Главная / Илм / ДОРУ

ДОРУ

doruДОРУ (Medicamentum), моддахое, ки барои муолича ё пешгирии беморихо истифода мешаванд. То а. 19 ба сифати дору маводи наботи, маъдани ва хайвони истифода мешуд. Баробари тараккиёти илми химия аз чунин мавод моддахои алохидаро чудо мекардаги шуданд. Сохти химиявии бисёр дорухо муайян гардид, усулхои тайёр кардани онхо ба рох монда шуд. Дар асоси омузиши алокаи байни сохти химиявию фаъолияти фармакологии Д.-хо аналог ва гомологхои алкалоидхо, гормонхо ва диг. моддахои табии хосил карда шуданд. Муайян намудани механизми таъсири Д. имконият дод, ки маводи нави давоии таъсирбахшу камзарар тадкик карда шаванд. То имруз зиёда аз 700 хаз. хели моддахои доруи маълум буда, такр. 30 хаз. онхо истифода мешаванд. Дар асархои тиббии олимони кадим низ зиёда аз хазор номгуй Д. (мас., дар «Ал-Конун фи – т-тиб»-и Ибни Сино 811 ва «Китобу-с-Сайдана»-и Беруни 1116 манбаъхои доруи) зикр ёфтаанд.
Дар «Дастуру-т-тиб»-и Закариёи Рози, «Хидояту-л-мутааллимин фи-тиб»-и Абубакри Бухорои, «Ал-абния ан хакоики-л-адвия»-и Алии Хирави, «Захираи хоразмшохи»-и Исмоили Чурчони ва даххо асархои дигари тиббии кадимаи форс-точик низ оид ба тарзи таъсир ва эътимоднокии садхо Д.-хои наботи, маъдани ва хайвони маълумоти мукаммал дода шудааст.
Таъсири Д.-хо мувофики принсипи тибби кадимаи Шарк дар асоси назарияи мизоч ба 4 навъ – гармиовар (хорр, гарм), тариовар (рабт, тар), хунукиовар (борид, хунук), хушкиовар (ёбис, хушк) таксим гардидааст. Механизми таъсири Д.-хоро ба кобилияти дигаргун намудани 4 моддаи дохили организми инсон (ахлоти чахоргона) ва хосияти онхо (хун – гарм ва тар; балгам – хунук ва тар, сафро – гарм ва хушк; савдо – хунук ва хушк) вобаста намудаанд.
Мувофики ин 4 ахлот организми одамонро ба 4 холати физиологи – мизочи одди (гарм, хунук, тар, хушк) ва мизочи мураккаб, яъне бо хамдигар омехта будани 2 унсур (мизочи гарм ва тар, гарм ва хушк, хунук ва тар, хунук ва хушк) таксим намуда, бо унсурхои мухталиф муолича мекарданд. Мас., бемории аз таъсири хунуки ва нами ба вучуд омадаро бо дорухои гармиовар ва хунуккунанда муолича менамуданд.
Абуалии Сино дар «Ал-Конун» зиёда аз 40 намуди таъсири дорухои оддиро шарх додааст, ки аксарияти онхо бо таълимоти илмии имруза мувофик меоянд.
Табибони кадим аз доруворихои табии бо усулхои оддитарин истифода мекард: Д.-хои моеъро мечушониданд, такшон ва бухор мекарданд; киёмхои мулоим ва хушк (мас., киёми зирк) хосил карда, онхоро барои табобати беморихои гуногун ба кор мебурданд. Хамчун Д.-и мураккаб тарёкхои гуногун истифода мешуданд, ки таркиби хар яки онхо аз омехтаи 70 – 80 навъи гиёху моддахои маъдани ва хайвони иборат буд. Дар осори тиббии Шарк меъёри Д.-хо мувофики вазн ва паймонахои юнони, араби, форсиву точикии кадима (мас., мискол – 4,3 – 4,82 г, дамак – 0,531 г, тассуч – 0,2 г, курма – 1,999 г, кавассус – 0,045 мл, уксуфабун – 0,068 мл, кошуки хурд – 24 – 40 мл, манн – 831 мл ва г.) мукаррар карда мешуд.
Аксари Д.-хои хозираро бо рохи химияви, баъзеашонро аз наботот, хайвонот ё минералхо хосил мекунанд. Адади Д.-хои чудогона ва мачмуи онхо, ки дар амалияи тиб истифода мешаванд, ба хазорхо мерасад. Истехсоли Д.-и нав кори мураккаб ва дуру дароз аст. Пеш аз хама дар лабораторияхо аз маводи доруи пайвастхои нави химияви хосил мекунанд, баъд онхоро ба лабораторияхои махсуси фармакологи месупоранд. Дар он чо мутахассисони дорушинос таъсири ин пайвастхоро ба узву бофтахои хайвоноти гуногун, инчунин чаббиш, таксимот ва ихроч шудани онхоро аз организм меомузанд. Дар ин маврид ба омузиши таъсири ногувор ва зарарноки пайвастхои нав диккати махсус медиханд. Агар натичаи тадкикоти озмоиши хуб бошад, он гох дар муассисахои махсуси табобати санчиши клиники мегузаронанд. Чунин муассисахо дар ихтиёри худ шароити зарури ва кормандони варзида доранд. Факат дар асоси маълумоти санчиши клиникие, ки кимати табобатии Д.-и навро тасдик кардааст, дар бораи истифодаи он дар амалияи тиб карор бароварда мешавад. Пеш аз истехсоли Д.-и нав дорусозон ва химикхо ашколи он (ниг. Ашколи дору), технологияи истехсол, усулхои назорат ба сифати онхо ва г.-ро муайян мекунанд.
Дар чараёни чустучу ва татбики Д.-и нав ба масъалаи бехатарии истеъмоли он диккати махсус медиханд. Бо ин максад дар аксар мамлакатхо системахои гуногун, ба истилох назорати адвиёт, амал мекунанд, ки онхоро ташкилоти махсуси давлати пешниход намудаанд. Системаи назорати Д. дар Точикистон яке аз системахои мукаммал аст; он нафакат мархалаи чустучую санчиши клиники ва татбики Д.-и нав, балки истехсоли онхоро дар саноати фармасевти низ дарбар мегирад. Назорат ба чустучу, санчиш ва истеъмоли Д.-и навро идорахо оид ба татбики Д.-и нав ва техникаи тибби амали мегардонанд. Сифати дорухои баровардаро муассисахои давлатии тадкикоти илми оид ба стандартони ва назорати Д.-хо, инчунин лабораторияи гуногун назорат мекунанд.
Тибби хозира Д.-хое дорад, ки амалан ба хамаи узвхои одам ва амрози гуногун таъсир мерасонанд. Инро ба асос гирифта, Д.-хоро ба чунин гуруххо чудо мекунанд.
Дорухое, ки ба системаи асабияи маркази таъсир мекунанд. Дар байни онхо Д.-хое хастанд, ки дар сохаи чаррохи барои бедардгардонии умуми чун наркоз истифода мешаванд; дорухои хобовар, дорухои дардбар, дорухои табшикан, Д.-хои зидди ихтилоч, ангезандаи фаъолияти асабияи маркази, аз чумла аналептикхо (кувватбахш), Д.-хое, ки марказхои асабро ба хаячон оварда, нафаскаши ва гардиши хунро танзим мекунанд. Ба ин гурух Д.-хое низ мансубанд, ки ба фаъолияти рухи таъсир мерасонанд (ба истилох Д.-хои психотропи). Онхоро асосан барои табобати беморихои рухи ва пешгирии неврозхо (ниг. Дорухои таскинбахш) истифода мебаранд.
Дорухое, ки ба системаи асабхои канори таъсир мерасонанд. Баъзе Д.-хои ин гурух ба фаъолияти асабхои хассос таъсир мерасонанд. Мас., Д.-хои карахткунанда хассосияти нугхои асабро бартараф намуда, хисси дардро рафъ месозанд. Чунин Д.-хоро барои бедардгардонии чузъи истифода мебаранд. Д.-хое, ки ба фаъолияти кисми вегетативии системаи асабхои канори таъсир мерасонанд, ахамияти калон доранд. Онхо ба кори асабхои вегетативи тахрик бахшида ё онро фуру нишонда, фаъолияти узвхои дарун (дил, бронххо, хозима ва г.)-ро тагйир медиханд.
Дорухое, ки ба силсилаи дилу рагхо таъсир мекунанд. Ин адвиёти ба истилох гликозидхои дил кори дилро тахрик мебахшанд. Ба ин гурух Д.-хои зидди беназмии дил, ки хангоми ихтилоли таппиши дил истеъмол мекунанд ва дорухои фишоршикан, инчунин Д.-хое низ мансубанд, ки бо чараёни хун ба дил таъсир мерасонанд.
Дорухое, ки ба кори узвхои нафаскаши таъсир мекунанд. Ба инхо Д.-хои тахрикбахши нафас, зидди сурфа, дорухои балгамовар, инчунин Д.-хое, ки хангоми зики нафас найчахои шушро васеъ мекунанд, мансубанд.
Дорухое, ки ба кори узвхои хозима таъсир мекунанд. Ба ин гурух Д.-хои мусхил, талхарон, зидди кай ва Д.-хое, ки хангоми кам ё зиёд будани туршии шираи меъда истифода мешаванд, Д.-хое, ки иштихоро зиёд ё кам мекунанд, мансубанд.
Дорухое, ки ба фаъолияти тарашшухии гурда таъсир мекунанд, ниг. Дорухои шошарон.
Дорухое, ки ба хун ва хунхосилшави таъсир мекунанд. Ба ин гурух Д.-хои хунбанд, Д.-хое, ки хосилшавии хунро метезонанд, инчунин Д.-хое, ки лахтабандии хунро суст мекунанд, мансубанд.
Дорухое, ки ба чараёни мубодилаи моддахо дар бофтахо таъсир мерасонанд. Инхо Д.-хои гормони (ниг. Гормонхо) ва витаминхо, инчунин Д.-хое мебошанд, ки дар таркибашон йод, намакхои калий, калтсий, магний ва г. доранд. Ба ин гурух Д.-хое низ мансубанд, ки барои табобати никрис (зидди никрис) ва пешгирии атеросклероз истифода мешаванд.
Дорухое, ки ба чараёни маризи дар бофтахо таъсир мерасонанд. Ин Д.-ро ба дорухои зидди газак ва зидди аллергия чудо мекунанд.
Дорухои зидди микробхо ва зидди паразитхо. Ин Д.-хоро барои нест кардан ё фуру нашондани фаъолияти микроорганизмхои бемориовар ва паразитхо – ангезандахои беморихои ангали истифода мебаранд. Ба ин гурух инчунин дорухои зидди уфунат, безараргардон, табобати химияви, антибиотикхо, дорухои сулфаниламиди, Д.-хои зидди бемории сил, зидди занбуруг, зидди безгак, зидди вирус, зидди кичча ва г. мансубанд.
Дорухои зидди омос. Чунин Д.-хо ба нумуи хучайрахои омос халал мерасонанд. Онхоро барои табобати беморихои омоси ва баъзе амрози хун истифода мебаранд.
Таъсири Д. ба бисёр омилхо вобаста аст. Хар як Д. дар микдори муайян таъсири табобати дорад (микдори миёнаи муоличави). Хангоми зарурат духтур метавонад микдори бештари табобатиро таъин кунад. Дар сурати аз ин хад зиёд таъин кардани Д. организм захролуд мешавад.
Хассосияти организми одам ба Д. вобаста ба синну сол низ тагйир меёбад. Кудакон нисбат ба одамони калонсол ба Д. бештар хассос мебошанд. Бинобар ин, вояи муоличавие, ки барои онхо мукаррар шудааст, аз вояи барои одамони калонсол таъиншуда хеле фарк мекунад. Таъин кардани баъзе Д.-хо ба кудакони хурдсол (то 2-сола) умуман манъ аст. Одамони калонсол (аз 60-сола боло) ба гурухи муайяни Д.-хо (мас., Д.-хои фурунишони фаъолияти асабияи маркази, Д.-хои шошарон ва г.) хеле хассос мебошанд, аз ин ру, ба чунин ашхос нисбат ба одамони миёнсол онхоро камтар таъин мекунанд.
Барои хар як Д. давомоти муайяни таъсир хос аст (он ба вакти давр задани моддаи фаъоли давои дар организм мувофикат мекунад). Д.-ро бемавкеъ истеъмол кардан чоиз нест. Хангоми истеъмоли тулониву беназорати баъзе Д.-хо онхо дар организм гун шуда, боиси захролуди мегарданд. Дар айни хол аз микдори таъинкарда камтар ва дер-дер истеъмол намудани Д.-хо низ таъсири онхоро суст мегардонад.
Таъсири Д. ба тарзи истеъмол низ вобаста аст. Мас., валидол ва нитроглитсеринро дар мавриди хуручи зики дил зери забон бояд гузошт. Агар онхоро фуру баранд, нафъ намебахшад. Кадом вакт ва кай (то ё баъд аз таом) истеъмол кардани Д. низ мухим аст; мавчудияти хурок дар меъдаю руда метавонад, ба чаббиши яке аз Д.-хо мусоидат карда, ба дигараш монеъ шавад.
Таъсири баъзе Д.-хо вобаста ба ритмхои биологии организм, вакти истеъмоли он дар давоми як шаборуз тагйир меёбад. Таъсири баъзе Д.-хо пагохии барвакт бештар аст. Хангоми дар як вакт истеъмол кардани ду ё чанд Д. таъсири онхо ба хамдигар мумкин афзун гардад ё, баръакс, суст шавад. Бинобар ин, мачмуи Д.-хоро бе таъиноти духтур истеъмол кардан чоиз нест (чунки бо хам мувофикат накарда зарари калон расондани онхо эхтимол дорад). Бори дигар хотиррасон мекунем: Д.-ро катъиян мувофики тартиби таъинкардаи духтур истеъмол бояд кард; агар аз истеъмоли дору бемор дарди сар, дилзании сахт ва г.-ро хис кунад, аз ин хусус духтурро вокиф кардан лозим аст. Дар чунин мавридхо духтур метавонад саривакт микдори Д.-хо ва фосилаи истеъмоли онхоро тагйир дихад ё баъзан бо диг. Д. иваз кунад.
Таъсири Д. ба вазъи организм хам вобаста аст. Чунончи, Д.-и табшикан факат хангоми табларза ёри мерасонад, муолича бо Д.-хои химияви бошад, факат нисбат ба микробхои муайяни ба онхо хассос самарабахш аст. Махсусан вобастагии таъсири Д. ба тарзи фаъолияти узвхое, ки дар кори аз организм хорич кардани онхо (гурда, чигар) иштирок менамоянд, ахамияти калон дорад: хангоми ихтилоли фаъолияти ин узвхо таъсири харобиовари бисёр Д.-хо меафзояд. Захрогинии як катор Д.-хо зери таъсири машруботи спиртдор афзун мегардад ва баръакс, баъзе Д.-хо таъсири захри шаробро зиёд мекунанд (то хадди захролудии вазнин).
Хусусан занхои хомила бояд Д.-ро бо эхтиёти тамом истеъмол кунанд, зеро баъзеи онхо ба инкишофи чанин таъсири ногувор мерасонанд. Барои захролуд нашудани кудакон ба модарони синамакон истеъмоли баъзе Д.-хо манъ аст.
Ба ронандагони наклиёт, кормандони умури танзим ва г. дар аснои кор истеъмоли баъзе Д.-хо (аз чумла Д.-хои таскинбахш) чоиз нест (онхо аксуламали чавобии силсилаи асаби марказиро суст мекунанд).
Таъсири Д. ба организм ба бисёр омилхо вобастаги дорад (онхоро духтур ба назар мегирад). Д.-ро факат бо таъиноти духтур ва катъиян мувофики меъёр, тарз ва тартиби фармудаи у истеъмол кардан мумкин аст. Беназорат ва нодуруст истеъмол кардани Д. окибати нохуш ба бор хохад овард. Бо максади рох надодан ба худтабобат ва суиистеъмол аксар Д.-хоро аз дорухона мувофики ретсепте медиханд, ки имзою мухри шахсии духтур ва баъзан мухри муассисаи табобатиро дорад. Баъзе Д.-хоро бе ретсепт хам мефурушанд.
Ад.: Майский В.В., Муратов В.К., Фармакология с рецептурой, М., 1985; Мелентьева Г.А.. Антонова Л.А., Фармацевтическая химия, М., 1985; Машковский М.Д., Лекарственные средства. Т. 1 – 2, М., 1988; Муравьев И.А., Технология лекарственных форм. М., 1988.

Ю.Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …