Главная / Илм / ДОРУХОИ ТАЛХАРОН

ДОРУХОИ ТАЛХАРОН

alloholДОРУХОИ ТАЛХАРОН, моддахое, ки дар чигар хосил шудан ва ба рудаи дувоздахангушта баромадани талхаро метезонанд. Д. т. барои табобати беморихои гуногуни чигар, захрадон (холесистит), захраной (холангит) ва норасоии эндогении кислотахои таркиби захра ба кор мераванд. Д. т. ду хел мешаванд: 1) дорухое, ки хосил шудани талхаро метезонанд; 2) дорухое, ки ба руда баромадани онро таъминкунанда. Аксарияти Д. т. таъсири дутарафа доранд. Ба Д. т. моддахои аз захра (аллохол, холензим) ё аз кислотахои стероидии таркиби захра (хологон ё намаки он – дехолин) гирифташуда, пайвастхои сунъи (оксифенамид, сикавалон, никдин) ва давохои наботи (берберан, киёми барги зирк, фламин, чои талхарон, шарбати меваи хуч – холосас, холагол, кокули чуворимакка ва г.) дохил мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …