Главная / Илм / ДОРУХОНА

ДОРУХОНА

aptekaДОРУХОНА (Officina), аптека, муассисаи тиббист, ки ахоли ва беморхонахоро бо дору, васоити санитари ва гигиени, бо обхои минерали, масолехи захмбанди ва г. таъмин мекунад.
Д.-хои аввалин дар Хитой, Миср ва Рим ба вучуд омадаанд. А. 8 дар Багдод Д. ташкил ёфт, ки муассисаи давлати хисоб мешуд. Дар Д.-хои он давра лабораторияхо ба тайёр ва синтез кардани дорухои мураккаб машгул мешуданд. Дар а.-хои 19 – 20 бинобар инкишофи саноати дорусози лабораторияхое, ки дар назди Д.-хо вучуд доштанд, ахамияти худро гум карданд.
Дар каламрави Точикистон аввалин Д.-хои хусуси с. 1900 дар ш. Хучанд, с. 1916 дар ш. Истаравшан ташкил карда шуданд. Аввалин Д.-и давлати с. 1923 дар ш. Хучанд ташкил ёфт, ки мудири он Болотников бо шогирдонаш Олимхон Мирсаидов, Абдунаби Тохиров, Хамидбой Муродбоев ва диг. буданд. Окт. с. 1924 дар ш. Душанбе Д.-и давлати ва аввалин магозаи санитари ташкил гардид. Д.-хои давлати с-хои 1926 – 29 дар Конибодом, Спитамен, Хоруг, Кулоб, Кургонтеппа, Рашт ва Панчакенти хозира низ ташкил карда шуданд. Дар он Д.-хо зиёда аз 50 наф. дорусозон кор мекарданд. Аввалин дорусозон (А. Набиев, О. Почочонов, Н. Почочонов) аз ахолии тахчоии Хучанд буда, с-хои 1924 – 28 дар Тошкент тахсил кардаанд. Сент. с. 1929 дар назди Комиссариати халкии хифзи тандурусти раёсати Д.-хои точик ва савдои асбобу анчоми тибби ба кор даромад. С. 1975 дар ш. Душанбе анбори дорухонахо мавриди истифода карор гирифт, ки масох. он 2500 м2 буд. С. 1980 раёсати Д.-хои ш. Душанбе ташкил карда шуд.
Дар Д. дорухо нигох дошта мешаванд, кормандони он ба ахоли дору ва диг. васоити тибби мефурушанд, растанихои шифоиро захира мекунанд, дар байни ахоли корхои санитарию маърифати мебаранд, ба коркунони тибби доир ба дорухои нав, тарзи истифодаи онхо маълумот медиханд. Барои ин дар поликлиника ва шифохонахои калон кабинетхои фармасевти амал мекунанд. Назорати мухлати истифодаи адвиёт, инчунин расондани ёрии аввалин ба касоне, ки ногахон бемор ё ба фалокат дучор шудаанд, аз чумлаи вазифахои кормандони Д. мебошад.
Тарзи фаъолияти Д.-хо, тартиби кабул, нигахдори ва фуруши адвиёт дар онхо, вазифаи кормандони Д. тибки дастури махсус танзим карда мешавад.
Барои бехтар намудани таъминоти ахоли бо адвиёт Д.-хои дарачаи 1 (дар он дору тайёр мекунанд) ва дарачаи 2 (ба дорусози хукук надоранд), инчунин дуконхои доруфурушии шахси сохта шудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …