигуи, ки «маро Эрон намебояд. Ман аз Эрону эрониён безорам. Эрониён бари Бурондухт раванд, то маъзур шавад ба лашкар»
Чун ин сухан ба гуши эрониён расид, яке аз он чумла хавохони (тарафдори) Бурондухт ин сухан бишунид, бархосту ба назди Бурондухт омад ва бигуфт, ки «Искандар эрони ёнро ба наздики ту фиристод ва овоза дарандохт, ки ман ба
Рум меравам». Ва он шаб бист хазор мард биёмаданду дар пеши Бурондухт замин буса доданд ва узр хостанд.
Бурондухт бар лаби оби Фурот фуруд омада буд, на саропарда дошту на хайма, он эрониён, ки омада буданд, мегуфтанд, кй эй малика, чаро хайма намезани?
Бурондухт гуфт:
— Маро хеч чиз намебояд ва шумо низ намебояд. Бозгардеду ба наздики Искандар равед ва ман безахмату ранч биравам.
Он лашкари Эрон ба наздики Искандар омаданду гуфтанд:
— Моро Бурондухт кабул накард ва бозфиристод. Искандар гуфт:
— Шуморо чаро бозфиристод ва чаро саропарда намезанад, ки бар лаби об чун лулиён фуруд омадааст? Магар уро хаймаву хиргох нест?
Гуфтанд:
— Мо хеч намедонем, то у дар чи кор аст.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутохири Тарсуси аз ин кисса чунин ривоят мекунад, ки рузи дигар Бурондухт савор шуд ва гирди Эрон баромад ва гуфт, ки «бо ман байъат (ахд) кунед, ки аз ман барнагардеду дар хакки ман бади наандешед ва ба наздики душманон сухан нафиристед». Эрониён гуфтанд:
— Чунин кунем.
Пас боз байъат карданду савганд хурданд, ки «агар ахд бишиканем, ба ин об гарк шавем». Пас Бурондухт савор шуд, руй ба осмон карду гуфт:
— Эй Худои бехамто, ба хакки Худоии ту, ки хамчунон ки падари маро аз обу шамшери душманон ва аждахо нигох дошти, мани бечораро низ нигох дор ва дустони маро дар об гарк магардон ва онхо, ки дили эшон бо ман рост нест,
хамаро ба ин об гарк гардон!
Ин бигуфту руй бар хок ниход ва зор-зор бигирист. Сар бароварду бар асп савор шуд ва аспро дар оби Фурот би ронд. Аз он чо, ки каххор (кушанда) Худой буд, ба кудрат чумлаи мухолифони Бурондухт гарк шуданд ва мувофико ни у, чумла дар мувофикати у аз об ба саломат берун омаданд ва он шаб бар он лаби об бибошиданд. Рузи дигар бархосту гусли пок бикард ва Худойро шукру сипос бигуфт. Ва чун аз он фориг шуд, лашкари Эронро шумор кард, бисту панч хазор мард аз об баромада буданд, хама муборизони хиёр (ихтиёри) ва мардони корзор. Бурондухт руй ба Рум ниходу бирафт, то ба Халаб расид ва ду фарсанге дур аз
Халаб маргзоре буд хушу хуррам, он чо фуруд омад ва бузургони сипохро бихонду гуфт:
— Ин шахри Халаб чи гуна чоест? Гуфтанд:
— Азим хисори (калъаи) устуворест ва муборизон бисёранду азим тавонгаранд ва ин хисор сархади Рум аст. Бурондухт гуфт: Ман агар ин Халабро бигирам, азим пушту панохе хосил карда бошам ва дилфориг гардам ва агар натавонам гирифт,
ба Рум натавонам рафт ва хештанро дар миёни чандин хазор лашкар натавонам дарафканд. Ин бигуфту дархол бифармуд, то коидаи подшохи рост карданд ва саропардаву чахор болиш биниходанд ва силохдорон ба чапу рост биистоданду чондорону (мухофизон) хочибон (дарбонон) бар атрофи боргох халка карданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Задухурдхо миёни кадом давлатхо мегузашт?
- Бурондухт ки буд? Симои уро тавсиф намоед.
- Лашкари Эрон ба даъвати Бурондухт чи чавоб дод?
- Даъвати Бурондухт ва чавоби сипохдоронро аз руи манфиати шахси ва чамъияти шарх дихед.
- Корнамоии чанги Бурондухтро батафсил накл кунед.
- Кадом хислатхои ботини ва зохирии Бурондухтро ошкор намудед?
- Симои Бурондухтро бо Искандар мукоиса намоед.
- Усули асосии разми Бурондухт кадом буд?
- Бурондухт кадом шакли чазоро дар хакки душманони асирафтода бештар раво медид?
- Окибати разми Бурондухт ва Искандар бо чи анчом ёфт?
- Галабаи Бурондухт бар румихо чи ахамият дошт?